Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (14) — Қазо ва қадари илоҳӣ (3)

Матни китоб:

 وهو متعال عن الأضداد والأنداد، لا رادّ لقضائه، ولا معقّب لحكمه، ولا غالب لأمره، آمنّا بذلك كله، وأيقنّا أن كلاً من عنده

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) Ва ӯ (Худо) бартар (ва пок) аст аз зиддҳо ва ҳамтоҳо. Касе нест, ки қазо ва қадари ӯро битавонад рад кунад ва ҳукм ва файсалаи ӯро ба ақаб баргардонад ва бар амри ӯ ғолиб шавад. (Мо) имон овардем ба ҳамаи инҳо ва яқин кардем, ки ҳамаи инҳо аз пеши ӯст…

Шарҳ:

Дар бораи ин ки зоти муқаддаси илоҳӣ аз зидду ҳамто поку муназзаҳ аст, дар баҳси ягонагии Худо баҳсаш гузашт. Ва аммо иллати ин ки Имом Таҳовӣ инҷо ҳам такрор карда (яъне баъд аз зикри масъалаи машиати Худо), бад-ин хотир аст, ки мехоҳад бигӯяд, ки Худои Субҳон ҳеч зидду ҳамтое надорад, ки бар зидди хостаҳо ва машиаташ бапо хезад, балки ҳарчӣ ӯ хоста, шавад ва ҳарчӣ нахоста, нашавад.

Посухи пурсише дар робита бо қазо ва қадар

Дар порае аз оятҳои қуръонӣ омадааст, Худо ҳар касеро, ки бихоҳад ҳидоят мекунад ва ҳар касеро бихоҳад гумроҳ:

فَيُضِلُّ اللّهُ مَن يَشَاء وَيَهْدِي مَن يَشَاء

Худо ҳар касро бихоҳад гумроҳ ва ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад.” (Сураи Иброҳим, ояти 4)

Аз ин оят ва амсоли он чунин ба даст меояд, ки агар кори ҳидояту гумроҳӣ дар дасти Худо буда ва ӯ ҳар касеро бихоҳад ҳидоят ва ҳар касеро бихоҳад гумроҳ кунад, пас, инсон дар ин сурат ҳеч нақше нахоҳад дошт, яъне агар мо касеро бибинем, ки ҳидоятёфта аст, ин ҳеч имтиёзе барояш нест, зеро ин Худост, ки ӯро ҳидоят карда ва ҳамчунин агар касеро бибинем, ки гумроҳ аст, ин ҳам айбе барояш ба ҳисоб намеояд, зеро ин Худост, ки ӯро гумроҳ сохта.

Посух ба ин пурсиш бо таваҷҷӯҳ ба ин ду нукта равшан хоҳад шуд:

1. Нуктаи аввал ин ки: Худои Мутаъол молики ҳастӣ ва он чӣ дар он аст мебошад ба сурати мутлақ, ва аз ин рӯ ҳар тасарруфе аз ӯ дар ҷаҳони ҳастӣ, тасарруфи молик аст дар милки худ. Яъне ҳар гуна ва ба ҳар сурат, ки бихоҳад, дар он тасарруф менамояд ва касе наметавонад бигӯяд, ки фалон тасарруф аз Худо, тасарруфе нодуруст ва аммо фалон тасарруфи дигар, дуруст аст; зеро чунин арзёбиҳо дар мавриди моликоне чун инсонҳо равост, чун моликияти инсонҳо ва низ тасарруфоти онҳо дар милкҳояшон, на моликияти мутлақа аст ва на тасарруфоташон дилбахоҳист, балки дар бархе тасарруфот муҷоз ҳастанд, вале дар баъзеи дигар муҷоз нестанд.

Масалан: инсон агар аспе дар ихтиёр дошта ва милки ӯ бошад, ӯ метавонад бар ӯ савор шавад ва боркашӣ кунад, вале ҳақ надорад ӯро аз гуруснагӣ ва ташнагӣ бикушад, об надиҳад ва хошок надиҳад ва ғайра… Дар якчунин тасарруфе иҷозат надорад. Ба хилофи моликияти Худо ва тасарруфоти ӯ дар милкаш, ки ҳақ дорад ҳар кореро бихоҳад, анҷом медиҳад, зеро ӯ молики мутлақ аст ва дар ҳар гуна тасарруф муҷоз аст.

2. Нуктаи дуввум он ки: Худованд бо ин ки молики мутлақ аст ва ҳар тасарруфе аз ӯ дар милкаш ақлан муҷоз аст, вале Худо дар тасарруфоти худ хештанро пайрави сира ва равиши оқилонаи инсонҳо намуда ва ҳар тасарруфе, ки ба назари инсонҳо нодуруст аст, Худо барои худ раво надида, ва ҳар тасарруфе, ки ба назари инсонҳо дуруст аст, худро мулзам ба пайравӣ аз он карда. Сифати “ҳаким”, ки барои Худо собит аст, ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худои Субҳон кори беҳуда анҷом намедиҳад; агар касеро ҳидоят мекунад ва ё касеро гумроҳ месозад, беҳуда ва дилбахоҳона нест.

Агар дар оятҳое, ки дар онҳо сухан аз ҳидоят ва ё гумроҳсозии Худо омада хуб диққат намоем, хоҳем дид, ки пас аз зикри ҳидоят ва гумроҳӣ, сабаб ва иллати онро ҳам баён карда. Яъне тавзеҳ дода, ки чаро фалон касро ҳидоят карда, вале фалон каси дигареро гумроҳ сохта. Ба ин оятҳо таваҷҷӯҳ кунед:

إِنَّ اللّهَ يُضِلُّ مَن يَشَاء وَيَهْدِي إِلَيْهِ مَنْ أَنَابَ

Ҳамоно Худо гумроҳ мекунад ҳар касеро бихоҳад ва ҳидоят мекунад ба сӯйи худ он касеро, ки (ба Худо) инобат кунад.” (Сураи Раъд, ояти 27)

وَالَّذِينَ جَاهَدُوا فِينَا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنَا وَإِنَّ اللَّهَ لَمَعَ الْمُحْسِنِينَ

Ва ҳамоно касоне, ки дар роҳи Мо саъйу талош кунанд, Мо эшонро ба роҳҳои худ ҳидоят хоҳем намуд ва ҳамоно Худо ҳамроҳи некӯкорон аст.” (Сураи Анкабут, ояти 69)

وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ

Ва Худо мардуми ситамкорро ҳидоят намекунад.” (Сураи Ҷумъа, ояти 5)

وَيُضِلُّ اللّهُ الظَّالِمِينَ وَيَفْعَلُ اللّهُ مَا يَشَاء

Ва гумроҳ мекунад Худо ситамкоронро ва ҳар кореро бихоҳад анҷом медиҳад.” (Сураи Иброҳим, ояти 27)

وَمَا يُضِلُّ بِهِ إِلاَّ الْفَاسِقِينَ

Ва гумроҳ намекунад ба воситаи он, ҷуз ситамкоронро.” (Сураи Бақара, ояти 26)

Дар ояти аввал фармуда, ки ӯ инобаткунандагонро ҳидоят хоҳад намуд. Яъне ҳар касе агар ба даргоҳи Худо тавба ва инобат намояд, ҳидояти илоҳӣ шомили ҳоли ӯ хоҳад шуд.

Ва бар асоси ояти дуввум, касоне мавриди ҳидояти Худо қарор хоҳанд гирифт, ки дар роҳи Худо саъйу талош намоянд.

Ва дар ояти севвум, чаҳорум ва панҷум, Худо фармуда, ки ӯ мардуми золим ва ситампешаро гумроҳ хоҳад намуд. Ва албатта маънои гумроҳ кардани Худо ин аст, ки роҳи ҳидоятро бар рӯйи инсон хоҳад баст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, маънои ин сухани Имом Таҳовӣ, ки гуфта: “Ҳар касеро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва муҳофизат менамояд ва тандурустӣ медиҳад, (ва ин ҳама) аз рӯйи фазлу эҳсони Ӯст. Ва ҳар касеро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва хор ва гирифтораш мекунад, (ва ин ҳама) ба иқтизои адолати ӯст…” равшан мешавад, ҳарчанд нукоте ҳам ҳаст, ки Иншоаллоҳ дар баҳсҳои оянда ба он ишора хоҳем намуд.

Албатта лозим ба ёдоварист, ки ин навъ ҳидоят, ки бар асари талошу саъй ва ё инобату некӯкории бандагон гиребонгири онҳо хоҳад шуд, ҳидояти хусусист, на умумӣ.

Тавзеҳ он ки: Худо як навъ ҳидояти умумӣ дорад, ки шомили ҳоли ҳама мешавад ва як навъ ҳидояти хусусӣ, ки шомили баъзе мешавад. Ҳидояти хусусӣ, ҳамин аст, ки гуфтем. Ва аммо ҳидояти умумӣ ба монанди ин ки Худо паёмбаронро фиристода, ки мардуми ҷаҳонро ба сӯйи роҳи Худо роҳнамоӣ кунанд, масалан онҷо, ки фармуда:

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

Мо ба таҳқиқ паёмбарони худро фиристодем бо ҳуҷҷатҳо ва нозил кардем ба ҳамроҳи онон китоб ва мизонро то мардум ба адолат қиём кунанд.” (Сураи Ҳадид, ояти 25)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: