Ирфони Ҳофиз (10)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 10)

Ваҳдати вуҷуд

Аввал меойем суроғи масъалаи “ваҳдати вуҷуд”, ки гуфтем, меҳвари ҷаҳонбинии ирфонӣ аст.

Аслан, ваҳдати вуҷуд чист? Як тавзеҳи мухтасар бояд арз кунам. Ваҳдати вуҷуд аз он андешаҳоест, ки камтар касе ба умқи он пай бурда ва пай мебарад. (Инро бояд бидуни таъоруф гуфт.) Ба ҳар чӣ ки мерасанд, фавран мегӯянд, ин ҳам як ваҳдати вуҷуд аст. Ҳоло мо бо лафзаш кор надорем. Мумкин аст исми як мактаберо бигузоранд “ваҳдати вуҷуд”, мисли асолати вуҷуд, ки дар экзистенсиализм мегӯянд. Мо худамон як матлабе доштаем ба номи “асолати вуҷуд”, (аммо) як чизи дигаре инҳо доранд, мехоҳанд исмашро “асолати вуҷуд” бигузоранд. Дар инҳисори касе нест ва касе онро ба номи худаш дар ҷойе сабт накарда, вале ин иштибоҳ ҳам набояд бишавад, ки ин асолати вуҷуд (ки экзистенсиализм мегӯяд) ҳамон асолати вуҷуд аст (ки мо қоил ба он будаем). Он як чиз аст ва ин як чизи дигар. Бисёр бисёр каманд афроде, ки битавонанд тасаввури саҳеҳе аз “ваҳдати вуҷуд”, ки урафо доранд, дошта бошанд, аз мусташриқин гирифта то ғайри мусташриқин.

Шумо мебинед, ҳамеша мусташриқин — ва иддае аз ғайри мусташриқини (аз) худамон — ваҳдати вуҷудро чизе таъбир мекунанд ба номи ҳулул ва иттиҳод. Оқои дуктур Бадвӣ ҳам (чун бисёре аз ҳамон ҳарфҳои мусташриқинро мегӯяд), ҳамеша мегӯяд ҳулул ва иттиҳод, дар сурате ки ҳулул ва иттиҳод зидди ваҳдати вуҷуд аст. Ба қавли Шабистарӣ:

Ҳулулу иттиҳод инҷо маҳол ист,

Ки дар ваҳдат дуӣ айни залол аст.

Мунтаҳо мегӯянд, агар иттиҳод нест, пас ӯ чӣ тавр гуфта “Анал-Ҳақ”? Маънои “Анал-Ҳақ” иттиҳод аст! На. “Анал-Ҳақ” ҳам маънояш иттиҳод нест, на иттиҳод аст ва на ҳулул.

Марҳум Фурӯғӣ дар “Сайри ҳикмат дар Урупо” ҳарҷо ба масъалае бархӯрд мекунад, ки ба назараш ғомиз (печида) мерасад, файласуфе як назарияе дода, ки хеле печида аст, мегӯяд: ин навъе ваҳдати вуҷуд аст! Чун ин ваҳдати вуҷуд барои ӯ як амри номафҳуме буда ва ба ҳар номафҳуме, ки мерасида, мегуфта: ин навъе ваҳдати вуҷуд аст. Дар сурате ки баъзе масоилро, ки ӯ гуфта навъе ваҳдати вуҷуд аст, аслан рабте ба ваҳдати вуҷуд надорад. Масалан: дар боби “Куллиёт” як касе як назаре дода, мегӯяд, ин навъе ваҳдати вуҷуд аст.

Баёни аввал аз “ваҳдати вуҷуд”

Ваҳдати вуҷуд таъбироти мухталифе дорад. “Касрати вуҷуд”, ки хеле равшан аст: инсон мегӯяд, ки мавҷудоти мутаъаддидаи касираи мутабойинае ҳастанд, ки яке инсон аст, яке ҳайвон аст (ҳайвон ҳам мухталиф аст), яке ҷин аст, яке малак аст, он яке ҳам Худост; мавҷудоте, ки биззот аз якдигар мубойин ҳастанд, ва ба таъбири Наҳҷул-балоға, “байнунаташон байнунати азалӣ” аст, мунъазил аз якдигаранд ва вуҷуди ҳар мавҷуде бо вуҷуди ҳар мавҷуди дигар биззот мутабойин аст. Шояд тасаввури аксари файласуфон ва ғайри файласуфон ҳамин аст. Мутавасситин аз урафо аҳёнан мегӯянд: ваҳдати вуҷуд яъне вуҷуд мунҳасир аст ба вуҷуди Ҳақ (لَیْسَ فِی الدّار غَیْرُهُ دَیّار), аммо ба ин маъно, ки ҳар мавҷуде ғайр аз Худо ҳар чӣ аз азамат, ки дошта бошад, билохира як мавҷуди маҳдуде аст, зоти Ҳақ вуҷуди лоятаноҳӣ (бепоён) аст, камоли лоятаноҳӣ аст, азамати лоятаноҳӣ аст, қудрати лоятаноҳӣ аст, ҷамоли лоятаноҳӣ аст. Агар мавҷудотро бо якдигар муқоиса кунем, яке бузургтар аст, яке кучактар. Масалан, вақте як наҳрро бо як дарё муқоиса мекунем, дарё бузург аст ва наҳр кучак. Маҳдуд бо маҳдуд метавонад нисбат дошта бошад, аммо маҳдуд бо номаҳдуд аслан нисбат надорад. Инки инсон дар биниши худ ашёро бузургу кучак мебинад, бо муқоиса мебинад. Вақте мо мегӯем, ин кучак аст ва он бузург, он кучак ба муқоисаи як шайъи дигар кучак аст, ва ин бузург ба муқоисаи як шайъи дигар бузург аст. Дар ҳамин умури маҳсуса, як шайъ, ки ҳамеша ба назари мо бузург меояд, вақте ҳамонро дар муқобили як бузургтар аз худаш мебинем, хиёл мекунем кучак шуда. Масалан: як одами баландқад, ки ҳамеша ба назари мо аҷиб меояд, вақте бо як одами баландқадтар аз худаш — ки як сару гардан аз ӯ баландтар аст — роҳ биравад, одам хиёл мекунад кучак шуд. Назари инсон ин аст.

Ориф вақте ки азамати лоятаноҳии Ҳақро шуҳуд мекунад (илми лоятаноҳӣ, қудрати лоятаноҳӣ, камоли лоятаноҳӣ…) мутаноҳӣ (маҳдуд) дар муқобили лоятаноҳӣ (номаҳдуд) аслан нисбат надорад; ҳатто гуфтани ин ки ин бузургтар аст аз он, дуруст нест, чун бояд онро як чизе ҳисоб кард ва гуфт ин бузургтар аст. Бинобар ин, дар ҳадис ҳам ҳаст, ки аз Имом суол карданд: оё маънои “Аллоҳу Акбар” (Худо бузугтар аст!) Аллоҳу акбару мин кулли шайъ аст? (Яъне) Худо бузургтар аст аз ҳар чиз? Фармуд: на, ин ҳарф ғалат аст, “Аллоҳу акбару мин ан юсафа”, (яъне) Худо бузургтар аст аз ин ки ба тавсиф дарбиёяд, на (ин ки) бузургтар аст аз ҳар чизи дигар, ки ашё қобили муқоиса бо Худо бошанд, баъд бигӯем, вале Худо аз онҳо бузургтар аст. На, аслан қобили муқоиса нестанд.

Ин аст, ки ориф, ки азамати Ҳақро шуҳуд мекунад (инҷо дигар ваҳдати шуҳуд мешавад), қаҳран ғайри ӯро асосан наметавонад бибинад: агар он вуҷуд аст, инҳо дигар вуҷуд нест. Агар он қудрат аст, инҳо дигар қудрат нест. Агар он азамат аст, инҳо дигар азамат нест… Аслан ӯ шайъ аст, инҳо лошайъ ҳастанд. Саъдӣ яке ду ҷо, ки хоста мавзӯи ваҳдати ирфониро бигӯяд, тақрибан дар ҳамин сатҳ гуфта, на бештар. Яке аз шеърҳои маъруфи Бӯстон аст, мегӯяд:

Раҳи ақл ҷуз печ дар печ нест,

Бари орифон ҷуз Худо ҳеч нест.

Ин мешавад ваҳдати вуҷуд. Баъд худаш эътироз мекунад, худаш ҳам ҷавоб медиҳад, мегӯяд:

Тавон гуфтан ин бо ҳақоиқ шинос,

Вале хӯрда гиранд аҳли қиёс,

Ки пас осмону замин чистанд?

Бани Одаму деву дад кистанд?

Ҷавоб медиҳад:

Писандида пурсидӣ, эй ҳушманд!

Ҷавобат бигӯям гар оядат писанд,

Ки хуршеду дарёву кӯҳу фалак,

Париву одамизоду деву малак,

Ҳама ҳар чӣ ҳастанд, аз он камтаранд,

Ки бо ҳастияш номи ҳастӣ баранд.

Ин аст маънои ин ки: “Бари орифон ҷуз Худо ҳеч нест.”

Шеъри дигаре дорад ва ширин мегӯяд:

Чунин дорам аз пири донанда ёд,

Ки шӯридае сар ба саҳро ниҳод.

Падар дар фироқаш на хӯрду на хуфт,

Писарро маломат намуданд, гуфт:

Ба ҳаққаш, ки то Ҳақ ҷамолам намуд,

Дигар он чӣ дидам, хаёлам намуд.

Аз он гаҳ, ки ёрам каси хеш хонд,

Дигар бо касам ошноӣ намонд.

Ин як навъ ваҳдати вуҷуд аст. Ин навъ ваҳдати вуҷудро ҳеч кас эрод намегирад.

Баёни дуввум аз “ваҳдати вуҷуд”

Баёни дигар дар боби ваҳдати вуҷуд ин аст, ки ваҳдати вуҷуд на ба маънои ин аст, ки вуҷуд мунҳасир ба зоти Ҳақ аст, балки маънояш ин аст, ки ҳамаи мавҷудот мавҷуданд ба як ҳақиқат, ки он, ҳақиқати вуҷуд аст, вале ҳақиқати вуҷуд маротиб дорад: як мартибаи ӯ воҷиб аст, ва як мартиба мумкин, як мартиба ғанӣ аст ва маротибе аз ӯ фақир, пас, ҳақиқати вуҷуд ҳақиқати воҳид аст. Бинобар ин, ваҳдати вуҷуд на ин аст, ки вуҷуд мунҳасир ба зоти Ҳақ аст, балки ҳақиқати вуҷуд ҳақиқати воҳид аст, вале ин ҳақиқат ҳақиқате дорои маротиб аст, ки як мартибааш, ки мартибаи ғино ва камол аст, мартибаи зоти Ҳақ аст. Он шеъри Ҳоҷӣ Сабзаворӣ ҳаминро баён мекунад: (ба номи алфаҳлавиюн мегӯяд, ки албатта ин нисбат чандон дуруст нест):

اَلْفَهْلَوِیّونَ الْوُجودُ عِنْدَهُمْ

حَقیقَةٌ ذاتُ تَشَكُّكٍ تَعُم

مَراتِبَ غِنَیً وَفَقْراً تَخْتَلِف

كَالنّورِ حَیْثُ ماتُقَوّی وَضَعُف

(Вуҷуд дар назди паҳлавиҳо (ҳукамои Эрон) ҳақиқате аст дорои маротиби фарогир. Маротиби бениёзӣ ва ниёзмандии гуногун, монанди нур, ки қавӣ ва заъиф мешавад (зиёду кам мешавад))

Албатта ин, баёни ибтидоӣ аст, ки барои як донишҷӯ дар ибтидо ин масъаларо ин тавр матраҳ мекунанд. Муллосадро ҳам албатта дар ибтидо ҳамин ҷур мегӯяд, вале баъд бо ҳифзи ҳамин назария, ки ҳақиқати вуҷуд ҳақиқати зоти маротиб аст, ин матлаб латифтар ва латифтар мешавад, то мерасад ба ҷойи дигаре, ки баъд арз мекунам.

Баёни севвум аз “ваҳдати вуҷуд”

Назари севвум дар ваҳдати вуҷуд ҳамон назарияи хосси урафост. Ва он ин аст, ки вуҷуд воҳид “мин ҷамиъил-ҷиҳот” ва басити мутлақ аст, ҳеч касрате дар он нест, на касрати тӯлӣ ва на касрати арзӣ, на касрат ба шиддат ва заъф ва на ба ғайри шиддат ва заъф, ҳақиқати вуҷуд мунҳасиран воҳид аст ва ӯ Худост. Вуҷуд яъне вуҷуди Ҳақ. Ғайр аз Ҳақ ҳар чӣ ҳаст, вуҷуд нест, нумуд ва зуҳур аст. (Инҳо дигар таъбир ва ташбеҳ аст).

Ғайри Ҳақ ҳар чиро, ки шумо бибинед, ӯ воқеан вуҷуд ва ҳастӣ нест, ҳастинамост, на ҳастӣ, ҳақиқат нест рақиқа аст ба таъбири худи урафо, мисли мазҳарест, ки дар ойина пайдо мешавад. Агар шумо шахсеро бибинед ва ойинае дар муқобили ӯ бошад ва ӯро дар ойина бибинед, он чӣ дар ойина мебинед, худаш барои худаш як чизест, вале он воқеияташ ин аст, ки акси ин аст, сояи ин аст, намешавад гуфт ин як мавҷуд аст, он мавҷуди дигаре, (балки) он фақат зуҳури ин асту бас. Ин аст, ки ориф вуҷудро аз ғайри Ҳақ салб мекунад ва ғайри Ҳақро фақат нумуд ва зуҳур медонаду бас. Албатта дар ин заминаҳо хеле ҳарфҳо ҳаст. Мо дар ҷилди панҷуми “Усули фалсафа” миқдоре дар ин замина баҳс кардаем.

Инҷо як ихтилофи назари шадид миёни фалосифа ва урафо пайдо мешавад. Фалосифа ҳеч вақт ин ҷур намегуфтанд. Он назаре, ки Садрулмутааллиҳин дар боби ҳақиқати вуҷуд пайдо кард — ки ҳақиқати вуҷудро соҳиби маротиб донист — ба замимаи як асли дигаре, ки тақрибан аз он қуллаҳои шомихи фалсафаи Садрулмутааллиҳин аст ва ба ин сурат баён кард:

بسیط الحقیقة كل الاشیاء ولیس بشیء منها

Зоти Ҳақ, ки зоти баситул-ҳақиқа аст, ҳамаи ашёст ва дар айни ҳол ҳеч як аз ашё ҳам нест (1), (то ҳадди зиёде ҷамъ мекунад миёни назари урафо ва назари фалосифа.) Албатта урафо низ дар баёни худашон бидуни ин ки вуҷуде барои ашё қоил шаванд, ҳамин ҳарфро (баситул-ҳақиқа…) зада буданд, вале на ба ин таъбир ва на бо ин поя, аммо эшон инро бо як пояи фалсафӣ баён кард. Яъне он матлабе, ки урафо мегуфтанд, фақат бо ишроқи қалбӣ қобили дарк аст ва бо ақл намешавад онро фаҳмид. Садрулмутааллиҳин бо баёни ақлонӣ ҳамон матлабро собит кард. Инҷо яке аз он ҷоҳоест, ки эшон тавфиқ дод миёни назари ақл ва назари ирфон, ва яке аз он нукоти бисёр барҷастаи фалсафаи ӯст ва ин ҷумлаи “بسیط الحقیقة كل الاشیاء ولیس بشیء منها” моли ӯст.

Дар китоби “Баҳсе дар тасаввуф”-и дуктур Ғанӣ (ман таъаҷҷуб мекунам аз инҳо, ки чӣ гуна шуҷоат доранд дар ин ҳарфҳо) навишта, ки “Аввал касе, ки ин ҷумларо гуфт, Ҳоҷӣ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ буд”, дар сурате ки китобҳои Муллосадро пур аст аз ин ҷумла, аслан як боб дорад таҳти ҳамин унвон. Чун фақат китоби Ҳоҷӣ Мулло Ҳодӣ Сабзавориро аҳёнан дар даст дошта ё аз касе шунида, хиёл карда аввал касе, ки гуфта ӯ будааст.

Бино бар ин назария, то ҳадди зиёде ҷамъ мешавад миёни назари урафо ва назари фалосифа. Яъне Садрулмутааллиҳин барои вуҷуд маротиб қоил мешавад ва дар айни ҳол, он ҳарфи урафо ҳам тасҳеҳ мешавад, ки олам зуҳур аст, чун ӯ вуҷудест, ки дар айни ҳол ин вуҷуд зуҳур аст барои вуҷуди дигар. Ин як миқдор баёне буд дар заминаи ваҳдати вуҷуд. Дар ин замина урафо хеле ҳарфҳо задаанд, зиёд гуфтаанд ба таъбироти мухталиф. Мавлавӣ дар авоили Маснави мегӯяд:

Мо кӣ бошем эй ту моро ҷони ҷон,

То ки мо бошем бо ту дар миён?

Мо адамҳоему ҳастиҳои мо

Ту вуҷуди мутлақӣ, фонинамо.

Сӯҳбати сонӣ, ту яке мо яке, ту як шайъ мо шайъи дигар, мо дуввуми ту бошем, чунин чизе нест.

Мо ҳама шерон, вале шери алам,

Ҳамлашон аз бод бошад дам ба дам.

Шери алам яъне шери парда, ки ба шакли шер аст ва бод аз пушти сараш ҳамла мекунад, одам хиёл мекунад аз худаш аст:

Ҳамлашон пайдову нопайдост бод,

Он кӣ нопайдост, ҳаргиз гум мабод!

Боди мову буди мо аз доди туст,

Ҳастии мо ҷумла аз эҷоди туст.

Лаззати ҳастӣ намудӣ нестро,

Ошиқи худ карда будӣ нестро.

Яъне мо ботилуззот ҳастем.

Лабид ибни Рабиъа, шоири маъруфи араб, ин шеърро дар ҷоҳилият гуфта буд:

اَلا كُلُّ شَیْءٍ ما خَلاَ اللّهِ باطِل

وَكُلُّ نَعیمٍ لا مُحالَةَ زائِل

Баъд мусалмон шуд, мусалмони содиқулимоне. Аз Расули Акрам (с) нақл кардаанд, ки эшон фармуданд:

اَصْدَقُ بَیْتٍ قالَتْهُ الْعَرَبُ

“Росттарин шеъре, ки араб гуфта ҳамин буда.” Урафо ба ҳамин ҷумлаи:

اَلا كُلُّ شَیْءٍ ما خَلاَ اللّهِ باطِل

часпидаанд, ки ғайр аз Ҳақ ҳар чӣ ҳаст ботилуззот аст ва мавҷуд аст ба вуҷуди ӯ ва зоҳир аст ба зуҳури ӯ. Ин тарҷеъбанди Ҳотифро ҳамаи шумо шунидаед:

Эй фидои ту ҳам дилу ҳам ҷон,

В-эй нисори раҳат ҳам ину ҳам он.

То мерасад ба тарҷеъбандаш:

Ки яке ҳасту ҳеч нест ҷуз Ӯ,

Ваҳдаҳу ло илоҳа илло ҳу.

Думартиба бо як қофияи дигаре:

Ёри бепарда аз дару девор

Дар таҷаллист ё улилабсор!

Ва боз тарҷеъбандаш:

Ки яке ҳасту ҳеч нест ҷуз Ӯ,

Ваҳдаҳу ло илоҳа илло ҳу.

Аз беҳтарин шеърҳое аст, ки урафо дар боби ваҳдати вуҷуд гуфтаанд. Ҳофиз дар ин замина дорад, вале на монанди масоиле, ки ба шакли як ҷаҳонбинӣ рӯйи он такя карда бошад, аммо ба шакли як сулук ин матлабро зиёд гуфта (ки инро мо дар фаслҳои баъд хоҳем гуфт), ба шакли ҷаҳонбинӣ кам гуфтааст. Аз ҷумла шеърҳое, ки гуфта ва аз ғазалҳои бисёри хуби Ҳофиз аст ин шеъри маъруфест, ки мегӯяд:

Равшан аз партави рӯят назаре нест, ки нест,

Миннати хоки дарат бар басаре нест, ки нест.

Мисроъи аввал яъне “ба ҳеч чизе ҳеч кас нигоҳ намекунад илло ин ки ба ту нигоҳ мекунад”, тақрибан аз ҷиҳате он таъбири каломи ҳазрати Содиқ аст ва ба ҳазрати Амир ҳам мансуб аст:

ما رَأَیْتُ شَیْئاً اِلاّ وَرَأَیْتُ اللّهَ قَبْلَهُ وَبَعْدَهُ وَمَعَهُ

Нозири рӯйи ту соҳибназаронанд, оре,

Сирри гесӯйи ту дар ҳеч саре нест, ки нест. 

Ашки ғаммози ман ар сурх барояд, чӣ аҷаб?

Хиҷил аз кардаи худ пардадаре нест, ки нест.

Ҳоҷӣ Сабзаворӣ ҳамин ғазалро истиқбол карда ва хеле олӣ истиқбол карда. Албатта Ҳоҷӣ Сабзаворӣ баъзе ашъораш хеле хуб ва дар сатҳи бисёр олӣ аст. Дар маҷмӯъ албатта ба пойи Ҳофиз, ки намерасад, вале чанд ғазали бисёр олӣ дорад дар форсӣ. Яке ҳамон ҷост, ки ба истиқболи ин ғазал омадааст. Мафҳуми ӯ ҳам аз ин ғазал ҳамин маъно буда ва хеле ҳам хуб истиқбол карда, ва чандто байт дар он пайдо мешавад, ки (бисёр олӣ аст, аз ҷумла) як шеъри хеле маъруфе дорад, ки мегӯяд:

Мӯсие нест, ки даъвии Анал-Ҳақ шунуд,

Варна ин замзама андар шаҷаре нест, ки нест.

Ҳофиз як ғазали дигар дорад, ки ба назари ман — инро ман ба таври ҷазм намегӯям, вале ба гунае ки ман маънӣ мекунам — ҳамин дармеояд (яъне нозир ба ваҳдати вуҷуд аст.) Ғазале бисёр олӣ аст ва моддагароҳо онро хеле аҷиб маънӣ кардаанд. Мегӯяд:

Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест,

Бода пеш ор, ки асбоби ҷаҳон ин ҳама нест.

Аз дилу ҷон шарафи сӯҳбати ҷонон ғараз аст,

Ғараз ин аст вагарна дилу ҷон ин ҳама нест.

Миннати Сидраву Тубо зи пайи соя макаш,

Ки чу хуш бингарӣ, эй сарви равон, ин ҳама нест.

Давлат он аст, ки бе хуни дил ояд ба канор,

Варна бо саъю амал боғи ҷинон ин ҳама нест.

Ҳама чиз дар назари ориф нест аст ҷуз Ӯ, “ҳаст”-и мутлақ ва шоистаи матлубият ва маҳбубият фақат ӯст.

Дар ҷойи дигар ибтидо мегӯяд:

Дар назарбозийи мо бехабарон ҳайронанд.

Ман чунинам, ки намудам, дигар эшон донанд.

… то онҷо, ки мегӯяд:

Ҷилвагоҳи рухи ӯ дидаи ман танҳо нест,

Моҳу хуршед ҳамин ойина мегардонанд.

Яъне моҳу хуршед ҳам ойина ҳастанд, ки ӯро доранд нишон медиҳанд. Он шеъри маъруфаш:

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам, 

Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

… то мерасад ба инҷо:

Нест бар лавҳи дилам ҷуз алифи қомати ёр,

Чӣ кунам, ҳарфи дигар ёд надод устодам.

Маъмулан хиёл мекунанд, мақсудаш ин аст, ки маҳбубе ғайр аз Ӯ надорам. Ин аз назари ориф ширк аст. Мегӯяд, барои ғайри Ӯ вуҷуде қоил нестам. Шабистарӣ дар авоили “Гулшани роз” хеле олӣ ин мавзӯъро баҳс карда. Аз ашъори Ҳофиз, ки аз ҳама сареҳтар ба ин маъно далолат дорад, ғазалест, ки бо ин шеър шурӯъ мешавад:

Сахаргоҳон, ки махмури шабон

Гирифтам бода бо чангу чағона.

Ниҳодам ақлро раҳтӯша аз май,

Зи шаҳри ҳастияш кардам равона

Нигори майфурӯшам ишвае дод,

Ки эмин гаштам аз макри замона.

… то онҷо, ки мегӯяд:

Кӣ бандад тарфи васл аз ҳусни шоҳе,

Ки бо худ ишқ бозад ҷовидона?

Худаш муҳиб аст, худаш ҳам маҳбуб аст. Аз назари ориф ғайре дар кор нест.

Надиму мутрибу соқӣ ҳама Ӯст,

Хаёли обу гил дар раҳ баҳона.

Бидеҳ киштии май, то хуш биронем

Аз ин дарёи нопайдокарона.

Вуҷуди мо муаммоест, Ҳофиз, 

Ки таҳқиқаш фусун асту фасона.

Яъне вақте таҳқиқ бикунӣ, вуҷуди мо аслан хиёли маҳз аст, зуҳур аст, ҳақиқат нест, ботил аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: