Фалсафа ва равиши реализм (55)

Пайдоиши касрат дар идрокот (10)

Матни китоб:

Решаҳои нахустин идрокот ва илмҳои ҳусулӣ:

Дар нахустин бор, ки чашми мо бар андоми ҷаҳони хориҷ афтод (ва албатта ин сухан, ба унвони мисол гуфта мешавад, вагарна пеш аз ин марҳила мароҳили зиёде аз ҳисс — ва ба вижа аз роҳи ламс — паймудаем) ва то андозае хоссиятҳои мухталифи аҷсомро ёфтем, фарз кунем як сиёҳӣ ва як сафедӣ дидем (сиёҳӣ ва сафедӣ барои мисол оварда шуда ва ғараз ду хоссаи ҳақиқӣ аз хоссиятҳои маҳсусаи аҷсом аст), масалан аввал сиёҳиро, ки бо дидан ба вай расида будем ва пас аз вай сафедиро идрок кунем, ва албатта ҳангоме ки сиёҳиро идрок кардем, маънои вайро бо таҷрид аз ҳисс идрок намуда яъне пеш худи бойгонӣ ва забт карда ва пас аз он ба идроки сафедӣ пардохтем, ва ҳангоме ки бо дидани дуввумӣ ба сафедӣ расидем ҳангоме аст, ки сиёҳиро дорем, ҳамин ки ба сафедӣ расидем, сиёҳиро дар онҷо нахоҳем ёфт. Ва маълуми дуввумиро чун ба ҷойе, ки аввалиро бурда будем бибарем (1), мушоҳида мекунем, ки дуввумӣ рӯйи аввалӣ намехобад, чунон ки аввалӣ рӯйи худаш мехобид ва мехобад. Яъне мебинем, сиёҳӣ бо сиёҳӣ ба наҳве аст ва нисбате дорад, ки он нисбатро миёни сафедӣ ва сиёҳӣ намеёбем ва дар натиҷа он чӣ ба дасти мо омад, як ҳамле аст (“Ин сиёҳӣ ин сиёҳӣ аст”) ва як адами ҳамл. Яъне зеҳн нисбате, ки миёни сиёҳӣ ва сиёҳӣ буд, миёни сиёҳӣ ва сафедӣ намеёбад. Ва ба иборати дигар: миёни сиёҳӣ ва сиёҳӣ ҳукм эҷод карда ва нисбате дуруст мекунад, вале миёни сафедӣ ва сиёҳӣ коре анҷом намедиҳад. Ва чун худро дар аввалин мартиба ё пас аз такаррури ҳукми исботӣ, нисбатсоз ва ҳукмдурусткун мебинад, кор анҷом надодани (адами феъли) худро “кор” пиндошта ва набудани нисбати исботӣ миёни сафедӣ ва сиёҳиро як нисбати дигари муғойир бо нисбати исботӣ меандешад ва дар ин ҳол як нисбати пиндорӣ ба номи “нест” (2) дар баробари нисбати хориҷии “аст” пайдо мешавад. Ва муқорини ин ҳол ду қазия дуруст шуда: “Ин сиёҳӣ ин сиёҳӣ аст” ва “Ин сафедӣ ин сиёҳӣ нест”. Ва ҳақиқати қазияи нахустин ин аст, ки қувваи мудрика миёни мавзӯъ ва маҳмул коре анҷом дода ба номи “ҳукм” (ин ӯст). Ва ҳақиқати қазияи дуввумӣ ин аст, ки миёни мавзӯъ ва маҳмул коре анҷом надода, вале ин тиҳидаст мондан ва кор анҷом надоданро барои худ “кор” пиндошта ва ӯро дар баробари кори нахустин, кори дуввумӣ қарор дода (“нест” дар баробари “аст”). Ва чунон ки қувваи номбурда кори худро, ки ҳукм аст, бо як сурати зеҳнӣ (ин ӯст) ҳикоят мекард, фуқдони корро низ ба муносибати ин ки дар ҷойи кор нишаста сурате барои вай сохта ва ҳикоят кунад, вале изтироран дуввумиро (чун ба андешаи аввалӣ сохта шуда) ба аввалӣ нисбат медиҳад (нест = на аст). (Дар мақолаҳои гузашта гуфтем, ки ҳар хато ва амри эътиборӣ то музоф ба сӯйи саҳеҳ ва ҳақиқат нашавад дуруст намешавад.)

Пас аз дуруст шудани ин ду мафҳум (аст, нест) ҳангоме ки қувваи мудрика хоссаи “нисбат”-ро, ки қиём ба тарафайн аст, мушоҳида мекунад, дар қазияи солиба (монанди: “Ин сафедӣ он сиёҳӣ нест”), нисбати салбро ба тарафайни қазия медиҳад ва ба василаи ҳамин кор ҳар як аз тарафайн аз он яке ҷудо шуда ва ҳамдигарро тард мекунанд ва аз ҳаминҷо маънои касрати нисбӣ (ё адад)-ро меёбад, чунонки дар қазияи мӯҷиба чун тарафайнро аз ин маъно (касрат ё адад) тиҳӣ меёбад, ба ин ҳол номи “ваҳдат” медиҳад. Ва аз ҳаминҷо равшан хоҳад буд, ки “касрат” маъноест салбӣ ва “ваҳдат” салби салб аст, вале чун ин салби салб мунтабиқ ба нисбати эҷобӣ (аст) мебошад, нисбати ваҳдат бо нисбати эҷоб дар мисдоқ яке хоҳад буд.

Дар ин кору кӯшиши зеҳнӣ шаш мафҳум ба дасти мо омад:

1. Мафҳуми сиёҳӣ;

2. Мафҳуми сафедӣ;

3. Аст;

4. Нест;

5. Касрати нисбӣ;

6. Ваҳдати нисбӣ.

* * *

Таълиқот:

(1) Яке аз аъмоли махсуси зеҳнӣ, амали муқоиса (санҷиш) аст. Аз лиҳози тартиб, қадри мусаллам ин аст, ки ин амал пас аз амали тахайюл (табдил кардани илми ҳузурӣ ба илми ҳусулӣ) ва пас аз супурдани ҳаддиақал ду сурат ба қувваи ҳофиза анҷом мегирад. Ҳарчанд дар амали муқоиса, вуҷуди ду сурат шарт нест, зеро мумкин аст як чиз худашро бо худаш санҷид ва муқоиса кард, вале қудрати зеҳн бар ин амал вақте пайдо мешавад, ки ҳаддиақал ду сурат пеши худ ҳозир дошта бошад. Зеҳн дар асари қувваи санҷиш, қудрат дорад, ки ҳар ду чизро бо якдигар (мисоли сафедӣ ва сиёҳӣ дар матн) ва ё як чиз худашро бо худаш (мисоли сиёҳӣ ва сиёҳӣ дар матн) бисанҷад ва татбиқ кунад. Ва чун дар ин марҳила муқоиса байни ду мафҳум аст ва назар ба хориҷ нест (ба истилоҳ, ҳамли аввалӣ аст, на ҳамли шойеъ) ва ду мафҳуми баситро бо якдигар муқоиса мекунем, зеҳн биловосита ҳукми эҷобӣ ё салбӣ менамояд. Яъне дар тасдиқи худ эҳтиёҷ ба “ҳадди авсат” надорад. Ва аз инҷо маълум мешавад, ки аввалин тасдиқҳое, ки зеҳн ба онҳо ноил мешавад, марбут ба олами мафоҳим аст, на ба олами хориҷ (ҳамли аввалӣ аст, на ҳамли шойеъ).

Баъзе аз равоншиносони ҷадид мӯътақиданд, ки аввалин аҳкоме, ки зеҳни тифл содир мекунад, марбут ба хоссиятҳои ашёи хориҷӣ аст (ва қаҳран аз қабили ҳамли шойеъ аст, на ҳамли аввалӣ) ва албатта он ҳам он хоссиятҳое, ки бо эҳсосот ва тамоюлоти тифл бастагӣ дорад (аз қабили: “Ин қанд ширин аст”). Ва дар ҳақиқат тифл дар аҳкоми аввалияи худ арзиши ашёро барои худ, ва ба иборати дигар, манофеъи худро аз ашё баён мекунад. Таҳқиқ дар ин матлаб, ки оё аввалин аҳкоми зеҳн чист, бо ғарази ин мақола бастагӣ надорад, (балки) он чӣ бо ғарази ин мақола бастагӣ дорад ин аст, ки мафоҳими “вуҷуд” ва “адам” ва “ваҳдат” ва “касрат”, балки “зарурат” ва “имкон” ва “имтиноъ”, пас аз тавфиқ ёфтан ба “ҳамли чизе бар чизе” (масалан, ҳамли сиёҳӣ ба сиёҳӣ) ва барқарор кардани нисбат байни ду чиз барои зеҳн пайдо мешавад.

Баъзе дигар пиндоштаанд, ки аввалин ҳукме, ки зеҳн содир мекунад, ҳукм ба вуҷуди дунёи хориҷ аст, ва албатта ин назария аз чанд ҷиҳат махдуш аст ва лоақал аз ин ҷиҳат, ки ҳукм ба вуҷуди дунёи хориҷ, фаръи ин аст, ки зеҳн тасаввуре аз “вуҷуд” (ҳастӣ) дошта бошад ва тасаввури “вуҷуд” на фитрӣ аст ва на аз роҳи ҳеч як аз “ҳавосс” маъқул аст, ки вориди зеҳн шавад. Ва ин тасаввур фақат пас аз тавфиқ ёфтан ба “ҳамл” ва ҳукм байни ду чиз, барои зеҳн даст медиҳад, пас лозим аст қабл аз он ки зеҳн ҳукм мекунад ба вуҷуди олами хориҷ, лоақал як ҳукми дигар карда бошад.

* * *

(2) Яке аз умуре, ки дар мантиқ ва дар илмуннафс мавриди таваҷҷӯҳ аст, тавзеҳи моҳияти қазия ва ташреҳи аҷзое аст, ки ҳар қазияи мӯҷиба ё солиба муштамил бар онҳост.

Дар ин маврид фарзияҳо ва назарияҳои зиёде ҳаст. Ҳарчанд ин назарияҳо арзиши мантиқӣ ва фалсафии зиёде надорад, вале чун баъзе аз ин назарияҳо мубтанӣ бар мулоҳизоти дақиқи нафсонӣ аст ва бо борикбинии зиёде аъмоли зеҳнӣ ва чигунагӣ ва тартиби он аъмол дар ташкили қазоё мутолеа шудааст, мо маҷмӯи он назарияҳоро барои касоне, ки ба истилоҳоти мантиқӣ ошно ҳастанд ва моиланд, баён мекунем ва аз эродҳое, ки ба ҳар як метавон ворид кард худдорӣ мекунем ва муқаддаматан аз як иштибоҳи кучак ҷилавгирӣ мекунем. Ва он ин ки: он чӣ бизззот мавриди таваҷҷӯҳи мантиқ ё равоншиносӣ аст “қазияи зеҳния” аст ва агар аз таъбири лафзии он (қазияи малфуза) сухане ба миён ояд, табиатан ва билъараз аст.

Дар қазияи мӯҷиба се назария аст:

а) Қазияи мӯҷиба муштамил бар чаҳор ҷузъ аст: мавзӯъ, маҳмул, нисбати ҳукмия, ҳукм. Яъне зеҳн мавзӯъ ва маҳмул ва нисбати иттиҳодии ин дуро тасаввур мекунад ва “ҳукм”, ки як навъ феъли нафсонӣ аст ва назар ба хориҷ дорад, хориҷияти он нисбати тасаввуршударо, дар зеҳн тасбит мекунад. Аз калимоти Ибни Сино ва Садрулмутааллиҳин интихоби ин назария истифода мешавад.

б) Қазияи мӯҷиба муштамил бар се ҷузъ аст: мавзӯъ, маҳмул, ҳукм ё нисбати ҳукмия. Тасаввури мавзӯъ ва маҳмул кофист, ки зеҳн барои ҳукм кардан омода шавад ва ҳукм ба иттиҳоди ин ду дар зарфи хориҷ бикунад, ҳамчунон ки қазияи лафзия низ, ки марҳилаи таъбири он маъонии зеҳния аст (Зайд истодааст), беш аз се ҷузъ надорад. Мутобиқи ин назария ҳукм ва нисбати ҳукмия ду чиз нестанд, балки айни якдигаранд. Мутааххирини мантиқдонони исломӣ ғолибан ин назарияро интихоб кардаанд.

в) Қазияи мӯҷиба фақат муштамил бар ду ҷузъ аст: мавзӯъ ва маҳмул. Он ҷо, ки зеҳн қазоват мекунад, ки (масалан) “Зайд қоим аст”, на ин аст, ки воқеан илова бар тасаввури Зайд ва тасаввури “қиём” як унсури нафсонии дигаре ба номи “ҳукм” вуҷуд пайдо мекунад, балки сирфан ҳамин қадр аст, ки ин ду тасаввур бо ҳам дар виҷдон ҳозир мешаванд ва бо ҳам мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ мешаванд. Дар тамоми қазоёи эҷобӣ робитае, ки байни мавзӯъ ва маҳмул аст ин аст, ки байни вуҷуди зеҳнии онҳо талозум барқарор аст; ба ин маъно, ки ба хотир омадани ҳар як аз онҳо мӯҷиби ба хотир омадан ва ҳозир шудани дигарӣ мегардад ва ин амр ба сабаби қонуни куллии “тадоъии маъонӣ” сурат мегирад.

Тадоъӣ ва талозуми ду тасаввури зеҳнӣ гоҳе ба сабаби мушобеҳат аст ва гоҳе ба сабаби тазодд ва гоҳе ба сабаби ин ки дар замони воҳид ё дар макони воҳид ба эҳсос даромадаанд. Масалан: мо ҳар вақт номи “Ҳотам”-ро шунидаем, мутаъоқиби он “бахшандагӣ”-ро шунидаем ва Ҳотам ва бахшандагӣ ҳамвора тавъам бо якдигар вориди зеҳни мо шудаанд. Ин маъият ва тавъам будан ҳангоми вуруд, мӯҷиби вобастагии зеҳнии ин ду тасаввур шуда ва одати зеҳни мо шуда, ки ҳар гоҳ Ҳотамро ба ёд оварем ё номашро бишнавем, фавран бахшандагӣ ба ёди мо меояд ва билъакс. Ва ин аст, ки дар зеҳни худ меёбем, ки “Ҳотам бахшанда аст” ва хиёл мекунем, ки ғайр аз тасаввури “Ҳотам” ва тасаввури “бахшандагӣ” чизи дигаре дар зеҳн вуҷуд пайдо карда ба номи “ҳукм”.

Бинобар ин, ҳақиқати қазияи мӯҷиба ҷуз ду тасаввури муталозим ва мутадоъӣ чизе нест. Пас, қазияи мӯҷиба фақат муштамил бар ду ҷузъ аст: мавзӯъ ва маҳмул. Ин назарияро иддае аз равоншиносони ҷадид, ки ҳиссимазҳабанд интихоб кардаанд.

Дар қазияи солиба панҷ назария аст:

а) Қазияи солиба монанди мӯҷиба (мутобиқи назарияи аввал) муштамил аст бар мавзӯъ, маҳмул, нисбат ва ҳукм.

Фарқе, ки байни ин ду ҳаст ин аст, ки дар қазияи мӯҷиба ҳамвора як амри субутӣ ба унвони маҳмул бо мавзӯъ иртибот ва интисоб пайдо мекунад ва дар қазияи солиба як амри адамӣ бо мавзӯъ интисоб ва иртибот пайдо мекунад.

Мутобиқи ин назария, ихтилофи мӯҷиба ва солиба фақат дар ноҳияи “маҳмул” аст ва ҳақиқати қазияи “Зайд истода нест” мусовӣ аст бо қазияи “Зайд на истода аст” ва ба истилоҳ муфоди қазияи солиба “рабти салб” аст. Ин назария чандон тарафдороне надорад.

б) Қазияи солиба монанди мӯҷиба (ба ҳасби назарияи дуввум) муштамил аст бар се ҷузъ: мавзӯъ, маҳмул ва нисбати ҳукмия ё ҳукм. Фарқе, ки байни ин ду ҳаст, дар ноҳияи нисбат аст, на дар ноҳияи маҳмул, зеро нисбат бар ду қисм аст: ё субутӣ аст ё салбӣ. Қазияи мӯҷиба муштамил аст бар нисбати субутӣ ва қазияи солиба муштамил аст бар нисбати салбӣ. Ва ба иборати дигар: зеҳн дар ҳар ду маврид мавзӯъ ва маҳмулро бо якдигар пайванд медиҳад ва байни онҳо иртибот барқарор месозад, чизе, ки ҳаст, навъи пайванд ва иртибот мухталиф аст: дар қазияи мӯҷиба пайванд вуҷудӣ аст ва дар қазияи солиба пайванд ва иртибот адамӣ аст. Масалан: вақте ки ҳукм мекунем “Зайд қоим аст”, байни “Зайд” ва “қиём” пайванди субутӣ ва иттисолӣ додаем, ва вақте ки ҳукм мекунем “Зайд қоим нест”, байни “Зайд” ва “қиём” пайванди салбӣ ва инфисолӣ додаем ва дар ҳар ду сурат он ду мафҳумро ба якдигар пайванд дода ва мунтасаб кардаем. Пас, ҳақиқати қазияи солиба “рабти салб” нест, балки “рабт будани салб” аст.

Ин назарияро бархе аз мантиқдонони исломӣ пазируфтаанд.

в) Қазияи мӯҷиба ва қазияи солиба ҳар ду муштамил ҳастанд бар тасаввури мавзӯъ ва тасаввури маҳмул ва тасаввури нисбати ҳукмия ва ҳукм. Ва нисбати ҳукмия дар ҳар ду маврид субутӣ ва иттиҳодӣ аст, фарқе, ки байни ин ду ҳаст, дар ноҳияи ҳукм аст, на дар ноҳияи маҳмул ва на дар ноҳияи нисбат. Зеро ҳукм, ки феъли нафсонӣ аст, бар ду қисм аст: ё аз қабили вазъ ва “иқоъ” аст ва ё аз қабили рафъ ва “интизоъ”. Тавзеҳи матлаб ин ки: зеҳн, ҳам дар қазияи мӯҷиба ва ҳам дар қазияи солиба эҳтиёҷ дорад ба тасаввури мавзӯъ ва тасаввури маҳмул ва тасаввури нисбат байни мавзӯъ ва маҳмул, ва нисбат дар ҳар ду маврид субутӣ ва иттиҳодӣ аст, ва нисбати салбӣ ва инфисолӣ маъно надорад. Чизе, ки ҳаст, дар марҳилае, ки инсон мутобиқат ва адами мутобиқати ин нисбати иттиҳодии тасаввуршударо (марҳилаи тасдиқ ва ҳукм) бо воқеъ ва нафсуламр менигарад, дар қазияи мӯҷиба хориҷият ва воқеӣ будани ин нисбати иттиҳодиро дар зеҳн тасбит мекунад, ва дар қазияи солиба хориҷӣ набудан ва воқеӣ набудани ин нисбати иттиҳодии тасаввуршударо дар зеҳн тасбит мекунад. Ва ба иборати дигар: дар қазияи мӯҷиба ҳукм мекунад ба вуҷуди ин нисбати иттиҳодӣ дар воқеъ ва нафсуламр ва дар қазияи солиба ҳукм мекунад ба набудани ин нисбати иттиҳодӣ дар воқеъ ва нафсуламр. Пас, муфоди ҳақиқии қазияи солиба, на “рабти салб” аст ва на “рабт будани салб” аст, балки “салби рабт” аст. Ибни Сино ва Садрулмутааллиҳин ин назарияро пазируфтаанд.

г) Қазияи солиба асосан муштамил бар нисбат нест, балки муштамил аст бар мавзӯъ ва маҳмул ва ҳукм. Яъне ҳамон тавре ки дар воқеъ ва нафсуламр гоҳе байни ду чиз робитаи иттиҳодӣ барқарор ҳаст (инсон истеъдоди нависандагӣ дорад) ва гоҳе барқарор нест (инсон дарахт нест), зеҳн низ, ки ба манзур ҳикоят аз воқеъ ва нафсуламр қазоёро месозад, гоҳе байни ду чиз дар зарфи идрокот робита барқарор мекунад (қазияи мӯҷиба) ва гоҳе барқарор намекунад (қазияи солиба). Қазияи солиба муштамил бар ҳукм ҳаст, вале муштамил бар нисбат нест. Ва ба иборати дигар: дар қазияи мӯҷиба инсон мавзӯъ ва маҳмулро тасаввур мекунад сипас бо ҳукми иқоъӣ онҳоро ба якдигар пайванд медиҳад ва байни онҳо нисбат ва робита дар зарфи зеҳн барқарор месозад, вале дар қазияи солиба мавзӯъ ва маҳмулро тасаввур мекунад ва бо ҳукми интизоъӣ онҳоро аз якдигар ҷудо мекунад ва байни онҳо нисбат ва робитае дар зарфи зеҳн барқарор намесозад. Ин назария низ чандон тарафдороне надорад.

д) Қазияи солиба муштамил бар ду ҷузъ аст: мавзӯъ, маҳмул. Дар қазияи солиба пас аз тасаввури мавзӯъ ва маҳмул (инсон ва дарахт) зеҳн мутаваққиф мешавад ва ҳукме намекунад ва нисбате байни мавзӯъ ва маҳмул барқарор намесозад, вале зеҳн ин ҳукм накардани худро, ҳукм ба адам мепиндорад ва дар муқобили мафҳуми “аст”, ки аз ҳукми вуҷудӣ ҳикоят мекард, мафҳуми пиндории “нест”-ро месозад ва қазияи солибаро монанди мӯҷиба муштамил бар ҳукм ва нисбат фарз мекунад. Ин назарияе аст, ки дар ин мақола ихтиёр шудааст.

Ин назария мубтанӣ бар ду матлаби зер аст:

1. Қазияи мӯҷиба муштамил бар бештар аз се ҷузъ нест (мавзӯъ ва маҳмул ва ҳукм) ва фарзи нисбати ҳукмия зарурат надорад, зеро дар қазоёи ҳиссия, ки аввалин қазоёи идрокӣ ҳастанд, монанди “Ин сафедӣ сафед аст” ва “Ин сафед ширин аст”, мавзӯъ ва маҳмул маҳсус ҳастанд ва ҳукм низ феъли нафс аст, вале маҳсусе дар муқобили нисбати ҳукмия надорем, зеро ҳиссе, ки нисбати ду чизро идрок намояд, надорем. Пас бояд бигӯем, қазия бо муҷарради мавзӯъ ва маҳмул ва ҳукм тамом мешавад.

2. Чунон ки дар матни мақола баён шуда нафс дар мавриди қазияи солиба коре анҷом намедиҳад, на ин ки коре анҷом медиҳад ва он кор аз қабили васл ва пайванд кардан ё аз қабили қатъ ва ҷудо кардан аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: