Ирфони Ҳофиз (8)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 8)

Идеулужии Ҳофиз тибқи он назария:

а) Дам ғанимат шумурдан:

Яке аз натиҷагириҳо он чизест, ки Ҳофиз ба сурати “дам” баён мекунад, камо ин ки ин масъалаи “дам” дар шеъри Хайём ҳам зиёд аст, ки дамро — яъне замони ҳолро — ғанимат бишумор, на фикри гузашта бикун, на фикри оянда, на ғуссаи гузаштаро бихӯр, ки чаро чунин шуд ва на ғуссаи оянда. Фикри гузашта ва фикри оянда туро аз айши нақд бозмедорад ва барои ин ки ҳаддиаксари истифодаро аз ин умри муваққати кӯтоҳ бибарӣ, на фикри гузашта кун (ва) на фикри оянда, дам ғанимат бишумор. Ва чӣ қадр дар шеъри Ҳофиз ин масъалаи ҳолу дам омада:

Эй дил, шабоб рафту начидӣ гуле зи айш, 

Пиронасар макун ҳунаре нангу номро. 

Дар айши нақд кӯш, ки чун обхӯр намонд, 

Одам биҳишт равзаи доруссаломро.

* * *

Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт, 

Ман чаро мулки ҷаҳонро ба ҷаве нафрӯшам?

* * *

Хуштар зи айшу сӯҳбату боғу баҳор чист? 

Соқӣ куҷост, гӯ, сабаби интизор чист?

Ҳар вақти хуш, ки даст диҳад, муғтанам шумор,

Касро вуқуф нест, ки анҷоми кор чист?

Инҷо боз масъалаи анҷоми кору қиёмат ҳам ҳаст.

Гар зи масҷид ба харобот шудам, хурда магир,

Маҷлиси ваъз дароз асту замон хоҳад шуд.

Мегӯяд, пойи ваъзи воизро раҳо кардем, он дер намешавад, фикри он чизе бош, ки вақташ мегузарад.

Эй дил, ар ишрати имрӯз ба фардо фиканӣ,

Мояи нақди бақоро кӣ замон хоҳад шуд?

Нақдро, ки одам ба насия намефурӯшад.

Моҳи шаъбон манеҳ аз даст қадаҳ, к-ин хуршед,

Аз назар то шаби иди рамазон хоҳад шуд.

Гул азиз аст ғанимат шумуредаш сӯҳбат,

Ки ба боғ омад аз ин роҳу аз он хоҳад шуд.

Дар ҷойи дигар — ки аз он ғазалҳои бисёр олии Ҳофиз аст — мегӯяд:

Сабо ба таҳнияти пири майфурӯш омад,

Ки мавсими тарабу айшу нозу нӯш омад.

Ҳаво Масеҳнафас гашту бод нофагушой,

Дарахт сабз шуду мурғ дар хурӯш омад.

Танӯри лола чунон барфурӯхт боди баҳор,

Ки ғунча ғарқи арақ гашту гул ба ҷӯш омад.

Шеърҳои баъдаш хеле олӣ ва аҷиби ирфонист, онҳоро дар ҷойи худаш хоҳам гуфт.

Соқиё, ишрати имрӯз ба фардо мафикан,

Ё зи девони қазо хатти амонӣ ба ман ор!

Ё як нома аз онҷо биёвар, ки ин вақт талаф намешавад, ивазашро медиҳанд.

Эътимоде нест бар кори ҷаҳон,

Балки бар гардуни гардон низ ҳам.

Ошиқ аз қозӣ натарсад, май биёр,

Балки аз ярғуи девон низ ҳам.

“Ярғу” истилоҳе муғулӣ буда, ки барои адлия ва истинтоқ ва ин ҳарфҳо мегуфтанд.

Болотар аз ин, аз баъзе шеърҳои Ҳофиз комилан истифода мешавад, ки ӯ ин масъалаи айши нақд ва ин ҳарфҳоро як навъ лоуболигарӣ ва лоқайдигарии хоссе тавҷеҳ мекунад, ба шакли аҷибе. Тавзеҳ ин ки: Ҳофиз дар зиндагиаш маълум нест, ки чӣ кора будааст. Ағлаб аз ҳамон муқаддимае, ки Муҳаммади Гуландом навиштааст, истинбот мекунанд. Як ҷумлае онҷо ҳаст, ки нусхаҳо мутаъаддид навишта ва ба ду таъбир гуфтаанд. Аз як таъбир истифода мешавад, ки шуғли давлат доштааст. Мегӯяд, ӯ намерасид, ки девони худашро танзим кунад, аз шиддати иштиғол ба мутолеаи “Кашшоф” ва “Мисбоҳ” ва “Матолеъ” ва “Мифтоҳ” ва ғайра… Баъд як ҷумлае дорад, ки ин ҷумларо нусхаҳо мутаъаддид навиштаанд. Бино бар як таъбир, мерасонад, ки шуғли давлат дошта, вале албатта ҳеч маълум нест, ки ин тавр бошад. Аз баъзе шеърҳои Ҳофиз маълум мешавад, ки ин масъалаи “дам ғанимат шумурдан” фақат марбут ба худаш ҳам нест, дуруст мисли ин кормандҳои лоуболии давлат, ки як моҳ мераванд кормандӣ мекунанд, мунтазири аввали моҳанд, ки биёяд, то ҳуқуқро мегиранд (ва) чанд рӯза онро сарфи айёшӣ мекунанд ва баъд то охири моҳ бо ҷайби холӣ мегузаронанд. Мегӯяд:

Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид, 

Вазифа гар бирасад, масрафаш гул асту набид.

Ва назири ин боз ҳам ҳаст.

Ҳоло бибинед, Ҳофизе, ки инҳо сохтаанд, чӣ мактабе ба мо таҳвил медиҳад ва мо аз ӯ чӣ метавонем биёмӯзем?!

б) Шоҳидбозӣ:

Яке дигар аз он чизҳое, ки истифода мешавад, масъалаи шоҳидбозӣ аст. Дар девони Ҳофиз “шоҳид” зиёд омада, шаробу шоҳид ин қадр омада, ки иломошоаллоҳ, ки дигар эҳтиёҷе надорад намуна биёварем; мисли калимаи маю майпарастӣ ва ин чизҳост, ки он ҳам ин қадр ҳаст, ки дигар эҳтиёҷе ба ин ки мо шеъре бихоҳем барояш бихонем нест.

Инҳое, ки Ҳофизро ба ин шакл тавҷеҳ кардаанд, мегӯянд: бале, Ҳофиз шоҳидбоз буда, аҳли ишқ буда ва бояд ҳам бошад. Ва баъзе, корро ба онҷо расондаанд, ки ҳатто хусусиёти ишқбозиҳои Ҳофизро ҳам хостаанд аз рӯйи шеърҳояш ба даст оваранд. Яке аз ҳамин нависандагони ин гуна, дар китобе, ки ахиран мунташир шуда, чунин истинбот кардааст, ки Ҳофиз дар масъалаи ишқу зану ин ҳарфҳо хулоса он шаҳоматеро, ки як одами ҷасур бояд дошта бошад, надошта. (Мегӯянд:

اَلحَیاءُ مانعُ الرِّزْق

Хиҷолатӣ будан хулоса монеъи расидан аст, одам агар бихоҳад бирасад бояд пуррӯ ҳам бошад). Ӯ чунин истинбот карда, ки Ҳофиз дар масъалаи зан камрӯ буда, ҳам як дили пуришқе дошта ва ҳам он ҳолати ҷасуриро надошта ва занҳо ҳам аз ин ҷур мардҳо бадашон меояд, зан ҳам мардеро мехоҳад, ки ҷасур ва пуррӯ бошад. Ва аз ин ҷиҳат ин бечора ҳамеша дар сӯзу гудоз буда ва камтар ба ишқи худаш мерасидааст. Ва ӯ чунин истинбот карда, ки гоҳе занҳо ҳам сар ба сари ӯ мегузоштанд.

Вале дар инҷо матлаби дигаре ҳаст, ки ҳамаи муфассирони ин гунаи Ҳофиз сукут кардаанд. Ва он ин аст, ки аслан оё дар ҳамаи девони Ҳофиз далеле ҳаст, ки он шоҳиде, ки Ҳофиз мегӯяд, зан буда? Оё зан буда ё бачча буда? Дар бораи ин, дигар ин муфассирон сукут кардаанд. Иттифоқан, агар бино бошад, ки тафсири ҳамин завоҳирро бигирем, бидуни шак шоҳиди Ҳофиз бачча буда ва асосан якҷо ҳам мо далел надорем, ки шоҳиди Ҳофиз зан буда… Дар баъзе ашъораш таъбири “муғбачча” дорад. Ин дигар ҳеч гуна тавҷеҳе надорад:

Гар чунин ҷилва кунад муғбачаи бодафурӯш, 

Хокрӯби дари майхона кунам мижгонро.

Ҷойи дигар мегӯяд:

Эй нозанин писар, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ, 

К-ит хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст?

Дар як шеъри маъруфаш, ки Шерозро мадҳ мекунад — ки маълум мешавад он бачча ҳам шерозӣ буда — мегӯяд:

Хушо Шерозу вазъи бемисолаш,

Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш!

… то онҷо, ки мегӯяд:

Гар он ширинписар хунам бирезад,

Дило, чун шири модар кун ҳалолаш!

Дар баъзе ашъори дигараш аз қаринаи узору хатту қабову ғайра… маълум мешавад, ки агар бино бошад ҳамин завоҳирро бигирем, он шоҳид писар будааст, як чизҳои писаронаро зикр мекунад, ки ҳеч духтарона нест, масалан мегӯяд:

Бигушо банди қабо, то бигушояд дили ман, 

Ки гушоде, ки маро буд, зи паҳлӯи ту буд.

Ё мегӯяд:

Бигушо банди қабо, эй маҳи хуршедкулоҳ,

То чу зулфат сари савдозада дар по фиканам.

* * *

Маҷмаи хубиву лутф аст узори чу маҳаш, 

Лекинаш меҳру вафо нест, Худоё, бидеҳаш!

Дилбарам шоҳиду тифл асту ба бозӣ рӯзе

Бикушад зораму дар шаръ набошад гунаҳаш.

Тифл ноболиғ ҳам ҳаст. Инҳоро дар бораи зан мусаллам касе намегӯяд, чун зани ноболиғ — яъне аз 9 сол камтар — ки мавзӯи ишқ нест, ин мусаллам писари 14-сола аст, маҳбуби 14-сола.

Зи хатти ёр биёмӯз меҳр бо рухи хуб, 

Ки гирди орази хубон хуш аст гардидан.

“Ориз” (ё ораз) ҳамон мӯйест, ки тоза дар рӯйи тозаҷавон мерӯяд.

Дил бад-он руди гиромӣ, чӣ кунам, гар надиҳам? 

Модари даҳр назояд писаре беҳтар аз ин.

* * *

Хатти узори ёр, ки бигрифт моҳ аз ӯ, 

Хуш ҳалқаест, лек бадар нест роҳ аз ӯ.

* * *

Омад афсӯскунон муғбачаи бодафурӯш, 

Гуфт: бедор шав, эй раҳрави хоболуда!

* * *

Падари таҷриба, эй дил, туӣ, охир, зи чӣ рӯй 

Тамаъи меҳру вафо з-ин писарон медорӣ?

Гуфтем, дар ҳеч ҷойи шеъри Ҳофиз қаринае бар ин ки ба номи зан тағаззул карда бошад нест. Албатта, баъзе ғазалҳои Ҳофиз ҷуре аст, ки маъшуқ ба таври куллӣ қобили татбиқ аст, аъам аз зану ғайра… Дар яке аз ҳамин китобҳое, ки дар ин заминаҳо навиштаанд ва зан будани маъшуқи Ҳофизро хеле мусаллам гирифта, навиштааст: Ҳофиз дар ишқ марди муваффақе набудааст, ба далели ин ки дар шеърҳояш хеле зорӣ сар медиҳад, масалан мегӯяд:

Дуои гӯшанишинон бало бигардонад,

Чаро ба гӯшаи чашме ба мо наменигарӣ?

Ҳоло ман баъд мегӯям, ки ин шеърҳое, ки ин худонашиносҳо ба ин заминаҳо ҳамл кардаанд, дар дохили чӣ ғазалҳоест, дар чӣ авҷе аз ирфон, ва инҳо хиҷолат накашидаанд — аз чӣ бигӯям — аз илм, аз фарҳанг, аз адаб ва ин чарандҳоро қолаб кардаанд. Ё масалан гуфтааст:

Нозпарварди танаъум набарад роҳ ба дӯст, 

Ошиқӣ шеваи риндони балокаш бошад.

Лобуд аз назари ӯ, ин ҳам далел бар ин аст, ки ӯ ҳамеша худаш наметавониста хулоса роҳ пайдо кунад.

Сирри савдои ту дар сина бимондӣ пинҳон, 

Чашми тардоман агар фош накардӣ розам.

Ман наметавонистам худам изҳор кунам, билохира ин гиря маро расво кард. Ва аҷиб ин аст, ки мегӯяд, Ҳофиз дар муқобили зебоиҳо дасту пойи худашро гум мекарда, дар ин ҷиҳат дар ишқбозӣ бе шахсият буда:

Ба лоба гуфтамаш: эй моҳрух! Чӣ бошад агар

Ба як бӯсае зи ту, дилхастае биёсояд?

Ба ханда гуфт, ки: Ҳофиз, Худойро маписанд, 

Ки бӯсаи ту рухи моҳро биёлояд.

Мегӯяд, ки гоҳе занон Ҳофизро даст меандохтанд, барои ин ки мегӯяд:

Ба ишва гуфт, ки Ҳофиз, ғуломи табъи ту(в)ам,

Бибин, ки то ба чӣ ҳаддам ҳамекунад таҳмиқ.

Баъд мегӯяд, як зани дигаре, ки мефаҳмида Ҳофиз ошиқи ӯст, сар ба сари ӯ мегузошта ва ин ҷур ба ӯ мегуфта:

Гуфтам: оҳ аз дили девонаи Ҳофиз бе ту!

Зери лаб хандазанон гуфт, ки: девонаи кист?

Ҳоло мефаҳмад, ки ман девонаи ӯ ҳастам, ин ҷур маро зери лаб масхара мекунад, ки агар ин тавр ҳамл кунем, бояд Ҳофизро хулоса шикорчии мурғи хонагӣ ҳам бидонем, яъне зане, ки инҷо суроғашро гирифта, зани шавҳардор буда, барои ин ки дар матлаъи ин ғазал мегӯяд:

Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист?

Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист?

Пас, ҳатман зане ҳам агар буда, зани шавҳардор буда.

Ин ҳам як мавзӯъ.

Бинобар ин, аз он се унсури ҷаҳонбинии Ҳофиз, мо расидем ба як унсури идеулужик ва дастурӣ, ки масъалаи шоҳидбозӣ буд, он ҳам шоҳидбозӣ ба ин шакл.

в) Гадоӣ ва дарюзагӣ:

Дастури дигари ҷаноби Ҳофиз гадоӣ ва дарюзагист (чун биност мо дигар таъвилу тавҷеҳ накунем). Гуфт: “Гадоӣ кун, то мӯҳтоҷи халқ нашавӣ!” Беҳтарин роҳ гадоист дар дунё. (1) Масалан: дар он ғазалаш мегӯяд (ҳоло агар шеърҳои қаблу баъдашро бихонам, мефаҳмед, ки чизи дигаре мегӯяд, аммо чорае надорам бояд бигӯям):

Бар сари онам, ки гар зи даст барояд,

Даст ба коре занам, ки ғусса сар ояд.

Хилвати дил нест ҷойи сӯҳбати аздод,

Дев чу берун равад, фаришта дарояд.

Сӯҳбати ҳукком зулмати шаби ялдост, 

Нур зи хуршед ҷӯй, бу, ки барояд.

Бар дари арбоби бемуруввати дунё,

Чанд нишинӣ, ки хоҷа кай бадар ояд?

Тарки гадоӣ макун, ки ганҷ биёбӣ

Аз назари раҳраве, ки дар гузар ояд.

Ин ғайр аз ин нест, ки мегӯяд, мардум дар гузари роҳ мераванд, биншин гадоиро раҳо накун, як вақт мебинӣ як одаме меояд онҷо як пуле ба ту медиҳад, ки то охири умр хиёлат роҳат мешавад.

Ин ҳам яке аз аносури ин гунаи шеъри Ҳофиз аст: таблиғи фақру гадоӣ, фақр на фақат ба маънои бечизӣ, балки ба маънои дарвешӣ. Яъне дарвеширо, ки таблиғ карда, дарвешӣ ба маънои фақрро таблиғ карда ва илова бар ин, дарвешӣ ба маънои гадоӣ ва дарюзагиро ҳам ин ҷаноб таблиғ кардааст. Агар инсон ҷаҳонбинияш он бошад, идеулужиаш ҳам билохира ба ҳаминҷо мунтаҳӣ мешавад, чун воқеан агар инсон бихоҳад шарофат ва ҳайсияти худро аз даст бидиҳад, даромади гадоӣ аз хеле даромадҳо бештар аст.

Баъзе гадоҳо ба андозаи як устоди донишгоҳ даромад доранд.

г) Маддоҳӣ:

Яке дигар аз он чизҳое, ки дар ашъори Ҳофиз ҳаст, ки ба ақидаи ман муаммотарин унсур дар ашъори Ҳофиз аст, маддоҳиҳои Ҳофиз аст. Шояд дар ҳамаи девони Ҳофиз чиҳил панҷоҳто мадҳ ва ё бештар (ман нашумурдаам, вале шумурдаанд) пайдо мешавад ва баъзе аз ин мадҳҳо дар ҳаддест, ки (иғроқ шумурда мешавад.) Ин ҳам аз он чизҳоест, ки муфассирони Ҳофиз дар борааш сукут доранд, чун аз назари онҳо қобили тавҷеҳ нест ва воқеан ҳам тавҷеҳаш хеле мушкил аст.

Оқои Анҷавии Шерозӣ, ки девони Ҳофизро чоп кардаанд ва муқаддимаи хубе ҳам бар он навиштаанд, дар якҷо мадҳи Ҳофизро ҳамл мекунанд ба мадоро, ки дар он замон ҳукком ҷобир ва ҷаббор буданд ва Ҳофиз барои ин ки ин миқдор озодӣ дошта бошад, ки ғазалҳояшро бигӯяд, гоҳе ҳам луқмае ҷилави онҳо меандохта, ки даҳони онҳоро бибандад.

Баъзе дигар гуфтаанд: дӯстдорон ва алоқамандони Ҳофиз моил набуданд, ки нӯки қалами Ҳофиз олуда шавад ба мадҳи афроде назири Шоҳ Шуҷоъ ва Абӯисҳоқ (махсусан Шоҳ Шуҷоъ, ки як одами ноаҳле буда) ва баъзе дигар, вале мутаассифона олуда шуда.

Аммо масъалаи нӯки қалам матраҳ нест. Агар мадоеҳи Ҳофиз тавҷеҳ нашавад ва агар роҳи ҳалле барояш пайдо нашавад, на танҳо нӯки қалами Ҳофиз олуда аст, сар то пойи Ҳофиз олуда аст.

Ҳоло ман яке аз онҳоро бароятон мехонам, аз навъи мадҳҳоест, ки улуми адабӣ онҳоро иғроқ ва муболиға медонад, дар сарҳадде, ки барои як шоир ин гуна сухан гуфтанро ҷоиз намедонанд. Масалан: Ибнул-муътазз (ё шоири дигаре) хитоб ба яке аз хулафо ва ҳуккоми замони худаш мегӯяд:

 ما شِئْتَ لا ما شاءَ تِ الْاَقْدارُ

فَاحْكُمْ، فَاَ نْتَ الْواحِدُ الْقَهّارُ

Инро ҳама ба ӯ айб гирифтаанд, ки ин ҳарф чаранд ва музахраф аст. Масалан Ҳофиз мегӯяд (ин шеър ҳатто дар нусхаи Қазвинӣ ҳам ҳаст):

Қасам ба ҳишмату ҷоҳу ҷалоли Шоҳ Шуҷоъ,

Ки нест бо касам аз баҳри молу ҷоҳ низоъ.

Ин таъбир ҷуз дар мавриди Худо ба кор намеравад. Як нафар мусалмон ҳеч вақт ҳозир нест ба Пайғамбар ин ҷур қасам бихӯрад, бигӯяд: қасам ба ҳишмату ҷоҳу ҷалоли Пайғамбар, қасам ба ҳишмату ҷоҳу ҷалоли Алӣ. Ин таъбирот, қасамест, ки дар мавриди Худо ба кор бурда мешавад. Он вақт одам дар бораи як марди чунину чуноне, ки ин қадр дар борааш навиштаанд, чунин бигӯяд!

Дарюзагӣ ҳам, ки биност тибқи фарзияи мавриди баҳс ҷузъи таълимоти Ҳофиз бошад, боз дар ҳамин ғазал ҳаст:

Ба файзи ҷуръаи ҷоми ту ташнаем, вале 

Намекунем далерӣ, намедиҳем судоъ.

Асбоби заҳмат намешавем, вале эҳтиёҷ дорем. Ҳоло охирашро бибинед:

Ҷабину чеҳраи Ҳофиз Худо ҷудо макунод,

Зи хоки боргаҳи кибриёи Шоҳ Шуҷоъ.

Ин дигар ба назари ман авҷи иғроқ ва авҷи пастӣ ва даноат аст. Марде, ки рӯйи ҳисоби тавҳид, ҳеч ширкеро муҷоз намедонад, чунин сухане бигӯяд! Чаро ориф ин ҳама бо зоҳиди риёкор душман аст? Чун ориф худашро дар тавҳид ҳассос нишон медиҳад, яъне ғаюр дар тавҳид аст. Ва Ҳофиз ҳам, ки ин ҳама душманӣ бо риёкорӣ нишон медиҳад, дар воқеъ мехоҳад ғайрати тавҳиди худашро нишон бидиҳад, он вақт чунин одаме чӣ гуна меояд чунин ҳарферо мезанад:

Ҷабину чеҳраи Ҳофиз Худо ҷудо макунод,

Зи хоки боргаҳи кибриёи Шоҳ Шуҷоъ.

Гадоӣ ва дарюзагиро шумо замима кунед ба тамаллуқ ва чоплусӣ, он ҳам дар ҳадди аълои он, маҷмӯан чӣ мешавад?!

То инҷо он ҷаҳонбинӣ бино бар он тафосир ва ин ҳам идеулужӣ ва дастуруламалҳо бар асоси он. Вақте ки одам умеде ба даргоҳи Худо надошта бошад, ҳама чизашро ҳеч дар ҳеч ва бефоида бидонад, билохира бандаи Шоҳ Шуҷоъ мешавад. Инсон вақте ки аз бандагии Худо бибурад, ночор бояд бандаи Шоҳ Шуҷоъ бишавад.

Пас, то инҷо гуфтем, агар мо бихоҳем Ҳофизро тафсир кунем бар асоси он чӣ ин муфассирон (-и Хуонашнос) гуфтаанд, ки мо бояд ҳамон завоҳири моддии шеъри Ҳофизро бигирем ва ҳамонро маноти (милоки) Ҳофизшиносии худамон қарор бидиҳем ва мактаби Ҳофизро ҳамон бидонем, Ҳофиз ҳамин дармеояд, ки арз кардам. (Ҳанӯз аносури дигаре ҳам дар ин заминаҳо дорад, ки дигар арз намекунам).

Ҳоло шумо бибинед, як чунин одаме — гирам девонаш аз назари шеърӣ ва ҳунарӣ дар авҷ бошад, яъне болотарин шеър бошад — аслан арзиш дорад касе исмашро дар ҷомеае бибарад? Чӣ қадр он ҷомеаро фосид мекунад?! Ҷабригароӣ ва ҳайрат ва тардиду шакку инкори ҳашру қиёмат ва ҳисобу китоб ва дар натиҷа ба айши нақд часпидан ва фикри гузашта ва оянда накардан ва баччабозӣ кардан ва гадоӣ ва дарюзагӣ кардан ва тамаллуқ ва чоплусӣ. Бино бар ин мантиқ, воқеан Ҳофиз нанге хоҳад буд барои эронӣ ва мусалмон ва забони форсӣ, ва болотарини нангҳо…

Ҳоло биёем бибинем дар бораи он назарияи дигар чӣ метавонем бигӯем? Оё ин шеърҳои Ҳофиз тавҷеҳе дорад? Яъне воқеан Ҳофиз ҷабригаро набудааст? Ҳофиз мутаҳайир ба он маъно набудааст? Ҳофиз мункири қиёмат набудааст? Ҳофиз аз “айши нақд” мақсуди дигаре дошта? Аз “шоҳид” мақсуди дигаре дошта?.. Оё чунин чизе ҳаст ё на? Агар ҳаст, ба чӣ далел? Қароин ва далоиле дар кор ҳаст ё на? Албатта, ман намехоҳам иддаъо кунам, ки ҳар ғазале аз ғазалҳои Ҳофизро калима ба калима мешавад (тавҷеҳ кард), вале ин қадр қароин ҳаст, ки агар аҳёнан як шеъре ҳам бошад, ки нашавад бо қарина тавҷеҳ кард, ба далели ҳамаи ашъори дигар, он ҳам вазъаш равшан хоҳад шуд. Баъд арз хоҳем кард, ки шояд дар аксари ғазалҳои Ҳофиз, ки шеърҳои ин гуна дорад, худаш дар ҳамон шеърҳо қароине оварда, ки мақсуди ӯро равшан мекунад.

Ин қисмат аз баҳси мо инҷо тамом шуд, вале баҳси мо тамом нашуд. Тоза бояд вориди асли баҳси худамон бишавем, роҷеъ ба ирфони Ҳофиз, яъне он мактаби дигаре, ки Ҳофизро он тавр медонад, ва қароине, ки инҷо ҳаст, ки он қароин ин ашъори Ҳофизро тавҷеҳ мекунад, ва он гоҳ ирфониёти Ҳофиз.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Инҳоро албатта ин муфассирон намегӯянд, вале ман мегӯям. Инҳо чун мехоҳанд аз Ҳофиз тавҷеҳе барои майхорагии худашон пайдо кунанд, фақат ҳамон шеърҳои майхорагиро меоваранд, дар бораи шеърҳои дигар сукут мекунанд. Ман мегӯям, агар биност, ки мо ба завоҳири ашъори Ҳофиз амал кунем, яъне онҳоро бар мақсудаш ҳамл кунем, мактаби Ҳофиз ин аст, дастураш танҳо майхорагӣ ва шак дар қиёмат ва ин ҳарфҳо набуда, онҳо инро ҳам натиҷа дода. Ин Ҳофизе, ки ифтихори Эрон аст, ҷаҳонбиниаш он буда, дастурҳояш ҳам ин буда.

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: