Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (13) — Қазо ва қадари илоҳӣ (2)

Ҷабре дар кор нест

Баъзеҳо мӯътақиданд, лозимаи эътиқод ба “қазо ва қадари илоҳӣ” ин аст, ки инсонро ҳатто дар корҳои ихтиёрияш маҷбур бидонем. Ин ақида ақидаи дурусте нест. Зеро эътиқод ба қазо ва қадар, замоне мусталзими маҷбур будани инсон мегардад, ки “ирода” ва “ихтиёр”-и ӯро дар ба вуҷуд омадани феъли ӯ дахолатнок надонем.

Тавзеҳ ин ки: дар силсилаи иллатҳои вуқӯи як кори ихтиёрӣ аз тарафи инсон, яке аз иллатҳои он, иродаи худи ӯст, ки агар фарз кунем, ки ҳамаи иллатҳо бошанд ба ҷуз ирода, дар ин сурат, он кор ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Зеро ки дар таҳаққуқи ин кор (маълул), бояд тамоми иллатҳо вуҷуд дошта бошанд. Масалан: агар барои “боз шудани даре” ба воситаи як нафар инсон, тамоми иллатҳо — мисли инсон, дасти ӯ, ки бо он дарро мехоҳад боз кунад, тавоноии инсон барои дарро боз кардан ва дигар иллатҳо — фароҳам бошад, вале иродаи инсон — ки ҷузъи иллат аст — ба он таъаллуқ нагирад, дар боз нахоҳад шуд.

Пас, эътиқод ба “қазо ва қадар” худ эҷоб мекунад, ки инсонро соҳибихтиёр дар афъоли ихтиёрияш бидонем. Ба сухани дигар, соҳибирода будани инсон, ба ҳукми “қазо ва қадар” аст. Қазо ва қадар эҷоб мекунад, ки инсон соҳибирода бошад.

Аз сӯйе ҳам, агар мӯътақид бишавем ба ин ки ҳодисаҳо бе восита ва бе дахолати иллатҳо (ва аз ҷумла ирода ва ихтиёри инсон) падид меоянд, хилофи он чӣ собит шуд аст. Чун аз номумкинтарини номумкинҳо ин аст, ки зоти Ҳақ бе восита дар ҳодисаҳои ҷаҳон таъсиргузор бошад. Зеро зоти Ҳақ вуҷуди ҳар мавҷудеро фақат ва фақат аз роҳи иллатҳо ва сабабҳои махсуси ӯ эҷоб мекунад. Дар афъоли ихтиёрии инсонҳо ҳам, зоти Ҳақ ин феълҳоро аз роҳи иллатҳояш, ки аз ҷумлаи онҳо иродаи худи инсон аст, ба вуҷуд меоварад.

Фаҳме нодуруст

Баъзе аз ҷараёнҳои эътиқодӣ дар ҷаҳони ислом, бо ин ки барои падидаҳо ва ҳодисаҳои ҷаҳони ҳастӣ иллат қоил буданд, вале мегуфтанд, дар ҷаҳони ҳастӣ як иллат бештар вуҷуд надорад, ва он зоти Ҳақ аст. Яъне ҳамаи ҳодисаҳо ва падидаҳо мустақиман ва бе восита, аз ҷониби ӯ содир мешавад. Ва ба сухани дигар, иродаи Худо ба ҳар ҳодисае, мустақиман ва ҷудогона таъаллуқ мегирад ва омиле ғайр аз Худо вуҷуд надорад. Ва ҳатто дар мавриди афъоли ихтиёрии инсонҳо мегуфтанд, Худованд ин афъол ва аъмолро мустақиман ва бе восита эҷод мекунад ва худи башар ва нерӯи ӯ дахолате дар он надорад.

Ин ҳамон мафҳуми ҷабр ва сарнавишти ҷабрист, ва ин ҳамон эътиқодест, ки агар дар фард ё қавме пайдо шавад, зиндагии онҳоро табоҳ мекунад.

Ин назар, гузашта аз мафосиди амалӣ ва иҷтимоие, ки дорад, аз назари мантиқ маҳкум ва мардуд аст. Робитаи иллӣ ва маълулӣ байни ҳодисаҳо ғайриқобили инкор аст. На танҳо улуми назарии ақлӣ ва табиӣ ва мушоҳидоти ҳиссӣ ва таҷрибӣ бар низоми иллӣ ва маълулӣ далолат мекунад, балки Қуръони Карим низ асли иллияти умумӣ ва низоми асбоб ва мусаббаботро таъйид кардааст.

Ва ин ҳам, ки Имом Таҳовӣ мегӯяд: “Ва хост ва машиати ӯ шуданист. Нест ҳеч машиате мар бандагонро, магар он чӣ (Худо) барояшон хоста…”, ба ҳеч ваҷҳ ба маънои ин нест, ки Худованд ин афъолро мустақиман ва бе восита эҷод мекунад ва худи башар ва нерӯи ӯ дахолате дар он надорад. Чунин нест. Балки тамоми падидаҳо ва ҳодисаҳои ҷаҳони ҳастӣ – аз ҷумла корҳои ихтиёрии инсон – бо он ки кори Худо ҳастанд ва ба хост ва машиат ва иродаи ӯ воқеъ шудаанд, вале иродаи Худо дар мавриди ҳар як аз онҳо ба ин сурат таъаллуқ гирифта, ки “ин кор аз тариқи фалон иллат (масалан иродаи инсон) таҳаққуқ биёбад”, на мустақим. Дар мисоли “боз шудани дар” хуб диққат бифармоед! Ин кор, бо тамоми иллатҳояш, оё падидоварандааш инсон аст? Қатъан, на. Дар силсилаи иллатҳои ба вуқӯъ пайвастани ин кор, иродаи инсон танҳо яке иллатҳо ба шумор меояду бас. Худо хостааст, “дар” аз тариқи як силсила иллатҳо, ки иродаи инсон ҳам аз ҷумлаи онҳост, боз бишавад.

Қазо ва қадари муъаллақ ва ғайримуъаллақ

Дар ривоятҳои динӣ ва дар ишороти қуръонӣ, аз “қазо ва қадари ғайримуъаллақ” (ҳатмӣ) ва “қазо ва қадари муъаллақ” (ғайриҳатмӣ) ёд шудааст. Яъне аз ду гуна қазо ва қадар; яке, ҳатмӣ ва ғайри қобили тағйир, ва дигаре ғайриҳатмӣ ва қобили тағйир, сухан рафтааст.

Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:

يَمْحُو اللّهُ مَا يَشَاء وَيُثْبِتُ وَعِندَهُ أُمُّ الْكِتَابِ

Худованд ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт шудааст), маҳв мекунад, ва ҳар чиро бихоҳад (ки қаблан сабт нашудааст), сабт мекунад ва “китоби модар” (асл ва модари ҳамаи китобҳо ва навиштаҳо) фақат назди ӯст.” (Сураи Раъд, ояти 39)

Тавзеҳи ин матлаб: мавҷудоти ҷаҳон бар ду қисманд: бархе аз онҳо имкони бештар аз як навъи хосс аз вуҷуд дар онҳо нест, монанди муҷаррадоти олами боло. Бархе дигар ин тавр нестанд, балки имкони беш аз як навъи хосс аз вуҷуд дар онҳо ҳаст ва онҳо моддиёт мебошанд. Мавҷудоти моддӣ онҳое ҳастанд, ки аз як моддаи хосс ба вуҷуд меоянд ва заминаи ба вуҷуд омадани мавҷудоти дигар мебошанд, монанди ҳамаи мавҷудоте, ки маҳсус ва малмуси мо мебошанд. Моддаи табиӣ нақшпазири суратҳои мухталиф аст. Моддаи табиӣ истеъдоди такомул дорад. Моддаи табиӣ аз баъзе омилҳои табиат қувват ва нерӯ мегирад ва аз баъзеи дигар нуқсон пайдо мекунад ва ё роҳи фано ва завол мегирад. Моддаи табиӣ истеъдод дорад, ки бо иллатҳо ва омилҳои мухталиф рӯ ба рӯ шавад ва табиатан таҳти таъсири ҳар кадом аз онҳо, як ҳолат ва кайфият ва асаре пайдо кунад, мухолиф бо ҳолат ва кайфият ва асаре, ки аз он дигарӣ метавонист пайдо кунад. Як дона, ки дар замин кошта мешавад, агар мусодиф шавад бо об, ҳаво, ҳарорат ва нур ва офате ҳам ба ӯ бархӯрд накунад, аз замин мерӯяд ва рушд мекунад ва ба камол мерасад. Ва агар яке аз омилҳои рушду камол кам шавад, ё офате бирасад, ба камол нахоҳад расид. Барои як моддаи табиӣ ҳазорҳо “агар” вуҷуд дорад: агар чунин бишавад чунон мешавад, ва агар чунон бишавад чунин мешавад… Яъне агар рӯ ба рӯ бо фалон силсила аз иллатҳо шавад, чунин мешавад, ва агар бо фалон силсилаи дигар рӯ ба рӯ гардад, чунон мегардад.

Дар муҷаррадот, ки бештар аз як наҳв наметавонанд вуҷуд дошта бошанд ва таҳти таъсири иллатҳои мухталиф қарор намегиранд, “қазо ва қадар” ҳатмист, ғайри қобили табдил аст, зеро бо беш аз як силсила аз иллатҳо сару кор надоранд ва сарнавишти маълул бо иллат аст. Пас, як сарнавишт бештар надоранд ва чун имкони ҷонишин шудани силсилае аз иллатҳо ба ҷойи ин силсила нест, пас сарнавишти онҳо ҳатмист.

Аммо дар ғайримуҷаррадот – яъне моддиёт — ки имкони ҳазорон нақш ва рангро доранд ва таҳти қонуни ҳаракат мебошанд ва ҳамвора бар сари дуроҳиҳо ва чаҳорроҳиҳо мебошанд, “қазо ва қадарҳои ғайриҳатмӣ” вуҷуд дорад. Яъне, як навъ қазо ва қадар сарнавишти онҳоро муайян намекунад, зеро сарнавишти маълул дар дасти иллат аст ва чун ин умур бо иллатҳои мухталиф сару кор доранд, пас сарнавиштҳои мухталиф дар интизори онҳост ва чун ҳар силсила аз иллатҳоро дар назар бигирем, имкони ҷонишин шудани як силсилаи дигар дар кор ҳаст, пас сарнавишти онҳо ғайриҳатмист. Ба ҳар андоза, ки “агар” дар бораи онҳо саҳеҳ аст, қазо ва қадарҳо ҳаст ва имкони тағйир ва табдил вуҷуд дорад.

Агар касе ба навъе беморӣ мубтало бошад, ночор иллати хоссе сабаби ранҷурии ӯ шудааст ва ин сарнавишти хосс аз он иллат ношӣ шудааст. Ҳоло агар ин бемор даво бихӯрад, даво иллати дигарест ва сарнавишти дигаре ҳамроҳ дорад. Бо хӯрдани даво иллати беморӣ аз байн меравад, яъне сарнавишти бемор тағйир мекунад.

Агар аз ин бемор ду пизишк иёдат карда бошанд ва ташхис ва нусхаашон мухолифи якдигар бошад, як нусха муфид ва шифодиҳанда ва нусхаи дигар ҳалокатбор ва кушанда бошад, бояд гуфт: ду сарнавишти мухталиф дар интизори ин бемор аст ва аз он назар, ки аз ҷониби бемор, ҳам имкони интихоби ин нусха мавҷуд аст, ҳам интихоби он нусха, пас, аз назари бемор ҳеч кадом аз ин ду сарнавишт ҳатмӣ нест.

Пас, сарнавиштҳои гуногун дар кор аст ва ин сарнавиштҳо метавонанд ҷонишини якдигар бишаванд. Ҷонишин шудани онҳо низ ба ҳукми сарнавишт аст. Бинобар ин, агар касе бемор шавад ва даво бихӯрад ва наҷот пайдо кунад, ба мӯҷиби сарнавишт ва қазо ва қадар аст. Ва агар даво нахӯрад ва ранҷур бимонад ва ё давои зиёнбахш бихӯрад ва бимирад, боз ба мӯҷиби сарнавишт ва қазо ва қадар аст. Ва агар ҳам аз муҳити беморӣ дурӣ гузинад ва солим бимонад, боз ба ҳукми сарнавишт ва қазо ва қадар аст. Хулоса ҳарчӣ бикунад, навъе сарнавишт ва қазо ва қадар аст ва аз ҳавзаи қазо ва қадар наметавонад берун бошад.

Амалҳо ва феълҳои башар аз он силсила ҳодисаҳоест, ки сарнавишти ҳатмӣ ва тахаллуфнопазир надорад, зеро бастагӣ дорад ба ҳазорон иллатҳо ва сабабҳо ва аз он ҷумла анвоъи иродаҳо ва интихобҳо ва ихтиёрҳо, ки аз худи башар зуҳур мекунад. Тамоми имконоте, ки дар мавриди ҷамодот ва наботот ва феълҳои ғаризии ҳайвон вуҷуд дорад ва тамоми “агар”-ҳое, ки дар вуқӯи онҳо ҳаст, дар феълҳо ва амалҳои башар ҳаст. Ба иловаи ин ки дар инсон ақл ва шуъур ва иродаи ахлоқӣ ва қувваи интихоб вуҷуд дорад.

Инсон қодир аст амалеро, ки сад дар сад бо ғаризаи табиӣ ва ҳайвонии ӯ мувофиқ аст ва ҳеч монеъи хориҷӣ вуҷуд надорад, ба ҳукми ташхис ва маслиҳатандешӣ тарк кунад ва қодир аст кореро, ки сад дар сад мухолифи табиати ӯст ва ҳеч гуна омили иҷборкунандаи хориҷӣ ҳам вуҷуд надорад, ба ҳукми маслиҳатандешӣ ва нерӯи хирад онро анҷом диҳад. Инсон монанди ҳайвон таҳти таъсири муҳаррикоти нафсонӣ ва рағбатҳои дарунӣ воқеъ мешавад, аммо дар муқобили онҳо дастбаста ва мусаххар нест. Аз як навъ ҳуррияте бархӯрдор аст, яъне агар ҳамаи омилҳое, ки барои як ҳайвон дар анҷоми амали ғаризӣ фароҳам аст ва илзоман ӯро водор ба амал ва ҳаракат мекунад, барои инсон фароҳам бошад, тоза роҳи анҷом ва тарк барои ӯ аз ноҳияи ақл ва иродаи худаш боз аст. Анҷоми ин амал машрут аст ба ин ки қувваи тамйиз ва ташхиси ӯ ҳамонанди як шӯрои олии тасмимгиранда ба тасвиб бирасонад ва қувваи иродаи ӯ монанди як қувваи муҷрия ба кор биафтад. Ин ҷост, ки таъсири инсон дар сарнавишти худ ба унвони як омили соҳибихтиёр, яъне омиле, ки пас аз он ки ҳамаи шароити табиӣ фароҳам аст дар интихоби феъл ва тарк “озод” аст маълум мешавад.

Нигоҳе ба садри ислом

Аз Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) суол шуд: ҳирзҳое (мисли дуо кардан ба бемор) ба унвони шифо кардан қарор мегирад (мутобиқи нақли Имом Ғаззолӣ дар “Эҳёи улуми дин” аз даво ва ҳирз ҳар ду суол шуд), оё метавонад ин умур пеши роҳи қадари илоҳиро бигирад? Фармуд: “Худи инҳо низ аз қадари илоҳӣ мебошад.” Яъне таъсири инҳо дар пешгирӣ аз беморӣ низ ба қазо ва қадари илоҳист.

Ҳазрати Алӣ дар сояи девори каҷе нишаста буд. Аз онҷо, ки наздик буд ин девор фурӯ резад, аз зери он ҳаракат кард ва дар зери сояи девори дигаре нишаст. Ба он ҳазрат гуфта шуд: “Эй Амири мӯъминон! Аз қазои илоҳӣ фирор мекунӣ?” Фармуд: “Аз қазои илоҳӣ ба қадари илоҳӣ паноҳ мебарам.” Яъне аз навъе қазо ва қадар, ба навъе дигар аз қазо ва қадар паноҳ мебарам. Яъне агар биншинам ва девор бар сарам хароб шавад, қазо ва қадари илоҳист. Зеро тибқи қонуни иллияти умуӣ, агар инсоне дар зери девори наздик ба хароб шудан биншинад, он девор бар сараш хароб мешавад. Ин худ қазо ва қадари илоҳист. Ва агар худро ба каноре бикашад, аз хатари ӯ дар амон мемонад. Ин низ қазо ва қадари илоҳист.

Ба ҳар ҳол, худро аз хатар дур нигаҳ доштан, парҳез аз амри Худост ба амри Худо, фирор аз қазои илоҳист ба қазои илоҳӣ.

Ҳосил он к-аз васваса ҳар к-ӯ гусехт

Аз қазо ҳам дар қазо бояд гурехт

Бо қазо панҷа задан набвад ҷиҳод

З-он ки инро ҳам қазо бар мо ниҳод.

Маҷмӯан, аз торихи исломӣ равшан мешавад, ки мусалмонони садри ислом бо эътиқоди росихе, ки ба қазо ва қадар доштанд, ин таълимро он чунон дарёфт карда буданд, ки бо тасаллути худашон бар сарнавишташон мунофоте намедиданд ва масъалаи тағйир ва табдили сарнавишт ва ин ки худи ин тағйиру табдилҳо низ ҷузъи қазо ва қадар аст, назди онҳо амре мусаллам буда ва бинобар ин эътиқоди муҳками онҳо ба сарнавишт, онҳоро ба сӯйи ақидаи ҷабр накашонид ва ононро бе ҳиссу лоқайд ва “ҳавола ба тақдир кун” бор наёвард. Онҳо ҳамвора аз Худованд беҳтарин “қазо”-ро талаб мекарданд. Чун мутаваҷҷеҳ буданд, ки дар ҳар мавриде анвоъи қазо ва қадарҳо ҳаст, аз Худо беҳтарини онҳоро мехостанд.

Аҷиб ин аст, ки он чӣ аз Худо талаб мекарданд, беҳтарин қазоҳо ва тақдирҳост, на беҳтарин қазошудаҳо ва тақдиршудаҳо. Ин мазмун дар бисёре аз дуоҳои исломӣ ҳаст. Шояд аз ҳама аҷибтар ин аст, ки ин мазмунҳо дар калимоти муслимини соддазамири садри ислом пайдо мешавад.

Дар ҷилди дуввуми “Комил”-и Ибни Асир зайли сафҳаи 313 (ба нақл аз Торихи Табарӣ) номае аз Саъд ибни Абуваққос нақл шуда, ки байни ӯ ва ҳазрати Умар ибни Хаттоб радду бадал шуда. Саъд дар зимни нома навишта: “Ва амри илоҳӣ нофиз ва қазо ва қадари ӯ қатъист, то барои мо чӣ муқаддар карда бошад. Аз ӯ беҳтарин қазоҳо ва қадарҳоро масъалат менамоем.”

Дар шарҳи Ибни Абулҳадид бар “Наҳҷул-балоға” (хутбаи 132) мегӯяд: ҳазрати Умар ибни Хаттоб дар яке аз сафарҳо, ки ба Шом рафт, қабл аз вуруд ба Шом иттилоъ пайдо кард, ки дар онҷо бемории тоъун пайдо шуда. Бо ҳамроҳони худ дар бораи вуруд ба Шом машварат кард. Ҳама ӯро манъ карданд, магар Абӯубайдаи Ҷарроҳ, ки фармондеҳи мусалмонон дар Шом буд. Ӯ ба ҳазрати Умар гуфт: “Эй Амири мӯъминон! Оё аз қазо ва қадари илоҳӣ фирор мекунӣ?” Ҳазраташ фармуд: “Оре, аз қазо ва қадари илоҳӣ ба ҳукми қазо ва қадари илоҳӣ ба сӯйи қазо ва қадари илоҳӣ фирор мекунам.”

Он чӣ маҷмӯан аз ахбор ва ривоятҳо бармеояд ин аст, ки шахси Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мусалламан қазо ва қадарро барои асҳоби худ тарҳ кардааст ва он чӣ эъҷобро бармеангезад ин аст, ки ин таълими бузург он чунон бо устодӣ ва маҳорат ба мусалмонони садри ислом талқин шудааст, ки бо “ҷабр” фарсангҳо фосила дошта ва онҳоро ҷабримаслак ва дар натиҷа беирода бор наёвардааст. Ҳам амалашон ҳикоятгари ин матлаб аст ва ҳам гуфтаҳое, ки каму беш аз онҳо расидааст. Баъдҳо, ки мутакиллимони исломӣ омадаанд ва хостаанд дар ин масъала баҳсу истидлол ва таҷзияву таҳлил кунанд, натавонистаанд байни эътиқод ба қазо ва қадар ва эътиқод ба ҷабр фарқ бигузоранд ва то имрӯз, ки чаҳордаҳ қарн тақрибан аз он замон мегузарад, камтар афроде дар шарқу ғарби олам пайдо шудаанд, ки тавониста бошанд байни ин ду ақида фарқ бигузоранд.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: