Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (17) – Рози хатми нубувват (1)

Чаро бо рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) нубувват поён ёфт?

Акнун навбати он аст, ки роҷеъ ба баҳси дуввум, яъне хотамияти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), баҳс намоем. Масъалаи хатми нубувват барои мусалмонон як амри мусаллам будааст. Қуръони Карим ба сароҳат поён ёфтани нубувватро эълом карда. Дар ояти 40 сураи Аҳзоб чунин мехонем:

مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَلَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّين

Муҳаммад падари ҳеч як аз мардони шумо нест. Ҳамоно ӯ фиристодаи Худо ва хотами паёмбарон (яъне поёндиҳандаи паёмбарон) аст.” (1)

Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хитоб ба Алӣ мефармояд:

Эй Алӣ! Оё намеписандӣ, ки нисбати ту бо ман, ҳамонанди нисбати Ҳорун бошад ба Мӯсо, ҷуз ин ки паёмбаре баъди ман вуҷуд надорад?” (Саҳеҳи Бухорӣ, 3/58, Саҳеҳи Муслим, дар фазоили Алӣ ибни Абӯтолиб, Муснади Аҳмад, 1/173, 182)

Суоле, ки дар ин миён худнамоӣ мекунад ин аст: зуҳури паёпайи паёмбарон ва таҷдиди доимии шариатҳо дар гузашта ва пушти сари ҳам омадани китобҳои осмонӣ, ҳама ба ин сабаб буда, ки ниёзмандиҳои башар давра ба давра тағйир мекарда ва башар дар ҳар даврае ниёзманди паёми навин ва паёмовари навине буда, бо ин ҳол, чӣ гуна метавон фарз кард, ки пуле, ки ҷаҳони инсонро бо ҷаҳони ғайб пайваст мекунад, яксара қатъ гардад ва дигар паёме ба башар нарасад ва башарият бидуни таклиф гузошта шавад?

Аз инҳо ҳам гузашта, чунон ки медонем, дар фосилаи миёни паёмбарони соҳиби шариат (улулазм) монанди Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо ва Исо (Алайҳимус салом) як силсила паёмбарони дигар зуҳур кардаанд, ки таблиғкунанда ва тарвиҷкунандаи шариати пешин будаанд, ҳазорон паёмбар баъд аз Нӯҳ омадаанд, ки таблиғкунанда ва тарвиҷкунандаи шариати Нӯҳ будаанд ва ҳамчунин баъд аз Иброҳим ва ғайра. Бо ин ҳисоб, фаразан қатъ гардидани нубуввати паёмбари дорои шариатро бипазирем ва бигӯем, бо шариати ислом, шариатҳо хатм шуд, чаро нубувватҳои таблиғӣ баъд аз ислом қатъ шуд? Чаро ин ҳама паёмбар баъд аз ҳар шариате зуҳур карданд ва онҳоро таблиғу тарвиҷ ва нигаҳбонӣ карданд, аммо баъд аз ислом ҳатто як паёмбари ин чунин низ зуҳур накард?

Инҳо пурсишҳоест, ки аз андешаи хатми нубувват сарчашма мегирад.

Ислом посухи ин пурсишҳоро додааст. Ислом андешаи хатми нубувватро он чунон тарҳ ва тарсим карда, ки на танҳо ибҳом ва тардиде боқӣ намегузорад, балки онро ба сурати як фалсафаи бузург дармеоварад. Аз назари ислом, андешаи хатми нубувват, на ба далели бениёзии башар аз паёми илоҳист ва на ба ин ҷиҳат аст, ки ниёзҳои башар дигар тағйир намекунанд, балки иллат ва фалсафаи дигаре дорад.

Ҳол, ба посухи ин чуну чароҳо мепардозем.

Маҳфуз мондани Қуръон аз таҳрифу тағйир

Дар сураи Ҳиҷр, ояти 9 чунин омадааст:

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ

Мо худ ин китобро фуруд овардем ва ҳам албатта худ нигаҳбони он ҳастем.”

Дар ин оят бо қотеияти тамом аз маҳфуз мондани Қуръон аз таҳриф, дигаргунӣ, тағйир ва нобудӣ сухан рафтааст.

Яке аз сабабҳои омадани паёмбарони нав дар замонҳои гузашта, таҳрифу табдилҳое буда, ки дар таълимот ва китобҳои муқаддаси паёмбарон рӯй медодааст. Бисёре аз паёмбарон эҳёкунандаи суннатҳои фаромӯшшуда ва ислоҳкунандаи таълимоти таҳрифёфтаи пешиниёни худ будаанд.

Ба сухани дигар, зуҳури паёпайи паёмбарон танҳо ба далели тағйири шароити зиндагӣ ва ниёзмандии башар ба паёми навин ва раҳнамои навин нест, балки бештар дар натиҷаи нобудиҳо ва таҳрифу табдилҳои китоб ва таълимоти осмонӣ будааст.

Башари чанд ҳазор сол пеш, нисбат ба ҳифзи меросҳои илмӣ ва динӣ нотавон буд ва аз ӯ ҷуз ин интизоре наметавон дошт. Аммо замоне ки башар расид ба марҳилае аз такомул, ки тавонист меросҳои динии худро дастнахӯрда нигаҳдорӣ кунад, сабаби асосии таҷдиди паём ва зуҳури паёмбари нав аз байн рафт.

Ояти боло ба аз байн рафтани муҳимтарин сабаби таҷдиди нубувват ва рисолат аз торихи нузули Қуръон ба баъд ишора мекунад ва дар ҳақиқат таҳаққуқи яке аз аркони хатми нубувватро эълом медорад.

Чунон ки ҳама медонем, дар миёни китобҳои осмонии ҷаҳон танҳо китобе, ки дуруст ва ба тамому камол дастнахӯрда монда Қуръон аст. Ба илова, миқдори зиёде аз суннати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба сурати қатъӣ ва ғайриқобили тардид дар даст аст, ки аз газанди рӯзгор масун мондааст.

Ислом дини ҳамаи паёмбарон

Дар саросари Қуръон исрори аҷибе ҳаст, ки дин, аз аввал то охири ҷаҳон, яке беш нест ва ҳамаи паёмбарон башарро ба як дин даъват кардаанд. Дар сураи Шӯро, ояти 13 чунин омадааст:

شَرَعَ لَكُم مِّنَ الدِّينِ مَا وَصَّى بِهِ نُوحًا وَالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ وَمَا وَصَّيْنَا بِهِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَى وَعِيسَى

Худованд барои шумо дине қарор дод, ки қаблан ба Нӯҳ тавсия шуда буд ва акнун бар ту ваҳй кардем ва ба Иброҳим ва Мӯсо ва Исо низ тавсия кардем.

Қуръон дар ҳамаҷо номи ин динро, ки паёмбарон аз Одам то Хотам мардумро ба он даъват мекардаанд, “ислом” мениҳад. Мақсуд ин нест, ки дар ҳамаи замонҳо ба ин унвон хонда мешудааст, балки мақсуд он аст, ки дин дорои моҳият ва ҳақиқатест, ки беҳтарин муаррифи он, лафзи “ислом” аст. Ба иборати дигар, мурод аз ислом дар инҷо маънои истилоҳии он — ки унвонест барои дини ҳазрати Хотам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) — нест, балки мурод аз он, маънои луғавии он аст, ки ба маънои “таслим будан” аст. Ва таслим будани маҳз дар баробари ҳақ, дар воқеъ моҳият ва ҳақиқати дини Худост аз Одам то Хотам. Дар сураи Оли Имрон, ояти 67 дар бораи Иброҳим мегӯяд:

مَا كَانَ إِبْرَاهِيمُ يَهُودِيًّا وَلاَ نَصْرَانِيًّا وَلَكِن كَانَ حَنِيفًا مُّسْلِمًا

Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, ҳақҷӯ ва муслим буд.”

Дар сураи Бақара, ояти 132 дар бораи Яъқуб ва фарзандонаш мегӯяд:

وَوَصَّى بِهَا إِبْرَاهِيمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يَا بَنِيَّ إِنَّ اللّهَ اصْطَفَى لَكُمُ الدِّينَ فَلاَ تَمُوتُنَّ إَلاَّ وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ

Иброҳим ва Яъқуб ба фарзандони худ чунин васият карданд: Худованд барои шумо дин интихоб кардааст, пас бо ислом бимиред.”

Оятҳои Қуръон дар ин замина зиёд аст ва ниёзе ба зикри ҳамаи онҳо нест.

Албатта, паёмбарон дар порае аз қонунҳо ва шариатҳо бо якдигар ихтилоф доштаанд. Қуръон дар айни ин ки динро воҳид медонад, ихтилофи шариатҳо ва қонунҳоро дар порае масоил мепазирад. Дар сураи Моида, ояти 48 мегӯяд:

لِكُلٍّ جَعَلْنَا مِنكُمْ شِرْعَةً وَمِنْهَاجًا

Барои ҳар кадом (ҳар қавму уммат) аз шумо роҳ ва тариқае хосс қарор додем.”

Вале аз онҷо, ки усули фикрӣ ва усули амалӣ, ки паёмбарон ба он даъват мекардаанд, яке буда ва ҳамаи онон мардумро ба як шоҳроҳ ва ба сӯйи як ҳадаф даъват мекардаанд, ихтилофи шариатҳо ва қонунҳои ҷузъӣ, дар ҷавҳар ва моҳияти ин роҳ, ки номаш дар мантиқи Қуръон “ислом” аст, таъсире надошта. Тафовут ва ихтилофи таълимоти паёмбарон бо якдигар, аз навъи ихтилофи барномаҳоест, ки аз як қонуни асосӣ илҳом мегирад.

Тафовути таълимоти осмонии паёмбарон

Тафовути таълимоти осмонии паёмбарон, аз навъи ихтилофи мактабҳои фалсафӣ ё сиёсӣ ё иҷтимоӣ ё иқтисодӣ, ки дарбардорандаи афкори ба ҳам зид аст набуда. Паёмбарон тамоман тобеъи як мактаб ва дорои як қонуни асосӣ будаанд.

Тафовути таълимоти паёмбарон бо якдигар, ё аз навъи тафовути таълимоти синфҳои олитар дар мадраса бо синфҳои поёнтар будааст, ё аз навъи тафовути иҷрои як асл дар шароит ва авзои гуногун.

Тавзеҳ ин ки: медонем, донишомӯз дар синфҳои болотар, на танҳо ба масъалаҳое бармехӯрад, ки қаблан ба онҳо ба ҳеч ваҷҳ барнахӯрда, балки тасаввураш дар бораи масъалаҳое, ки қаблан ёд гирифта ва дар зеҳни кӯдаконаи худ ба наҳве онҳоро таҷассум додааст, аҳёнан зеру рӯ мешавад. Таълимоти паёмбарон низ чунин аст.

Тавҳид, асл ва санги аввали сохтмонест, ки паёмбарон дар бинои он гузоштаанд. Аммо ҳамин тавҳид дараҷот ва маротибе дорад. Он чӣ як бесавод ва ё камсавод ба номи “Худои ягона” дар зеҳни худ таҷассум медиҳад, бо он чӣ дар қалби як ориф аз “Худои ягона” таҷаллӣ мекунад, яке нест. Тоза, орифон низ дар як дараҷа нестанд.

Бадеҳист, ки оятҳои аввали сураи Ҳадид ва охири сураи Ҳашр ва сураи Тавҳид (Қул ҳуваллоҳу аҳад…) барои башари чанд ҳазор сол пеш – балки башари ҳазор сол пеш – қобили ҳазм набудааст. Танҳо афроди ангуштшуморе аз аҳли тавҳид худро ба умқи ин оятҳо наздик менамоянд. Дар осори исломӣ ворид шуда, ки: “Худованд чун медонист баъдҳо афроди боумқе хоҳанд омад, оятҳои “Қул ҳуваллоҳу аҳад…” ва панҷ ояти аввали сураи Ҳадидро нозил кард.”

Шакли иҷроии як асли куллӣ низ дар шароити гуногун мутафовит мешавад. Бисёре аз ихтилофот дар равиши паёмбарон, аз навъи тафовут дар шакли иҷро будааст, на дар руҳи қонун.

Қуръони Карим ҳаргиз калимаи “дин”-ро ба сурати ҷамъ (яъне адён) наёвардааст. Дин дар Қуръон ҳамвора муфрад аст, зеро он чизе, ки вуҷуд дошта ва дорад, дин аст, на динҳо.

Ба илова, Қуръон тасреҳ мекунад, ки дин муқтазои фитрат ва нидои табиати руҳонии башар аст:

فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا

Ҳақҷӯёна чеҳраи хешро ба сӯи дин, ҳамон фитрати Худо, ки мардумро ба он офарида, собит нигаҳ дор.” (Сураи Рум, ояти 30)

Магар башар чанд гуна фитрат ва сиришт ва табиат метавонад дошта бошад? Инки дин аз аввал то охири ҷаҳон якест ва вобастагӣ бо фитрат ва сиришти башар дорад – ки он низ беш аз яке наметавонад бошад – розе бузург ва фалсафае шукӯҳманд дар дили худ дорад ва тасаввури хоссе дар бораи фалсафаи такомул ба мо медиҳад.

Сайри такомулии ҷаҳон, инсон ва иҷтимоъ аз назари Қуръон

Аз назари Қуръон, сайри такомулии ҷаҳон, инсон ва иҷтимоъ, як сайри ҳидоятшуда ва ҳадафдор аст ва бар рӯйи хаттест, ки “сироти мустақим” номида мешавад. Инсон ва иҷтимоъ таҳаввулёбанда ва комилшаванда аст, вале роҳ ва хатти сайр мушаххас ва воҳид ва мустақим аст:

وَأَنَّ هَذَا صِرَاطِي مُسْتَقِيمًا فَاتَّبِعُوهُ

Ва ҳамоно ин, роҳи ман аст мустақим, пас бар он роҳ равед…” (Сураи Анъом, ояти 153)

Яке хат аст аз аввал то ба охир,

Бар-ӯ халқи Худо ҷумла мусофир.

Такомули инсон ба ин наҳв нест, ки дар ҳар замоне таҳти таъсири як силсила асбоб — санъатӣ ё иҷтимоӣ ё иқтисодӣ — дар як роҳ ҳаракат кунад ва доиман тағйири масир ва тағйири ҷиҳат бидиҳад.

Инки Қуръон бо исрори зиёд динро яке медонад ва фақат ба як шоҳроҳ қоил аст ва ихтилофи шариатҳо ва қонунҳои паёмбаронро (дар давраҳои гуногун) марбут ба хутути фаръӣ медонад, бар асоси ҳамин асли фалсафӣ устувор аст.

Башар дар масири такомулии худ монанди қофилаест, ки дар роҳе ва ба сӯйи мақсади муайяне ҳаракат мекунад, вале роҳро намедонад. Ҳар чанде як бор ба касе бархӯрд мекунад, ки роҳро медонад ва бо нишониҳое, ки аз ӯ мегирад, даҳҳо километр роҳро тай мекунад то мерасад ба ҷойе, ки боз ниёзманди роҳнамои ҷадид аст. Бо нишонӣ гирифтан аз ӯ, уфуқи дигаре барояш равшан мешавад ва даҳҳо километри дигарро бо аломатҳое, ки гирифта тай мекунад, то тадриҷан худ қобилияти бештаре барои фарогирӣ пайдо мекунад ва мерасад ба шахсе, ки “нақшаи куллӣ”-и роҳро аз ӯ мегирад ва барои ҳамеша бо дар даст доштани он нақша, аз роҳнамои ҷадид бениёз мегардад.

Қуръон бо тавзеҳи ин нукта, ки роҳи башар як роҳи мушаххас ва мустақим аст ва ҳамаи паёмбарон бо ҳамаи ихтилофҳое, ки дар роҳнамоӣ ва додани нишонӣ (ба ҳасаби вазъ ва мавқеи замонӣ ва маконӣ) доранд, ба сӯйи як мақсад ва як шоҳроҳ ҳидоят мекунанд, ҷодаи хатми нубувватро соф ва рукни дигар аз аркони онро тавзеҳ медиҳад. Зеро хатми нубувват он гоҳ маъқул ва қобили тасаввур аст, ки хатти сайри ин башари таҳаввулёбанда ва такомулёбанда, мустақим ва қобили мушаххас кардан бошад. Аммо агар ҳамон тавр ки худи башар дар такопӯст ва ҳар лаҳза дар як нуқтаи муайянест (ғайри он хатте, ки дар лаҳзае дигар дар он буда), хатти сайри ӯ низ доиман дастхуши тағйиру табдил бошад ва ниҳоят, мақсад ва масир, мушаххас набошад ва дар ҳар бурҳае аз замон бихоҳад дар як ҷодаи муайяне ҳаракат кунад, бадеҳист, ки хатми нубувват – яъне дарёфти як нақша ва барномаи куллӣ ва ҳамешагӣ — маъқул ва қобили тасаввур нест.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Яке аз одатҳои арабҳо ва баъзе аз мардуми дигар, “писархондагӣ” буд ва ислом онро аз миён бардошт. “Писархонда” дар мерос ва равобити хонаводагӣ ҳамонанди писари воқеӣ ба шумор мерафт. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) озодшудае дошт ба номи Зайд ибни Ҳориса, ки писархондаи он ҳазрат (с) низ ба шумор мерафт. Мардум тибқи маъмул интизор доштанд, ки Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо писархондаи хеш монанди писари воқеӣ рафтор кунад, ҳамчунон ки худи онҳо мекарданд. Маънои ин оят ин аст: Муҳаммадро падари ҳеҷ як аз мардони худ (Зайд ибни Ҳориса ё шахси дигар) нахонед, ӯро фақат ба унвони фиристодаи Худо ва поёндиҳандаи паёмбарон бишносед ва бихонед.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: