Шарҳи Маснавӣ (144)

Қиссаи Одам алайҳиссалом ва бастани қазо назари ӯро аз муроъоти сареҳи наҳй ва тарки таъвил (2)

* * *

Назди Мӯсо номи чӯбаш буд асо,

Назди холиқ буд номаш аждаҳо.

Дар боби ин ки ҳар шаъй дар оғоз бар ҳасби зоҳир исме дорад вале дар ниҳоят исми ҳақиқии худро меёбад, асои Мӯсо (а)-ро мисол меоварем ва мегӯем: Мӯсо (а) дар давраи чӯпонӣ, ба чӯбдастии худ асо мегуфт, аммо хабар надошт, ки он асо дар ҳақиқат аждаҳост, зеро он асо дар назди Холиқ аз азал ном ва ҳақиқаташ аждаҳо буд, на асо, ҳарчанд ки зоҳиран асо (чӯбдастӣ) менумуд.

Буд Умарро ном инҷо бутпараст,

Лек мӯъмин буд номаш дар “аласт”.

Мисоли дигар ҳоли Умар ибни Хаттоб аст, ки дар олами зоҳир ва назди мардум бутпараст номида мешуд, вале дар олами “аласт” номи ӯ мӯъмин будааст. Яъне феълияти ниҳоии ӯ ба сурати имон зуҳур кард.

Нукта: “Аласт” дар арабӣ феъли истифҳоми иқрорӣ аст. Лафзан яъне “Оё ман нестам?” ва ҷавобаш аз тарафи мухотаб ин аст, ки: “Оре, ту ҳастӣ!” Ин лафз ишорат аст ба ояти 172 сураи Аъроф:

أَلَسْتَ بِرَبِّكُمْ قَالُواْ بَلَى شَهِدْنَا

Оё ман парвардигори шумо нестам? Одамизодагон гуфтанд: оре, мо гувоҳӣ медиҳем, ки ту парвардигори мо ҳастӣ…” Муфассирони Қуръони Карим дар тафсири ин оят, масъалаи паймони азалӣ ва мисоқи фитрии одамиёнро матраҳ кардаанд; бад-ин маънӣ, ки ҳамаи одамиён дар оламе ба номи “аласт” ё олами “зар”, бар ягонагӣ ва парвардигории Ҳақ Таъоло гувоҳӣ додаанд ва аҳди худро бар ин асл бо Худои худ бастаанд. Замахшарӣ ин паймонро аз боби тамсил ва тахйил донистааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.411)

Он кӣ буд наздики мо номаш манӣ,

Пеши Ҳақ будӣ ту к-ин дам бо манӣ.

Мисоли дигар: чизеро, ки мо ба он мойеъи манӣ мегӯем, ҳамон мойеъ, вуҷуди ҳақиқии туст ва ту ҳамон тавр ки инак дар баробари ман истодаӣ, дар азал назди Худо вуҷуд доштӣ. Яъне ҳамин мойеъи бемиқдор дар назди Худо бо феълияти ниҳоии худ зуҳур дошт.

Сурате буд ин манӣ андар адам,

Пеши Ҳақ мавҷуд, на бешу на кам.

Ин манӣ дар адам, яъне дар мартибаи илми Ҳақ дар назди Ҳақ Таъоло сурате дошт, ва аммо инак низ ҳамон сурат ба феълият расида, на андаке бештар аз он шуда ва на андаке камтар.

Ҳосил он омад ҳақиқат номи мо

Пеши ҳазрат, к-он бувад анҷоми мо.

Ҳосили калом он ки ҳар чиз дар назди Ҳақ Таъоло бар мо ном ниҳода шуда, оқибат ҳамон ном ҳақиқати моро таъйин мекунад, яъне феълияти ниҳоии мо тибқи илми азалӣ сурат мегирад.

Мардро бар оқибат номе ниҳад,

На бар он к-ӯ орият, номе ниҳад.

Инсон аз тарафи Худованд ба исме номида мешавад, ки дар поёни кор низ ҳақиқати вуҷудии ӯ мутобиқ бо ҳамон исм таҳаққуқ меёбад. Ва ин ном назири номҳои ориятӣ ва муваққатӣ нест, ки миёни мардум мутадовал аст. Масалан, мумкин аст мардум касеро номи Тақӣ ниҳанд, дар ҳоле ки ӯ шақӣ бошад, вале номгузориҳои Худованд айнан мутаҳаққақ мешавад.

Чашми Одам, чун ба нури пок дид,

Ҷону сирри номҳо гашташ падид.

Чун чашми Одам бо нури поки Ҳақ биноӣ ва басират ёфта буд, яъне чун биниш ва дониши Одам аз илми Худованд сарчашма мегирифт, аз ин рӯ асрор ва ҳақиқати номҳо ва ашё бар ӯ ҳувайдо мешуд ва ӯ ҳамаи асрорро дармеёфт.

Нукта: Мурод аз Одам дар инҷо ҳақиқати навъияи Одам аст. Пас, лафзи Одам дар инҷо тамсили инсони комил аст.

Чун малак анвори Ҳақ дар вай биёфт,

Дар суҷуд афтоду дар хидмат шитофт.

Ҳамин ки фариштагон нури худоиро дар вуҷуди ҳазрати Одам (а) диданд, ночор дар баробараш ба саҷда даромаданд.

Нукта: Ин байт ишорат аст ба ояти 34 сураи Бақара:

وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلاَئِكَةِ اسْجُدُواْ لآدَمَ فَسَجَدُواْ إِلاَّ إِبْلِيسَ أَبَى وَاسْتَكْبَرَ

Ва ёд ор ҳангомеро ки ба фариштагон гуфтем: бар Одам саҷда оред. Ҷумлагӣ саҷда оварданд, магар Иблис, ки рӯ бартофт ва такаббур варзид...” Акбарободӣ гӯяд, ки малоик чун нури Ҳақро дар Одам мушоҳида карданд, бар Одам саҷда оварданд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.79)

Инчунин Одам, ки номаш мебарам,

Гар ситоям то қиёмат, қосирам.

Ҳамин Одамро, ки агар то рӯзи қиёмат мадҳу ситоишаш кунам, боз аз баёни он қосирам.

Ин ҳама донист, чун омад қазо,

Дониши як наҳй шуд бар вай хато.

Ҳазрати Одам (а) ҳамаи чизҳоро медонист, ваде чун қазо даррасид, донистани як наҳй бар ӯ муштабаҳ гашт.

Нукта: Ин байт ва се байти баъдӣ ишорат аст ба ояти 35 сураи Бақара:

وَقُلْنَا يَا آدَمُ اسْكُنْ أَنتَ وَزَوْجُكَ الْجَنَّةَ وَكُلاَ مِنْهَا رَغَدًا حَيْثُ شِئْتُمَا وَلاَ تَقْرَبَا هَذِهِ الشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ الْظَّالِمِينَ

Ва гуфтем: Одамо! Бо ҷуфти худ (Ҳавво) дар биҳишт сокин шавед ва аз неъматҳои он шодкомона ҳарчӣ бихоҳед, бихӯред, ва ба ин дарахт наздик нашавед, ки дар он сурат аз ситамкорон хоҳед буд.”

Муфассирони Қуръони Карим дар ин ки “ло тақрабо” (наздик нашавед) “наҳйи таҳримӣ” аст ё “наҳйи танзеҳӣ” ақволе мухталиф овардаанд. Баъзе аз муфассирон чун ба исмати томму тамоми анбиё қоиланд, онро наҳйи танзеҳӣ донистаанд. Мурод аз наҳйи таҳримӣ ин аст, ки фоъили он наҳй, муртакиби гуноҳ шуда ва мустаҳиққи азоб аст. Масалан, ояти “Ва ло тақрабо молал-ятим” (Ба амволи ятим наздик нашавед!) наҳйи таҳримӣ аст. Яъне ҳар кас ба моли ятим даст зад, муртакиби гуноҳ шудааст. Аммо наҳйи танзеҳӣ он аст, ки фоъили он, муртакиби гуноҳ нашуда, балки тарки авло кардааст, ва табъан ӯ мустаҳиққи итоб ва иқоб нест, балки тарк кардани он, барояш беҳтар аст. Албатта дар навъи он шаҷара низ ихтилоф аст: гандум, анҷир, ангур ва кофур… (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.413-414)

Мавлоно мегӯяд, Одам ин ҳама илм омӯхт, аммо надонист, ки наҳйи Худованд аз наздик шудан ба он шаҷара танзеҳӣ буда ё таҳримӣ?

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: