Ирфони Ҳофиз (11)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 11)

Таҷаллӣ

Матлаби дуввум, масъалаи таҷаллии воҳид аст. Дар масъалаи хилқат (ҳоло мо мактаби илоҳиюнро дорем мегӯем), аз назари мутакаллимон, Худо фоъили ашёст ва ба адади ашё ҳам фоъилияти Худованд касрат дорад: Худо ин шайъро халқ карда, он шайъро халқ карда… як дафъа инро халқ карда, як дафъа онро халқ карда… ба хилқатҳои мутаъаддид ба адади ашё, ва ҳама мустақиллан ва биловосита офарида шудаанд.

(Аммо) ҳукамо қоил ба хилқатҳои мутаъаддиданд, аммо тӯлӣ. Яъне мегӯянд, Худованд ақли аввалро халқ кард, аз ақли аввал ақли дуввумро халқ кард, аз ақли дуввум ақли севвумро… Ё ба таъбири дигар: Худо ақли аввалро офарид, ақли аввал ақли дуввумро офарид, ақли дуввум ақли севвумро, то мерасад ба ақли фаъол ва баъд мерасад ба ҷаҳон.

Албатта ин ки мегӯянд: “ақли аввал ақли дуввумро офарид”, ба ин маъно намехоҳанд бигӯянд, ки он бениёз аз холиқи худаш аст. Ба таъбири дигар: маънояш ин аст, ки ба василаи ақли аввал ва бо ақли аввал ё аз маҷрои ақли аввал ақли дуввумро офарид, вале ба ҳар ҳол қоил ба касрат дар фоъилияти Ҳақ ҳастанд, такассури фоъилият барои Ҳақ қоиланд, мунтаҳо мутакаллимин такассурро биловосита медонанд, инҳо маъалвосита ва биловосита, як холиқияти биловосита ва холиқиятҳои ғайримутаноҳии маъалвосита қоил ҳастанд.

Урафо баръакс мӯътақиданд, тамоми олам як таҷаллӣ бештар нест, аз азал то ба абад бо як ҷилваи Ҳақ пайдо шуду бас, ва ояти:

وَما أَمْرُنا إِلاّ واحِدَةٌ

-ро ҳамин тавр таъбир ва тафсир мекунанд. Ҳукамо мегӯянд “иллат ва маълул”, урафо аслан иллату маълулро ғалат медонанд, мегӯянд, иллату маълул дар ҷойест, ки сонӣ барои Ҳақ вуҷуд дошта бошад, инҷо бояд гуфт, таҷаллӣ ва мутаҷаллӣ, зуҳур ва мазҳар.

Вале дар фалсафаи Садро ин қазия ҳал шуда, яъне ӯ таҳқиқ дар “иллату маълул”-ро расонда ба онҷо, ки натиҷааш бо таҷаллӣ яке шуда. Ҳофиз дар инҷо хеле олӣ ва ширин доди сухан дода, яке он ғазали маъруфаш аст, мегӯяд:

Акси рӯйи ту чу дар ойинаи ҷом афтод,

Ориф аз хандаи май дар тамаъи хом афтод.

Ин як матлаби хеле дақиқест дар ирфон, яъне ба истилоҳ “ғалтаи ориф”, ки як таҷаллӣ бар ориф мешавад ва ӯ дар он таҷаллӣ гоҳе иштибоҳ мекунад, яъне масалан ба ҳақиқат ҳанӯз нарасида, байни роҳ аст, хиёл мекунад, ки ба ҳақиқат расида, ва онҳое, ки пухта ҳастанд, мефаҳманд, ки ба қавли Ҳофиз ин тамаъи хом аст, ҳанӯз ба ҳақиқат нарасидаанд…

Акси рӯйи ту чу дар ойинаи ҷом афтод

Инҷо ойинаи ҷом худи инсон аст, қалби инсон аст…

Ориф аз хандаи май дар тамаъи хом афтод

“Май” хандид барои ӯ, иштибоҳ кард, хиёл кард худаш аст. Ҷилвааш пайдо шуд, хиёл кард худаш аст, хиёл кард расида…

(Ҳоло матлаби баҳси мо ин шеър аст, ки) мегӯяд:

Ҳусни рӯйи ту ба як ҷилва, ки дар ойина кард,

Ин ҳама нақш дар ойинаи авҳом афтод.

Хеле аҷиб аст, воқеан ин баён дар ҳадди қариб ба эъҷоз аст.

Ин ҳама акси маю нақши мухолиф, ки намуд,

Як фурӯғи рухи соқист, ки дар ҷом афтод

Ғайрати ишқ забони ҳама хоссон бибурид, 

Аз куҷо сирри ғамаш дар даҳани омм афтод?

Ориф вақте ки ба он мақоми камоли худаш мерасад, якмартаба мебинад, тамоми ашё бо ӯ ҳамзабонанд, (бо худ мегӯяд:) аз куҷо ҳама ӯро мешиносанд? Танҳо ман ориф нестам, ҳама ориф ҳастанд.

Ман зи масҷид ба харобот на худ афтодам

Инам аз аҳди азал ҳосили фарҷом афтод.

Ғазали дигаре дорад, ки бо ин шеър шурӯъ мешавад:

Дардам аз ёр асту дармон низ ҳам,

Дил фидои ӯ шуду ҷон низ ҳам.

Баъд чанд шеър дорад, ки ин шеър маҳалли баҳси мост:

Ҳар ду олам як фурӯғи рӯйи ӯст,

Гуфтамат пайдову пинҳон низ ҳам.

Ғазали дигаре дорад, мегӯяд:

Хаме, ки абрӯйи шӯхи ту дар камон андохт,

Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт.

Арз кардем, инҳо мегӯянд, нерӯи ба вуҷудоварандаи олам ишқ аст. Яъне Худованд аз он ҷиҳат, ки ошиқу маъшуқ аст, на аз он ҷиҳат, ки олиму маълум аст (ҷаҳонро офарид), ва ҷамол ва зебоии ӯст, ки зуҳур карда. Дар ин замина Ҷомӣ қитъае дорад, ки аз он қатаъоти олии ӯст, мегӯяд:

Дар он халват, ки ҳастӣ бенишон буд,

Ба кунҷи нестӣ олам ниҳон буд.

Вуҷуде буд аз нақши дуӣ дур,

Зи гуфтугӯи моиву туӣ дур.

Ҷамоле мутлақ аз қайди мазоҳир,

Ба нури хештан бар хеш зоҳир.

Дилоро шоҳиде дар ҳиҷлаи ғайб,

Мубарро доманаш аз тӯҳмату айб.

Бурун зад хайма з-иқлими тақаддус,

Таҷаллӣ кард дар офоқу анфус.

Зи ҳар ойинае бинмуд рӯйе,

Ба ҳар ҷо хост аз вай гуфтугӯйе.

Аз ӯ як лумъа бар мулку малак тофт,

Мулки саргаштаро чунон фалак ёфт.

Ҳама суббуҳиён суббуҳҷӯён,

Шуданд аз бехудӣ суббуҳгӯён.

Аз он лумъа фуруғе бар гул афтод,

Зи гул шӯре ба ҷони булбул афтод.

Рухи худ шамъ аз он оташ барафрӯхт,

Ба ҳар кошона сад парвонаро сӯхт.

Зи нураш тофт бар хуршед як тоб,

Бурун овард нилуфар сар аз об.

Зи рӯяш рӯйи хеш орост Лайлӣ,

Ба ҳар мӯяш зи Маҷнун хост майле.

Ҷамоли ӯст ҳар ҷо ҷилва карда,

Зи маъшуқони олам баста парда.

Ба ҳар парда, ки бинӣ, пардагӣ ӯст,

Қазоҷунбони ҳар дилбурдагӣ ӯст.

Ба ишқи ӯст дилро зиндагонӣ,

Ба ишқи ӯст ҷонро комронӣ.

Диле к-ӯ ошиқи хубони дилҷӯст,

Агар донад вагар на ошиқи ӯст.

Туйӣ ойина, ӯ ойинаоро,

Туйӣ пӯшидаву ӯ ошкоро.

Чу некӯ бингарӣ, ойина ҳам ӯст,

На танҳо ганҷ ӯ, ганҷина ҳам ӯст.

“Ман”-у “ту” дар миён коре надорем,

Ба ҷуз беҳуда пиндоре надорем.

Шояд 30 сол пеш буд дар Қум, ки ман инҳоро навиштам.

Бале, Ҳофиз мегӯяд:

Хаме, ки абрӯйи шӯхи ту дар камон андохт,

Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт.

Дар воқеъ ба манзилаи як домест, ки андохта барои кашидан, чун “فَاَحْبَبْتُ اَنْ اُعْرَفَ”, барои ин ки мавҷудотро биёфаринад ва бикашад ба сӯйи худ. Камоли ашё дар ин аст, ки ба сӯйи Ӯ баргарданд.

Набуд нақши ду олам, ки ранги улфат буд,

Замона тарҳи муҳаббат на ин замон андохт.

Хиёл накун, ки муҳаббат чизест, ки баъдҳо пайдо шуда, мисли ин ҳарфҳое, ки табииюн мегӯянд.

Ба як карашма, ки наргис ба хушфурӯшӣ кард,

Фиреби чашми ту сад фитна дар ҷаҳон андохт.

Ин ҳам як масъала, ҳоло меравем суроғи як масъалаи дигар.

Ишқ ва ақл

Гуфтем, ки дар пайдоиши хилқат, ориф ба ишқ такя мекунад, на ба илми ъиноӣ ва ақлу ин ҳарфҳо. Инҳо аз он ҷиҳат ақлро мекӯбанд ва ишқро тақдис мекунанд, ки ақл як нерӯи муҳофизакорона аст ва ишқ як нерӯи инқилобӣ. Яъне ақл маъмурияташ ҳифз аст, одами оқил ҳамеша мехоҳад эҳтиёт кунад, мехоҳад худашро нигаҳ дорад ва ҳама чизро барои худаш мехоҳад.

Аслан кори ақл ин аст, мисли ин ки дар нерӯҳои иҷтимоӣ мегӯянд ҳизби муҳофизакор ва ҳизби коргар (ки маъмулан мегӯянд инқилобӣ аст). Нерӯи ақл як нерӯи муҳофизакор аст, ки ҳаким рӯйи он хеле такя дорад. Ишқ баръакс аст, аслан нерӯест, ки мехоҳад аз худ берун биёяд, чӣ дар зотиҲақ, ки мехоҳад таҷаллӣ кунад ва чӣ дар махлуқ, ки мехоҳад ба сӯйи Ӯ парвоз кунад. Ин аст, ки ориф такяаш бар нерӯи ишқ аст, ки нерӯи инқилобӣ аст, на бар нерӯи ақл, ки нерӯи муҳофизакорона аст. Мегӯяд, оламро ишқ ба вуҷуд оварда, на илму ақл. Яке аз беҳтарин шеърҳои Ҳофиз ин шеър аст:

Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад,

Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.

Вақте хост зоташ таҷаллӣ кунад, ишқ пайдо шуд яъне ин ишқ буд, ки зуҳур кард.

Оташ ба ҳама олам зад” яъне ҳамаи ашёро ошиқи ту кард.

Ҷилвае кард рухат, дид малак ишқ надошт,

Айни оташ шуд аз ин ғайрату бар одам зад.

… яъне вақте ки зуҳур кард, бар ҳамаи моҳиёт ва аъёни собита, на дар малак ишқ буд (ва на дар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо)

إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَن يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنسَانُ

(Мо амонати илоҳӣ ва бори таклифро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо арза кардем, пас, аз бардоштани он сар боз заданд ва аз он ҳароснок шуданд, вале инсон онро бардошт… (Сураи Аҳзоб, ояти 72)), танҳо мавҷуде, ки ин истеъдодро дошт, инсон буд.

Ақл мехост, к-аз он шӯъла чароғ афрӯзад,

Барқи ғайрат бидурахшиду ҷаҳон барҳам зад.

Ба ақл гуфтанд, инҷо ҷойи ту нест, ту бирав ақиб.

Муддаъӣ хост, ки ояд ба тамошогаҳи роз,

Дасти ғайб омаду бар синаи номаҳрам зад.

Ман хиёл мекунам, мақсуд аз “муддаъӣ” ҳамон ақл ё нафс ё қувваи шайтонӣ ва ё ин ҷур чизҳо бошад. Дар ғазали дигаре ибтидо мегӯяд:

Пеш аз инат беш аз ин андешаи ушшоқ буд,

Меҳрварзийи ту бо мо шӯҳраи офоқ буд.

… то ба инҷо мерасад:

Пеш аз ин, к-ин сақфи сабзу тоқи Мино баркашанд, 

Манзари чашми маро абрӯйи ҷонон тоқ буд.

Боз тақаддуми ишқ бар хилқат ва офаринишро баён мекунад. Дар ин замина албатта боз масоиле, ки ин оқоён гуфтаанд, зиёд аст.

Сараёни ишқ

Масъалаи дигар “сараёни ишқ” аст, яъне ишқ аз тарафи махлуқот, ки дар инҷо Ҳофиз фавқулъода баҳс карда ва зиёд гуфта ва ман фақат ба яке аз онҳо ишора мекунам, онҷо, ки мегӯяд:

Туфайли ҳастийи ишқанд одамиву парӣ,

Иродате бинамо, то саодате бибарӣ.

Бикӯш, хоҷаву аз ишқ бенасиб мабош,

Ки бандаро нахарад кас ба айби беҳунарӣ.

Майи сабуҳу шакархоби субҳдам то чанд?

Ба узри нимишабӣ кӯшу гиряи саҳарӣ.

Ту худ чӣ луъбатӣ, эй шаҳсавори ширинкор,

Ки дар баробари чашмиву ғоиб аз назарӣ?

Ҳазор ҷони муқаддас бисӯхт з-ин ғайрат,

Ки ҳар сабоҳу масо шамъи маҷлиси дигарӣ.

… то онҷо, ки мегӯяд (хеле олӣ ва латиф аст, аҷиб ҳам ҳаст):

Ба бӯйи зулфу рухат мераванду меоянд, 

Сабо ба ғолиясоиву гул ба ҷилвагарӣ.

Баъд хитоб мекунад ба орифе, ки ҳанӯз марҳилааш нарасида ва набояд тамаъи хом дошта бошад, мегӯяд:

Чу мустаъидди назар нестӣ, висол маҷӯй,

Ки ҷоми Ҷам накунад суд вақти бебасарӣ.

Боз хитоб ба маъшуқ аст:

Дуои гӯшанишинон бало бигардонад,

Чаро ба гӯшаи чашме ба мо наменигарӣ?

Биёву салтанат аз мо бихар ба мояи ҳусн,

В-аз ин муомила ғофил машав, ки ҳайф хӯрӣ.

Нусхае, ки алъон ман мехонам Ҳофизи чопи Қазвинӣ аст, дар Ҳофизҳои дигар ин шеърро изофа дорад:

Маро дар ин зулумот он, ки раҳнамунӣ кард, 

Ниёзи нимишабӣ буду гиряи саҳарӣ.

Тариқи ишқ тариқе аҷаб хатарнок аст, 

Наузубиллаҳ, агар раҳ ба мақсаде набарӣ.

Роҷеъ ба ин ки тариқи ишқ роҳи хатарнокест, мукаррар Ҳофиз баҳс карда. Баъд шеъре дар тахаллусаш дорад, ки гӯё ишора ба ин аст, ки як вақте барояш таҷаллие рух дода ва ба умеди бозгашти он аст, мегӯяд:

Ба юмни хидмати Ҳофиз умед ҳаст, ки боз, 

“Аро усомиру Лайлоя лайлатал қамарӣ”.

Дар мавзӯи инсон низ сухан зиёд аст. Дар ҷаласаи баъд мавзӯи баҳси мо ирфони амалии Ҳофиз аст, ки Ҳофиз бештар дар он бора сухан гуфта ва масоил дар онҷо хеле зиёдтар аст ва Ҳофизро бештар дар он қисмат мешавад шинохт, бар хилофи Ибни Фориз, ки шояд бештар дар ин қисмат (ирфони назарӣ) шинохта мешавад. Онро ҳам хиёл намекунам дар як ҷаласа битавонем ба поён бирасонем. Агар муқтазӣ буд, роҷеъ ба инсон дар Ҳофиз ва дар ирфон баҳс мекунем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: