Шарҳи Маснавӣ (146)

Пой вопас кашидани харгӯш аз шер чун наздики чоҳ расид (1)

* * *

Чунки назди чоҳ омад шер, дид,

К-аз раҳ он харгӯш монду по кашид.

Ҳамин ки шер наздики чоҳ расид, дид, ки харгӯш истода ва пойи худро вопас кашидааст. (Харгӯш амдан аз шер ақибтар монд, то битавонад ҳилаи худро беҳтар кор бандад.)

Гуфт: по вопас кашидӣ ту чаро?

Пойро вопас макаш, пеш андаро!

Шер, ки ҳолати харгӯшро дида буд, пурсид: эй харгӯш! Чаро ақиб истодаӣ? Гом ба ақиб магзор ва ҷилав биё!

Гуфт: ку поям? Ки дасту пой рафт,

Ҷони ман ларзиду дил аз ҷой рафт.

Харгӯш дар посухи шер гуфт: поям куҷо буд? Дасту поям аз кор афтодааст. Ҷонам аз тарс меларзад ва дилам аз ҷо канда шудааст.

Ранги рӯямро намебинӣ чу зар?

З-андарун худ медиҳад рангам хабар.

Магар намебинӣ, ки рангу рӯям мисли тилло зард шудааст? Ранги рухсор хабар медиҳад аз ҳоли дарун.

Ҳақ чу симоро муарриф хондааст,

Чашми ориф сӯйи симо мондааст.

Аз онҷо, ки Ҳақ Таъоло симо ва рухсораро нишондиҳандаи аҳволи дарун дониста, аз ин рӯ орифони раббонӣ аз дидани чеҳра ва нишонаҳои зоҳирии ашхос рози даруни ононро мешиносанд.

Симо: нишонаҳо ва аломатҳои сурат аз рангу шакл.

Нукта: Ишорат аст ба қисмате аз ояти 46 сураи Аъроф:

وَعَلَى الأَعْرَافِ رِجَالٌ يَعْرِفُونَ كُلاًّ بِسِيمَاهُمْ

Ва бар ҷойгоҳи Аъроф мардоне нишастаанд, ки ба симояшон шиносанд…” Ва ҳамчунин ишорат дорад ба ояти 29 сураи Фатҳ.

Рангу бӯ ғаммоз омад чун ҷарас,

Аз фарас огаҳ кунад бонги фарас.

Рангу бӯ яъне алоими зоҳирӣ монанди зангӯла дарунро ошкор мекунад. Ҳамин тавр садои асп низ нишон медиҳад, ки аспе вуҷуд дорад.

Ҷарас: занг, занге, ки бар гардани чаҳорпоён афкананд. Фарас: асп.

Бонги ҳар чизе расонад з-ӯ хабар,

То бидонӣ бонги хар аз бонги дар.

Садои ҳар чизе аз зот ва даруни он чиз хабар медиҳад, то битавонӣ садои дарро аз бонги хар ташхис диҳӣ.

Нукта: Дар чаҳор байти ахир ин матлаб баён шуд, ки ҳамаи ҳаракот ва рафторҳо ва инъикосоти хориҷии инсон ношӣ аз аҳволи дарунии ӯст. Ва агар бо назаре тез ва зеҳне дақиқ бад-ин осор нигариста шавад, завоё ва хабоёи замири одамиён ошкор ояд. Ҳарчанд ки шахс бикӯшад, то ботини худро бипӯшад, боз аз назари тези ковандагони жарфбин пӯшида намонад. Мавлоно дар абёти ахир барои тафҳими ин матлаб чанд мисоли ҳиссӣ монанди рангу бӯ ва садои асп ва бонги хар баён кард. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.418)

Гуфт пайғамбар: ба тамйизи касон

“Маръу махфийюн ладо таййил-лисон.”

Ҳазрати Паёмбар (с) дар бораи ташхиси аҳволи одамиён фармудааст: “Одамӣ дар зери забони худ пинҳон аст.” (Зеро забон тарҷумони дил аст.)

Ранги рӯ аз ҳоли дил дорад нишон,

Раҳматам кун, меҳри ман дар дил нишон.

Ранги рухсор хабар медиҳад аз ҳоли дарун, бар ман раҳме овар ва муҳаббатамро дар дилат ҷой деҳ.

Нукта: Мисроъи аввал тадоъикунандаи зарбулмасали: “Ранги рухсора хабар медиҳад аз сирри замир” ва ё “Ранг бину ҳол пурс” аст.

Ранги рӯйи сурх дорад бонги шукр,

Бонги рӯйи зард дорад сабру нукр.

Дар олами маҳсусот ва ҷаҳони машҳудот ҳар чизе нишоне дорад. Масалан, чеҳраи сурх далолат мекунад бар хушии аҳвол ва ин мусталзими шукру сипос аст. Ва ранги зард нишони ғаму андӯҳ ва ранҷурӣ аст, ки дар баъзе афрод мӯҷиби сабру шикебоӣ мешавад ва дар баъзе мӯҷиби куфру носипосӣ.

Нукр: нохуш ва ношоиста

Дар ман омад он ки дасту по барад,

Ранги рӯву қуввату симо барад.

Бар ман чизе ориз шуд, ки дасту поямро суст кард ва ранги рухсора ва нерӯ ва ҷилваамро дигаргун кард.

Нукта: Ин байт ишорат дорад ба ин ки ҳар гоҳ одамӣ дар бораи шери марг биандешад ва маргро наздик бинад, ба афсурдагӣ ва пажмурдагӣ гарояд, магар аҳли имон ва яқин. Мавлоно дар абёти зайл аҳволи маргро аз забони харгӯш баён медорад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.419)

Он кӣ дар ҳарчӣ дарояд, бишканад,

Ҳар дарахт аз беху бун ӯ барканад.

Он чизе, ки бар ҳар чиз ориз шавад, дарҳамаш мешиканад ва ҳар дарахтеро аз реша бармеандозад ба ман наздик шуд.

Дар ман омад он ки аз вай гашт мот

Одамиву ҷонвар, ҷомид, набот.

Бар ман чизе ориз шуд, ки агар бар ҳар як аз одамиён ва ҷонварон ва ҷамодот ва гиёҳон дармеомад, оҷизу дармонда мешуданд ва чорае ҷуз таслим надоштанд.

Мот: саргардон ва осемасар, саргашта, гирифтории шоҳи шатранҷ.

Нукта: Марг ҳеч тафовуте миёни мавҷудот қоил нест. Бар ҳама ҷараён меёбад ва ҳатто гарданкашонро низ ба зону дармеоварад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: