Фалсафа ва равиши реализм (52)

Пайдоиши касрат дар идрокот (7)

Матни китоб:

Бо назаре дақиқтар, муфоди бурҳон (1) ин аст, ки ба муқтазои беруннамоӣ ва кошифияти илм ва идрок, найл ба воқеияте лозим аст. Яъне дар мавриди ҳар илми ҳусулӣ илми ҳузурӣ мавҷуд аст. Пас, аз рӯйи ҳамин назар метавон доираи бурҳонро васеътар гирифт ва аз барои натиҷа умуми бештаре ба даст овард. Мегӯем: чун ҳар илм ва идроки мафрузе хоссияти кашф аз хориҷ ва беруннамоиро дошта ва сурати вай мебошад, бояд робитаи интибоқ бо хориҷи худро дошта ва ғайриманшаи осор буда бошад, ва аз ин рӯ, мо бояд ба воқеи маншаи осор, ки “мунтабақун алайҳ”-и ӯст расида бошем, яъне ҳамон воқеъро бо илми ҳузурӣ ёфта бошем. Ва он гоҳ илми ҳусулӣ ё биловосита аз вай гирифта шавад (ҳамон маълуми ҳузурӣ бо салби маншаияти осор) ва ё ба воситаи тасарруфе, ки қувваи мудрика дар вай анҷом дода, бошад. Ва мисдоқи ин гоҳе мудракоти маҳсуса аст, ки бо воқеияти худ дар ҳисс мавҷуданд ва қувваи мудрика дар ҳамонҷо ба онҳо ноил мешавад ва гоҳе мудракоти ғайримаҳсуса.

* * *

Таълиқот:

(1) Хулосаи ин назария ин аст, ки қувваи мудрика қувваест, ки кораш суратгирӣ ва аксбардорӣ аз воқеиёт ва ашёст, чӣ воқеиёти берунӣ (хориҷӣ) ва чӣ воқеиёти дарунӣ (нафсонӣ). Тамоми тасаввуроти зеҳнӣ, ки дар “ҳофиза” ҷамъ ва мутамаркиз аст ва аъмоли мутаъаддид ва мухталифи зеҳнӣ бар рӯйи онҳо воқеъ мешавад, ба василаи ин қувва таҳия шудааст. Ин қувва ба худии худ наметавонад тасаввуре тавлид кунад. Танҳо коре, ки метавонад анҷом диҳад ин аст, ки агар бо воқеияте аз воқеиятҳо иттисоли вуҷудӣ пайдо кунад, сурате аз он воқеият месозад ва ба ҳофиза месупорад. Пас, шарти аслии пайдоиши тасаввуроти ашё ва воқеиятҳо барои зеҳн, иртибот ва иттисоли вуҷудии он воқеиятҳо бо воқеияти қувваи мудрика аст. Ва албатта қувваи мудрика, ки кораш суратгирӣ ва аксбардорист, аз худ вуҷуди мустақил ва ҷудо надорад, балки шӯъбаест аз қувваҳои нафсонӣ, ва иртибот ва иттисоли вуҷудии вай бо воқеияте аз воқеиятҳо ҳангоме аст, ки худи нафс бо он воқеият иттисоли вуҷудӣ пайдо кунад.

Пас метавон гуфт, ки шарти аслии пайдоиши тасаввуроти ашё ва воқеиятҳо барои зеҳн, иттисоли вуҷудии он воқеиятҳо бо воқеияти нафс аст ва чунон ки баъдан гуфта хоҳад шуд, иттисоли вуҷудии як воқеият бо воқеияти нафс мӯҷиб мешавад, ки нафс он воқеиятро бо илми ҳузурӣ биёбад. Бар ин асос, фаъолияти зеҳн ё қувваи мудрика аз инҷо оғоз мешавад. Яъне ҳамин ки нафс ба айни воқеияте ноил шуд ва он воқеиятро бо илми ҳузурӣ ёфт, қувваи мудрика (қувваи хиёл), ки дар ин мақола ба “қувваи табдилкунандаи илми ҳузурӣ ба илми ҳусуӣ” номида шуда, сурате аз он месозад ва дар “ҳофиза” бойгонӣ мекунад ва ба истилоҳ онро бо илми ҳусулӣ пеши худ маълум месозад.

Мутобиқи ин назария, мабно ва маъхази тамоми илмҳои ҳусулӣ — яъне тамоми иттилооти маъмулӣ ва зеҳнии мо нисбат ба дунёи хориҷӣ ва дунёи дохилӣ (нафсонӣ) — илмҳои ҳузурӣ аст ва милок ва маноти илмҳои ҳузурӣ иттиҳод ва иттисоли вуҷудии воқеияти шайъи идроккунанда ва воқеияти шайъи идрокшуда аст. Баъдан, маънои иттисоли вуҷудии воқеияте бо воқеияти нафсро баён хоҳем кард.

Дар инҷо лозим аст муқаддиматан барои мазиди тавзеҳ, фарқи илми ҳузурӣ ва илми ҳусулиро баён кунем (ҳарчанд мукаррар дар тайи ин мақолот ба фарқи ин ду ишора шудааст):

Илми ҳусулӣ яъне илме, ки воқеияти илм бо воқеияти маълум дутост, мисли илми мо ба замин ва осмон ва дарахт ва инсонҳои дигар. Мо ба ин ашё илм дорем, яъне аз ҳар як аз онҳо тасаввуре пеши худ дорем ва ба василаи он тасаввурот, ки суратҳои мутобиқ он воқеиятҳо ҳастанд, он воқеиятҳоро меёбем. Дар инҷо воқеияти илм тасвирест, ки дар зеҳни мо мавҷуд аст ва воқеияти маълум зотест, ки мустақил аз вуҷуди мо дар хориҷ мавҷуд аст. Масалан: мо сурате аз чеҳраи фалон рафиқ дар ҳофизаи худ дорем ва ҳар вақт бихоҳем, ба василаи эҳзор ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор додани он сурат, чеҳраи рафиқи худро мулоҳиза мекунем. Бадеҳист, ки он чизе, ки пеши мо ҳозир аст ва дар ҳофизаи мо ҷо дорад, суратест аз чеҳраи рафиқи мо, на воқеияти чеҳраи рафиқи мо.

Илми ҳузурӣ он аст, ки воқеияти маълум айни воқеияти илм аст ва шайъи идроккунанда бидуни висотати тасвири зеҳнӣ шахсияти воқеии маълумро меёбад, мисли он вақте ки иродаи коре мекунем ва тасмим мегирем, ё он вақте ки лаззат ё андӯҳе ба мо даст медиҳад. Воқеияти “ирода” ва “тасмим” ва “лаззат” бар мо ҳувайдост ва мо дар он ҳол бидуни висотати тасвири зеҳнӣ, он ҳолоти махсусро меёбем.

Ин фарқи илми ҳусулӣ бо илми ҳузурӣ, дар ноҳияи илм ва маълум буд. Як фарқи дигар байн ин ду дар ноҳияи олим аст. Ва он ин ки: дар илми ҳузурӣ қувваи махсус ва олати махсусе дахолат намекунад, балки олим (огоҳ) бо зот ва воқеияти худ воқеияти маълумро меёбад. Аммо дар илми ҳусулӣ як қувваи махсусе аз қувваҳои мухталифи нафсонӣ, ки кораш суратгирӣ ва тасвирсозӣ аст дахолат мекунад ва сурате таҳия менамояд ва нафс ба висотати он қувва олим мешавад.

Масалан: дар ҳоле ки шахс ирода мекунад ва иродаи худро ҳузуран меёбад, бо зот ва воқеияти худ воқеияти иродаро меёбад. Яъне он чизе, ки иродаро меёбад, ҳамон худи “ман” аст биловосита. Ва нафс тамоми воқеиятҳои нафсонии марбут ба ҷанбаҳои мухталифи идрокӣ ва шавқӣ ва таҳрикӣ — аз қабили авотиф ва шаҳавот ва ҳаяҷонот ва таҳрикот ва иштиёқ ва ирода ва афкор ва аҳкоми ҳама — ро яксон меёбад. Ва аммо ҳангоме ки ба як воқеияти хориҷӣ бо илми ҳусулӣ илм пайдо мекунад, ба василаи як қувваи махсус аз қувваҳои мухталифи нафсонӣ — яъне қувваи хиёл — сурате аз он воқеият таҳия кардааст. Бар ин асос, илми ҳузурӣ марбут ба як дастгоҳи махсус аз дастгоҳҳои мухталифи нафсонӣ нест, вале илми ҳусулӣ марбут ба як дастгоҳи махсус аст, ки ба унвони “дастгоҳи зеҳн” ё “дастгоҳи идрокӣ” хонда мешавад.

Баёни чанд нукта дар инҷо лозим аст:

а) Нафс дар ибтидои такаввун ва ҳудус, ҳеч чизеро бо илми ҳусулӣ намедонад ва аз ҳеч чизе тасаввуре дар зеҳни худ надорад, ҳатто аз худаш ва ҳолоти нафсонии худаш, балки асосан дар ибтидо фоқиди зеҳн аст, зеро олами зеҳн ҷуз олами суратҳои ашё пеши нафс чизе нест, ва чун дар ибтидо сурате аз ҳеч чизе пеши худ надорад, пас зеҳн надорад. Пас, инсон дар ибтидо фоқиди зеҳн аст. Баъд ба тадриҷ суратҳои зеҳнӣ барояш таҳия мешавад ва тасаввуроте аз ашё ва тасаввуре аз худ ва тасаввуроте аз ҳолоти нафсонии худ барояш ҳосил мешавад ва ташкили “зеҳн” медиҳад. Вале дар айни ҳол, бо ин ки нафс дар ибтидо ҳеч чизеро бо илми ҳусулӣ намедонад ва фоқиди зеҳн аст, аз ҳамон ибтидои такаввун ва ҳудус, худро ва он чӣ аз қувваҳои нафсонӣ воҷид аст, ба таври илми ҳузурӣ меёбад, зеро милоки илми ҳусулӣ фаъолият ва суратгирии қувваи хиёл аст, ва милоки илми ҳузурӣ – чунон ки баъдан хоҳем гуфт — таҷарруди вуҷуди шайъ аз модда ва аз хасоиси модда аст. Кӯдак то муддате, аз ҳеч чизе ҳатто аз худ ва ҳолоти худ тасаввуре надорад, вале дар айни ҳол, воқеияти худ ва воқеияти гуруснагӣ ва лаззат ва андӯҳ ва иродаи худро меёбад.

б) Бисёре аз донишмандон дар ҳақиқати илми ҳузурӣ таъаммуқи кофӣ накардаанд ва пиндоштаанд, ки ҳамвора илми ҳар касе ба худ ва ҳолоти нафсонии худ, ҳузурӣ аст.

Шумо маъмулан мебинед, ки дар мавриди илми ҳузурӣ мегӯянд: “Илми ҳузурӣ мисли илми ҳар касе ба худ ва ба ҳолоти нафсонии худ.” Ин донишмандон маъмулан байни суратҳои зеҳнӣ ва тасаввуроти марбут ба нафс ва умури нафсонӣ — ки аз навъи илми ҳусулӣ ҳастанд — ва байни илми ҳузурии нафс ба худ ва ба ҳолоти нафсонии худ, ки суратҳои зеҳнӣ дахолат надоранд ва аз навъи илми ҳузурӣ аст, фарқ нагузоштаанд.

Илми ҳар касе ба худ ва ба ҳолоти нафсонии худ, ду гуна аст: яке, ҳамон ёфтани ибтидоӣ, ки ҳар касе аз аввали такаввун ва ҳудус, худаш аз худаш пӯшида нест, ва ҳамчунин ҳолоти нафсонии худаш аз худаш пӯшида нест ва ӯ ҳамаи инҳоро бидуни висотати тасвири зеҳнӣ меёбад. Ва яке дигар, тасаввуроте, ки ба тадриҷ барояш пайдо мешавад. Зеро қувваи мудрика ҳамон тавре ки аз ашёи хориҷӣ суратгирӣ ва тасвирсозӣ мекунад, пас аз муддате, ки аз роҳи ҳавосс ва таҳия ва ҷамъоварии суратҳои ашёи хориҷӣ қавӣ шуд, ба сӯйи олами дарунӣ мунъатиф шуда ва аз нафс ва ҳолоти нафсонӣ низ суратҳое таҳия мекунад ва ҳамаи онҳоро бо илми ҳусулӣ маълум месозад. Бар ин асос, набояд миёни тасаввури “ман” ва тасаввури лаззат ва андӯҳ ва ирода, ки илми ҳусулӣ ҳастанд ва худи “ман” ва худи лаззат ва андӯҳ ва ирода, ки илм ва маълуми ҳузурӣ ҳастанд, иштибоҳ кард.

Дар мақоми тафкик, беҳтарин мисол ҳамон кӯдак аст. Кӯдак лаззат мебарад, ранҷ мекашад, ирода мекунад ва… Он ирода ва он лаззат ва он ранҷ аз вай пӯшида нестанд ва ҳамчунин худаш аз худаш пӯшида нест, яъне воқеан кӯдак худ ва ирода ва лаззат ва ранҷи худро ҳузуран шуҳуд мекунад, вале чун ҳанӯз дастгоҳи зеҳни вай заъиф аст, балки дар ибтидо фоқиди зеҳн аст, тасаввуре аз ин умур пеши худ надорад. Яъне бо илми оддии маъмулӣ, ки ҳамон илми ҳусулӣ аст, аз худ ва аз ирода ва лаззат ва андӯҳи худ хабар надорад. Баъд, ки ба тадриҷ дастгоҳи зеҳни вай ба кор афтод ва бо ҷамъ ва таҳияи суратҳои ашёи хориҷӣ аз роҳи ҳавосс зеҳнаш қавӣ ва ғанӣ шуд, ба худ руҷӯъ мекунад ва тасаввуре аз “ман” ва тасаввурҳое аз ҳолоти нафсонии худ таҳия менамояд.

г) Шакку яқин ва тасаввуру тасдиқ ва хатову савоб ва ҳофизаву таваҷҷӯҳ ва тафаккуру таъаққул ва истидлолу таъбири лафзӣ ва тафҳиму тафаҳҳум ва фалсафаву улум, ҳама марбут ба илмҳои ҳусулӣ ва ба иборати дигар, марбут ба олами махсуси зеҳн аст, ки олами суратҳои ашёст ва дар мавриди илмҳои ҳузурӣ ҳеч як аз маъонии боло маъно надорад.

Дар хотима ёдоварӣ мекунем, ки диққат барои фаҳмидани ҳақиқати илми ҳузурӣ ва фарқ гузоштани саҳеҳи он бо илми ҳусулӣ, муҳимтарин шарти лозими фаҳмидани назарияи боло ва як силсила назариёти дигаре аст, ки фалосифаи бузург дар мабоҳиси марбут ба таҷарруди нафс ва иттиҳоди оқилу маъқул ва ваҳдати ҷамъулҷамъии нафс ба субут расонидаанд. Ҳатто дар миёни фалосифа камтар иттифоқ меафтад, ки лағзишҳое дар ин маврид ҳосил нашуда бошад. Тамрин ва мутолеа ва таъаммуқи зиёде лозим аст, то матлаб равшан шавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: