Фалсафа ва равиши реализм (53)

Пайдоиши касрат дар идрокот (8)

Матни китоб:

Ва аз ҳаминҷо равшан мешавад, ки агар бихоҳем ба кайфияти такассурот ва танаввуъоти улум ва идрокот пай бибарем, бояд ба сӯйи асл мунъатиф шуда, идрокот ва улуми ҳузуриро баррасӣ намоем, зеро ҳамаи шохаҳо билохира ба ин реша расида ва аз вай сармояи ҳастӣ мегиранд. Илми ҳузурӣ аст, ки ба воситаи салби маншаияти осор, ба илми ҳусулӣ табдил мешавад.

Ва дар ин таъқиби назарӣ чун сару кори мо бо илми ҳузурӣ аст, яъне илме, ки маълуми вай бо воқеияти хориҷии худ — на бо сурат ва акс — пеши олим ҳозир аст, яъне олим бо воқеияти худ воқеияти маълумро ёфта ва бадеҳӣ аст, ки чизе ки ғайри мо ва хориҷ аз мост, айни мо ва дохили воқеияти мо нахоҳад буд ва ночор воқеияти ҳар чизро биёбем ё айни вуҷуди мо ва ё аз маротиби мулҳақаи вуҷуди мо бояд буда бошад (1), пас хоҳу нохоҳ бояд худамонро — яъне илми худамон ба худамонро — баррасӣ кунем.

Агар бо як нигоҳи соддаи беолоиш нигоҳ кунем, хоҳем дид, ки худамон (“ман”) аз худамон пӯшида нестем ва ин маълуми машҳуди мо – чунон ки дар мақолаи 3 гузашт — чизест воҳид ва холис, ки ҳеч гуна ҷузъ ва халит ва ҳадди ҷисмонӣ надорад.

Ва ҳангоме ки корҳоеро, ки дар доираи вуҷуди худамон иттифоқ афтода ва бо ирода ва идрок анҷом мегирад — монанди “диданам” ва “шуниданам” ва “фаҳмиданам” — билохира ҳамаи корҳое, ки бо қувваҳои даррока (идроккунанда) ва васоили фаҳм анҷом мегирад мушоҳида кунем, хоҳем дид, ки онҳо як ришта падидаҳое ҳастанд, ки ба ҳасби воқеият ва вуҷуд, бо воқеият ва вуҷуди мо марбут буда ва нисбат доранд ба наҳве ки фарзи инқитоъи нисбат ва фарзи нобудии онҳо яке аст. Масалан: агар аз мутобақи хориҷии калимаи “шуниданам” мутобақи хориҷии ҷузъи “-ам”-ро бардорем ё ҷудо кунем, дигар мутобақе аз барои бақияи калима надорем ва ин ришта корҳоро ҳамин бо худашон ташхис медиҳем (2), на бо чизе дигар, яъне худашонро бевосита мефаҳмем. Яъне “шунидани ман” ба худии худ “шунидани ман” аст, на ин ки дар оғози пайдоиш як падидаи маҷҳул буда ва пас аз он бо аксбардорӣ ва суратгирӣ фаҳмида мешавад, ки “шунидани ман” аст. Пас, воқеияти хориҷии ин ришта корҳо ва идроки онҳо якест, яъне бо илми ҳузурӣ маълум мебошад.

Ва ҳамчунин (3) қувваҳо ва абзорҳое, ки ба василаи онҳо ин корҳои маълуми бизззотро анҷом медиҳем ва ҳангоми истеъмол ба кор меандозем, дониста ба кор меандозем, на ин ки бо васоил ва қувваҳои дигаре кашф карда ва сипас ба кор андохта бошем. Мо тасарруфоти аҷибу латифе, ки дар мавқеъи идрокоти мухталифа дар аъзои идрок анҷом медиҳем, бе он ки ба ин тасарруфот ва хоссиятҳои ва осори онҳо ва аъзое, ки ин тасарруфот ба василаи онҳо анҷом мегирад илм дошта бошем ва ташхис диҳем, имконпазир нест, монанди аъмоли таҳрик ва қабзу баст, ки дар азулоти гуногун барои корҳои гуногуни дидан ва шунидан ва бӯидан ва ҷуз инҳо мекунем.

* * *

Таълиқот:

(1) Дар инҷо ба манот ва милоки илми ҳузурӣ ишора шудааст. Собиқан маънои илми ҳузурӣ ва фарқи он бо илми ҳусулиро баён кардем ва низ гуфтем, ки мабно ва маъхази тамоми илмҳои оддӣ ва тасаввурҳои маъмулӣ, ки аз онҳо ба илми ҳусулӣ таъбир мешавад илмҳои ҳузурӣ аст ва ҳамаи онҳо аз онҷо сарчашма мегиранд.

Ҳоло бояд бидонем, ки милоки илми ҳузурӣ чист? Яъне чӣ тавр мешавад, ки як шайъ барои нафси мо бо илми ҳузурӣ машҳуд мегардад? Собиқан гуфтем, ки милоки илми ҳузурӣ иртибот ва иттисоли вуҷудии воқеияти шайъи идрокшуда бо воқеияти шайъи идроккунанда аст.

Ҳоло бояд бидонем, ки ин иртибот ва иттисол ба чӣ наҳв аст ва чӣ навъ нисбат ва робитае байни олим ва маълум бояд буда бошад, то маншаи илми ҳузурии шуҳудӣ гардад.

Дар инҷо чанд назария аст:

а) Тамоми ҳолоти нафсонӣ ва аз он ҷумла тасаввурот ва афкор, хоссияти мустақими ташкилоти аъсоб ва мағз мебошанд ва моддӣ ҳастанд ва аз ин рӯ маконӣ ҳастанд ва метавонанд бо якдигар иҷтимоъ ва иртиботи маконӣ пайдо кунанд. Иллати ин ки мо ҳолоти нафсонии худро ҳузуран пеши худ шуҳуд мекунем ин аст, ки мо тасаввуре аз худ дорем (тасаввури “ман”) ва ин тасаввур, ки кайфиятест моддӣ ва маконӣ, бо соири ҳолоти нафсонӣ аз қабил лаззат ва андӯҳ ва ирода ва тасаввуроти дигари мо феълу инфиъоли моддӣ ва иҷтимоъ ва иртиботи маконӣ пайдо мекунанд. Ва ба иборати дигар: иттисоли вуҷудӣ пайдо мекунанд ва ҳамин иртибот ва иттисол аст, ки маншаи илми ҳузурии шуҳудӣ мешавад. Моддигароён маъмулан ин тавр назария медиҳанд.

Посухи ин назария ин аст, ки дар ин назария аввалан, байни тасаввури “ман”, ки илми ҳусулӣ аст ва ғайр аз маълум аст ва худи “ман”, ки илми ҳузурӣ аст ва айни маълум аст, фарқ гузошта нашудааст. Ва ин иштибоҳи бузургест, ки ҳамвора бояд аз он барҳазар буд. Сониян, ҳамон тавре ки дар мақолаи 3 баён шуд, идрокот моддӣ ва маконӣ нестанд ва дар моварои аъмоли махсуси асабӣ қарор доранд. Солисан, ҳамон тавре ки дар фалсафа таҳқиқ шудааст, иртибот ва иҷтимои маконии ду чиз наметавонад милоки ҳузури воқеии он ду чиз пеши якдигар воқеъ шавад. Зеро ду шайъи маконӣ ҳарчанд ҳеч фосилае байни он ду набошад, билохира ҳар як аз онҳо маконеро ишғол мекунанд ғайр аз макони дигарӣ ва ҳаргиз мумкин нест, ки ду шайъи маконӣ иҷтимои ҳақиқӣ дар макон пайдо кунанд, яъне воқеан ҳар дуи онҳо макони воҳидро ишғол кунанд.

Ҳаддиаксари иҷтимои маконии ду чиз ин аст, ки байни ду ниҳояти онҳо фосилае вуҷуд надошта бошад, балки як шайъи маконӣ низ чун қаҳран муштамил бар таҷассум ва буъд ва имтидод аст, ҳар ҷузъи мафрузе аз он, ҷузъе аз маконро ишғол мекунад ғайр аз он ҷузъи маконе, ки ҷузъи мафрузи дигари он шайъ онро ишғол кардааст ва дар ҳар ҷузъ боз аҷзоъе фарз мешавад, ки ҳама аз якдигар дур ва дар айни ваҳдати иттисолия, аз якдигар ғоибанд. Яъне як шайъи маконӣ низ аҷзоъ ва абъози мафрузааш иҷтимои ҳақиқӣ надоранд ва аз якдигар муҳтаҷаб ва пинҳонанд. Ва аз ин рӯ, “маконӣ будан” маноти эҳтиҷоб ва ғайбат аст, на маноти инкишоф ва ҳузур. Ва ин ки мо ҷаҳон ва аҷзоъи ҷаҳонро — бо ин ки ҳам аз лиҳози абъоди маконӣ ва ҳам аз лиҳози буъди замонӣ аз якдигар муҳтаҷаб ва пинҳонанд — ҳамаро дар ҷойи худ ва дар мартибаи худ бо ҳам метавонем дарк кунем, аз он ҷиҳат аст, ки нафс ва идрокоти нафсонии мо дорои абъоди маконӣ ва замонӣ нестанд, ва агар фаразан нафс низ як мавҷуди маконӣ ва қаҳран дорои аҷзоъ ва абъод мебуд, на метавонист аз худ огоҳ бошад ва на аз ашёи дигар.

б) Иллати илми ҳузурии ҳар кас ба худаш, ваҳдати олим ва маълум аст, ва аммо иллати илми ҳузурии ҳар кас ба ҳолоти нафсонии худаш, таъсири аносури руҳӣ дар якдигар аст. Тавзеҳ он ки: аносури руҳӣ ҳарчанд маконӣ нестанд, вале тардиде нест, ки дар якдигар таъсир ва нуфуз доранд.

Дар фалсафа ва равоншиносӣ таъсири аносури нафсонӣ — аз қабили авотиф ва ҳаяҷонот ва иштиёқ ва тасмим ва аҳком ва афкор — дар якдигар муҳаққақ ва мусаллам шинохта шудааст. Иллати илми ҳузурӣ ба ин ҳолоти нафсонӣ ҳамон таъсир ва нуфузи аносури руҳӣ дар якдигар аст. Яке аз ин аносури руҳӣ тасаввури “худ” ё “ман” аст. Дар асари таъсир ва пайвастагии ин унсур бо унсури дидан ва шунидан ва чашидан ва лаззат ва ранҷ ва ғайра, илми ҳузурӣ нисбат ба ин аносур ҳосил мешавад. Ин назария мансуб ба баъзе аз равоншиносони ҷадид аст.

Посухи ин назария ин аст, ки аввалан, дар ин назария низ байни воқеияти “ман” ва тасаввури “ман” дуруст фарқ гузошта нашуда. Сониян, навъи пайвастагӣ ва иртиботи умури нафсонӣ ба нафс дуруст ташхис дода нашудааст. Тавзеҳ ин ки: пайвастагии ду чиз бо якдигар, ба ду наҳв мумкин аст фарз шавад: яке ин ки ҳар як аз онҳо аз худ воқеияте ва вуҷуди мустақил доранд ва фақат хоссияти пайвастагӣ пайдо мекунанд ва ба фарзи ин ки хоссияти пайвастагӣ мунқатеъ шавад, воқеият он “ду пайваста” маҳфуз ва фақат хоссияти пайвастагии онҳо аз байн меравад, ва аз ин қабил аст таъсироти мутақобиле, ки байни аҷзоъи табиат дар табиат аст.

Яке дигар ин ки пайвастагӣ айни вуҷуд ва воқеияти яке аз ин ду нисбат ба дигаре буда бошад, на ин ки ҳар як аз ин ду вуҷуд ва воқеияте дошта бошанд ва пайвастагӣ хоссияти онҳо бошад. Ин навъ пайвастагӣ аз қабили пайвастагии фаръ ба асл ва маълул ба иллат аст. Ҳар маълуле нисбат ба иллати эҷодии худаш ин тавр аст, ки дар дараҷаи аввал аз худ воқеияте надорад, ки дар дараҷаи дуввум бо иллат пайвастагӣ пайдо кунад, балки асли вуҷуд ва воқеияти вай ва пайвастагии вай якест, ва ба истилоҳи Садрулмутааллиҳин, вуҷуд ва воқеияташ айни иртибот ва интисоб ва таъаллуқ ба иллат аст. Ин навъ иртибот ва интисоб албатта аз як тараф хоҳад буд, на аз ду тараф, ва ба истилоҳ “пайвастагии мутақобил” нест. Яъне мумкин нест, ки ду чиз ҳар ду нисбат ба якдигар ин тавр бошанд ва ҳар ду айни иртибот ва интисоб ба якдигар бошанд, балки қаҳран яке аз ин ду вуҷуди мустақил ва мустағнӣ ва дигарӣ вуҷуди ниёзманд ва рабтӣ хоҳад дошт, бар хилофи қисми аввал, ки мутақобил ва тарафайнӣ буд.

Мутолеаи ҳузурии амиқ ва тафаккури дақиқ дар вазъи иртибот ва интисоби умури нафсонӣ ба нафс, ба хубӣ равшан мекунад, ки аз қабили қисми дуввум аст, на қисми аввал. Ҳамон тавре ки дар матн ишора шуда, дидани ман ва шунидани ман ва лаззати ман ба наҳве аст, ки агар мутобақи калимаи “-ам”-ро аз онҳо бигирем, на ин аст, ки фақат хоссияти пайвастагии “дидани ман” бо “ман” аз байн меравад ва “дидани мутлақ” боқӣ мемонад, балки фарзи инқитоъи нисбат байни “ман” ва “диданам” айни фарзи инъидом ва нобудии мутлақи он дидан аст.

в) Дар тамоми илмҳои ҳузурӣ ҳамвора олим айни маълум аст; ба ин маъно, ки ҳар як аз ҳолоти нафсонӣ ва андешаҳо ва эҳсосот, ҳам олим аст ва ҳам маълум ва ҳар як аз онҳо худаш худашро дарк мекунад. Бисёре аз фалосифа ва равоншиносони ҷадид ин назарияро доранд.

Посух ин назария равшантар аст. Зеро аввалан, ҳар кас ба таври вузуҳ худро як воҳид меёбад, ки мебинад ва мешунавад ва ранҷ мекашад ва лаззат мебрад. Ва сониян, ҳар як аз ин ҳолотро дар ҳоли таъаллуқ ва интисоб ва иртибот ба воқеияти дигаре, ки аз он ба воқеияти “ман” таъбир мешавад меёбад.

г) Милоки илми ҳузурӣ, ҳузури воқеии чизе пеши чизе аст, ва ин ҳузури воқеӣ дар ҷойе муҳаққақ мешавад, ки пойи вуҷуди ҷамъӣ дар кор бошад ва абъод ва фавосили маконӣ ва замонӣ, ки аз хасоиси модда аст дар кор набошад.

Тавзеҳ он ки: ҳар мавҷуде, ки вуҷуди маконӣ ва замонӣ надошта бошад ва аз абъод ва имтидодот ва фавосил, ки маноти тафарруқ ва ғайбат аст барӣ бошад (“муҷаррад” ба истилоҳи фалсафа), қаҳран вуҷуди худаш аз худаш ва вуҷуди он чӣ бо вай иттисол ва пайвастагии зотӣ дошта бошад (қисми дуввуми пайвастгӣ, ки дар боло шарҳ дода шуд), аз худаш пинҳон нест ва қодир аст худро ва он чӣ бо вай пайвастагии зотӣ дорад, дарёбад ва ҳузуран виҷдон кунад. Ба иборати дигар: милоки илми ҳузурӣ ин аст, ки воқеияти маълум аз воқеияти олим муҳтаҷаб ва пинҳон набошад ва ин ҳангоме муҳаққақ хоҳад буд, ки пойи абъод ва имтидодоти маконӣ ва замонӣ дар кор набошад, хоҳ он ки воқеияти олим ва маълум ваҳдати ҳақиқӣ дошта бошанд — мисли илми ҳузурии нафс ба худ — ва ё ин ки маълум фаръ ва вобастаи вуҷудии вай бошад — мисли илми ҳузурии нафс ба осор ва аҳволи худ. Пас, ҳамон тавре ки дар матн баён шуда, “мо воқеияти ҳар чизро (бо илми ҳузурӣ) биёбем ё айни мо ва ё аз маротиби мулҳақаи вуҷуди мо бояд буда бошад.” Муҳаққиқини фалосифаи исломӣ ин назарияро интихоб кардаанд ва касе, ки беш аз ҳама дар ин боб таҳқиқоти некӯ карда, Садрулмутааллиҳин аст.

* * *

(2) Ғолибан касоне, ки аз методҳо ва равишҳои гуногуни мутолеаи ашё, ки дар улуми мухталиф маъмул аст огоҳӣ надоранд, хиёл мекунанд, ки танҳо равиш ва ягона услуби саҳеҳи мутолеаи мавҷудот ҳамон равиши таҷрибӣ аст ва танҳо назарияе қобили қабул аст, ки битавон онро бо озмоиш ва таҷриба таъйид кард ва он чиро аз ин қабил нест ҷузъи фарзиёти хиёлбофона бояд шумурда шавад. Ва чун назарияи фавқ гувоҳӣ аз таҷриба надорад ва дар озмоишгоҳҳо ва лабараторияҳо таъйид нашудааст ва амалан дар хориҷ наметавон онро нишон дод, пас қобили қабул нест.

Мо феълан наметавонем вориди баёни равишҳо ва услубҳои гуногун, ки дар улуми мухталиф маъмул аст, бишавем. Ҳамин қадр дар мақоми посух ба ин шубҳаи кӯдакона мегӯем, ба иттифоқи донишмандон, мо барои ташхиси умури зеҳнӣ ва аъмоли нафсонӣ ва кайфият ва наҳваи вуҷуди онҳо, ҳеч роҳе беҳтар аз муроҷеаи мустақим ба замири худ ва “дарунбинӣ” надорем ва ин наҳваи мутолеа агар бо таҷҳизоти мантиқӣ ва фалсафии комили шахси мутолеакунанда тавъам бошад, ба натоиҷи қатъӣ ва яқинӣ мерасонад.

Равоншиносии ҷадид дар миёни равишҳои гуногуне, ки ба кор мебарад, ин равишро, ки ба унвони “равиши дохилӣ” ё “равиши зеҳнӣ” ё “дарунбинӣ” ё “донистани биловосита” хонда мешавад, ба унвони аслитарини равишҳо мешиносад.

Фелисин Шоле дар “Методология” фасли “Равоншиносӣ” мегӯяд:

Ҳаводиси моддӣ чун дар “макон” ҷой дорад, ба василаи ҳавосс шинохта мешавад ва мардуми бисёре метавонанд онҳоро дарёбанд, масалан хуршедро ҳама мебинанд ва гармии онро ҳама ҳисс мекунанд, аммо ҳаводиси нафсонӣ чун дар “макон” воқеъ нест, ба воситаи ҳавосс ҳам шинохта намешавад, фақат он чӣ онҳоро дармеёбад ҳамон виҷдон аст, чунон ки аз ғавғое, ки дар андаруни мани хастадил рух медиҳад ва ҳукме, ки мекунам ва тасмиме, ки мегирам, танҳо худи ман виҷдон ва огоҳӣ дорам ва ин ҳаводиси руҳиро мустақиман фақат виҷдони худи шахс метавонад дарёбад.”

* * *

(3) То инҷо се навъ илми ҳузурӣ баён шуд:

а) Илми ҳузурии нафс ба зоти худ;

б) Илми ҳузурии нафс ба корҳое, ки дар доираи вуҷудаш иттифоқ меафтад;

в) Илми ҳузурии нафс ба қувваҳо ва абзорҳое, ки ба василаи онҳо ин корҳоро анҷом медиҳад.

Нуктае, ки дар инҷо эҳтиёҷ ба тавзеҳ ва тазаккур дорад ин аст, ки дар мушоҳидаи осор ва афъол (қисми дуввум) ва ҳамчунин мушоҳидаи қувваҳо ва абзори нафсонӣ (қисми севвум), аз он ҷиҳат, ки ин падидаҳо аз мулҳақот ва маротиби вуҷуди “ман” ҳастанд ва ба ҳасби воқеият ва вуҷуд бо воқеият ва вуҷуди “ман” пайваста ҳастанд ба тавре ки вуҷудашон айни изофа ва нисбат аст ва фарзи инқитоъи нисбат айни фарзи нобудии онҳост, ҳеч гоҳ мутасаввар нест, ки зеҳн ин ду қисмро ҷудо аз шуҳуди худи “ман” шуҳуд кунад. Масалан: онҷо, ки зеҳн дидани худро шуҳуд мекунад, чун дидани худро шуҳуд мекунад (диданам бо изофа ба “-ам”), на дидани мутлақро, пас шуҳуди дидани худ ҳамвора мулозим аст бо шуҳуди худ.

Мо дар поварақиҳои мақолаи 3 истидлоли маъруфи Декортро (“Меандешам, пас ҳастам”), ки аз вуҷуди андеша бар вуҷуди нафс истидлол мекунад, махдуш донистем ва гуфтем, инсон дар марҳилаи қабл аз он, ки вуҷуди андешаро дар худ биёбад, вуҷуди худро меёбад ва худи Декорт, ки мегӯяд, “меандешам”, маълум мешавад, ки андешаи мутлақро наёфта, балки андешаи муқайядро (бо изофа ба “-ам”, меандеш-ам) ёфта, пас қабл аз он ки андешаи худро биёбад, худро ёфтааст.

Аҷиб ин аст, ки баъзе аз донишмандони Урупо ва баъзе аз донишмандони эронӣ, ки дар осори Ибни Сино мутолеоте доранд, гумон кардаанд, ки бурҳони маъруфи “инсони муъаллақ дар фазо”, ки Шайхурраис барои исботи таҷарруди нафс иқома карда, бо бурҳони маъруфи Декорт якест ва бурҳони Декорт айнан муттахаз аз Ибни Синост.

Яке донистани ин ду бурҳон иштибоҳи бузургест, зеро Ибни Сино аз тариқи мушоҳидаи биловосита ва мустақими худи нафс (қисми аввал аз ақсоми илми ҳузурӣ) ворид шуда ва Декорт аз тариқи шуҳуди осори нафсонӣ (қисми дуввум) ворид шуда ва вуҷуди андешаро восита ва мабно қарор дода ва онро далел бар вуҷуди нафс гирифтааст.

Аҷибтар он ки ин донишмандон диққат накардаанд, ки Ибни Сино дар “Ишорот” ба тариқаи Декорт ва бутлони он ва роҳи бутлони он тасреҳ мекунад ва онро махдуш медонад. Вай дар намати севвуми “Ишорот” пас аз он ки бурҳони маъруфи “инсони муъаллақ дар фазо”-ро баён мекунад, таҳти унвони “ваҳмун ва танбеҳун” мегӯяд:

Мумкин аст ту бигӯӣ: ман зоти худро биловосита шуҳуд намекунам, балки аз роҳи асар ва феъли ӯ ба вуҷуди ӯ пай мебарам. Дар ҷавоб мегӯем: аввалан, бурҳони мо далолат мекард, ки инсон қатъи назар аз ҳар феъл ва ҳаракате худро меёбад. Сониян, ҳангоме ки феъл ва асаре шуҳуд мекунӣ ва мехоҳӣ онро далел бар вуҷуди худ қарор диҳӣ, оё феъл ва асари мутлақро мебинӣ ё феъли муқайяд яъне феъли худро (бо изофаи “-ам”)? Дар сурати аввал наметавонӣ натиҷа бигирӣ “пас ман ҳастам”, зеро феъли мутлақ далел бар фоъили мутлақ аст, на фоъили шахсӣ (“ман”), ва дар сурати дуввум пас ту қабл аз он ки феълро шуҳуд кунӣ ва лоақал дар ҳине, ки феъли худро шуҳуд мекунӣ, худро шуҳуд мекунӣ, пас лоақал дар ҳини ин ки вуҷуди феъл бар ту собит аст, вуҷуди худро собит ва муҳаққақ мебинӣ.”

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: