Ирфони Ҳофиз (9)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 9)

Он чӣ дар ҷаласоти пеш баҳс кардем, дар воқеъ ҷанбаи муқаддимӣ дошт барои он чӣ ки аз ин ба баъд мехоҳем баҳс кунем… Ва арз кардем, аз вақте ки Ҳофиз аз дасти ҳамтипҳои худаш (урафо) хориҷ шуда ва ба дасти удабо ва адабиётиҳо ва бадтар ба дасти рӯзноманависҳо афтода, аслан масх шуда ва як чизи дигар аст…

Албатта лозим буд ва ҳаст, ки мо он силсила баёнотеро, ки дар Ҳофиз ҳаст, ки ҳамонҳо сабаб шуда — ва ё лоақал баҳонае ба даст медиҳад барои афроде — ки Ҳофизро он чунон тафсир кунанд, тавзеҳ диҳем, ки чӣ гуна аст? Оё ин ҳайрате, ки дар Ҳофиз аст, мақсуд чист? Ҳамин чизест, ки инҳо мегӯянд? Оё воқеан Ҳофиз як инсони ҷабригаро буда?.. Оё дар боби маю маъшуқ, шаробу шоҳид, мақсудаш чӣ буда ва чӣ ҳадафе аз ин суханон дошта? Он масъалаи нақдгароӣ ва бадбинӣ ба оянда, манзураш чист? Мо дидем, ҳамаи инҳо дар калимоти Ҳофиз буд, ва ҳатто маъоние аз қабили даъвати сареҳ ба гадоӣ ва дарюзагӣ. Мақсудаш аз инҳо чист? Ва дар бисёре аз ҷоҳо он равиши ба истилоҳ язидигарӣ яъне муқоиса кардан миёни ин айёшиҳои зоҳирӣ ва ибодот ва баъд тарҷеҳ додани инҳо бар онҳо ва таҳқири онҳо, ҳамаи ин мазомин дар ашъори Ҳофиз ҳаст…

Қаблан арз кардаем, ки ирфон ду ҷанба дорад: яке, ҷанбаи назарӣ ва дигар ҷанбаи амалӣ. Ҷанбаи назарии он, ҷаҳонбинии ирфонист. Ирфон дар муқобили ҳамаи мактабҳои фалсафии ҷаҳон, аз худ як ҷаҳонбинии хоссе дорад, яъне як диди хосс дар бораи ҳастӣ дорад, ки бо диди ҳар типе аз типҳои фалосифа мухталиф аст. Инро истилоҳан мегӯем “ирфони назарӣ”. Қисмати дуввуми ирфон, ирфони амалӣ аст. Ирфони амалӣ яъне тариқат ба истилоҳ, сайру сулуки инсон ба сӯйи ҳақиқат, ба сӯйи Худо, ки ин худаш як навъ равоншиносии хоссест, ки лоақал ба ақидаи худи инҳо, то касе вориди ин аволим набошад, наметавонад онҳоро дарк кунад. Дарки ин мароҳил аз ӯҳдаи як файласуф ё як олим ё як равоншиноси оддӣ, ки мехоҳад бо миқёсҳои оддӣ таҳқиқ кунад, хориҷ аст. Ирфони назарӣ бе шабоҳат ба фалсафа нест, ҷаҳонбинӣ аст, мунтаҳо ҷаҳонбиние, ки асли бинишаш биниши ишроқӣ ва қалбӣ ва маънавӣ аст; баёнаш баёни фалсафӣ аст, на ин ки бинишаш ҳам биниши фалсафӣ аст. Биниш, биниши ишроқӣ аст, мунтаҳо баъдҳо ба баёни файласуфона даровардаанд, ки арз кардем касе ки ин корро дар ҷаҳони ислом кард ва дигарон дунболи ӯро гирифтанд, Муҳйиддини Арабӣ аст. Аз замони ӯст, ки ҷаҳонбинии ишроқӣ ва маънавии ирфони як навъ баёни фалсафӣ пайдо кард. Акнун мо усули ҷаҳонбинии ирфониро арз мекунем.

Усули ҷаҳонбинии ирфонӣ

Меҳвари ҷаҳонбинии ирфонӣ ”ваҳдати вуҷуд” аст. Ин нуктаро махсусан таваҷҷӯҳ бифармоед (ин иштибоҳро хелеҳо кардаанд): чун баёни фалсафии ваҳдати вуҷуд дар давраҳои мутааххиртар пайдо шуда (ҳамон тавр ки арз кардам, ба василаи Муҳйиддин ва шогирдонаш пайдо шуд, яъне қаблан номе аз ваҳдати вуҷуд ва аз ин истилоҳ дар миёни урафо набуд.) Баъзе хиёл кардаанд, ки дар ирфон қабл аз Муҳйиддин аслан ваҳдати вуҷуд набуда ва ба қавли бархе, ваҳдати шуҳуд буда, на ваҳдати вуҷуд ва ваҳдати вуҷуд асосан як фикрест, ки баъдҳо пайдо шуда.

Вале ин дуруст нест. Қабл аз Муҳйиддин ҳам ваҳдати вуҷуд буда, мунтаҳо ба номи “ваҳдати вуҷуд” набуда, урафои дигар онро ба баёни дигар зикр мекарданд бидуни он ки номи “ваҳдати вуҷуд” ба он бидиҳанд, на сирфи ваҳдати шуҳуд аст ва на (бо номи) ваҳдати вуҷуд; мунтаҳо ваҳдати вуҷуд баёни фалсафии ҳамон матлабест, ки инҳо аз қадим дар бинишҳои худашон ба он мӯътақид будаанд, ки ин худаш як достонест агар бихоҳем бо касоне, ки чунин хиёле кардаанд баҳс кунем. Масалан: Аттор таҳти таъсири Муҳйиддин нест, чун тақрибан муосир бо Муҳйиддин аст ва шояд каме ҷилавтар аз Муҳйиддин бошад ва ба фарзи ин ки муосир бо Муҳйиддин бошад, фалсафа ва фикри Муҳйиддин ба ӯ нарасида буд. Агар касе осори Атторро бихонад, мебинад ваҳдати вуҷуд бидуни он ки номи он омада бошад, ба шиддат дар калимоти Аттор омадааст. Асос ва меҳвари биниши ирфонӣ, ҳамон ваҳдати вуҷуд аст. Ин яке. (Ин усулро мо фақат бармешуморем, вале баъд ба тафсил баён мекунем).

Яке дигар, масъалаи ваҳдати таҷаллӣ аст, яъне ин ки ҷаҳон бо як таҷаллии Ҳақ ба вуҷуд омадааст, дар муқобили назарияи фалосифа ва мутакаллимин, ки ба шакли дигар аст. Баъд тавзеҳ медиҳем.

Масъалаи дигар дар ҷаҳонбинии ирфонӣ ин аст, ки рози хилқати ҷаҳон (онҳо “хилқат” таъбир намекунанд, “таҷаллӣ” таъбир мекунанд) ишқ аст, ҷаҳон аз ишқ ба вуҷуд омада ва бо нерӯи ишқ бозмегардад. Инҳо такя мекунанд бар як ҳадиси қудсӣ, ки:

كُنْتُ كَنْزاً مَخْفیّاً فَاَحْبَبْتُ اَنْ اُعْرَفَ فَخَلَقْتُ الْخَلْقَ لِكَیْ اُعْرَفَ

(“Ганҷе пинҳон будам, пас дӯст доштам, то шинохта бишавам, (ба ҳамин ҷиҳат) халқро офаридам, то шинохта бишавам.”) Ва ин матлабро, ки “فَاَحْبَبْتُ اَنْ اُعْرَفَ” (яъне аслан инки ман хостам халқ кунам, чун мехостам, ки маъруф бошам) пояи ҳарфҳояшон қарор додаанд ва хеле суханон дар ин замина гуфтаанд, дар сурате ки мо медонем дар баёни фалосифа, ҳатто фалосифаи илоҳӣ, масъалаи илм матраҳ аст, илми иноӣ, ва дар воқеъ дар онҷо боз ақл ва илм нақши худашро бозӣ мекунад, аммо дар ирфон ишқ нақши асосиро дар хилқат бозӣ мекунад.

Масъалаи дигар, ҳаёт ва тасбеҳи умумии мавҷудот ва ба таъбири онҳо, сараёни ишқ дар ҷамиъи мавҷудот аст. Заррае дар ҷаҳон нест, ки аз он чӣ ки онҳо “ишқ ба Ҳақ” меноманд, холӣ бошад.

Масъалаи дигар адл ва зебоӣ ва тавозуни комили ҷаҳон аст. Албатта ин “ҷаҳон”, ки онҳо мегӯянд, он тавре ки мо муғойир бо зоти Ҳақ мебинем, онҳо намебинанд, онро ба шакли дигаре муаррифӣ мекунанд, ки баъд арз мекунам, вале ба ҳар ҳол ҷуз ҷамол ва зебоӣ ва ҷуз адл дар ҷаҳон чизи дигаре ҳукмфармо нест, яъне олам мазҳари ҷамол ва ҷалоли Ҳақ аст ва нақс ва набоистанӣ дар кори ҷаҳон вуҷуд надорад.

Масъалаи дигар бозгашти ашё ба Ҳақ аст. Ашё аз ҳамон мабдае, ки ба вуҷуд омадаанд, аз ҳамонҷо, ки омадаанд, ба ҳамонҷо бозмегарданд, маъод дар таъбири ирфонӣ. Дар ин замина, Мавлавӣ шеъри хеле хубе дорад, мегӯяд:

Ҷузвҳоро рӯйҳо сӯйи кул аст, 

Булбулонро ишқ бо рӯйи гул аст…

Он чӣ аз дарё ба дарё меравад,

Аз ҳамон ҷо, к-омад, он ҷо меравад.

Аз сари кӯҳ селҳои тезрав

В-аз тани мо, ҷони ишқомез, рав.

Албатта инҳо ҳар мавҷудеро мазҳари исме аз асмои Ҳақ медонанд ва мегӯянд, ашё аз исме, ки ба вуҷуд омадаанд, ба ҳамон исм бозмегарданд. Пас, масъалаи дигар масъалаи маъод аст бо таъбири хосси ирфонии онҳо.

Инҳо, ки арз кардам, марбут ба кулли ҷаҳон буд. Он гоҳ инҳо роҷеъ ба инсон назароти хоссе доранд. Инсон дар ҷаҳонбинии ирфонӣ нақши фавқулъода азиме дорад то он ҷо, ки инсон олами кабир аст ва ҷаҳон олами сағир, на ҷаҳон олами кабир аст ва инсон олами сағир, қазия баръакс аст. Мавлавӣ дар ҳамин замина мегӯяд:

Чист андар хум, ки андар наҳр нест?

Чист андар хона, к-андар шаҳр нест?

Ин ҷаҳон хумм асту дил чун ҷӯйи об,

Ин ҷаҳон ҳуҷрасту дил шаҳри уҷоб.

Чун инсонро мазҳари томму тамоми асмо ва сифот ва мазҳари комили асмои Ҳақ медонанд ва ба таъбири динӣ ва қуръонӣ, ӯро “Халифатуллоҳ ал-аъзам” ва мазҳари руҳи Худо медонанд ин аст, ки барои инсон мақоме қоил ҳастанд, ки ҳеч мактабе он чунон мақомро барои инсон дар ҷаҳон қоил нест. Дар заминаи инсон суханони зиёде доранд аз ҷумла ҳамон, ки инсон олами кабир аст ва ҷаҳон олами сағир, ва дигар назарияи инсони комил.

Назарияи инсони комилро ба ин таъбир, аввал бор боз Муҳйиддин иброз карда, яъне ин таъбир аз Муҳйиддин аст, ваилло маъно аз Муҳйиддин нест. Баъд аз Муҳйиддин урафои дигаре омадаанд ва дар ин замина китоб навиштаанд, мисли “Ал-инсон ал-комил”-и Насафӣ, ва як нафари дигар ҳам “Ал-инсон ал-комил” навиштааст, ва дар таъбирҳои фарангиҳо ҳам, инсони комил, абармард ва назоири инҳо, аз ҳамин ҳарфҳои урафо гирифта шуда, вале инсони комили урафо бо инсони комили ҳукамои илоҳӣ ва бо инсони комили уламои имрӯзӣ, он ҳам мактабҳои мухталиф, аз замин то осмон фарқ мекунад.

Инки маноти инсони комил чист ва камоли инсон дар чист, масъалаи хеле ҷолибест, ки инҷо бояд мактабҳои мухталифи фалсафӣ (аъам аз илоҳӣ, моддӣ, қадим ва ҷадид) ва ирфонӣ бо ҳам муқоиса шавад, ва масъалаи бисёр ҷолибе аз об дармеояд.

Масъалаи дигаре, ки урафо рӯйи он хеле такя доранд ва бисёр олӣ аст ва имрӯз тоза фалсафаҳои ҷадиди урупоӣ рӯйи он такя мекунанд — албатта бо як муқаддамоти чаранде, ки аз ҳарфҳои худашон дармеояд — ва дар воқеъ тақлиде аст аз машриқзаминиҳо (ва илло он фалсафаҳо ба инҷоҳо мунтаҳӣ намешавад) ва дар фалсафаи экзистенсиализм рӯйи он такя мешавад, масъалаи “ғурбати инсон” аст, ки инсон дар ин ҷаҳон як мавҷуди ғарибу танҳост, як мавҷудест, ки бо ашё номутаҷонис аст, яъне эҳсоси адами таҷонус бо ҳамаи ашёи дигар мекунад, ки ин ҳам худаш як масъалаи бисёр ҷолибест.

Масъалаи дигар, масъалаи ақл ва ишқ дар маърифат аст, ки инҷо боз тарафи ихтилофи урафо ҳукамои илоҳӣ ҳастанд. Оё камоли воқеии инсон дар чист? Ҳукамо дар посух мегӯянд:

صیرورة الانسان عالَماً عقلیاً مضاهیاً للعالَم العینی

Ҳаддиаксари камоли инсон — ва инсони комил — он аст, ки инсон нусхае бишавад илмӣ аз маҷмӯи ҷаҳон. Пас, инсон бо илм комил мешавад. Вақте инсон файласуф шуд ва як тасаввури саҳеҳ ва ҷомеъ аз кулли олам ва аз низоми олам дошт, ақлаш ба камол расида ва ҷавҳари инсон ҳам ҳамон ақл аст. Ин аст, ки мегӯянд, фалсафа ҳам иборат аз ҳамон “…صیرورة الانسان عالَماً عقلیاً” аст. Вале урафо ҳаргиз ба чунин ҳарфе мӯътақид нестанд, ки вақте ақли инсон камол ёфт, инсон камол пайдо карда. Ҳаргиз камоли инсонро дар камоли ақлаш намедонанд, (балки) камоли инсонро дар ин медонанд, ки инсон ба тамоми ҳақиқати вуҷудаш сайр кунад ба сӯйи Ҳақ то — ба қавли инҳо — бирасад ба Ҳақ:

یا أَیُّهَا اَلْإِنْسانُ إِنَّكَ كادِحٌ إِلی رَبِّكَ كَدْحاً فَمُلاقِیهِ

(Сураи Иншиқоқ, ояти 6). Барои расидан ба ин мақсуд, ҳаким қаҳран аз ақл ва истидлол кӯмак мегирад, вале ориф истидлолро таҳқир мекунад ва аз муҷоҳида ва риёзат ва таҳзиби нафс ва ишқ ва сулук мадад мегирад ва он роҳро кофӣ намедонад ва ҷоизулхато медонад, ки мегӯяд:

Пойи истидлолиён чӯбин бувад…

Инҳо чанд қаламест, ки марбут ба ҷаҳонбинии ирфонӣ мешавад. Ҳоло инҳоро як-як то ҳадде, ки бароямон муяссар бошад ва вақт ҳам иҷоза бидиҳад, баён мекунем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз

Реклама


Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: