Ирфони Ҳофиз (7)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 7)

Фарзияи севвум: Ҳофиз ашъорашро дар адвори мухталифи умри худ гуфтааст

Ба инҷо расидем, ки баъзе дигар омаданд гуфтанд: Ҳофиз ин ашъорро дар адвори мухталифе аз умри худаш гуфтааст ва адворро ҳам таъйин карданд. Гуфтанд: он ашъоре, ки далолат мекунад бар лоуболигариҳои Ҳофиз, бар дам ғанимат шумурданҳо ва шаробхориҳо ва шоҳидбозиҳо, инҳо моли давраи ҷавонист, хуб ҷавонӣ аст дигар, ба қавли Саъдӣ: “Дар унфувони ҷавонӣ, чунон ки афтаду донӣ…

Ва мумкин аст касе бигӯяд, руҳияи эрониҳо ағлаб ҳамин ҷур аст, ки дар ҷавонӣ ломазҳабанд ва дар пирӣ мусалмон мешаванд. Ҳофиз ҳам он шеърҳояш, ки далолат мекунад бар майхорагӣ ва шоҳидбозӣ ва лоуболигарӣ, ҳама рост ва ҷиддӣ аст ва моли давраи ҷавонии ӯст. Ва он ашъоре, ки далолат мекунад бар покӣ ва тақво ва фано филлоҳ ва сайру сулук ва муроқиба ва муҳосиба ва гиряҳои саҳар ва ин ҳарфҳо, инҳо ҳам ҳама ҷиддӣ ва рост аст ва моли давраи охири умраш аст.

Як касе ба номи Муҳаммадалии Бомдод — ки ман ӯро намешиносам — китобе навишта ба номи “Ҳофизшиносӣ”. Эшон ҷиддӣ аст дар ин қазия, ки ин тавр аст.

Аввалан, ин ба қавли талабаҳо, як “ҷамъи табарруъӣ” аст, яъне як тавҷеҳи билодалел аст. Хуб, мумкин аст эшон эҳтимол бидиҳад, аммо як тавҷеҳест, ки далел надорад. Пас бояд гуфт, эҳтимол ҳаст, на ба сурати ҷидд, ки ҳатман инчунин буда, ва балки далоил бар хилофи ин аст. Яъне агар мо бошему зоҳири ашъори Ҳофиз, ин тавҷеҳ кофӣ нест. Зеро дар ҳамон ашъоре, ки далолат мекунад бар айёшӣ ва шаробхорӣ ва айши нақду аз ин ҳарфҳо, қароине ҳаст, ки марбут ба замони пирист. Масалан: ин шеъри Ҳофизро худи ҳамин оқои Бомдод ҳам гӯё ҷузъи шеърҳои лоуболигаронаи Ҳофиз донистааст:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро, 

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт

Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.

Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб

Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.

Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,

Ба обу рангу холу хатт чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо!

Баъд мегӯяд:

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Шеърҳои дигаре аз ин возеҳтар ҳам мо зиёд дорем, масалан мегӯяд:

Пиронасарам ишқи ҷавонӣ ба сар афтод

В-он роз, ки дар дил бинуҳуфтам, бадар афтод.

Аз роҳи назар мурғи дилам гашт ҳавогир, 

Эй дида, нигаҳ кун, ки ба доми кӣ дарафтод?

Дар ҷойи дигар мегӯяд:

Ҷоме бидеҳ, ки боз ба шодийи рӯйи шоҳ,

Пиронасар ҳавои ҷавонист дар сарам.

Дар ҷойи дигар мегӯяд:

Дидӣ, дило, ки охири пириву зуҳду илм,

Бо ман чӣ кард дидаи маъшуқабози ман.

Бо ин тасреҳоте, ки худаш мекунад, чӣ тавр мо метавонем ин тавҷеҳро ба ин шакл бипазирем?

Фарзияи чаҳорум: зоҳири ашъори Ҳофиз ҳақиқат аст

Тавҷеҳи чаҳорум тавҷеҳе аст, ки бисёре аз нависандагони замони мо дар воқеъ барои ин ки тавҷеҳе аз Ҳофиз барои худашон пайдо карда бошанд зикр мекунанд, (ва он ин) ки: аслан тавҷеҳ ва таъвил намехоҳад, зоҳири ашъори Ҳофиз, ки ин ҳама майситоӣ ва майпарастӣ карда ва аз шоҳиду шоҳидбозӣ ва аз айшу аз дам ғанимат шумурдан сухан гуфтааст, ҳама ҳақиқат аст ва ҳар чӣ дар ин заминаҳо гуфта аслан фикри Ҳофиз ҳамин буда ва он ҳарфҳои орифона, ки Ҳофиз дар фалон шеър фалон назари ирфониро гуфта ё дар фалон шеъри дигар фалон мақоми ирфониро гуфта, инҳо тавҷеҳ ва таъвил аст. Касоне, ки ба шеъри Ҳофиз алоқа меварзидаанд ва Ҳофиз ва шеъри Ҳофизро дӯст доштаанд ва намехостанд Ҳофизро ба сурати як фосиқу фоҷир ва марди ринди лоуболӣ муаррифӣ кунанд, ночор омадаанд ба тавҷеҳ ва таъвили шеърҳояш пардохтаанд. На. Шеъри Ҳофиз ҳамин аст, ботину зоҳираш ҳамин аст. Аввалан, шеъри ӯ ҷиддӣ аст на тахайюл ва шеър ба маънои мантиқӣ (бар хилофи назари аввал). Ва сониян як гуна ва якдаст аст аз аввал то охир (бар хилофи назари амсоли Броун, ки мегӯянд, дар ҳолоти мухталифи худаш гуфта ва бар хилофи назари касе, ки гуфтааст, дар ду давра аз умраш ин шеърҳоро гуфта.) Ҳама якдаст аст ва мақсуд ҳам ҳамин аст.

Як вақт мақолае — гӯё дар (рӯзномаи) “Иттилоот” — хондам. Оқои Муҳити Таботабоӣ мақолае навишта буданд таҳти унвони ин ки: “Чӣ исроре ҳаст бар ин ки мо Ҳофизро бедин бидонем?” Баъд шавоҳид ва адиллае торихӣ зикр карда буданд, ки ин ҷур набуда ва аслан торихи замони Ҳофиз ӯро як марди мутадайин мешиносад… Яке ду рӯз баъд дидем, ки як нафар аз ҳамин нависандагони маҷаллот мақолае навишта ва акси худашро ҳам чоп карда — ки Ҳофиз агар он аксро медид ваҳшат мекард! — ки арзиши Ҳофиз дар ҳамин исёни Ҳофиз аст, дар ҳамин аст, ки аслан пойбанди усул ва муқаррароти замони худаш — ва ба қавли ӯ, одоти замон – набуда; тамоми арзиши Ҳофиз дар ҳамин пушти по задан ба инҳо будааст.

Дар ин замина ҳам китоб хеле навиштаанд, (феълан намехоҳам исме бибарам, лузуме ҳам надорад), мақола хеле навиштаанд, дар маҷаллот зиёд роҷеъ ба Ҳофиз баҳс кардаанд ва ҳамаи қазоватҳо ҳам дар ҳамин замина будааст.

Фарзияи панҷум: ашъори Ҳофиз ҳама орифона аст

Назари дигар ин аст, ки шеъри Ҳофиз аз аввал то охир якдаст аст ва ҳама ҳам орифона аст ва тамоми он шеърҳое ҳам, ки дар камоли сароҳат дар заминаҳои зидди ирфонӣ гуфта шудааст, як силсила истилоҳот аст, ки урафо ва шуарои ин гуна доранд ва мақсудашон аз май, аз шоҳид, аз зулф, аз хатт, аз хол, аз ҳар чӣ ки дар ин заминаҳо ҳаст, як маъонии дигарест. Агар ба инҳо бигӯем: ба чӣ далел шумо ин ҳарфро мезанед? Хоҳанд гуфт, ки аввалан, баъзе ашъори Ҳофиз дар камоли сароҳат ва бидуни ҳеч гуна тавҷеҳе маъонии ирфониро дар ҳадди аъло гуфта, ки ҳамин қадр агар мо онро ба сурати як шеър — яъне ҳамин ҷур гуфтани танҳо — надонем ва ҷиддӣ бидонем (ки фарз бар ин аст), онҳоро дигар ба ҳеч шакл наметавонем ба маъонии ҷисмонӣ ва моддӣ тавҷеҳ кунем. Ба иборати дигар: ба қавли усулийин ва фуқаҳо, агар мо дар каломи як нафар, ки мутмаин ҳастем таноқуз нахоста бигӯяд, балки як матлабро хоста бигӯяд, матлаберо мебинем, ки зоҳираш мутаноқиз аст, агар яке зоҳир бошад ва дигаре азҳар (зоҳиртар), зоҳирро ба азҳар ҳамл мекунем, на азҳарро ба зоҳир. Яъне азҳарро қаринаи зоҳир мегирем, на зоҳирро қаринаи азҳар. Ва ба илова, худи Ҳофиз дар ашъори худаш гоҳе ба ин амр тасреҳ мекунад.

Мо Ҳофизро дурӯғгӯ, ки набояд бидонем, гоҳе худаш тасреҳ мекунад, ки шеъри ман маърифат аст, масалан:

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,

Офарин бар нафаси дилкашу лутфи суханаш!

Ин ҳам албатта як назар аст. Мо он се назарро, ки рад кардем, ҳатто назари аввалро агар ёдатон бошад, арз кардам мо наметавонем далеле мантиқӣ иқома кунем бар зидди он ки Ҳофиз фақат як шоир буда ва ғайр аз шеър ҳадафе ва идеяе надошта, як санъатгар ва як наққош будааст; вале дар маҷмӯъ ашъори Ҳофиз — махсусан шеърҳои ирфонӣ ва он сӯзу гудозҳои аҷиб — як нафар ошно бо шеъри Ҳофиз наметавонад бипазирад, ки ин шеърҳо кори як санъатгари бе руҳ аст, аммо касе ҳам агар бигӯяд, ман қабул надорам, бо далел ҳам намешавад ҳарфашро рад кард.

Мо мондему ин ду баён (ки ҳар ду мӯътақид ба) якгунагии Ҳофиз ҳастанд, вале бо саду ҳаштод дараҷа ихтилоф, ё комилан аз ин тараф ва ё комилан аз он тараф. Мо аввал меравем суроғи онҳое, ки шеъри Ҳофизро якгуна медонанд ва ҳеч гуна таъвили маънавӣ қоил нестанд. Мегӯянд, ҳамин завоҳири моддиро бояд гирифт, балки он ирфониёташ ҳама алфози бемуҳтавост. Ҳол, мо мехоҳем рӯйи ин фарзия таҳқиқ кунем, бибинем, агар мо Ҳофизро ин ҷур бидонем, чӣ аз об дармеояд. Мо, ки набояд таъассуб ба харҷ бидиҳем, шояд ҳам Ҳофиз ин ҷур буда, ҳоло агар ин ҷур буда, бибинем чӣ аз об дармеояд ва Ҳофизи ин гуна чӣ ҷур мавҷуде ҳаст?

Нақди фарзияи чаҳорум

Баъзе қисматҳои ин фарзия марбут мешавад ба фикри Ҳофиз, яъне ба ҷаҳонбинии Ҳофиз, ки тибқи ин фарзия як навъ ҷаҳонбинии моддӣ хоҳад буд ва ё ӯ як шаккок хоҳад буд, он ҳам шакки бисёр бисёр талхе, таҳайюри шадиде, ки бо ин шакку тардид ва таҳайюр наметавонад чизе аз рози олам бифаҳмад ва махсусан ҳар чӣ ҳам мувоҷеҳ мешавад, бештар дар ӯ талқини беимонӣ мекунад ва дар натиҷа барои ин ки аз заҳри фикрҳои масмуми худаш наҷот пайдо кунад, ба май паноҳ мебарад, ки бисёре аз майхорагон ҳамин тавр ҳастанд. Дар асари шиддати гирифторӣ, онҳое, ки ғаму ғуссаи зиёде доранд ё дар ишқ шикаст мехӯранд ё як шикастҳои дигаре, ба ҳолате дармеоянд, ки худашон барои худашон ғайриқобили таҳаммуланд, яъне ақлашон, фикрашон, андешаашон барои худашон ғайриқобили таҳаммул аст. Дар ин вақт барои ин ки ин андешаи музоҳимро аз худашон дур кунанд, ба он зидди андеша яъне “май” паноҳ мебаранд, ки даме биёсоянд, дуруст ҳамон, ки гуфт:

 كَالْمُسْتَجیرِ مِنَ الرَّمْضاءِ بِالنّار

(Монанди касе, ки аз гармои зиёд, ба оташ паноҳ мебарад.) Гуфт дар ҷаҳаннам ақрабҳое ҳаст, ки мардум аз онҳо ба морҳо паноҳ мебаранд.

Ҷаҳонбинии Ҳофиз тибқи ин назария:

1. Ҷабригарӣ:

Ҳамин ашхосе, ки ин фикрро доранд, яке аз чизҳое, ки дар мавзӯи Ҳофиз мегӯянд — ки қаҳран ӯро аҷиб бетоб мекарда — масъалаи ҷабригарӣ аст, яъне мӯътақид буда, ки башар ҳеч гуна ихтиёре надорад ва ҷабри мутлақ ҳукмфармост. Дар он рисолаи “Инсон ва сарнавишт” гуфтаам, инсон вақте эҳсос кунад озод нест, ин амр хеле ранҷаш медиҳад, хусусан агар эҳсос кунад, ки ин адами озодиаш дар муқобили як қудратест, ки андешаи тахаллуф дар муқобили ӯро ҳам намешавад дар мағз роҳ дод. Мегӯянд, бисёре аз ашъори Ҳофиз мунъакискунандаи ҳамин озорест, ки аз фикри ҷабригарии худаш мебурдааст, мисли шеъри маъруфаш:

Ризо ба дода бидеҳ в-аз ҷабин гиреҳ бигушой,

Ки бар ману ту дари ихтиёр нагшодаст.

* * *

Ман агар хораму гар гул чаманорое ҳаст,

Ки ба ҳар даст, ки мепарварадам, мерӯям. 

* * *

Макун дар ин чаманам сарзаниш ба худрӯйӣ,

Чунон ки парваришам медиҳанд, мерӯям.

* * *

Дар кори гулобу гул ҳукми азалӣ ин буд,

К-ин шоҳиди бозорӣ в-он парданишин бошад.

Дар ҷойи дигар шеъре мегӯяд, ки дар воқеъ мехоҳад бигӯяд, онҳое, ки ба мақомот расиданд ҳам ҳунаре накарданд, чун онҳо нарасидаанд, (балки) онҳоро расондаанд:

Файзи Руҳулкудс ар боз мадад фармояд,

Дигарон ҳам бикунанд он чӣ Масеҳо мекард.

Ё:

Гавҳари пок бибояд, ки шавад қобили файз,

Варна ҳар сангу гиле луълуву марҷон нашавад.

Шеърҳои дигаре низ ҳаст, ки он шеърҳоро далел бар ҷабрӣ будани Ҳофиз гирифтаанд.

Ҳамон тавр, ки гуфтам, фикри ҷабригарӣ худ ба худ ҳар навъ нишот ва умедеро аз инсон салб мекунад ва қаҳран натиҷаи ин фикри газандаи гудозанда ин аст, ки дар охири кор ба маю майпарастӣ ва хулоса фаромӯш кардани худ мунтаҳӣ мешавад.

2. Ҳайрат:

Дигар, ки боз марбут ба ҷаҳонбинии Ҳофиз мешавад, масъалаи ҳайрат аст: намедонам, намефаҳмам, сар дарнамеоварам, аз куҷо омадам ва барои чӣ инҷо ҳастам ва ба куҷо меравам:

Аён нашуд, ки чаро омадам, куҷо рафтам?

Дареғу дард, ки ғофил зи кори хештанам!

Илоҷ ва давояшро ҳам пушти сараш гуфта. Мегӯяд, ҳар роҳе рафтам (ҳикмат ва фалсафа ва мантиқ ва диёнат ва ғайра…) ҳар ҷо, ки рафтам, охираш дидам ҳайрат андар ҳайрат аст, гуфтам, ҳамаро раҳо кун, умр арзиши ин ҳарфҳоро надорад, биравем дар олами бехабарӣ.

Аз ҳар тараф, ки рафтам, ҷуз ваҳшатам наяфзуд,

Зинҳор аз ин биёбон в-ин роҳи бениҳоят!

* * *

Чист ин сақфи баланди содаи бисёрнақш?

3-ин муаммо ҳеҷ доно дар ҷаҳон огоҳ нест.

Ё дар ҳамон ғазали “Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро” як шеъраш ин аст:

Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,

Ки кас нагшуду нагшояд ба ҳикмат ин муамморо.

* * *

Соқиё, ҷоми маям деҳ, ки нигорандаи ғайб,

Нест маълум, ки дар пардаи асрор чӣ кард?

* * *

Вуҷуди мо муаммоест, Ҳофиз,

Ки таҳқиқаш фусун асту фасона. 

* * *

Зи сирри ғайб кас огоҳ нест, қисса махон,

Кадом маҳрами дил раҳ дар ин ҳарам дорад?

* * *

Дар корхонае, ки раҳи ақлу фазл нест, 

Фаҳми заъиф рои фузулӣ чаро кунад?

* * *

Бирав, эй зоҳиди худбин, ки зи чашми ману ту,

Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад буд.

* * *

Ҳадиси чуну чаро дарди сар диҳад, эй дил,

Пиёла гиру биёсо зи умри хеш даме.

* * *

Гуфтӣ: зи сирри аҳди азал як сухан бигӯ,

Он гаҳ бигӯямат, ки ду паймона даркашам.

3. Пучигароӣ:

Болотар, масъалаи пучигароӣ аст (nihilism). Ин дигар тақрибан шакку ҳайрат нест, болотар аз шакку ҳайрат аст, андаке зери сифр ҳам ҳаст:

Ҷаҳону кори ҷаҳон ҷумла ҳеч дар ҳеч аст,

Ҳазор бор ман ин нукта кардаам таҳқиқ.

* * *

Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест,

Бода пеш ор, ки асбоби ҷаҳон ин ҳама нест.

* * *

Панҷ рӯзе, ки дар ин марҳала мӯҳлат дорӣ,

Хуш биёсой замоне, ки замон ин ҳама нест.

Бар лаби баҳри фано мунтазирем, эй соқӣ, 

Фурсате дон, ки зи лаб то ба даҳон ин ҳама нест.

4. Инкори қиёмат:

Ашъори дигаре Ҳофиз дорад, ки аз онҳо бӯйи инкори қиёмат фаҳмида мешавад, ки асосан маълум нест охири коре ва қиёмате бошад ва одам набояд фикрашро ба ин ҷур чизҳо мутаваҷҷеҳ кунад, мисли ин шеъри маъруфаш:

Хуштар аз фикри маю ҷом чӣ хоҳад будан? 

То бибинам, ки саранҷом чӣ хоҳад будан? 

Ғами дил чанд тавон хӯрд, ки айём намонд, 

Гӯ: на дил бошу на айём, чӣ хоҳад будан?…

Бода хӯр, ғам махӯру панди муқаллид маниюш, 

Эътибори сухани ом чӣ хоҳад будан? 

Дастранҷи ту ҳамон беҳ, ки шавад сарф ба ком, 

Донӣ, охир, ки ба ноком чӣ хоҳад будан?

Ё дар он шеъре, ки мегӯяд:

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,

Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан.

… то онҷо, ки мегӯяд:

Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор,

К-охир малул гардӣ, аз дасту лаб газидан.

Фурсат шумор сӯҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил

Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан.

Пас явмулҷамъе, ки рӯзи расидан ба якдигар аст ва явмулҳашре, ки рӯзи расидани ҳама ба якдигар аст, дар кор нест: “Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан.”

То инҷо шеърҳо ҷаҳонбинии Ҳофизро тақрибан нишон медиҳад. Дар ин ҷаҳонбинӣ танҳо чизе, ки боқӣ монда, инкори Худост, ки сареҳ дида намешавад, агар на, чизҳое, ки тақрибан дар ҳамон ҳадд аст вуҷуд дорад. Инкори маъод ё худ ҳамон шак дар ин ҷиҳат, чизе аст, ки бо тавҳид ҳам созгор нест. Аз ин, ки бигзарем, меойем суроғи чизҳое, ки ба манзилаи натиҷаи ин ҷаҳонбинӣ ва ин афкор аст. Ба истилоҳ он ҷаҳонбинии ӯст, ин идеулужии ӯ. Яъне бар асоси он фикр дастуре медиҳад: ҳоло, ки кори ҷаҳон ҳеч дар ҳеч аст, ҳоло, ки ҷабри мутлақ аст, ҳоло, ки сар аз асрори кавн намешавад даровард, ҳоло, ки аслан кӣ медонад мо дар як вақте ба ҳамдигар мерасем ё намерасем, ва балки гоҳе ба сурати ҷазм мегӯяд, аслан думартаба ба ҳамдигар нахоҳем расид, ин усули ҷаҳонбинӣ, ки муҳраз шуд, ҳоло вақти натиҷагирӣ аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: