Фалсафа ва равиши реализм (54)

Пайдоиши касрат дар идрокот (9)

Матни китоб:

Ишкол ва посух:

Албатта, барои нахустин бор бо шунидани ин сухан, ба зеҳни инсон хутур мекунад, ки агар ин тавр буд, инсон ё ҳар мавҷуди зиндаи дигар, дар оғози пайдоиши худ ҳамаи аъзо ва аҷзои вуҷуди худро то охирин ҳадди ҳақиқияш мефаҳмид, дигар ниёзе ба ин ҳама ковишҳои дуру дарози илмии донишмандон набуд.

Вале бояд мутазаккир шуд, ки сухани мо дар илми ҳузурӣ аст, на дар илми ҳусулӣ. Он чиро, ки мо бо баёни гузашта гуфтем, ки “инсон медонад”, бо илми ҳузурӣ медонад, ва он чиро, ки донишмандон бо ковишҳои илмӣ ба даст меоваранд, илми ҳусулӣ (1) аст. Ва аз ин рӯй, комилан эҳтимол медиҳем, ки ҳамаи корҳои баданӣ дар мавҷуди зинда, корҳои илмӣ ва иродӣ буда бошанд, ҳатто корҳои табиӣ ва мизоҷӣ низ дар ин сафф қарор гиранд, чунон ки иттифоқоти зиёде ба сиҳҳати ин назар шаҳодат медиҳанд, агарчи феълан бурҳоне барои исботи ин назар дар даст надорем.

Ба ҳар ҳол бояд гуфт: мо бо илми ҳузурӣ, ба худамон ва қувваҳо ва аъзои даррокаи худамон ва афъоли иродии худамон илм дорем ва дар пеш (мақолаи 4) гуфта шуд, ки маҳсусот бо воқеияти худ дар ҳавосс мавҷуданд ва ин низ як наҳв илми ҳузурӣ буд (2), агарчи миёни ӯ ва соири илмҳои ҳузурӣ бе фарқ нест, вале бояд донист, ки ин илми ҳузурӣ (чаҳор қисми мазкур) худ ба худ наметавонад илми ҳусулӣ бор оварад, пас ба ҷойи дигаре бояд даст дароз намуд.

Ҳамон қувва (3), ки бар рӯйи падидаи ҳиссӣ омада ва аҷзои сурати ҳиссӣ ва нисбатҳо миёни аҷзоъро ёфта ва ҳукм мекард (чунон ки дар мақолаи 4 баён шуд), ин маълумотро меёфт, дар ҳоле ки осори хориҷӣ надоштанд, яъне суратҳое буданд, ки маншаи осори хориҷӣ набуданд, яъне пеши ин қувва бо илми ҳусулӣ маълум буданд. Пас, кори ин қувва таҳияи илми ҳусулӣ буда дар ҷойе, ки дастрасӣ ба воқеияти шайъ пайдо карда ва иттисол ва робитаи моддӣ дуруст намояд. Ва аз тарафи дигар, мо аз худамон мушоҳида мекунем, ки худамон (воқеияти “ман”) дар айни ҳол, ки ба худамон равшан ҳастем, ҳамаи ақсоми идрокот (ҳиссӣ, хиёлӣ, куллӣ, муфрад, мураккаб, тасаввурӣ, тасдиқӣ)-ро дар худамон, ки як воҳиди ҳақиқӣ ҳастем, меёбем (ман манам, ман мебинам, ман мешунавам, ман ин маҳсусро идрок мекунам, ман ин сафедро ширин меёбам, ман ин хиёлро мефаҳмам, ман ин тасдиқ ва ҳукмро менамоям) ва аз ин роҳ қувваи номбурда (табдилкунандаи илми ҳузурӣ ба илми ҳусулӣ) ба ҳамаи ин улум ва идрокоти ҳузурӣ як наҳв иттисол дорад ва метавонад онҳоро биёбад, яъне табдил ба падидаҳои беасар намуда ва илми ҳусулӣ бисозад. Акнун бояд дид, ки оғози кор вай аз куҷост?

* * *

Таълиқот:

(1) Посух шубҳаи боло аз он чӣ, ки собиқан дар мақоми фарқ миёни илми ҳузурӣ ва илми ҳусулӣ гуфта шуд, маълум мешавад. Аз он чӣ дар собиқ гуфта шуд, маълум шуд, ки илми ҳусулӣ марбут ба як дастгоҳи махсус аз дастгоҳҳои нафсонӣ ба номи “дастгоҳи зеҳн” аст ва маълум шуд, ки фақат як қувваи хосс аст, ки илми ҳусулӣ тавлид мекунад. Ва аммо илми ҳузурӣ ба як дастгоҳи хосс ихтисос надорад ва дар илми ҳузурӣ қувваи хоссе дахолат намекунад, балки нафс бо воқеияти худ воқеияти маълумро меёбад, ва низ маълум шуд, ки фалсафа ва улум маҳсули як силсила аъмоли махсуси марбут ба дастгоҳи зеҳн аз қабили тасаввур ва тасдиқ ва таваҷҷӯҳ ва диққат ва тафаккур аст ва марбут ба илмҳои ҳусулӣ аст ва бо илмҳои ҳузурӣ, ки рабте ба олами фикр ва истидлол надорад, кор надорад. Бинобар ин, ковишҳои илмӣ ва фалсафии донишмандон барои ба даст овардани илми ҳусулӣ аст, на илми ҳузурӣ. Ковишҳои донишмандон ё барои иқнои ғаризаи ҳақиқатҷӯӣ аст ва ё барои рафъи эҳтиёҷоти моддӣ ва истифодаи амалӣ ва санъатӣ. Аммо ғаризаи ҳақиқатҷӯӣ вобаста ба дастгоҳи зеҳн аст ва фаъолиятҳои зеҳниро эҷоб мекунад. Истифодаҳои амалӣ ва санъатӣ низ фаръи таваҷҷӯҳ ва диққат ва соири аъмоли зеҳнӣ аст. Ва ба ҳар ҳол, маълум будани чизе ба илми ҳузурӣ, бениёзкунанда аз ковишҳои махсуси илмӣ ва фалсафии донишмандон нест.

* * *

(2) Ин, қисми 4-ум аз чаҳор қисми куллии илми ҳузурӣ аст ва се қисми дигари он (идроки худ, идроки осор ва афъоли худ, идроки қувваҳо ва абзорҳое, ки (нафс) ин осорро ба василаи онҳо анҷом медиҳад) собиқан гуфта шуд.

Ин қисм иборат аст аз як силсила хоссиятҳои моддӣ аз воқеиятҳои моддии хориҷ, ки аз роҳи ҳавосс ва иттисол бо қувваҳои ҳассоса (ҳискунанда), бо нафс иттисол пайдо мекунад, аз қабили асари моддӣ, ки ҳангоми дидан дар шабакия пайдо мешавад ва аъсоби чашм бо хоссиятҳои махсуси худ таҳти шароити муайян таъсире дар он асар мекунанд ва онро ба шакл ва сурати махсусе дармеоваранд.

Ин қисмат аз як лиҳоз муҳимтарин ақсоми илмҳои ҳузурӣ аст, зеро бештари суратҳои зеҳнӣ, ки таҳия ва бойгонӣ мешавад, аз ҳамин роҳ аст ва аз ҳамин роҳ нафс нисбат ба олами хориҷ иттилооте касб мекунад.

Аз инҷо маълум мешавад, ки он чӣ маҳсуси ибтидоӣ ва дар дараҷаи аввал аст, ҳамон осори моддӣ аст, ки бар аъсоби мо аз роҳи чашму гӯшу биниву ғайра ворид мешавад ва феълу инфиъолоте мекунад ва монанди ҷузъи бадани мо мешавад ва мо ҳеч гоҳ олами хориҷ аз вуҷуди худро биловосита эҳсос намекунем, балки он чӣ мо аз роҳи ҳисс нисбат ба дунёи хориҷ ҳукм мекунем, бо мудохилаи як навъ таҷриба ва таъаққул аст. Ва чун мо ҳамвора бо ин таҷриба ва таъаққул сару кор дорем ва монанди як дастгоҳи худкор ҳамеша кор мекунад, аз вуҷудаш ғафлат дорем. Ва баъдан тавзеҳ хоҳем дод, ки ҳатто эътиқод ба мавҷуд будани олами хориҷ низ, на мустақиман аз роҳи эҳсос ба даст омада ва на бадеҳии ақлист, балки дар таквини ин эътиқод низ таҷриба ва таъаққул мудохила кардааст. Мо онҷо, ки ҳудуди ҳиссу ақл ва илму фалсафаро таъйин мекунем, дар ин бора тавзеҳи бештаре хоҳем дод.

* * *

(3) Олами зеҳн ё олами суратҳои ашё назди мо, махлуқи як дастгоҳи муҷаҳҳазест, ки аъмоли гуногуне анҷом медиҳад, то олами зеҳнро месозад ва мо метавонем маҷмӯи он дастгоҳро ба номи “дастгоҳи идрокӣ” биномем.

Аъмоли гуногуне, ки ин дастгоҳ анҷом медиҳад, иборат аст аз таҳияи суратҳои ҷузъӣ ва нигоҳдорӣ ва ёдоварӣ ва таҷриду таъмим ва муқоиса ва таҷзия ва таркиб ва ҳукм ва истидлол ва ғайра. Ҳамчунон ки собиқан гуфтем, инсон дар ибтидо яъне пеш аз он ки ин дастгоҳи махсус ба кор биафтад, фоқиди зеҳн аст. Ба тадриҷ дар асари фаъолияти ин дастгоҳи муҷаҳҳаз ба қувваҳо ва ҷанбаҳои мухталиф, олами зеҳн ташкил мешавад. Ҳоло бояд дид, фаъолияти ин дастгоҳ аз чӣ нуқтае оғоз мешавад? Фаъолияти ин дастгоҳ ибтидо аз ноҳияи як қувваи махсуси марбут ба ин дастгоҳ, ки дар фалсафа ба номи “қувваи хиёл” маъруф аст, оғоз мешавад. Қувваи хиёл кораш ин аст, ки ҳамвора бо ҳар воқеияте, ки иттисол пайдо мекунад, аз ӯ аксбардорӣ мекунад ва сурате таҳия менамояд ва ба қувваи дигаре ба номи “қувваи ҳофиза” месупорад. Бинобар ин, кори ин қувва таҳияи суратҳои ҷузъӣ ва табдил кардани илми ҳузурӣ аст ба илми ҳусулӣ, ва аз ин рӯ дар ин мақола ин қувва ба “қувваи табдилкунандаи илми ҳузурӣ ба илми ҳусулӣ” номида шудааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: