Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (18) – Рози хатми нубувват (2)

Имтиёзи уммати Паёмбари хотам

Дар сураи Бақара, ояти 143 чунин омадааст:

وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُواْ شُهَدَاء عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا

Ва инчунин шуморо – тарбиятёфтагони воқеии исломро – ҷамоате васат (миёнарав), мӯътадил ва мутаъодил қарор додем, то ҳуҷҷат ва шоҳид бар мардуми дигар бошед ва пайғамбар ҳуҷҷат ва шоҳид бар шумо бошад.”

Уммати воқеии ислом аз назари Қуръон, як уммати васат ва мӯътадил аст. Бадеҳист, ки уммати васат ва мӯътадил ва мутаъодил дастпарвардаи таълимоти васат ва мӯътадил аст. Ин оят имтиёз ва хусусияти уммати Паёмбари хотам ва таълимоти онро дар як калима зикр мекунад: васатӣ будан ва таъодул.

Дар инҷо пурсише пеш меояд, ва он ин ки: магар соири паёмбарон таълимоти мутаъодиле надоштаанд? Дар посухи ин пурсиш зикри матлабе лозим аст.

Инсон, танҳо ҷондори рӯйи замин нест ва ҳам ҷондоре нест, ки иҷтимоӣ зиндагӣ мекунад. Ҷондорҳои дигаре ҳастанд, ки зиндагии иҷтимоӣ доранд бо як силсила муқаррарот ва низомот ва ташкилоти дақиқ. Зиндагии онҳо бар хилофи башар, ба давраҳое аз қабили аҳди ҷангал, аҳди ҳаҷар, аҳди оҳан, аҳди атом ва ғайра тақсим нашудааст. Аз ҳамон аввал, ки навъи онҳо ба вуҷуд омада, дорои ҳамин ташкилот ва низомот будаанд, ки доранд. Ин инсон аст, ки ба ҳукми “Инсон (дар оғози офариниш) нотавон офарида шудааст” (Сураи Нисо, ояти 28), зиндагияш аз сифр шурӯъ мешавад ва ба сӯйи бениҳоят пеш меравад. Инсон фарзанди рашид ва болиғи табиат аст ва аз ҳамин рӯ озод ва соҳибихтиёр аст, ниёзе ба роҳнамоӣ ва ҳидояти маҷбурона ба василаи нерӯи мармузе ба номи ғариза надорад. Он чӣ соири ҷондорон бо нерӯи ғариза анҷом медиҳанд, инсон дар муҳити озоди ақл ва қонунҳои қарордодӣ анҷом медиҳад:

إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Роҳро ба ӯ нишон додем, ӯ худ (озодона ва бо интихоби худ), ё қадршинос аст ва ё носипос.” (Сураи Инсон, ояти 3)

Рози ин ки дар инсон инҳироф, суқут, таваққуф ва инҳитот ҳаст ва дар соири ҷондорҳо нест низ дар ҳамин нукта аст. Инсон бар хилофи соири ҷондорон – ки қодир нестанд, ки ба рост гароянд ё ба чап, тунд бираванд ё кунд – ҳам метавонад худро ба пеш бибарад ва ҳам метавонад ба ақаб баргардад, ҳам қодир аст ба сӯйи чап мунҳариф шавад ва ҳам ба сӯйи рост, ҳам метавонад тунд биравад ва ҳам кунд, ва хулоса, ҳам метавонад бандаи “шукргузор” бошад ва ҳам саркаше “кофир”.

Иҷтимои башарӣ гоҳ он чунон ҷомид, сокин ва асири одатҳои даступогир мешавад, ки ниёзманд ба нерӯест, ки занҷирҳоро аз бар гирад ва ӯро ба ҳаракат оварад. Ва гоҳ он чунон ҳаваси навхоҳӣ пайдо мекунад, ки суннатҳо ва қонунҳои табиатро фаромӯш мекунад. Гоҳ ғарқ дар ғуруру такаббур ва худхоҳӣ мешавад (ҳамонанди қавми Бани Исроил ҳангоми беъсати ҳазрати Масеҳ (Алайҳис салом)) ва нерӯе зарурат пайдо мекунад, ки ӯро дар ҷиҳати зуҳду риёзат ва тарки худбинӣ ва риояти ҳудуди худ ва ҳуқуқи дигарон биронад ва гоҳ он чунон ба сустӣ ва лоқайдӣ хӯ мекунад, ки ҷуз бо бедор кардани “маниш” ва шахсият ва эҳсоси ба даст овардани ҳуқуқ, чорае наметавон кард. Бадеҳист, ки тундравӣ ё кундравӣ ё инҳироф ба рост ё чап, ҳар кадом, барномаи махсус ба худ дорад. Барои ҷомеаи мунҳариф ба рост, нерӯи ислоҳкунанда бояд мутамойил ба чап бошад ва баръакс.

Ин аст, ки давои як замон ва як давра ва як қавм, барои замони дигар ва қавми дигар, метавонад дард ва балое бошад (на даво) ва ин аст рози ин ки рисолатҳо мухталиф ва аҳёнан ба сурати зоҳир, ба ҳам зид ҷилва мекунад. Яке паёмбари ҷанг мешавад ва дигаре паёмбари сулҳ, яке паёмбари муҳаббат мешавад ва дигаре паёмбари хушунат ва салобат, яке паёмбари инқилобӣ ва дигаре паёмбари муҳофизакор, яке паёмбари гирён ва дигаре паёмбарони хандон. Рози муваққат будани таълимоти ин гуна паёмбарон ҳамин аст. Бадеҳист, ки бо ҳамаи тазодде, ки миёни ин гуна рисолатҳо аз назари равиш ҳаст, аз назари ҳадаф тазодд ва ихтилофе нест, ҳадаф якест, бозгашт ба таъодул ва афтодан дар ҷодаи аслӣ.

Қуръони Карим зимни қиссаҳои паёмбарон, комилан нишон медиҳад, ки ҳар кадом аз онҳо зимни таълимоти муштараки марбут ба ақоид, бар рӯйи як нуктаи махсусе такя ва исрор дошта ва маъмури иҷрои барномаи хоссе будаанд. Ин матлаб аз мутолеаи қиссаҳои қуръонӣ комилан равшан аст. Мисли барномаи ҳазрати Масеҳ (а), ки бештар рӯйи зуҳд такя дошт.

Акнун, ки ин тавзеҳ дода шуд, метавонем ба мафҳуми ояти мавриди назар наздик шавем:

وَكَذَلِكَ جَعَلْنَاكُمْ أُمَّةً وَسَطًا لِّتَكُونُواْ شُهَدَاء عَلَى النَّاسِ وَيَكُونَ الرَّسُولُ عَلَيْكُمْ شَهِيدًا

Ва инчунин шуморо – тарбиятёфтагони воқеии исломро – ҷамоате васат (миёнарав), мӯътадил ва мутаъодил қарор додем, то ҳуҷҷат ва шоҳид бар мардуми дигар бошед ва пайғамбар ҳуҷҷат ва шоҳид бар шумо бошад.”

Вижагии рисолати Паёмбари Акрам (с)

Рисолати Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо ҳамаи рисолатҳои дигар ин тафовутро дорад, ки аз навъи қонун аст, на барнома. Қонуни асосии башарият аст, махсуси як иҷтимои тундрав ё кундрав ё рострав ё чаправ нест.

Ислом тарҳест куллӣ, ҷомеъ ва ҳамаҷониба, мӯътадил ва мутаъодил, дарбардорандаи ҳамаи тарҳҳои ҷузъӣ ва коромад дар ҳамаи маворид. Он чиро, ки дар гузашта паёмбарон анҷом медоданд, ки барномаи махсус барои як ҷомеаи хосс аз ҷониби Худо ба шумор мерафт, дар давраи ислом олимон ва раҳбарони уммат бояд анҷом диҳанд; бо ин тафовут, ки олимон ва ислоҳгароён бо истифода аз манобеи поённопазири ваҳйи исломӣ барномаҳои хоссе танзим мекунанд ва онро ба марҳилаи иҷро мегузоранд.

Қуръони Карим китобест, ки руҳи ҳамаи таълимоти муваққат ва маҳдуди китобҳои дигари осмониро, ки мубориза бо анвоъи инҳирофҳо ва бозгашт ба таъодул аст, дарбар дорад. Ин аст, ки Қуръон худро “муҳаймин” (нигаҳдоранда) ва нигаҳбони соири китобҳои осмонӣ мехонад:

وَأَنزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ مُصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهِ مِنَ الْكِتَابِ وَمُهَيْمِنًا عَلَيْهِ

Мо ин китобро ба ҳақ фурӯ фиристодем, дар ҳоле ки таъйид ва тасдиқ мекунад китобҳои осмонии пешинро ва ҳофиз ва нигаҳбони онҳост.” (Сураи Моида, ояти 48)

Аз ишораҳои сареҳи исломӣ бармеояд, ки ҳамаи паёмбарон ба ҳукми ин ки муқаддимаи зуҳури нубуввати куллӣ ва хатмӣ ва қонуни асосии ягонаи илоҳӣ будаанд, вазифадор будаанд, навиди камол ёфтан ва итмом ёфтани динро дар давраи Хотами паёмбарон ба умматҳои худ бидиҳанд. Худованд аз ҳамаи паёмбарон чунин паймоне гирифтааст:

وَلَمْ يُخْلِ سُبْحانَهُ خَلْقَهُ مِنْ نَبِي مُرْسَلٍ، أوْ كِتابٍ مُنْزَلٍ، أوْ حُجَّهٍ لازِمَهٍ، أوْ مَحَجَّهٍ قائِمَهٍ، رُسُلُ لا تُقَصِّرُ بِهِمْ قِلَّهُ عَدَدِهِمْ، وَلا كَثْرَهُ الْمُكَذَّبِينَ لَهُمْ، مِنْ سابِقٍ سُمِّىَ لَهُ مَنْ بَعْدَهُ، أَوْ غابِرٍ عَرَّفَهُ مَنْ قَبْلَهُ. عَلى ذلكَ نَسَلَتِ الْقُرونُ، وَمَضَتِ الدُّهُورُ، وَسَلَفَتِ الاَباءُ، وَخَلَفَتِ الاَبْناءُ، الى اَنْ بَعثَ اللّهُ سُبْحانَهُ مُحَمَّدَا رَسُولَ اللّهِ صَلَّى اللّهُ عَلَيْهِ وَآلِهِ لاِنْجازِ عِدَتِهِ، وَتَمامِ نُبُوَتِهِ، مَأخُوذا عَلى النَّبيِّينَ مِيْثاقُهُ، مَشْهُورَهً سِماتُهُ، كَرِيما مِيلادُهُ

Худованд ҳаргиз халқро аз вуҷуди як паёмбар ё китоби осмонӣ ё ҳуҷҷати кофӣ ё тариқаи равшан холӣ нагузоштааст; фиристодагоне, ки андак будани адади онҳо ва бисёрии адади мухолифонашон онҳоро аз анҷоми вазифа бознадоштааст. Ҳар паёмбаре ба паёмбари пешини худ қаблан муаррифӣ шудааст ва он паёмбари пешин ӯро ба мардум муаррифӣ карда ва башорат додааст. Ба ин тартиб, наслҳо пушти сари якдигар омад ва рӯзгорон гузашт, то Худованд Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро ба мӯҷиби ваъдае, ки карда буд, барои такмили дастгоҳи нубувват фиристод, дар ҳоле ки аз ҳамаи паёмбарон барои ӯ паймон гирифта буд. Аломатҳои ӯ маъруф ва машҳур ва вилодати ӯ бузургворона буд.” (Наҳҷул-балоға)

وَإِذْ أَخَذَ اللّهُ مِيثَاقَ النَّبِيِّيْنَ لَمَا آتَيْتُكُم مِّن كِتَابٍ وَحِكْمَةٍ ثُمَّ جَاءكُمْ رَسُولٌ مُّصَدِّقٌ لِّمَا مَعَكُمْ لَتُؤْمِنُنَّ بِهِ وَلَتَنصُرُنَّهُ قَالَ أَأَقْرَرْتُمْ وَأَخَذْتُمْ عَلَى ذَلِكُمْ إِصْرِي قَالُواْ أَقْرَرْنَا قَالَ فَاشْهَدُواْ وَأَنَاْ مَعَكُم مِّنَ الشَّاهِدِينَ

Ба ёд ор ҳангомеро, ки Худованд аз паёмбарон паймон гирифт, ки замоне ки ба шумо китоб ва ҳикмат додам сипас фиристодае омад, ки он чӣ бо шумост тасдиқ кунад, ба ӯ имон оваред ва ӯро ёрӣ намоед. Худованд гуфт: оё иқрор ва эътироф кардед ва ин борро ба дӯш гирифтед? Гуфтанд: иқрор кардем. Гуфт: пас, ҳама гувоҳ бошед, ман низ аз гувоҳонам.” (Сураи Оли Имрон, ояти 81)

Аз Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ду ҷумлаи латиф дар ин замина ворид шуда: яке ин ки фармудааст:

Мо дар дунё пас аз ҳамаи паёмбарон ва умматҳо омадаем, аммо дар охират дар саффи муқаддам ҳастем ва дигарон пушти сари мо ҳастанд.” (Ривояти Муслим)

Дигар ин ки фармуд:

Тамоми паёмбарон дар қиёмат зери парчами ман ҳастанд.” (“Ҷомеъ−ус−сағир”, 1/107)

Иллати ин пешдастӣ дар қиёмат ва иллати ин ки ҳамаи паёмбарон дар он ҷаҳон дар зери парчами ин паёмбар ҳастанд ин аст, ки ҳама муқаддимаанд ва ин натиҷа. Ваҳйи онҳо дар ҳудуди як барномаи муваққат буда ва ваҳйи ин пайғамбар дар сатҳи қонуни асосии куллии ҳамешагист.

Пайванди нубувватҳо

Нубувват як сайри тадриҷӣ ба сӯйи такомул дошта ва охирин ҳалқаи нубувват, баландтарин қуллаи он аст. Орифони исломӣ мегӯянд: “Паёмбари хотам он аст, ки ҳамаи марҳилаҳоро тай карда ва роҳи нарафта ва нуқтаи кашфнашуда аз назари ваҳй боқӣ нагузоштааст.” Агар фарз кунем дар яке аз илмҳо ҳамаи масъалаҳои марбут ба он илм кашф шавад, ҷойе барои таҳқиқи ҷадид ва кашфи ҷадид боқӣ намемонад. Ҳамчунин аст масоиле, ки дар ӯҳдаи ваҳй аст; бо кашфи охирин дастурҳои илоҳӣ ҷойе барои кашфи ҷадид ва паёмбари ҷадид боқӣ намемонад. Мукошифаи томмаи муҳаммадия комилтарин мукошифаест, ки дар имкони як инсон аст ва охирин марҳилаҳои он аст. Бадеҳист, ки ҳар мукошифаи дигар баъд аз он мукошифа, ҷадид нахоҳад буд, аз қабили паймудани сарзамини паймудашуда аст, сухан ва матлаби ҷадидеро ҳамроҳ нахоҳад дошт, сухани охир ҳамон аст, ки дар он мукошифа омадааст:

وَتَمَّتْ كَلِمَتُ رَبِّكَ صِدْقًا وَعَدْلاً لاَّ مُبَدِّلِ لِكَلِمَاتِهِ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

Сухани ростин ва мутаъодили парвардигорат комил шуд, касеро тавоноии тағйир додани онҳо нест. Ӯ шунаво ва доност.” (Сураи Анъом, ояти 115)

Хулоса

Баёнҳои гузашта метавонад дурнамое аз симои андешаи хатми нубувват дар миёни андешаҳои исломӣ расм кунад ва пояҳо ва аркони онро нишон бидиҳад.

Маълум шуд, андешаи хатми нубувват бар ин поя аст, ки аввалан мояи дин дар сиришти башар ниҳода шудааст, сиришти ҳамаи инсонҳо якест, сайри такомулии башар як сайри ҳадафдор ва бар рӯйи як хатти мушаххас ва мустақим аст. Аз ин рӯ ҳақиқати дин, ки баёнкунандаи хостҳои фитрат ва роҳнамои башар ба роҳи рост аст, яке беш нест.

Сониян, як тарҳ ба шарти фитрӣ будан, ҷомеъ будан, куллӣ будан ва ба шарти масуният аз таҳрифу табдил ва ба шарти ташхис ва татбиқ намудани некӯ дар марҳалаи иҷро, метавонад барои ҳамеша раҳнамун ва муфид ва модари тарҳҳо ва барномаҳо ва қонунҳои ҷузъии бениҳоят воқеъ гардад. Акнун ба баррасӣ ва посухи пурсишҳое, ки дар оғози гуфтор ишора шуд мепардозем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: