Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (15) – Паёмбарӣ (1)

Матни китоб:

(قال الإمام الطحاوي رحمه الله تعالى: ونقول بـ) أن محمداً عبده المصطفى، ونبيّه المجتبى، ورسوله المرتضى، وأنه خاتم الأنبياء، وإمام الأتقياء، وسيّد المرسلين، وحبيب ربّ العالمين، وكل دعوى النبوّة بعده فغي وهوى، وهو المبعوث إلى عامّة الجن وكافّة الورى بالحق والهدى، وبالنور والضياء

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд: ва мӯътақидем) Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бандаи баргузида ва паёмбари интихобшуда ва расули мавриди ризояти Худост, ва эшон хотами паёмбарон ва имоми парҳезкорон ва сарвари фиристодаҳо ва ҳабиби парвардигори ҷаҳониён аст.

Ва ҳар иддаъои паёмбарие баъд аз эшон, гумроҳӣ ва (пайравии) ҳавову ҳавас аст. Ва эшон (Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)) фиристодашуда ба сӯйи тамоми ҷинн ва ҷамиъи мардум аст бо ҳақ ва ҳидоят ва бо нур ва равшанӣ…

Шарҳ:

Имом Таҳовӣ дар ин қисмат аз каломи худ асли нубуввати ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро матраҳ кардааст. Барои фаҳми беҳтари ин асли эътиқодӣ, мо ба навбаи худ ду масъалаи муҳимро дар ин мавзӯъ мавриди баҳсу ковиш қарор медиҳем:

1. Роҳҳои исботи паёмбарии Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи);

2. Хотамияти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва рози хатми нубувват.

Роҳҳои исботи паёмбарии Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)

Уламо барои исботи ҳаққонияти нубуввати ҳар паёмбаре, роҳҳои гуногунеро матраҳ мекунанд. Мо ба хотири риояти ихтисор, фақат ба ду роҳ ишора мекунем:

1. Бояд мӯъҷиза дошта бошад;

2. Нубуввати ӯ ба воситаи паёмбари пеш аз ӯ башорат дода шуда бошад;

Акнун бояд бибинем, оё ин ду шарт дар мавриди нубуввати ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ёфт мешаванд?

Мӯъҷизаҳои ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи):

Аз ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мӯъҷизаҳои фаровоне нақл шуда, вале муҳимтарин мӯъҷизаи эшон Қуръони Карим аст, ки мӯъҷизаест ҷовидон. Паёмбарони пешин (чун Иброҳим, Мӯсо ва Исо), ки ҳам китоби осмонӣ доштанд ва ҳам мӯъҷиза, мӯъҷизаашон чизе ғайр аз китоби осмониашон буд, аз қабили табдил шудани оташи сӯзон ба “гулистон” ё ба аждаҳо табдил шудани асо ва ё зинда шудани мурдагон… Бадеҳист, ки ҳар кадом аз ин мӯъҷизаҳо, амре муваққат ва зудгузар буд. Вале мӯъҷизаи Хотами паёмбарон, китоби ӯст. Китоби ӯ ҳамзамон, ҳам китоб аст ва ҳам бурҳон ва далели рисолаташ. Ва ба ҳамин далел, бар хилофи дигар мӯъҷизаҳо, ҷовидон ва боқист, на муваққат ва зудгузар.

Аз навъи китоб будани мӯъҷизаи Хотами паёмбарон чизест мутаносиб бо асру замонаш, ки асри пешрафти илму дониш ва тамаддуну фарҳанг аст. Ва ин пешрафтҳо имкон медиҳад, ки ба тадриҷ ҷанбаҳое аз мӯъҷиза будани ин китоби карим ошкор гардад, ки қаблан ошкор набудааст, ҳамчунон ки ҷовидонагии он мутаносиб аст бо ҷовидонагии паём ва рисолате, ки барои ҳамеша боқӣ ва насхнопазир аст. Инак, ба тафсил дар бораи ин китоби осмонӣ, ки мӯъҷизаи Хотами паёмбарон аст баҳс ба амал меоварем:

Қуръон

Қуръон мӯъҷизаи ҷовиди Хотами паёмбарон аст. Аз оғози нузули Қуръон дар Макка, ки бо сураҳои кучак шурӯъ шуд, Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расман бар он “таҳаддӣ” (ба мубориза талабидан) кард, яъне муддаъӣ шуд, ки Қуръон кори ман нест, кори Худост ва аз ман ва ҳеч башари дигар сохта нест, ки монанди онро биёварад ва агар бовар надоред, озмоиш кунед ва аз ҳар касе мехоҳед кӯмак бигиред, вале бидонед, ки агар ҷинну инс даст ба дасти ҳам диҳанд, ки монанди онро биёваранд, қодир нахоҳанд буд.

Мухолифони Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) на дар он замон ва на дар замонҳои баъд – ки акнун 14 қарн аз он мегузарад – натавонистаанд ба ин муборизаталабӣ посух диҳанд. Охирин сухани мухолифони он аср ин буд, ки Қуръон “ҷоду” аст.

Худи ин тӯҳмат эътирофи зимнӣ ба хориқулода будани Қуръон ва навъе изҳори оҷизӣ дар баробари Қуръон буд.

Мухолифони сарсахти Паёмбар аз ҳеч муоризае бо Паёмбар барои заъиф ва мағлуб карданаш кӯтоҳӣ накарданд ва танҳо коре, ки ба он даст назаданд – зеро сад дар сад ноумед буданд – ҳамон буд, ки Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мукаррар пешниҳод мекард ва худи Қуръон ҳам тасреҳ кардааст, яъне овардани ақаллан як сура (ҳарчанд сураи як сатрӣ монанди “Қул ҳуваллоҳу аҳад…” ё сураи “Инно аътайно…”) монанди Қуръон.

وَإِن كُنتُمْ فِي رَيْبٍ مِّمَّا نَزَّلْنَا عَلَى عَبْدِنَا فَأْتُواْ بِسُورَةٍ مِّن مِّثْلِهِ وَادْعُواْ شُهَدَاءكُم مِّن دُونِ اللّهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ. فَإِن لَّمْ تَفْعَلُواْ وَلَن تَفْعَلُواْ فَاتَّقُواْ النَّارَ الَّتِي وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ أُعِدَّتْ لِلْكَافِرِينَ

Ва агар нисбат ба он чӣ ки бар бандаамон фурӯ фиристодем, дар шакку шубҳа бошед, пас биёваред сурае ба монанди онро ва бихонед (барои кӯмак) гувоҳонатонро (ба ғайри Худо) агар ростгӯ бошед. Агар натавонистед ва ҳаргиз нахоҳед тавонист, пас битарсед аз оташе, ки ҳезумаш мардум (гуноҳкорон) ва сангҳост, ки омода шудааст барои кофирон.” (Сураи Бақара, оятҳои 23 ва 24)

Ҷанбаҳои мӯъҷиза будани Қуръон

Қуръон аз ҷанбаҳои мухталиф мӯъҷиза аст, яъне фавқи башарист. Дар инҷо ба таври мухтасар ба баъзеи он ишора мекунем. Аз назари куллӣ мӯъҷиза будани Қуръон аз ду ҷиҳат аст: аз ҷиҳати лафз ва аз ҷиҳати маъно.

Мӯъҷиза будани лафзҳои Қуръон марбут мешавад ба мақулаи зебоӣ ва мӯъҷиза будани маъноҳои он ба мақулаи илмӣ. Пас мӯъҷиза будани Қуръон яке аз ҷанбаи зебоӣ ва ҳунарист ва дигар аз ҷанбаи фикрӣ ва илмӣ. Ҳар як аз ин ду ҷанба – хусусан ҷанбаи илмӣ — ба навбати худ дорои чанд ҷиҳат аст.

Лафзҳои Қуръон

Сабки Қуръон на шеър аст ва на наср. Аммо шеър нест, барои ин ки вазну қофия надорад. Ба илова, шеър маъмулан бо навъе хаёлбофӣ, ки тахайюли шоирона номида мешавад ҳамроҳ аст. Шеър будани шеър, ба муболиға ва иғроқ аст, ки худ навъе дурӯғ аст. Дар Қуръон тахайюлоти шеърӣ ва ташбеҳҳои хаёлӣ вуҷуд надорад. Дар айни ҳол, насри маъмулӣ ҳам нест, зеро аз навъе ҳамоҳангӣ, оҳанг ва мусиқӣ бархӯрдор аст, ки дар ҳеч сухани насрӣ то кунун дида нашудааст. Мусалмонон ҳамвора Қуръонро бо оҳангҳои махсус тиловат карда ва мекунанд, ки махсуси Қуръон аст.

Дар дастурҳои динӣ расидааст, ки Қуръонро бо оҳанги хуш бихонед. Ҳеч сухани насрӣ монанди Қуръон оҳангпазир нест, он ҳам оҳангҳои махсусе, ки мутаносиб бо олами руҳоният аст, на оҳанги мутаносиб бо маҷлисҳои лаҳв. Пас аз ихтирои радио ҳеч сухани руҳониятбахш натавонист бо Қуръон аз назари зебоӣ баробарӣ кунад. Илова бар кишварҳои исломӣ, кишварҳои ғайриисломӣ низ аз назари зебоӣ ва оҳанг, Қуръонро дар барномаҳои радиоии хеш гунҷонидаанд. Аҷиб ин аст, ки зебоии Қуръон замон ва маконро пушти сар гузоштааст. Бисёре аз суханони зебо махсуси завқ ва зоиқаи як миллат аст, ки аз фарҳанги махсусе бархӯрдор мебошанд, вале зебоии Қуръон на замон мешиносад ва на нажод ва на фарҳанги махсус.

Ҳамаи мардуме, ки бо забони Қуръон ошно шуданд, онро бо зоиқаи худ муносиб ёфтанд. Ҳарчӣ замон мегузарад ва ба ҳар андоза миллатҳои мухталиф бо Қуръон ошно мешаванд, беш аз пеш ҷазби зебоии Қуръон мешаванд.

Яҳудиён ва масеҳиёни мутаъассиб ва пайравони бархе динҳои дигар дар тӯли 14 қарни исломӣ анвоъи муборизаҳо барои заъиф кардани мақоми Қуръон кардаанд. Гоҳе нисбати таҳриф додаанд ва гоҳе дар бархе қиссаҳои Қуръон хостаанд шак андозанд ва гоҳе ба шакли дигаре бар зидди Қуръон фаъолият кардаанд, вале ҳеч гоҳ дида нашуд, ки аз суханварони варзидаи худ кӯмак бигиранд ва ба фарёди муборизаталабии Қуръон посух гӯянд ва ақаллан як сураи кучак монанди Қуръон биёваранд ва ба ҷаҳониён арза доранд.

Ҳамчунин дар торихи ислом афроди зиёде падид омадаанд, ки (ба истилоҳ) “зиндиқҳо” ё “мулҳидон” хонда шудаанд ва бархе аз онҳо барҷастагии фавқулода доштаанд. Ин гурӯҳ ба шаклҳои мухталиф бар зидди дин, хусусан Қуръон, суханоне гуфтаанд ва бархе аз онҳо аз суханварони машҳури забони арабӣ ба шумор мераванд ва аҳёнан ба кашокашӣ бо Қуръон бархостаанд, вале танҳо коре, ки кардаанд он буда, ки кучакии худ ва бузургии Қуръонро равшантар кардаанд. Торих аз Ибни Ровандӣ, Абулъалои Муъаррӣ, ё Абуттайиби Мутанаббӣ шоири номдори араб, достонҳо дар ин замина овардааст. Инҳо касоне будаанд, ки хостаанд Қуръонро “кори башарӣ” ҷилва диҳанд.

Афроди зиёде ба иддаъои пайғамбарӣ бархостанд ва суханоне оварданд ба хаёли худ монанди Қуръон ва иддаъо карданд, ки ин суханон низ монанди Қуръон аз ҷониби Худост. Тулайҳа ва Мусайлама аз ин гурӯҳ ҳастанд. Ин гурӯҳ низ ба навъе дигар кучакии худ ва бузургии Қуръонро равшан намуданд.

Аҷиб ин аст, ки каломи худи Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки Қуръон бар забони ӯ ҷорӣ шудааст, бо Қуръон мутафовит аст. Аз Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) суханони зиёде ба сурати хутба, дуо, калимоти кӯтоҳ ва ҳадис боқӣ мондааст ва дар авҷи фасоҳат аст, аммо ба ҳеч сурат рангу бӯйи Қуръон надорад. Ин худ мерасонад, ки Қуръон ва суханони фикрии Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз ду манбаи ҷудогона аст.

Муборизаталабии Қуръон ҳанӯз ҳам ҳамчунон монанди кӯҳ побарҷост ва барои ҳамеша боқӣ хоҳад буд. Имрӯз ҳам ҳамаи мусалмонони боимон мардуми ҷаҳонро даъват мекунанд, ки дар ин мусобиқа ширкат кунанд ва агар мислу монанде барои Қуръон пайдо шуд, онҳоро аз даъво ва имони худ сарфи назар мекунанд ва итминон доранд, ки чунин чизе муяссар нест.

Маъноҳои Қуръон

Мӯъҷиза будани Қуръон аз назари маъно, ниёзманд ба баҳси васеътарест ва ақаллан ниёзманд ба як китоб аст, вале метавон ба таври мухтасар заминае ба даст дод. Аввалан бояд бидонем, Қуръон чӣ навъ китобест? Оё китоби фалсафист? Оё китоби илмист? Оё китоби адабист? Оё китоби торихист? Ва ё фақат як асари ҳунарист?

Посух ин аст, ки Қуръон ҳеч кадом аз инҳо нест. Ҳамчунон ки Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), балки тамоми паёмбарон гурӯҳи ҷудое ҳастанд, на файласуфанд, на олим, на адиб, на муаррих, на ҳунарманд ва ё санъатгар ва дар айни ҳол хусусиятҳои ҳамаи онҳоро – бо чизҳои изофа – доранд. Қуръон низ, ки китоби осмонист, на фалсафа аст, на илм, на торих, на адабиёт ва на асари ҳунарӣ, дар айни ҳол хусусиятҳои ҳамаи онҳоро дорад, ба иловаи як силсила хусусиятҳои дигар.

Қуръони Карим роҳнамои башар аст ва дар воқеъ китоби “инсон” аст; инсон аз он назар, ки Худои инсон ӯро офарида ва паёмбарон омадаанд ӯро ба худаш бишносонанд ва роҳи саодаташро ба ӯ бозгӯ кунанд. Ва чун китоби инсон аст, пас китоби “Худо” ҳам ҳаст, зеро инсон ҳамон мавҷудест, ки хилқаташ аз моқабли ин ҷаҳон оғоз мешавад ва ба мобаъди ин ҷаҳон поён меёбад, яъне инсон аз назари Қуръон нафхаи руҳи илоҳист ва хоҳ нохоҳ ба сӯйи Худои худаш бозгашт мекунад. Ин аст, ки шиносоии Худо ва шиносоии инсон аз якдигар ҷудо нест. Инсон то худро нашносад, Худои худро ба дурустӣ наметавонад бишносад. Аз тарафи дигар, танҳо ҳамроҳ бо шинохтани Худост, ки инсон ба воқеияти ҳақиқии худ пай мебарад.

Инсон дар мактаби паёмбарон – ки Қуръон комилтарин баёни он аст – бо инсоне, ки башар аз роҳи улум мешиносад, басе мутафовит аст, яъне ин инсон басе густардатар аст. Инсоне, ки башар аз роҳи улум мешиносад, дар миёни ду қавс (таваллуд – марг) қарор дорад ва қаблу баъди ин қавсҳоро торикӣ гирифтааст. Вале инсони Қуръон ин қавсҳоро надорад, аз ҷаҳони дигар омадааст ва дар мадрасаи дунё бояд худро такмил кунад ва ояндааш дар ҷаҳони дигар бастагӣ дорад ба навъи фаолият ва талош ва ё танбалӣ ва сустие, ки дар мадрасаи ин ҷаҳон анҷом медиҳад. Инро ҳам фаромӯш накунем, ки инсони миёни таваллуду марг – он чунон ки башар мешиносад – басе сатҳитар аст аз он чӣ паёмбарон мешиносонанд.

Инсони Қуръон бояд бидонад:

Аз куҷо омадааст?

Ба куҷо меравад?

Дар куҷо ҳаст?

Чӣ гуна бояд бошад?

Чӣ бояд бикунад?

Инсони Қуръон он гоҳ ки ба ин панҷ суол амалан дуруст посух гуфт, саодати воқеияш ҳам дар ин ҷаҳон ва ҳам дар ҷаҳоне, ки бояд биравад таъмин мегардад.

Ин инсон барои ин ки бидонад аз куҷо омада ва аз чӣ сарчашмае оғоз шудааст, бояд Худои худро бишносад ва барои ин ки Худои худро бишносад, бояд дар ҷаҳон ва низ дар вуҷуди инсон ба унвони оятҳои далолаткунанда ба сӯйи Худо мутолеа кунад ва дар умқи вуҷуд ва ҳастӣ тааммуқ намояд.

Ва барои ин ки бидонад ба куҷо меравад, бояд дар бораи он чӣ Қуръон онро “бозгашт ба Худо” меномад, яъне маъод ва ҳашри амвот, ҳаросҳои қиёмат ва неъматҳои ҷовидон ва азобҳои сахт ва аҳёнан ҷовидони он ва хулоса, марҳилаҳо ва манзилаҳое, ки дар пеш дорад таъаммул кунад ва аз онҳо огоҳӣ ёбад ва ба онҳо эътиқод пайдо кунад ва имон оварад ва Худоро ҳамчунон ки аввал ва нуқтаи оғози мавҷудот мешиносад, охир ва нуқтаи бозгашти мавҷудот низ бишносад.

Ва барои ин ки бидонад дар куҷо ҳаст, бояд низомот ва қонунҳои ҳоким бар ҷаҳонро бишносад ва мақом ва мавқеъи инсонро дар миёни соири мавҷудот дарк кунад ва худро дар миёни мавҷудот бозёбад.

Ва барои ин ки бидонад чӣ гуна бояд бошад, бояд хулқу хӯйҳои инсониро бишносад ва худашро бар асоси он хулқу хӯйҳо бисозад.

Ва барои ин ки бидонад чӣ бояд бикунад, бояд як силсила муқаррарот ва аҳкоми фардӣ ва иҷтимоиро гардан ниҳад.

Инсони Қуръон илова бар ҳамаи инҳо бояд ба як силсила мавҷудоти номаҳсус ва диданошуданӣ ва ба таъбири худи Қуръон “ғайб” имон биёварад ва ҳам бояд бидонад, ки Худованди Мутаъол дар ҳеч замоне башарро, ки ба ҳидояти осмонӣ ниёз доштааст, як сӯ нагузошта ва як теъдод афроди баргузида, ки паёмбарони Худо ва роҳнамоёни башар будаанд, аз тарафи Худованд фиристода шуда ва паёми илоҳиро расондаанд.

Инсони Қуръон ба табиат ба унвони “оят” ва ба торих ба унвони як “озмоишгоҳ”-и воқеӣ, ки дурустии таълимоти паёмбаронро мерасонад назар меафканад.

Оре, инсони Қуръон чунин аст ва масоиле, ки дар Қуръон барои инсон тарҳ шуда, инҳо ба иловаи бархе масоили дигар аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: