Ирфони Ҳофиз (6)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 6)

То инҷо мо расидем ба ин матлаб, ки Ҳофиз гулест аз як бӯстон. Бӯстонеро шумо дар назар бигиред, ки сад ҳазор метр мураббаъ аст ва дар он даҳҳо ҳазор гул вуҷуд дорад ва як гулаш Ҳофиз аст. Ва он бӯстон, бӯстони маъорифи исломист, ки густарда буда, ниме аз ҷаҳонро фаро гирифта, ба забонҳои мухталиф, тоза ман арабиро овардам, дар забонҳои дигар ҳам ҳамин ҷур буда, ихтисос ба он надорад. Инки мо Ҳофизро танҳо аз ин бӯстон бичинем, баъд бихоҳем мутобиқи дили худамон тафсир кунем, дуруст нест. Ҳофизро фақат дар дохили ҳамон бӯстоне, ки рушд карда — ки он, бӯстони фарҳанги исломист — метавонем мутолеа кунем.

Мо то устодҳои Ҳофизро, устодҳои устодҳои Ҳофизро, ҷавви Ҳофизро, фазое, ки Ҳофиз дар он фазо танаффус карда ба даст наёварем, маҳол аст (шинохти дурусте аз ӯ пайдо кунем.) Ва ин кор, кори як адиб нест. Иштибоҳ ин аст, ки дар асри мо удабо мехоҳанд Ҳофизро шарҳ кунанд. Бузургтарин адиби ҷаҳон ҳам биёяд, наметавонад Ҳофизро шарҳ кунад. Ҳофизро орифе бояд шарҳ кунад, ки адиб ҳам бошад…

Иллати рамзгӯии урафо

Биравем суроғи як матлаби дигар. Ва он ин аст, ки ҳоло ин чӣ ангезае будааст, ки ин оқоёни урафо биёянд ҳарфҳои худашонро ин ҷур дар парда бигӯянд, он ҳам бо як пардадарии ин гуна? Пардае, ки пардадарӣ ҳам дар он ҳаст. Чаро бо рамз ҳарф мезананд? Чаро самбулик ҳарф мезананд? Чаро ҳарфи худашонро сареҳ намегӯянд? “Чун сафире бишнавӣ аз мурғи Ҳақ” яъне чӣ? “Истилоҳотест мар абдолро” яъне чӣ? Чӣ беморие доранд, ки ҳарфи худашонро возеҳ ва сареҳ намегӯянд?

Инҷо ҳам боз тафсирҳое шуда. Баъзе ин ҷур тафсир кардаанд, ки иллати қазия ин буда, ки дар ибтидо урафо ҳарфҳои худашонро сареҳ мегуфтанд, баъдҳо чун диданд ин ҳарфҳои сареҳ ва бепарда ва рук барои инҳо дарди сар дуруст мекунад, маҷбур шуданд, ки ҳарфҳояшонро дар парда бигӯянд, барои ин ки аҳли зоҳир, фуқаҳо ва пайравони фуқаҳо музоҳимашон нашаванд. Ин буд, ки ҳарфашонро дар парда гуфтанд. Марҳум дуктур Қосим Ғанӣ ду китоб дорад: яке ба номи “Торихи тасаввуф дар ислом” ва дигаре — ки мегӯянд чакидаи афкори ӯст — ба номи “Баҳсе дар тасаввуф”, ки вақте инсон аз аввал то охирашро мутолеа мекунад, мебинад ин мард чизе аз ирфон ва тасаввуф дарк намекарда, мутолеа зиёд карда, вале чизе намедониста. Эшон исрор дорад, ки матлабро ҳамин тавр тавҷеҳ кунад.

Аввалан, эшон муддаъист ва хаёл карда, ки аслан ин ирфони исломӣ ҳамааш ҳарфҳои навафлотуниён аст. (Як ҳарфе аз фарангиҳо шунида буда, дунболи ҳамонро гирифта). Баъд мегӯяд, баъд аз ин ки ин фалсафаи навафлотуниён ба шакли ирфон дар миёни мусалмонон омад: “Тасаввуф ба шакле даромад, ки мавриди такфир воқеъ шуд ва ҷамоате аз бузургони сӯфия ба заҳмат афтоданд ва баъзе ба қатл расиданд ва ин пешомадҳо сабаб шуд, ки сӯфиён асрори худро аз номаҳрамон мактум бидоранд ва калимоти худро мармуз ва зувуҷуҳ (чандпаҳлӯ) адо кунанд, завоҳири шаръро риоят намоянд ва махсусан дар садад баромаданд, ки ирфон ва тасаввуфро ба василаи тафсир ва таъвил бо Қуръон ва ҳадис татбиқ кунанд. Ва инсоф ин аст, ки аз ӯҳдаи ин муҳим ба хубӣ баромаданд ва пояи таъвилро ба ҷойе гузоштанд, ки дасти файласуфони таъвилкунандаи Таврот ҳам ба он нахоҳад расид.” (Баҳсе дар тасаввуф, с.10) Дар ҷойи дигар ҳам боз ҳамин ҳарфро ба гунаи дигаре мегӯяд.

Ин ҳарф як ҳарфи номарбутест. Иттифоқан, инҳо (урафо) дар айни ин ки муддаъои худашонро дар парда гуфтаанд, аз назари завоҳир аз қудамои сӯфия (яъне сӯфияи қарни дуввум, севвум, чаҳорум) бештар пардадарӣ кардаанд… (Ҳарфи оқои Қосим Ғанӣ) хеле ҳарфи аҷибест! Узри бадтар аз гуноҳ, ки мегӯянд, ҳамин аст. Инҳо дар парда ҳарф заданд, чӣ гуна дар парда ҳарф заданд? Ҳамаи муддаъои худашонро ба сурати чизҳое гуфтанд, ки ё куфр аст ё фисқ! Ин чӣ ҷур дар парда гуфтани ба он манзур аст (ки аҳли зоҳир онҳоро муттаҳам ба бединӣ накунанд?) Агар ба як забони дигаре мегуфтанд, ки мардум иштибоҳ мекарданд, масалан ба ҷойи ин ҳарфҳо калимоте монанди вузӯ, ғусл, таяммум, рукӯъ ва суҷуд меоварданд ва баъд мегуфтанд, мақсуди мо аз суҷуд фалон маъност, аз рукӯъ фалон маъно, аз вузӯ ва аз таяммум фалон маъно, ин назария қобили тавҷеҳ буд. Инҳо, ки аз ин алфози шаръӣ ё аз алфози муқаддаси урфӣ истифода накардаанд, аз алфозе истифода кардаанд, ки мафҳуми зоҳириаш ё фисқ буда ё куфр: “Дину дил ба як дидан бохтему хурсандем.” Мегӯяд динамро бохтам ва хурсандам. Оё ин хоста дар парда ҳарф бизанад, ки мардуми авом нафаҳманд? Хеле ҳарфи аҷибест! Таъаҷҷуб мекунам аз ин одам, ки чӣ тавр чунин ҳарфе зада!

Баъзе дигар аз ин носиюнолистҳо чашмҳояшонро боз кардаанд, хаёл кардаанд, ки ин ҳарфҳо ихтисос дорад ба шуарои эронӣ ва форсизабон. Ва ин истилоҳот ҳам фақат истилоҳи маю муғу муғбачча аст. Ва як дафъа афтодаанд ба ин ки бале, як чизи дигар аст, ва он ин аст, ки ин шуарои мо дар зери султаи араб ва ислом буданд, мехостанд ба Эрони қадим ва Эрони қабл аз ислом изҳори алоқа кунанд, роҳе надоштанд, чорае надоштанд, омаданд ин таъбиротро оварданд барои ин ки аҳли дил бифаҳманд, ки инҳо доранд ба Эрони қадим ва Эрони замони Соcонӣ алоқа нишон медиҳанд!

Ёдам аст як вақте ин китоби “Ирфон ва усули моддӣ”-и дуктур Арониро мехондам. Дар онҷо касонеро, ки ин ҳарфҳоро мезананд масхара карда буд ва нақл карда буд, ки як оқое гуфта, ки ин шеъри Ҳофиз, ки мегӯяд:

Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ,

Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ.

Чун калимаи “паҳлавӣ” ишора ба забони паҳлавӣ дар Эрони қабл аз ислом аст, дорад алоқаашро ба зардуштигарӣ нишон медиҳад ва ин нишонаи эҳсосоти миллии шоир аст.

Дуктур Аронӣ навишта буд, агар ин тавр аст, пас шеъри баъдаш ҳам, ки мегӯяд:

Яъне биё, ки оташи Мӯсо нумуд гул,

То аз дарахт нуктаи тавҳид бишнавӣ.

… ин ҳам тамоюли яҳудигарии шоир аст! Ва шеъри баъдаш, ки мегӯяд:

Ин қиссаи аҷаб шунав аз бахти вожгун,

Моро бикушт ёр ба анфоси Исавӣ.

… ин ҳам аломати масеҳигарии шоир аст!

Ин музахрафот яъне чӣ?! Як ҳарфҳое, ки истеъмори қарни 19-ум дар мағзи миллатҳои исломӣ фурӯ карда барои ҷудо кардани инҳо аз якдигар, инҳо ҳоло мехоҳанд ин ҳарфҳоро то ҳазор сол пеш ҳам бибаранд. Инҳо дурӯғи маҳз аст. Ҳазор далели торихӣ бар радди инҳост ва ман дар китоби “Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон” дар ин қазия ҳам баҳс кардаам.

Пас қазия чист? Қазияро аз худи урафо бояд бипурсем. Ба ақидаи ман, матлаб ду далел дошта, ки як далелаш дар калимоти урафо наёмадааст, вале ҳатман беасар набуда ва он ин аст: шеъру адаб ва фасоҳату балоғат ва зебоии баён, худаш як василаест барои беҳтар расондани ҳар паём, ҳоло паём ҳарчӣ мехоҳад бошад. Як нафар сиёсӣ ҳам агар бихоҳад паёми сиёсии худашро ба мардум бирасонад, бо шеъру адабу ин ҳарфҳо, бо як шеъри хеле олӣ шумо мебинед ба андозаи сад китоб дар мардум асар мегузорад, яъне он матлаб вақте либоси зебоии шеърро бипӯшад беҳтар асар мегузорад. Худи Қуръони Карим аз ҳамин маъно истифода карда. Эъҷози Қуръон, ки дар фасоҳат ва зебоиаш ҳаст, яъне Қуръон ҳунарро дар хидмати паёми илоҳӣ қарор дода ва ин ҷиҳати Қуръон ҳамеша омили фавқулъода муассире буда дар пешрафт ва пешбурди Қуръон.

Урафо ҳам барои паёми ирфонии худашон аз зебоии адаб, аз ин ташбеҳҳо, тамсилҳо, шеърҳо, аз ин рамзӣ сухан гуфтанҳо (истифода кардаанд.) Ин амр мусаллам матолибро зеботар мекунад, то ин ки матолибро ҳамин тавр макшуф ва бепарда бигӯянд, лутф надорад. Яъне барои таблиғи ҳарфи худашон ин василаро интихоб кардаанд.

Ва дигар ин ки (ҳарфи асосӣ ин аст, ки дар шеърҳои Шабистарӣ ҳам буд), ин маъонӣ асосан лафз надорад, алфози башар кӯтоҳ аст аз ифодаи ин маъонӣ, ва танҳо афроде метавонанд ин маъониро дарк кунанд, ки худашон вориди ин дунё бошанд. Ин аст, ки инҳо тасреҳ мекунанд, ки — ба таъбири худашон — ишқ қобили баён нест, забони ишқ забони баёнӣ нест. Худи Ҳофиз ҳам дар хеле ҷоҳо ба ин матлаб тасреҳ мекунад. Масалан дар якҷо мегӯяд:

Эй он, ки ба тақриру баён дам занӣ аз ишқ, 

Мо бо ту надорем сухан, хайру саломат.

Дар ҷойи дигар сареҳтар мегӯяд:

Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,

Соқиё, май деҳу кӯтоҳ кун ин гуфтушунуфт.

Ин ҳарфест, ки инҳо мӯътақиданд, ки ин маъонӣ бо баёни сареҳ гуфтанӣ нест, фақат бо рамз бояд гуфта шавад ва афроде ҳам метавонанд дарк кунанд, ки аҳли роҳу аҳли сулук бошанд. Ғайр аз инҳо касе намефаҳмад, ба қавли Мавлавӣ, забони мурғон аст, мантиқут-тайр аст, фақат касе медонад, ки

عُلِّمْنا مَنْطِقَ اَلطَّیْرِ

(Забони мурғон омӯхта шудем) бошад, дигарон аслан наметавонанд дар ин ҳарим ворид шаванд. Бинобар ин (ин маъониро) бо забони худ гуфтан (маънӣ надорад), забон надорад, ки гуфта шавад, забонаш ҳаминҳост. Яъне забон забони рамз аст, ки агар бихоҳанд ба сурати ғайрирамзӣ бигӯянд, ҳама ба гумроҳӣ ва иштибоҳ меафтанд. Инҳо мӯътақиданд, ки ин роҳро на бо қадами фикру ақл мешавад паймуд ва на бо баёне, ки он баён моли фикру ақл аст метавон тақрир кард.

Солҳо пеш матлабе ба зеҳнам омад, ҳанӯз ҳам ба ақидаи худам боқӣ ҳастам: Ҳофиз як ғазали орифонае дорад, ки хеле олист. Дар ин ғазал, ман хеле шадид мӯътақидам, ки Ҳофиз мухотабаш Бӯалист дар охири “Ишорот”. Бӯалӣ дар охири “Ишорот” намате дорад (намати моқабли охир) ба номи “Мақомотул-орифин”. Ва инсоф ин аст, инки як ҳаким тавониста мақомотул-орифинро ин ҷур баён кунад, хеле олист, воқеан шоҳкорест аз ин ҳаким, вале албатта ориф қабул надорад, ки як ҳаким бо қадами ҳикмат ва фалсафа битавонад ба маъонӣ ва румузи ирфон ва сулук пай бибарад ва лизо фалсафа ва ақлро аз ин ҷиҳат, ки ба рози матлаб пай бибарад нафй мекунад. Мегӯяд:

Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист,

Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист. (1)

Баъд мегӯяд:

Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас,

Ки на ҳар, к-ӯ варақе хонд, маъонӣ донист.

Мақсуд аз “мурғи саҳар” ҳамон руҳи ориф аст, ки саҳархез аст ва “саҳар муноҷот” аст, ки дар мавзӯи саҳархезӣ ва муноҷоти саҳар ва гиряи саҳар, ҳеч кас аз Ҳофиз беҳтар сухан нагуфта, ба қадре сӯзнок, ба қадре муассир. Ва худаш марди шабзиндадор ва саҳархезе буда ва мукаррар тасреҳ мекунад, ки ман ҳарчӣ дорам, аз саҳархезӣ дорам.

Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас,

Ки на ҳар, к-ӯ варақе хонд, маъонӣ донист.

Инҳо аз китоб хондан ба даст намеояд, аз кори мурғи саҳар ба даст меояд; аз сулук, аз таҳзиби нафс, аз тазаррӯъ, аз зорӣ, аз муноҷот кардан, аз рафтан ба даргоҳи илоҳӣ фақат пайдо мешавад.

Арза кардам ду ҷаҳон бар дили корафтода,

Ба ҷуз аз ишқи ту боқӣ ҳама фонӣ донист.

Он шуд акнун, ки зи абнои авом андешам, 

Мӯҳтасиб низ дар ин айши ниҳонӣ донист…

Сангу гилро кунад аз юмни назар лаълу ақиқ,

Ҳар кӣ қадри нафаси боди ямонӣ донист.

Он гоҳ мегӯяд:

Эй, ки аз дафтари ақл ояти ишқ омӯзӣ,

Тарсам ин нуқта ба таҳқиқ надонӣ донист.

Эй Бӯалӣ, ки аз дафтари ақл “мақомотул-орифин” менависӣ, тарсам ин нукта ба таҳқиқ надонӣ донист.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Ориф он рози ниҳонро фақат аз партави май (маълум аст, ки мақсуд аз майи орифона чист) медонад.

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: