Ирфони Ҳофиз (5)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 5)

Муҳйиддини Арабӣ, падари ирфони исломӣ

Қаблан ҳам арз кардем, ки яке аз урафое, ки илҳомдиҳандаи ҳамаи навобиғи ирфонӣ аст, ки аз қарни 7-ум ба баъд омадаанд, Муҳйиддини Арабӣ аст. Муҳйиддини Арабӣ хоҳ нохоҳ падари ирфони исломӣ аст ва ӯ буд, ки таҳаввули азим дар ирфони исломӣ ба вуҷуд овард. (Дар яке аз баҳсҳои оянда, дар ирфони назарӣ, ки баҳс мекунем, қисмате аз онҳоро арз хоҳем кард).

Урафои баъд аз ӯ ҳама аз ӯ илҳом гирифтаанд. Мавлавӣ, Ҳофиз, Шабистарӣ ва амсоли инҳо шогирдони мактаби Муҳйиддинанд бидуни шак. Муҳйиддин шеър ҳам мегуфта ва баъзе шеърҳояш ҳам хеле олӣ аст, на ҳама. Аслан ӯ як одамест, ки ҳамон тавр ки мо Мавлавиро мегӯем (ки) дар қолиби шеър намегунҷад, ӯ боз бештар дар қолиби шеър намегунҷад. Якчунин одами аҷибе аст. Аз ҷумла як китобе, як идда ашъоре дорад ба номи “Тарҷумонул-ашвоқ”, ки худаш ҳамонҳоро шарҳ карда ба номи “Захоирул-аълоқ” ва чоп шуда ва дар даст аст. Ин ашъор ҳама ашъори ошиқона аст ва бо ин ки худаш тасреҳ мекунад, ки ӯ бархӯрде ҳам бо як хонуми орифае дар Макка дошта — ки достонашро дар муқаддимаи он китоб ва дар шарҳи ҳоли ӯ нақл кардаанд — ва он зан шогирдаш буда ва худаш ҳам дар ибтидо тасреҳ мекунад, ки ин калимоте, ки ман меоварам, аз ҳамон зан киноя меоварам, яъне мафҳуми лафз ва зоҳире, ки ман дорам мегӯям, ҳамин занро дорам мегӯям:

فكل اسم اذكره فی هذا الجزء فمنها اكنّی وكل دار اندبها فدارها اعنی

Ман ҳар исме агар бибарам (Суъод бигӯям, Ҳинд бигӯям…), мақсуд ӯст, ва ҳар дореро, ки ман нудба кунам, дори ӯро қасд кардаам”, вале дар айни ҳол, маънои шеъри самбулик ин нест, ки масалан вақте мегӯяд шароб, аз шароб (чизи дигар ирода шуда бошад), мисли ин ки мо мегӯем: “Раъяту асадан” (шереро дидам) ва аз “асад” (шер) мустақиман раҷули шуҷоъ ирода шуда бошад. На! Аз шароб шароб ирода мешавад, вале шаробро вақте ки тавсиф мекунад, ҳадафаш аз тавсифи шароб чизи дигар аст, на ин ки лафзи “шароб”, ки мегӯяд, маҷозан мегӯяд ва ба ҷойи лафзи “шароб” бояд як чизи дигар бигузорем. (Чунин нест.)

Дар маҷозоте, ки удабо ба кор мебаранд ин тавр аст, ки лафзеро ба ҷойи лафзи дигар ба кор мебаранд, ки агар лафзи аслиро бигузорем, маъно тағйир намекунад. Вале дар баёни самбулик чизи дигар аст. Ва он ин аст, ки дар бораи як маъно баҳс мекунад, ин матлаби ӯ зоҳире дорад, ки зоҳираш ҳам дуруст аст, яъне як маъное дорад, вале руҳаш (чизи дигарест ва) як ботини дигаре дар кор аст. Ин айни иқтибос аз ҳамон кори Қуръон аст: зоҳир ва ботин. ”Зоҳиру ботин” маънояш ин нест, ки лафзи Қуръон вазъ шуда барои маънои ботинӣ ва маънои зоҳирӣ маҷоз аст, (на), балки ба ин маъност, ки дар они воҳид бутуни мутаъаддида дорад. Як зоҳир дорад ва як ботин. Аҳли зоҳир зоҳирашро мефаҳманд ва аҳли ботин ботинашро. Баъд мегӯяд:

ولم ازل فیما نظمتها فی هذا الجزء علی الایماء علی الواردات الالهیة والتنزلات الروحانیة والمناسبات العلویّة جریا علی طریقتنا المثلی فانّ الاخرة خیر لها من الاولی

Ва баъд мегӯяд, худи он хонум ҳам медонист:

ولعلمها (رضی اللّه عنها) بما الیه اشیر ولا ینبّهك مثل خبیر واللّه یعصم قارئ هذا الدیوان من سبق خاطره الی ما لایلیق بالنفوس الابیّة

Ӯ худаш ҳам медонист ва мабодо касе, ки ин девонро мехонад, хиёл кунад, ки мақсуди мо фақат ҳамин маънои зоҳирӣ буда.”

Баъд мегӯяд, девони ман, ки мунташир шуд, баъзе аз уламо нақд карданд, эрод гирифтанд, шояд баъзе аз фуқаҳо тафсиқ ва такфир(-ам) карданд. Вақте ки мақсуди аслиро барои ӯ шарҳ додам, ӯ тавба кард:

فلما سمعه ذلك المنكر تاب الی اللّه سبحانه تعالی ورجع عن الانكار علی الفقراء

Вақте ки он мункир шарҳи маро шунид, тавба кард аз ин ки бар фуқаро инкор кунад.”

وما یأتون به فی اقاویلهم من الغزل والتشبیب

Инки онҳо дар ғазалиёташон ташбиб мекунанд, куллият дорад. “Ташбиб” яъне матлаби худашонро ба номи як маъшуқ ва як маҳбуб оғоз мекунанд, вале ҳадаф чизи дигарест. Масалан, “Қасидаи Бурда”, ки аз Бусирӣ аст ва аз олитарин ва пурсӯзтарин ва боихлостарини қасоиде аст, ки дар ислом гуфта шуда, чӣ гуна шурӯъ мешавад? Бо ғазал шурӯъ мешавад. Як муқаддамоте дорад, ҳафт-ҳашт қисмат аст ва баъд вориди мадҳи Расули Акрам (с) мешавад ва хеле қасидаи олӣ ва аҷибе ҳам ҳаст, вале чӣ гуна шурӯъ мекунад:

أمِنْ تَذْكُرُ جیرانَ بِذی سَلَم

مَزَجْتُ دَمْعاً جَری مِنْ مُقْلَةٍ بِدَمِ

أمْ هَبَّتِ الرّیحُ مِنْ تِلْقاءِ كاظِمَة

وَاَوْمَضَ الْبَرْقُ فِی الظَّلْماءِ مِنْ اِضَمِ

… мисли касе, ки дар бораи як маъшуқи зоҳирӣ дорад ҳарф мезанад. Ҳамин шуарои худамон, ки баъдҳо мадҳи ҳазрати Амир ва ҳазрати Имом Ҳусайн ва ғайраро гуфтаанд, аввал аз зулфу руху ин ҳарфҳо мегӯянд, баъд вориди мадҳи Алӣ мешаванд. Маълум мешавад ҳамон вақт роиҷ буда, ки урафо ғазал мегуфтаанд ва ташбиб мекардаанд, вале мақсудашон чизи дигар буда. Баъд худаш ин шеърро мегӯяд (ва мегӯяд барои ин ки аз мақсуди мо огоҳ бишаванд):

كُلَّما اَذْكُرُهُ مِنْ طَلَلٍ (1)

اَوْ رُبوعٍ اَوْ مَقامٍ (2) كُلَّما

وَكَذا اِنْ قُلْتُ هی اَوْ قُلْتُ هُو

اَوْ هُمُ اَوْ هُنَّ جَمْعاً اَوْ هُما (3)

وَكَذا اِنْ قُلْتُ قَدْ اَ نْجَدَنی

قَدَرٌ فی شِعْرِنا اَوْ اَتْهَما (4)

وَكَذا السُّحْبُ اِذا قُلْتُ بَكَتْ

وَكَذَا الزَّهْرُ اِذا مَا ابْتَسَما (5)

اَوْ نِساءٌ كاعِباتٌ نَهَدَتْ

طالِعاتٍ كَشُموسٍ اَوْ دُمی (6)

كُلَّما اَذْكُرُهُ مِمّا جَری

ذِكْرُهُ اَوْ مِثْلُهُ اِنْ تَفْهَما

مِنْهُ اَسْرارٌ وَاَنْوارٌ جَلَتْ

اَوْ عَلَتْ جاءَ بِها رَبُّ السَّما (7)

لِفُؤادی اَوْ فُؤادِ مَنْ لَهُ (8)

مِثْلُ مایی مِنْ شُرودِ الْعُلَما (9)

صِفةٌ قُدْسِیَّةٌ عِلْوِیَّةٌ

اِعْلَمَتْ اَنَّ لِصِدْقی قَدَما

فَاصْرِفِ الْخاطِرَ عَنْ ظاهِرِها

وَاطْلُبِ الْباطِنَ حَتّی تَعْلَما

Мавлавӣ

Мавлавии худамон бо ин ки дар Маснавӣ тағаззул надорад ва бо забони дигаре ҳарф мезанад, вале ба ин матлаб таваҷҷӯҳ дорад ва мегӯяд: мабодо ту ҳарферо, ки аз ориф мешунавӣ, ба зоҳираш ҳамл кунӣ. Ташбеҳи хубе мекунад (ва) мегӯяд, онҳо мурғи Ҳаққанд. Мисли ин ки дар калимаи “Мурғи Ҳақ” ишора дорад ба “Мантиқут-тайр”-и Аттор ва достони ин ки мурғон ҳама ҷамъ шуданд ба раҳбарии ҳудҳуд (ва ҳудҳуд рамзи пири муршид аст ва мурғҳои дигар солик), рафтанд барои ин ки симурғро ба подшоҳӣ интихоб кунанд (ки достонашро агар бихоҳам шарҳ кунам, як вақти дигар дар ҷойи худаш бояд шарҳ кунам). Ин аст, ки соликонро ташбеҳ ба мурғон мекунанд, ки ҳаракат мекунанд барои рафтан ба хонаи симурғ. Мавлавӣ мегӯяд:

Чун сафире бишнавӣ аз мурғи Ҳақ,

Зоҳирашро ёд гирӣ чун сабақ.

В-он гаҳе аз худ қиёсоте кунӣ,

Мар хаёли маҳзро зоте кунӣ. (10)

Истилоҳотест мар абдолро,

Ки набошад з-он хабар ғаффолро.

Бо ин тасреҳот, мо чӣ метавонем бигӯем?

Шайх Маҳмуди Шабистарӣ

Маҳмуди Шабистарӣ дар манзумаи худаш, ки аз олитарин қатаъоти ирфони исломист — ва афсӯс, ки маъонии инҳо ба куллӣ дорад фаромӯш мешавад — (ин истилоҳотро тавзеҳ медиҳад.) Медонед суолоте аз Хуросон кардаанд ва он вақт ҳам зоҳиран ӯ дар Озарбойҷон буда ва он суолотро ҷавоб дода ва он тавр ки худаш мегӯяд, дар як шаб ҳам ҷавоб дода, ва ин хеле аҷиб аст:

Расуле бо ҳазорон лутфу эҳсон

Расид аз хидмати аҳли Хуросон.

Ҷузъи суолоти он одам яке ин суол аст:

Чӣ хоҳад марди маънӣ з-он иборат,

Ки дорад сӯйи чашму лаб ишорат?

Чӣ ҷӯяд аз руху зулфу хату хол

Касе, к-андар мақомот асту аҳвол?

Маълум аст, ки барои инҳо матраҳ буда, ки мақсуди урафо аз ин таъбирот чӣ буда? Муфассал дар ин заминаҳо баҳс мекунад, шояд дар ҳудуди сад шеър дошта бошад. Он вақт ин ҷур ҷавоб медиҳад. (Ман чанд тояшро бароятон мехонам:)

Ҳар он чизе, ки дар олам аён аст,

Чу аксе з-офтоби он ҷаҳон аст.

Ҷаҳон чун зулфу хатту холу абрӯст,

Ки ҳар чизе ба ҷойи хеш некӯст.

Таҷаллӣ, гаҳ ҷамолу гаҳ ҷалол аст,

Руху зулф он маъониро мисол аст.

Сифоти Ҳақ Таъоло лутфу қаҳр аст,

Руху зулфи бутонро з-он ду баҳраст.

Чу маҳсус омад ин алфози масмуъ,

Нахуст аз баҳри маҳсусанд мавзӯъ. (11)

Надорад олами маънӣ ниҳоят,

Куҷо бинад мар ӯро чашм ғоят.

Ҳар он маъно, ки шуд аз завқ пайдо, (12)

Куҷо таъбири лафзӣ ёбад ӯро. (13)

Чу аҳли дил кунад тафсири маънӣ,

Ба монандӣ кунад таъбири маънӣ. (14)

Ки маҳсусот аз он олам чу сояст,

Ки ин чун тифлу он монанди дояст.

Баъд ба шарҳ мепардозад, хеле шарҳ мекунад, ки зулф яъне чӣ, рух яъне чӣ ва…

Баъд соил мегӯяд:

Шаробу шамъу шоҳидро чӣ маъност?

Хароботӣ шудан охир чӣ даъвост?

Ҷавоб медиҳад:

Шаробу шамъ, завқу нури ирфон,

Бибин шоҳид, ки аз кас нест пинҳон.

Он гоҳ вориди баҳси муфассале дар ин замина мешавад.

Мағрибӣ

Яке дигар аз шуарои бисёр забардасти ирфонӣ, ки албатта лутфи Ҳофизро надорад, вале аз назари маъонии ирфонӣ, яъне расидан ба умқи ирфон, иддае ӯро аз Ҳофиз ҷилавтар медонанд — арз кардам на аз назари шеърӣ ва адабӣ ва ҳунарӣ, балки аз назари расидан ба умқи ирфон — шоирест ба номи Мағрибӣ, ки девонаш ҳам чоп шуда. Мағрибӣ дар аввали девонаш (шеърҳое дар ин замина дорад) — ки ман дар китоби “Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон” ин шеърҳоро аз онҷо нақл кардаам. Баъзе аз ин ашъорро мехонам (чун хеле муфассал аст), мегӯяд:

Агар бинӣ дар ин девони ашъор

Хароботу хароботию хаммор

Буту зуннору тасбеҳу чалипо

Муғу тарсову габру дайру Мино

Шаробу шоҳиду шамъу шабистон

Хурӯши барбату овози мастон

Маю майхонаву ринди харобот

Ҳарифу соқиву нарду муноҷот

Навои арғануну нолаи най

Сабуҳу маҷлису ҷоми паёпай

Хуму ҷому сабӯи майфурӯшӣ

Ҳарифӣ кардан андар боданӯшӣ

Зи масҷид сӯйи майхона давидан

Дар онҷо муддате чанд орамидан

Гарав кардан пиёлай хештанро

Ниҳодан бар сари май ҷону танро

Гулу гулзору сарву боғу лола

Ҳадиси шабнаму борону жола

Хату холу қаду болову абрӯ

Узору оризу рухсору гесӯ

Лабу дандону чашми шӯху сармаст

Сару пою миёну панҷаву даст

Машав зинҳор аз ин гуфтор дар тоб

Бирав мақсуд аз он гуфтор дарёб.

Мапеч андар сару пойи иборат,

Агар ҳастӣ зи арбоби ишорат.

Назарро нағз кун, то нағз бинӣ,

Гузар аз пӯст кун, то мағз бинӣ.

Назар гар барнадорӣ аз завоҳир,

Куҷо гардӣ зи арбоби сароир?

Чу ҳар якро аз ин алфоз ҷонест,

Ба зери ҳар як аз инҳо ҷаҳонест.

Ту ҷонашро талаб, аз ҷисм бигзар,

Мусаммоҷӯй бош аз исм бигзар.

Фурӯ магзор чизе аз дақоиқ,

Ки то бошӣ зи асҳоби ҳақоиқ.

Ҳотифи Исфаҳонӣ

Ё масалан Ҳотиф дар он тарҷеъбанди маъруфаш, ки бо ин байт оғоз мешавад:

Эй фидои ту ҳам дилу ҳам ҷон

В-эй нисори раҳат ҳам ину ҳам он

Дар яке аз он тарҷеъбандҳояш махсусан тасреҳ мекунад:

Ҳотиф, арбоби маърифат, ки гаҳе

Маст хонандашону гаҳ ҳушёр.

Аз маю ҷому мутрибу соқӣ,

Аз муғу дайру шоҳиду зуннор,

Қасди ишон нуҳуфта асрорест,

Ки ба имо кунанд гаҳ изҳор.

Шайх Баҳоӣ

Ва ба илова, мо мебинем афроде дар ин заминаҳо шеър гуфтаанд, ки дар бораи ҳар ки бишавад эҳтимол дод, дар бораи онҳо дигар намешавад эҳтимоли ин ҳарфҳоро дод. Масалан Шайх Баҳоӣ, фақеҳи аср ва шайхулисломи замони худаш, аз ин ҳарфҳои риндӣ ба истилоҳ, он қадре ки дар калимоти Ҳофиз омада, дар калимоти ӯ ҳам омада, камтар наёмада, мисли ин шеърҳои маъруфаш, ки мегӯяд:

Дину дил ба як дидан бохтему хурсандем, (15)

Дар қимори ишқ, эй дил, кай бувад пушаймонӣ?!

Саҷда бар буте дорам, роҳи масҷидам манмо,

Кофари раҳи ишқам, ман куҷо мусалмонӣ?!

Мо зи дӯст ғайр аз дӯст мақсаде намехоҳем,

Ҳуру ҷаннат, эй зоҳид, бар ту бод арзонӣ. (16)

Зоҳиде ба майхона сурхрӯ зи май дидам,

Гуфтамаш: муборак бод арманӣ мусалмонӣ!

Хонаи дили моро аз карам иморат кун,

Пеш аз он ки ин хона рӯ ниҳад ба вайронӣ.

Ашъоре аз Аллома Таботабоӣ

Агар шеърҳое, ки муҷтаҳидҳо ва фуқаҳои замон ва мароҷеи тақлиди замон дар ин заминаҳо гуфтаанд, ҳамонҳоро бихоҳем ҷамъ кунем, мисли шеърҳои марҳум Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ ва шеърҳои марҳум Нароқӣ (17), худаш як достоне дорад, ки дигар хеле муатталатон намекунам, вале хушам меояд, ки шеърҳое аз устоди худамон Аллома Таботабоӣ (Салламаҳуллоҳу Таъоло!)-ро барои шумо бихонам, бибинед, ки ин муфассирини моддии Ҳофиз инҷо чӣ мегӯянд. Эшон мегӯяд:

Ҳаме гӯяму гуфтаам борҳо,

Бувад кеши ман меҳри дилдорҳо. (18)

Парастиш ба мастист дар кеши меҳр,

Бурунанд з-ин ҷирга ҳушёрҳо.

Ба шодиву осоишу хобу хӯр

Надоранд коре дилафгорҳо.

Ба ҷуз ашки чашму ба ҷуз доғи дил,

Набошад ба дасти гирифторҳо.

Кашиданд дар кӯи дилдодагон

Миёни дилу ком деворҳо.

Чӣ Фарҳодҳо мурда дар кӯҳҳо,

Чӣ Ҳаллоҷҳо рафта бар дорҳо.

Чӣ дорад ҷаҳон ҷуз дилу меҳри ёр,

Магар тӯдаҳое зи пиндорҳо.

Вале родмардону ворастагон,

Наёзанд ҳаргиз ба мурдорҳо.

Маҳини меҳрварзон, ки озодаанд,

Буриданд аз доми ҷон торҳо.

Ба хуни худ оғуштаву рафтаанд

Чӣ гулҳои рангин ба ҷӯборҳо.

Баҳорон, ки шобош резад сипеҳр,

Ба домони гулшан зи рагборҳо.

Кашад рахт сабза ба ҳомуну дашт,

Занад боргаҳ гул ба гулзорҳо.

Нигориш диҳад гулбуни ҷӯйбор

Дар ойинаи об рухсорҳо.

Равад шохи гул дар бари нилуфар,

Барқасд ба сад нози гулнорҳо.

Дарди пардаи ғунчаро боди бом

Ҳазор оварад нағз гуфторҳо.

Ба овои ною ба оҳанги чанг

Хурӯшад зи сарву саман торҳо.

Ба ёди хуми абрӯи гулрухон

Бикаш ҷом дар базми майхорҳо.

Гиреҳ аз рози ҷаҳон боз кун,

Ки осон кунад бода душворҳо.

Ҷуз афсуну афсона набвад ҷаҳон,

Ки бастанд чашм Хашоёрҳо.

Ба андӯҳи оянда худро мабоз (19),

Ки оянда хобест чун порҳо. (20)

Фиреби ҷаҳонро махӯр зинҳор,

Ки дар пойи ин гул бувад хорҳо.

Паёпай бикаш ҷому саргарм бош,

Биҳил гар бигиранд бекорҳо.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Ёдгорҳои маҳбуб, харобаҳое, ки аз манзили маҳбуб боқӣ монда.

(2) Рубуъ ва мақом яъне манозил.

(3) “Ҳува” мегӯям, “ҳия” мегӯям, “ҳум” мегӯям, “ҳунна” мегӯям, ҳарчӣ мегӯям.

(4) Агар исми Наҷд мебарам, исми Таҳома мебарам.

(5) Аз гиряи абр сухан мегӯям, аз хандаи шукӯфа сухан мегӯям.

(6) Ё аз занони коиб — яъне “пистон баромада” — ва аз заноне, ки монанди хуршед тулӯъ мекунанд мегӯям.

(7) Мехоҳад бигӯяд инҳо асрор ва илҳомоте аст, ки бар қалби ман ворид шуда ва ман ба ин сурат инҳоро таҷассум кардаам. Ҳоло чаро инҳо ба ин сурат гуфтаанд, баъд дар ин бора баҳс мекунем.

(8) Он воридот бар қалби ман ворид шуда ё бар қалби каси дигар.

(9) Ононе, ки мисли ман аз уламои биллоҳанд.

(10) Бо ин хиёлоти худат чизе бисозӣ, ки чунин гуфтаанд.

(11) Мегӯяд, алфоз аввал барои маъонии маҳсуса вазъ шуда.

(12) Маъонии ирфонӣ, воридоти қалбӣ.

(13) Маъонии ирфонӣ, ки дар қалб омада, асосан лафзе надорад, ки ба он лафзҳо баён шавад, чун ин алфоз барои маъоние вазъ шуда, ки башар аз роҳи ҳавосс бо онҳо ошно шуда. Дар ҷойи дигар мегӯяд:

Маъонӣ ҳаргиз андар ҳарф нояд,

Ки баҳри бекарон дар зарф нояд.

Як шеъри арабӣ ҳам ҳаст, ки Ҳоҷӣ Сабзаворӣ нақл мекунад:

اَلا اِنّ ثوباً خیط من نص تسعة

وعشرین حرفا عن معانیه قاصر

Яъне ҷомае, ки аз ин 29 ҳарф бофта шуда, ба андоми ӯ рост намеояд, яъне он маъониро ҳаргиз бо ин алфоз намешавад баён кард.

(14) (Яъне) бо ташбеҳ мегӯяд.

(15) Роҷеъ ба ин масъала, ки мегӯяд динро додем, мақсудашон чист, баъдҳо иншоаллоҳ баҳс мекунем.

(16) Албатта ин шеър тафсир мекунад, мисли шеърҳои худи Ҳофиз.

(17) (Ва шеърҳои Имом Хумайнӣ (р), ки пас аз реҳлати эшон мунташир шуд ва ба унвони намуна яке аз онҳоро меоварем:)

Ман ба холи лабат эй дӯст гирифтор шудам.

Чашми бемори туро дидаму бемор шудам.

Фориғ аз худ шудаму кавси “Аналҳақ” бизадам.

Ҳамчу Мансур харидори сари дор шудам.

Ғами дилдор фикандаст ба ҷонам шараре,

Ки ба ҷон омадаму шӯҳраи бозор шудам.

Дари майхона гушоед ба рӯям шабу рӯз,

Ки ман аз масҷиду аз мадраса безор шудам.

Ҷомаи зуҳду риё кандаму бар тан кардам

Хирқаи пири хароботиву ҳушёр шудам.

Воизи шаҳр, ки аз панди худ озорам дод.

Аз дами ринди майолуда мададкор шудам.

Бигзоред, ки аз буткада ёде бикунам

Ман, ки бо дасти бути майкада бедор шудам.

(18) Динро аз худаш якҷо салб кард!

(19) Ҳамон нақди Ҳофиз, ки он ҳама хондем, дами Ҳофиз.

(20) Инкори қиёмат аст он тавр ки ин оқоён аз Ҳофиз истифода мекунанд!

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: