Шарҳи Маснавӣ (147)

Пой вопас кашидани харгӯш аз шер чун наздики чоҳ расид (2)

* * *

Ин худ аҷзоанд, куллиёт аз ӯ

Зард карда рангу фосид карда бӯ.

Он чӣ гуфем, дар бораи ҳоли аҷзои олам ба ҳангоми ориз шудани марг буд. Ҳатто аносури куллӣ низ дар баробари марг рангашон мепарад ва худро мебозанд, аз бас, ки шери марг пурсавлат ва пурқудрат аст.

Нукта: Манзур аз “куллиёт” ё аносури арбаъа (бод, хок, об ва оташ) аст, ё маволиди салоса яъне наботу ҷамоду ҳайвон аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.419)

То ҷаҳон гаҳ собир асту гаҳ шакур,

Бӯстон гаҳ ҳулла пӯшад, гоҳ ъур.

Бад-ин қарор, ҷаҳон гоҳе пурнишот аст ва гоҳ ғамин. Ва бӯстон гоҳ ҷомаи фохири сабз бар тан кунад, ва гоҳ бараҳна ва холӣ аз сабзаву гиёҳ бошад.

Ҳулла: ҷома ва рахти фохир. Ъур: бараҳна.

Офтобе, к-ӯ барояд норгун,

Соате дигар шавад ӯ сарнигун.

На танҳо замину заминиён дастхуши тағйиру табдиланд, балки ҳатто офтобу афлок низ дучори ин дигаргунӣ ҳастанд. Ин гӯйи оташин ва шӯълавар (офтоб) замоне сар аз машриқ берун мекунад ва соате чанд намепояд, ки ба завол меравад ва дар домани мағриб сарнагун мегардад.

Норгун: оташин, бар сони оташ.

Ахтарони тофта бар чортоқ

Лаҳза-лаҳза мубталои эҳтироқ.

Он ситорагоне, ки бар паҳнаи фалак метобанд, лаҳза ба лаҳза дучори эҳтироқ мешаванд. Яъне нури ситорагон то вақте аст, ки хуршед натобида, ҳамин ки хуршед метобад, нури ситорагон нопадид мегардад.

Чортоқ: навъе хаймаро гӯянд, дар инҷо манзур фалак аст. Эҳтироқ: дар нуҷуми қадим иборат аст аз иҷтимои сайёра бо офтоб.

Моҳ, к-ӯ афзуд з-ахтар дар ҷамол,

Шуд зи ранҷи диққ, ҳамчун хаёл.

Моҳ, ки дар тобиш ва зебоӣ бартар аз ситорагон аст, ҳамин ки ба сӯйи муҳоқ равад, монанди шахсе мешавад, ки ба бемории таб гирифтор омадааст. Яъне лоғар ва наҳиф мегардад, гӯӣ ки аз фарти лоғарӣ танҳо хиёле аз ӯ боқӣ мондааст.

Диққ: навъе аз анвоъи таб аст, ки бисёр сахт ва ҷонкоҳ аст. Ба кор бурдани диққ дар мавриди моҳ, аз он ҷиҳат аст, ки моҳ дар нимаи дуввуми ҳар моҳ тадриҷан рӯ ба борикӣ мениҳад, то ба муҳоқи комил равад.

Ин замини босукуни боадаб

Андарорад зилзилаш дар ларзу таб.

Ҳамин замине, ки бисёр сокин ва ором ва боадаб менумояд, гоҳе зилзила онро ба ҳаяҷон ва изтироб меафканад, ки қобили тасаввур нест.

Эй басо кӯҳ, з-ин балои мурдарег

Гаштааст андар ҷаҳон ӯ хурду рег.

Чӣ басо кӯҳҳо, ки бар асари ин балои дерин ва барҷоймонда аз адвори пешин (зилзила) хурду муталошӣ шаванд ва ба сурати рег реза-реза ва пароканда гарданд.

Мурдарег: ба маънои мирос ва молест, ки аз мурда ба ҷой мемонад. Дар инҷо ба маънои дерин ва барҷоймонда аз замонҳои пешин аст, ки мурод ҳодисаи табиии зилзила аст.

Нукта: Ин байт ишорат аст ба ояти 4-6 сураи Воқеа:

إِذَا رُجَّتِ الْأَرْضُ رَجًّا. وَبُسَّتِ الْجِبَالُ بَسًّا. فَكَانَتْ هَبَاء مُّنبَثًّا

Он гоҳ ки замин сахт ба рафтор ва ларза ояд ва кӯҳҳо сахт муталошӣ шаванд ва монанди зарраҳо гирди ҳаво пароканда гарданд.

Ин ҳаво бо руҳ омад муқтарин,

Чун қазо ояд, шавад зишту афин.

Ҳамин ҳаво, ки бо руҳ ёру ҳамроҳ аст ва ба он ҳаёт мебахшад, агар қазои илоҳӣ даррасад, ҳам ӯ зишт ва ганднок мегардад ва ҳалокат ба бор меоварад.

Муқтарин: ёру ҳамроҳ.

Нукта: Ҳаво мояи идомаи ҳаёти мавҷудот аз ҷумла инсон аст. Агар ҳаво набошад, танаффус муяссар намешавад ва ҷондор мемирад. Мурод аз “руҳ” дар инҷо руҳи қудсӣ ва муҷаррад нест, балки мурод руҳи ҳайвонӣ аст. Ҳаким Сабзаворӣ калимаи “руҳ”-ро ба сурати “равҳ” оварда, ки ба маънои сафо ва нишот ва шодмонӣ аст. Бо ин мулоҳиза: ҳаво мӯҷиби нишот ва шодмонии мавҷудот гардад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.421)

Оби хуш, к-ӯ руҳро ҳамшира шуд,

Дар ғадире зарду талху тира шуд.

Ин оби гуворо, ки созгор ва мувофиқи ҷон аст ва ба ӯ ҳаёт мебахшад, агар дар обгир ва гудоле рокид бимонад, тираву талху зард мешавад.

Ҳамшира: хоҳар, дар инҷо ба маънои мувофиқ ва созгор аст. Ғадир: буркаи об.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 30 сураи Анбиё:

وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاء كُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ أَفَلَا يُؤْمِنُونَ

Ва ҷондоронро ба василаи об зинда бидоштем. Оё имон намеоваранд?!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: