Шарҳи Маснавӣ (145)

Қиссаи Одам алайҳиссалом ва бастани қазо назари ӯро аз муроъоти сареҳи наҳй ва тарки таъвил (3)

К-эй аҷаб, наҳй аз пайи таҳрим буд,

Ё ба таъвиле буду тавҳим буд?

Одам дучори ин гумону тардид шуда буд ва бо худ мегуфт: шигифто! Инки Худованд маро аз ин дарахт наҳй карда, оё он наҳй ҷанбаи таҳримӣ дорад ё танзеҳӣ?

Тавҳим: ба гумон афкандан.

Дар дилаш таъвил чун тарҷеҳ ёфт,

Табъ дар ҳайрат сӯйи гандум шитофт.

Чун дар дили Одам таъвили хитоби Ҳақ Таъоло қувват гирифт ва пеши худ онро ба наҳйи танзеҳӣ ҳамл кард, пас ангезаи нафсонӣ ӯро ба сӯйи хӯрдани гандум савқ дод. Дар ҳоле ки ӯ дар ҳамон ҳол низ воқеан мураддад буд, ки оё билохира моҳияти ин наҳй таҳримӣ аст ё танзеҳӣ?

Боғбонро хор чун дар пой рафт,

Дузд фурсат ёфту коло бурд тафт.

Масалан: агар пойи боғбон хоре бихалад ва саргарми ҳоли худ шавад, дузд меояд ва шитобон мева (ё матоъ)-и ӯро ба сирқат мебарад. (Ҳамин тавр вақте хори таъвил ва тардид ба пойи руҳи Одам халид ва ӯро ба худ машғул дошт, дузди имон (шайтон) омад ва ҳақиқатро аз ӯ даррабуд ва рафт.) (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.414)

Тафт: шитоб, шитобон.

Чун зи ҳайрат раст, бозомад ба роҳ,

Дид бурда дузд рахт аз коргоҳ.

Вақте ки Одам аз ҳайрати таъвил халос шуд ва масъала барои ӯ равшан гашт ва ҳолати табиӣ ёфт, дид, ки дузд (шайтон) матоъи динии ӯро даррабудааст.

Нукта: Манзури Мавлоно аз овардани абёти ахир таълими дарсе дар сулук аст. Ва он ин ки: солик дар роҳи сулук бояд қиёсоти беасосро канор бигузорад ва бе ҳеч таъвил ва тавҷеҳе, барномаҳои такмили нафсро иҷро кунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.415)

“Раббано инно заламно” гуфту оҳ,

Яъне омад зулмату гум гашт роҳ.

Одам оҳе аз ниҳодаш баркашид ва гуфт: Парвардигоро! Мо бар худ ситам кардаем. Яъне тирагии таъвилу тардид бар мо чира омад ва дар натиҷа роҳи мустақим аз пеши рӯйи мо нопадид шуд.

Нукта: Дар мисроъи аввал қисмате аз ояти 23 сураи Аъроф тазмин шудааст, ки баъдан ба тафсил перомуни он баҳс хоҳад шуд.

Пас, қазо абре бувад хуршедпӯш,

Шеру аждарҳо шавад з-ӯ ҳамчу муш.

Қазои илоҳӣ ҳамчун абрест, ки хуршедро мепӯшонад. Яъне ақли ҷузъӣ бо ҳамаи равшаниаш, дар баробари қазои илоҳӣ пӯшида ва дармонда мешавад ва шеру аждаҳо низ бо ҳамаи қудрат ва савлат, дар баробари қазои илоҳӣ ба муше нотавон мубаддал мешаванд. (Пас, тақдири Раб бар тадбири абд чира ояд.)

Ман агар доме набинам гоҳи ҳукм,

Ман на танҳо ҷоҳилам дар роҳи ҳукм.

Ин байт ёдовари посухи ҳудҳуд ба ҳазрати Сулаймон (а) аст: агар ман ба гоҳи фаро расидани қазои қоҳири илоҳӣ, домро набинам, фақат ман нестам, ки дар баробари қазои илоҳӣ нодон ва ғофилам, балки ҳатто анбиё ва авлиё низ дар баробари ҳукми маҳтуми илоҳӣ мақҳур ҳастанд.

Эй хунук он к-ӯ накӯкорӣ гирифт,

Зӯрро бигзошт ӯ, зорӣ гирифт.

Зиҳӣ ба ҳоли он, ки роҳи некӯкорӣ пеш гирифт ва зӯру қулдуриро раҳо кард ва ба зорӣ ва дуо рӯй овард.

Нукта: Дуо ва зорӣ ба даргоҳи илоҳӣ, қазои муқаддарро дигаргун мекунад. Тирмизӣ ривоят карда, ки ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд:

لَا يَرُدُّ الْقَضَاءَ إِلَّا الدُّعَاءُ، وَلَا يَزِيدُ فِي الْعُمْرِ إِلَّا الْبِرُّ

Қазоро ҷуз дуо рад намекунад, ва умрро ҷуз некӯкорӣ намеафзояд.”

Имом Ғаззолӣ (р) дар китоби “Эҳёи улуми дин” нақл мекунад, аз Расули Акрам (с) суол шуд, ки ҳирзҳое (мисли дуо кардан ба бемор) оё метавонад пеши роҳи қадари илоҳиро бигирад? Ҳазрат фармуданд: “Худи инҳо низ аз қадари илоҳӣ мебошад.” Яъне таъсири инҳо дар пешгирӣ аз беморӣ низ ба қазо ва қадари илоҳист.

Гар қазо пӯшад сияҳ ҳамчун шабат,

Ҳам қазо дастат бигирад оқибат.

Агар қазои илоҳӣ ҳамчун торикии шаб туро бипӯшонад ва дидани хайру шар бароят муяссар нагардад, бидон, ки ҳамин қазои илоҳист, ки дастатро мегирад ва туро аз торикии гумроҳӣ мераҳонад.

Нукта: Ин байт дарбардорандаи оламе аз маърифат аст. Мавлоно бо ин ду ҷумла, ба ин масъала ишорат мекунад, ки қазо ва қадари илоҳӣ ҳаргиз ба маънои ин нест, ки инсон дар баробари ҳаводис дастбаста биншинад, ки қазои илоҳӣ ҳамин будааст! Балки ҳар гоҳ ҳодисае ногувор домангират шуд, ноумед машав ва бидон, ки қазо ва қадари илоҳӣ қобили тағйиру табдил аст, ва он тағйир ҳам ба муқтазои қазо ва қадари илоҳист. Дар хабар аст, ҳазрати Алӣ (а) дар сояи девори каҷе нишаста буд. Аз онҷо, ки наздик буд ин девор фурӯ резад, аз зери он ҳаракат кард ва дар зери сояи девори дигаре нишаст. Ба он ҳазрат (а) гуфта шуд: “Эй амири мӯъминон! Аз қазои илоҳӣ фирор мекунӣ?” Фармуд: “Аз қазои илоҳӣ ба қадари илоҳӣ паноҳ мебарам.” Яъне, аз навъе қазо ва қадар ба навъе дигар аз қазо ва қадар паноҳ мебарам. Агар биншинам ва девор бар сарам хароб шавад, ин ба муқтазои қазо ва қадари илоҳист; зеро агар инсоне дар зери девори наздик ба хароб шудан биншинад, он девор бар сараш хароб мешавад. Ин навъе қазо ва қадари илоҳист. Ва агар худро ба каноре бикашад, аз хатари ӯ дар амон мемонад, ин низ навъе қазо ва қадари илоҳист. Ба байти баъдӣ таваҷҷӯҳ бифармоед:

Гар қазо сад бор қасди ҷон кунад,

Ҳам қазо ҷонат диҳад, дармон кунад.

Агар қазои илоҳӣ сад бор қасди ҷони туро кунад ва туро ба вартаи ҳалокат афканад, боз ҳамон қазои илоҳӣ ба ту ҷон медиҳад ва дардатро дармон мекунад.

Ин қазо сад бор агар роҳат занад,

Бар фарози чарх харгоҳат занад.

Агар фаразан қазои илоҳӣ сад бор ҳам туро дармонда кунад, боз ҳамон қазо харгоҳи туро бар фарози чархи гардун меафрозад. Яъне туро ба мақом ва мартибати олӣ мерасонад.

Харгоҳ: хаймаи бузург, саропарда.

Аз карам дон, ин ки метарсонадат,

То ба мулки эминӣ биншонадат.

Инро аз карам ва бузургвории Ҳақ Таъоло бидон, ки туро метарсонад. Ин тарсондан ба ҷиҳати ин аст, ки туро ба мақоми амн ва эминӣ бирасонад.

Ин сухан поён надорад, гашт дер,

Гӯш кун ту қиссаи харгӯшу шер.

Ин гуна суханони асроромез поённопазир аст, ва мо аз мақсади худ, ки баёни қиссаи шеру харгӯш ва нукоти латифи он аст, дур афтодаем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: