Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (16) – Паёмбарӣ (2)

Мӯъҷизаҳои дигари ҳазрати Муҳаммад (с)

Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ғайр аз Қуръон мӯъҷизаҳои дигаре ҳам дорад, ки ба гунаи мухтасар баъзеи онҳоро аз назар мегузаронем:

а) Шикофта шудани моҳ: Худои Субҳон мефармояд:

اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَانشَقَّ الْقَمَرُ. وَإِن يَرَوْا آيَةً يُعْرِضُوا وَيَقُولُوا سِحْرٌ مُّسْتَمِرٌّ

Он соат наздик омад ва моҳ шикофта шуд. Ва агар кофирон оят ва мӯъҷизае ҳам бибинанд, боз рӯй гардонда ва мегӯянд: ин сеҳре комил аст. (Сураи Қамар, оятҳои 1 ва 2)

Ба иттифоқи аксари муфассирон, боре мушрикон дар назди Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) гирд омаданд ва гуфтанд: “Агар ростгӯ бошӣ, пас барои мо моҳро ба ду қисмат бишкоф.” Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: “Агар ман ин корро анҷом бидиҳам, имон хоҳед овард?” Гуфтанд: “Оре”. Он шаб шаби моҳи чаҳордаҳ буд. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз парвардигори хеш дархост намуд, ки он чиро мушрикон мехоҳанд бикунад. Он гоҳ моҳ ба ду қисмат гардид ва Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нидо мезад: “Эй Фалон! Эй Фалон! Бибинед!” (Тафсири Розӣ, ҷ.7, с.748, Тафсири “Кашшоф”, ҷ.3, с.181)

б) Исро ва меъроҷи Паёмбар (с): Худои Субҳон мефармояд:

سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلاً مِّنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آيَاتِنَا إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ البَصِيرُ

Пок ва муназзаҳ аст Худое, ки дар як шаби мубораке бандаи худ (Муҳаммад (с))-ро аз масҷиди ҳаром (Маккаи Мукаррама) ба масҷиди ақсо, ки перомунашро муборак ва пурнеъмат сохт сайр дод, то оятҳо ва асрори ғайби худро ба ӯ бинумоёнад, ки Худо ба ҳақиқат шунаво ва (ба умури ғайб ва шуҳуди олам) биност.” (Сураи Исро, ояти 1)

в) Ахбори ғайбӣ: Қуръони Карим ҳангоме ки Эрон Румро дар соли 615 мелодӣ шикаст дод ва мӯҷиби хушҳолии Қурайш шуд, бо қотеияти комил гуфт, дар камтар аз даҳ соли дигар Рум Эронро шикаст хоҳад дод:

غُلِبَتِ الرُّومُ. فِي أَدْنَى الْأَرْضِ وَهُم مِّن بَعْدِ غَلَبِهِمْ سَيَغْلِبُونَ. فِي بِضْعِ سِنِينَ لِلَّهِ الْأَمْرُ مِن قَبْلُ وَمِن بَعْدُ وَيَوْمَئِذٍ يَفْرَحُ الْمُؤْمِنُونَ

Румиён мағлуб шуданд дар ҷанге, ки дар наздиктарин замин воқеъ шуд ва онҳо пас аз мағлуб шудани кунунӣ, ба зудӣ бар эрониён боз ғалаба хоҳанд кард тайи чанд соли баъд.” (Сураи Рум, оятҳои 2 то 4) Бар рӯйи ин қазия миёни баъзе аз мусалмонон ва баъзе кофирон шартбандӣ шуд ва баъд ҳамон тавр шуд, ки Қуръон хабар дода буд.

Қуръони Карим ҳамчунин бо қотеияти комил хабар дод, он кас, ки Паёмбарро “абтар” (бенасл) мехонад, худаш “абтар” аст ва дар воқеъ он шахс, ки дар он рӯз фарзандоне дошт, ба тадриҷ дар тӯли ду се насл комилан аз байн рафтанд.

Ва садҳо дигар мӯъҷизаҳо аз он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нақл шудааст, ки ин навиштор гунҷоиши ҳамаи онҳоро надорад.

Башорат ба Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)

Акнун мепардозем ба баҳс перомуни дуввумин роҳи исботи ҳаққонияти нубуввати паёмбар, ки иборат аст аз башорат ба нубуввати ӯ аз сӯйи паёмбарони пешин.

Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар яҳуду насоро чунин эҳтиҷоҷ менамуд, ки башорат ба ӯ дар китоби Аҳдайн (Таврот ва Инҷил) омадааст ва ҳазрати Мӯсо ва Исо (Алайҳимас салом) паёмбарии ӯро мужда додаанд ва мегуфт, ки агар аҳли китоб ба китобҳояшон — ҳатто баъд аз таҳриф шуданаш — муроҷеа кунанд, он башоратҳоро пайдо хоҳанд кард. Дар Қуръони Карим омадааст:

الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَعْرِفُونَهُ كَمَا يَعْرِفُونَ أَبْنَاءهُمْ وَإِنَّ فَرِيقاً مِّنْهُمْ لَيَكْتُمُونَ الْحَقَّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

Гурӯҳе, ки Мо бар онҳо китоб фиристодем (яъне аҳли китоб), Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро ба хубӣ мешиносанд ба ҳамон сурат ки фарзандони худро мешиносанд, вале гурӯҳе аз онон аз роҳи инод ҳақро пинҳон мекунанд, дар сурате, ки илм ба он доранд.” (Сураи Бақара, ояти 146)

Ва ҳам омадааст:

الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِندَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُم بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَآئِثَ

Онон, ки пайравӣ мекунанд Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва пайғамбари уммӣ (дарснахонда)-ро, ки дар Таврот ва Инҷил, ки дар дасти онҳост (ному нишон ва авсофашро) нигошта мебинанд (ки он Расул) онҳоро амр ба ҳар некӣ ва наҳй аз ҳар зиштӣ хоҳад кард…” (Сураи Аъроф, ояти 157)

Ва ҳам дар Қуръон омадааст:

وَإِذْ قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُم مُّصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّرًا بِرَسُولٍ يَأْتِي مِن بَعْدِي اسْمُهُ أَحْمَدُ فَلَمَّا جَاءهُم بِالْبَيِّنَاتِ قَالُوا هَذَا سِحْرٌ مُّبِينٌ

Ва ёд ор ҳангоме ки Исо ибни Марям ба Бани Исроил гуфт: ман расули Худо ба сӯйи шумо ҳастам ва ҳаққонияти китоби Тавротро, ки дар баробари ман аст тасдиқ мекунам ва низ шуморо мужда медиҳам, ки баъд аз ман расули бузургворе, ки номаш Аҳмад аст биёяд…” (Сураи Сафф, ояти 6)

Инак, нигоҳе меандозем ба китоби Инҷили имрӯза, ки оё дар он — ҳарчанд таҳрифшуда аст — метавон чизе пайдо кард, ки башорат ба ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бошад:

1. Агар Маро дӯст доред, аҳкоми маро риоят хоҳед кард. Ва Ман аз Падар илтимос хоҳам кард ва Ӯ ба шумо “Пуштибон”-и дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад. (Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 14, шумораи 15 ва 16)

2. Лекин “Пуштибон”, яъне Руҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард. (Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 14, шумораи 26)

3. Лекин чун “Пуштибон”, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Руҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод. Зеро, ки аз ибтидо бо Ман будаед. (Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 15, шумораи 26 ва 27)

4. Лекин ба шумо рост мегӯям: рафтани Ман барои шумо беҳтар аст, зеро, ки агар Ман наравам, “Пуштибон” назди шумо нахоҳад омад ва агар биравам, Ӯро назди шумо мефиристам. Ва чун Ӯ ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам хоҳад кард. (Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 16, шумораи 7 ва 8)

5. Лекин чун Ӯ, яъне Руҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард, зеро, ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод. (Библия, Аҳди ҷадид, Инҷили Юҳанно, боби 16, шумораи 13)

* * *

Ҳол, мо аз куҷо мегӯем, ин башоратҳо марбут ба ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мебошанд?

Бо таваҷҷӯҳ ба нукоти зерин, матлаб равшан хоҳад шуд:

1. Аввалан, шакке нест, ки Масеҳ (Алайҳис салом) бо забони ибрӣ сухан мегуфта;

2. Сониян, тамоми муаррихон иттифоқи назар доранд, ки Инҷилҳои сегона (Марқус, Луқо ва Юҳанно) аз ҳамон рӯзҳои аввал ба забони юнонӣ навишта шудаанд ба ҷуз Инҷили Матто, ки ба забони ибрӣ навишта шуда буд;

3. Дар ин ҳақиқат ҳам тардиде нест, ки Масеҳ (Алайҳис салом) башорати худро ба забони ибрӣ гуфта буда, вале котиби Инҷил (яъне Юҳанно) онро ба юнонӣ баргардонда. Бар ин котиб воҷиб буд, ки лафзро — ҳарчанд ба забони ибрӣ бошад ҳам — бе ҳеч дахлу тасарруф бикӯчонад, на ин ки тарҷумааш кунад. Лекин Юҳанно онро тарҷума карда.

4. Ҳоло бибинем Юҳанно онро ба юнонӣ чӣ тарҷума кардааст? Тарҷумаи ӯро метавон ба ду сурат хонд: ё “Параклетос” (IIAPAKAHTOE = Paracletos) ва ё “Периклотес” (IIEPIKAHOTE = Pericletos). Аввалӣ ба маънои “таслиятбахшанда”, “пуштибон” ва “такягоҳ” мебошад ва дуввумӣ ба маънои “писандида” ва “маҳмуд” аст, ки муродиф аст бо калимаи “Аҳмад”.

5. Муфассирон ва мутарҷимони Инҷилҳо исрор доранд, ки мурод маънои аввалист (ки ба ҳамин хотир тарҷумони тоҷикии Бибилия низ, ки шахсе ба номи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев мебошад, онро ба “Пуштибон” тарҷума кардааст). Ва ҳам исрор мекунанд, ки мурод аз “Пуштибон” Руҳул-қудс аст, яъне ҳамон касе, ки баъд аз фуқдони Масеҳ (Алайҳис салом) бар Ҳаввориён нозил шуд.

6. Агар дар суханони ҳазрати Масеҳ (Алайҳис салом) бештар диққат ба амал ояд, комилан равшан мешавад, ки муроди ӯ аз ин шахс, Паёмбари Хотам (с) мебошад. Зеро, ки ҷумлаҳое чун “…пуштибоне дигаре ато хоҳад кард то ки ҳамеша бо шумо бимонад” ва “…ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард” ва “Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод” ва “Ва чун Ӯ ояд, ҷаҳонро бар гуноҳ (ин ки чаро бар гуноҳ, зеро ки ба Ман имон намеоваранд) ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам хоҳад кард” ва “шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ хоҳад кард. Зеро, ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод” ва… ба равшанӣ гӯёи ин ҳастанд, ки ин шахси башоратшуда инсоне мисли худи Масеҳ (Алайҳис салом) аст, на вуҷуде ғайри инсонӣ. Ва агар гуфта шавад, ки дар ҳамин суханон аз ӯ ба “Руҳи ростӣ” низ таъбир шуда, гӯем: маънои ин калима он аст, ки ӯ дорои руҳи ростист, ки бе тардид дар мавриди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дуруст меояд.

7. Агар мурод он бошад, ки масеҳиён мегӯянд, аз онҳо суол мешавад, ки ин “Руҳул-қудс”, ки мегӯед, чӣ касест? Чун худатон дар баъзе маворид худи Масеҳ (Алайҳис салом)-ро ба Руҳул-қудс мехонед. Оё ӯ худи Масеҳ аст ё шахси дигар?

Ба ҳар ҳол, ҳамаи ин гуфтаҳои мо бо таваҷҷӯҳ ба ин аст, ки ин Инҷилҳо таҳрифшуда мебошанд ва мо намедонем, ки дар ин гуфтаҳои Масеҳ (Алайҳис салом) чӣ таҳрифҳое ба амал омада ва чӣ ҷумалот ва чӣ калимоте изофа ва ё аз он кам карда шудааст?

Илова бар ин, Инҷили дигаре ҳам ҳаст, ки масеҳиён онро эътироф намекунанд дар ҳоле ки ҳеч далеле бар инкори он надоранд. Ва он Инҷил, Инҷили “Барнобо” мебошад. Барнобо низ яке аз Ҳаввориёни машҳур аст. Фарқи ин Инҷил аз Инҷилҳои боқимонда дар ин аст, ки:

— Худо будани Масеҳро ва ин ки писари Худо бошад инкор мекунад;

— Забеҳро Исмоил медонад, на Исҳоқ;

— Масеҳи мунтазарро “Муҳаммад” медонад ва ин исм ба гунаи равшан дар ин Инҷил зикр гардидааст;

— Дар ин Инҷил гуфта нашудааст, ки Масеҳ ба салиб кашида шуда, балки мегӯяд Масеҳ ба осмон бурда шуд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: