Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (19) – Рози хатми нубувват (3)

Нубуввати таблиғӣ

Дар мавзӯи хатми нубувват, яке аз пурсишҳое, ки матраҳ буд ин буд, ки агар ислом ба далели камол, куллият ва ҷомеияташ, ба нубуввати ташреӣ (ё худ нубуввати ҳамроҳ бо китоб ва қонун) поён дода, аммо поён ёфтани нубуввати таблиғиро бо чӣ ҳисоб ва фалсафае метавон тавҷеҳ кард?

Ҳақиқат ин аст, ки вазифаи аслии нубувват ҳамон вазифаи аввал аст, аммо таблиғу таълим ва даъват, як вазифаи нимабашарӣ ва нимаилоҳист. Башар то замоне ба ваҳйи таблиғӣ ниёзманд аст, ки ба лиҳози ақл, илм ва тамаддун ба пояе нарасида бошад, ки худ битавонад ӯҳдадори даъват, таълим, таблиғ ва тафсиру иҷтиҳод дар амри дини худ бишавад. Рушд ва булуғи инсоният, худ ба худ ба ваҳйи таблиғӣ хотима медиҳад ва уламо ҷонишинони паёмбарон мегарданд. Мебинем, Қуръон дар аввалин ояте, ки нозил мешавад, сухан аз қироату навиштан ва қаламу илм ба миён меоварад:

اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ. خَلَقَ الْإِنسَانَ مِنْ عَلَقٍ. اقْرَأْ وَرَبُّكَ الْأَكْرَمُ. الَّذِي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ. عَلَّمَ الْإِنسَانَ مَا لَمْ يَعْلَمْ

Бихон ба номи парвардигорат; парвардигоре, ки офарид; офарид инсонро аз хуни баста. Бихон ва парвардигори ту гиромитарин аст; парвардигоре, ки таълим дод бо қалам; таълим дод ба инсон он чиро ки намедонист.” (Сураи Алақ, оятҳои 1 то 5)

Ин оят эълом мекунад, ки аҳди Қуръон аҳди хондану навиштан ва ёд додан ва аҳди илму ақл аст. Ин оят гӯё мефаҳмонад, ки дар аҳди Қуръон вазифаи таълим, таблиғ ва ҳифзи оятҳои осмонӣ, ба уламо мунтақил шуда ва уламо аз ин назар ҷонишини паёмбарон мешаванд. Ин оят эъломи булуғ ва истиқлоли башарият дар ин ноҳия аст. Қуръон дар саросари оятҳояш башарро ба таъаққул, истидлол ва мушоҳидаи айнӣ ва таҷрибии табиат ва мутолеаи торих ва ба тафаққуҳ ва фаҳми амиқ даъват мекунад. Инҳо ҳама нишонаҳои хатми нубувват ва ҷонишинии ақл ва илм ба ҷои ваҳйи таблиғист.

Ба маҳзи нузули Қуръон, ҳазорҳо ҳофизи Қуръон пайдо мешавад. Ҳанӯз ним қарн нагузашта, ба хотири Қуръон илми наҳву сарф ва дастури забон тадвин ва луғатҳои забони арабӣ ҷамъоварӣ мегардад, илми маъонӣ ва баён ва бадеъ ибтикор мешавад, ҳазорҳо тафсиру муфассирон ва мадрасаҳо ва донишгоҳҳои тафсир ба вуҷуд меояд, рӯйи калима ба калимаи Қуръон кор мешавад. Аксари ин фаъолиятҳо аз тарафи мардуме сурат мегирад, ки нисбат ба забони арабӣ бегонаанд. Фақат алоқа ба Қуръон аст, ки чунин шӯру ҳаяҷоне ба вуҷуд меоварад.

Чаро барои Тавроту Инҷилу Авесто чунин фаъолиятҳое нашуд? Оё ин худ далел бар рушд ва булуғи башарият ва қобилияти ӯ барои ҳифз, таълим ва таблиғи китоби осмонияш нест? Оё ин худ далели ҷонишин шудани дониш ба ҷойи нубуввати таблиғӣ нест?

Тавзеҳ он ки: башар дар давраҳои пешин монанди кӯдаки мактабе будааст, ки китобе, ки ба дасташ барои хондан медиҳанд, пас аз чанд рӯз пора-пора мекунад ва аммо башари давраи исломӣ монанди як олими бузургсол аст, ки бо ҳамаи муроҷеоти мукарраре, ки ба китобҳои худ мекунад, онҳоро дар ниҳояти диққат ҳифз менамояд.

Тулӯъ ва зуҳури илм ва расидани башар ба ҳадде, ки худ ҳофиз, даъваткунанда ва мубаллиғи дини осмонии худ бошад, хоҳ нохоҳ ба нубуввати таблиғӣ хотима дод. Аз ин рӯст, ки Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) уламои ин умматро ҳамдӯши паёмбарони Бани Исроил ё бартар аз онҳо мешуморад.

Дини ҷовид

Ислом зимни эъломи хатми нубувват, ҷовидон мондани хешро эълом кард:

Ҳалоли Муҳаммад, ҳалол аст то рӯзи қиёмат ва ҳароми Муҳаммад, ҳаром аст то рӯзи қиёмат.”

Яъне ҳар он чӣ дар дини ислом ҳаром аст, он чиз то рӯзи қиёмат ҳамин ҳукмро дорад, ва ҳар он чӣ дар ин дин ҳалол дониста шуда, то рӯзи қиёмат ҳалол аст.

Пурсарусадотарини пурсишҳо ва эродҳо дар атрофи ҳамин мавзӯъ аст. Мегӯянд: магар мумкин аст чизе ҷовид бимонад? Ҳама чиз дар ҷаҳон бар зидди ҷовид мондан аст, асоситарин асли ин ҷаҳон, асли тағйиру таҳаввул аст, танҳо як чиз ҷовидонист ва он ин ки ҳеч чиз ҷовидонӣ нест.

Инкоркунандагони ҷовид мондан, гоҳе ба суханони худ ранги фалсафӣ ҳам медиҳанд ва қонуни тағйиру таҳаввулро, ки қонуни умумии табиат аст, далел меоваранд.

Агар ба ин масъала танҳо аз ин ҷанба бингарем, ҷавоби эрод равшан аст: он чизе, ки ҳамвора дар тағйиру таҳаввул аст, модда ва таркиботи моддии ҷаҳон аст, аммо қонунҳо ва низомот – хоҳ низомоти табиӣ ва ё низомоти иҷтимоии мунтабиқ бар қонунҳои табиӣ — машмули ин қонун намебошад. Ситорагон ва манзумаҳои шамсӣ падид меоянд ва пас аз чанде фарсуда ва фонӣ мегарданд, аммо қонуни ҷозиба ҳамчунон побарҷост, гиёҳон ва ҷонварон зода мешаванд ва мемиранд, вале қонунҳои зистшиносӣ ҳамчунон зиндааст.

Ҳамчунин аст ҳоли инсонҳо ва қонуни зиндагии онҳо, инсонҳо — аз он ҷумла шахси паёмбар — мемиранд, вале қонуни осмонии ӯ зинда аст.

Мустафоро ваъда дод алтофи Ҳақ:

Гар бимирӣ ту, намирад ин сабақ.

Дар табиат “падидаҳо” тағйирёбандаанд, на қонунҳо. Ислом қонун аст, на падида. Ислом он вақт маҳкум ба марг аст, ки бо қонунҳои табиат ноҳамоҳанг бошад, аммо агар аз фитрат ва сиришти инсон ва иҷтимоъ сарчашма гирифта бошад ва бо табиат ва қонунҳои он ҳамоҳангӣ дошта бошад, чаро бимирад?

Вале гоҳе аз ҷанбаи иҷтимоӣ эрод мекунанд, мегӯянд: муқаррароти иҷтимоӣ як силсила муқаррароти қарордодист, ки бар асоси ниёзмандиҳои иҷтимоӣ вазъ мешавад. Ниёзмандиҳо, ки асоси муқаррарот ва қонунҳои иҷтимоӣ мебошанд, ҳамроҳ бо густариш ва такомули омилҳои тамаддун дар тағйиранд. Ниёзмандиҳои ҳар аср бо ниёзмандиҳои асри дигар мутафовит аст. Ниёзмандиҳои башар дар асри мушаку ҳавопаймо ва барқу телевизион, бо ниёзмандиҳои асри аспу шутур ба куллӣ фарқ кардааст. Чӣ гуна мумкин аст муқаррароти зиндагии ӯ дар ин аср, ҳамон муқаррароти асри аспу шутур бошад? Пойбанд будан ба муқаррароти собит ва якнавохт, монеъи интибоқ бо талаботи замон ва ҳамоҳангӣ бо қофилаи тамаддун аст.

Бидуни шак муҳимтарин масъалае, ки динҳо ва махсусан ислом дар ин аср бо он рӯ ба рӯст, ҳамин масъала аст. Насли ҷадид ҷуз дар бораи таҳаввул, дигаргунӣ ва навталабӣ ва дарки талаботи замон, намеандешад. Дар рӯ ба рӯӣ бо ин насл, аввалин сухане, ки ба гӯш мерасад, ҳамин аст. Аз назари баъзе тундравҳои ин насл, дин ва навхоҳӣ ду падидаи ба ҳам зид ҳастанд. Хоссияти навхоҳӣ таҳаррук ва пушт кардан ба гузашта аст, ва хоссияти дин ҷумуд ва сукун ва таваҷҷӯҳ ба гузашта ва посдории вазъи мавҷуд.

Ислом беш аз дини дигар бояд бо ин гурӯҳ панҷа нарм кунад, зеро ислом аз тарафе даъвои ҷовидонагӣ дорад – ки бар гӯши ин гурӯҳ сахт сангин аст – ва аз тарафи дигар, дар ҳамаи шуъуни зиндагӣ дахолат кардааст, аз робитаи фард бо Худо гирифта то равобити иҷтимоии афрод, равобити хонаводагӣ, равобити фард ва иҷтимоъ, равобити инсон ва ҷаҳон ва ғайра. Агар ислом монанди бархе динҳои дигар ба як силсила маросими ибодатӣ ва дастуруламалҳои хушки ахлоқӣ қаноат карда буд, чандон мушкиле набуд, аммо бо ин ҳама муқаррарот ва қонунҳои маданӣ, ҷазоӣ, қазоӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, ки ислом вазъ карда ва аз тарафе муддаъист ин қонунҳо то рӯзи қиёмат тавоноии ба иҷро гузоштанро доранд, чӣ метавон кард?

Чунон ки мебинем, дар ин шубҳа, аз “тағйири ниёзмандиҳо”, “лузуми риояти талаботи замон” сухан ба миён омадааст. Аз ин рӯ лозим аст мо дар бораи ин ду мавзӯъ, ки унсури аслии ин эродро ташкил медиҳанд, андаке баҳс кунем, сипас роҳи ҳалли мушкилро аз назари ислом баён намоем.

Ниёзмандиҳо

Оё дуруст аст, ки ҳамаи ниёзмандиҳои башар дар тағйир аст ва бо тағйири ниёзмандиҳо қонунҳо ва муқаррароти марбут ба онҳо тағйир мекунад?

Ҷавоб ин аст, ки на тамоми ниёзмандиҳо дар тағйир аст ва на лозимаи тағйири ниёзмандиҳо ин аст, ки усул ва қоъидаҳои асосии зиндагӣ тағйир кунад.

Аммо қисмати аввал: ниёзмандиҳо бар ду гуна аст: ниёзмандиҳои аввалӣ ва ниёзмандиҳои сонавӣ. Ниёзмандиҳои аввалӣ аз умқи сохтмони ҷисмӣ ва руҳии башар ва аз табиати зиндагии иҷтимоӣ сарчашма мегирад. То инсон инсон аст ва то зиндагии вай зиндагии иҷтимоист, он навъ ниёзмандиҳо ҳаст. Ин ниёзмандиҳо ё ҷисмист ё руҳӣ ва ё иҷтимоӣ. Ниёзмандиҳои ҷисмӣ аз қабили ниёзмандӣ ба хӯрок, пӯшок, маскан, ҳамсар ва ғайра. Ниёзмандиҳои руҳӣ аз қабили илм, зебоӣ, некӣ, парастиш, эҳтиром ва тарбият. Ниёзмандиҳои иҷтимоӣ аз қабили муошират, доду ситад, ҳамкорӣ, адолат, озодӣ ва баробарӣ.

Ниёзмандиҳои сонавӣ, ниёзмандиҳоест, ки аз ниёзмандиҳои аввалӣ сарчашма мегирад. Ниёзмандӣ ба анвои олот ва васоили зиндагӣ, ки дар ҳар асру замоне бо асру замони дигар фарқ мекунад, аз ин навъ аст.

Ниёзмандиҳои аввалӣ муҳаррики башар ба сӯйи густариш ва камоли зиндагист, аммо ниёзмандиҳои сонавӣ сарчашма мегирад аз густариш ва камоли зиндагӣ ва дар айни ҳол муҳаррик ба сӯйи густариши бештар ва камоли болотар аст.

Тағйири ниёзмандиҳо ва нав ё кӯҳна шудани онҳо марбут ба ниёзмандиҳои сонавист. Ниёзмандиҳои аввалӣ, на кӯҳна мешавад ва на аз байн меравад, ҳамеша зинда ва нав аст. Порае аз ниёзмандиҳои сонавӣ низ чунин аст. Аз он ҷумла аст ниёзмандӣ ба қонун. Ниёзмандӣ ба қонун сарчашма мегирад аз ниёзмандӣ ба зиндагии иҷтимоӣ ва дар айни ҳол доим ва ҳамешагист. Башар ҳеч замоне бениёз аз қонун нахоҳад шуд.

Аммо қисмати дуввум: дуруст аст, ки густариши омилҳои тамаддун ниёзмандиҳои ҷадиде ба вуҷуд меоварад ва аҳёнан як силсила қарордодҳо ва қонунҳои фаръиро эҷоб мекунад. Масалан: васоили нақлияи мошинӣ эҷоб мекунад, ки як силсила қарордодҳо ва муқаррарот ба номи муқаррароти роҳнамоӣ барои шаҳрҳо ва як силсила муқаррароти байналмилалӣ миёни кишварҳо вазъ бишавад, ки дар гузашта ниёзе ба чунин муқаррарот набуд. Аммо густариши омилҳои тамаддун эҷоб намекунад, ки қонунҳои ҳуқуқӣ, ҷазоӣ ва мадании марбут ба доду ситадҳо, ваколатҳо, ғасбҳо ва замонатҳо ва қонунҳои марбут ба мерос, издивоҷ ва амсоли инҳо – агар бар асоси адолат ва ҳуқуқи фитрии воқеӣ устувор бошанд – иваз бишавад, чӣ расад ба қонунҳои марбут ба робитаи инсон бо Худо ё робитаи инсон бо табиат.

Қонун роҳу тариқаи одилона ва шарофатмандонаи таъмини ниёзмандиҳоро мушаххас мекунад. Тағйиру табдили васоил ва абзорҳои мавриди ниёз сабаб намешавад, ки роҳи таҳсил ва истифода ва мубодилаи одилонаи онҳо иваз бишавад, магар он ки фарз кунем ҳамон тавр ки асбоб ва васоил ва абзорҳои зиндагӣ тағйир меёбад ва комил мешавад, мафҳумҳои ҳақ, адолат, ахлоқ ва амсоли инҳо низ тағйир мекунад. Ба иборати дигар: фарз кунем ҳақ, адолат ва ахлоқ як силсила мафҳумҳои нисбӣ (на мутлақ) ҳастанд, яъне як чиз, ки дар як замон ҳақ, адолат ва ахлоқ аст, дар асру замони дигар зидди ҳақ, адолат ва ахлоқ аст.

Ин фарзия дар асри мо зиёд бозгӯ мешавад, адами дарки мафҳуми воқеии ҳақ, адолат ва ахлоқ сабаби чунин фарзияе шудаасту бас. Он чӣ дар боби ҳақ, адолат ва ахлоқ тағйирёбанда аст, шакли иҷроӣ ва мазҳари амалии онҳост, на ҳақиқат ва моҳияташ.

Як қонуни асосӣ агар бар пояи фитрат устувор бошад ва хутути аслии зиндагиро расм кунад ва ба шакл ва сурати зиндагӣ, ки вобаста ба дараҷаи тамаддун аст, напардозад, метавонад бо тағйироти зиндагӣ ҳамоҳангӣ кунад, балки раҳнамуни онҳо бошад.

Таноқуз миёни қонун ва эҳтиёҷоти нав ба нав, он гоҳ пайдо мешавад, ки қонун ба ҷойи ин ки хатти сайрро мушаххас кунад, ба устувор кардани шакл ва зоҳири зиндагӣ бипардозад. Масалан: васоил ва абзорҳои хоссеро, ки вобастагии комил ба дараҷаи фарҳанг ва тамаддун дорад, бихоҳад барои ҳамеша устувор намояд.

Агар қонун бигӯяд, ҳамеша бояд дар навиштан аз даст ва дар савор шудан аз аспу шутур ва дар рӯшноӣ аз чароғи рӯғанӣ истифода кард, чунин қонуне ба мубориза бо густариши илм ва тамаддун ва эҳтиёҷоти сарчашмагирифта аз он бархостааст ва бадеҳист, ки ҷабри торих онро иваз мекунад.

Қонун ҳар андоза ҷузъӣ ва моддӣ бошад, яъне худро ба моддаҳои махсус ва рангу шаклҳои махсусе баста бошад, шонси бақо ва давоми камтаре дорад, вале ҳар андоза куллӣ ва маънавӣ бошад ва таваҷҷӯҳи худро на ба шаклҳои зоҳирии чизҳо, балки ба равобит миёни чизҳо ё миёни ашхос маътуф карда бошад, шонси бақо ва давоми бештаре дорад.

Талаботи замон

Талаботи замон, яъне талаботи муҳит, иҷтимоъ ва зиндагӣ. Башар ба ҳукми ин ки ба нерӯи ақл ва ибтикор ва ихтиёр муҷаҳҳаз аст ва тамойул ба зиндагии беҳтар дорад, пайваста афкор ва андешаҳо ва омилҳо ва васоили беҳтаре барои бартараф кардани эҳтиёҷоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ ворид мекунад. Ворид шудани омилҳо ва васоили комилтар ва беҳтар, худ ба худ сабаб мешавад, ки омилҳои кӯҳна ва ноқистар ҷойи худро ба инҳо бидиҳанд ва инсон ба омилҳои ҷадид ва ниёзмандиҳои хосси онҳо вобастагӣ пайдо кунад. Вобастагии башар ба як силсила эҳтиёҷоти моддӣ ва маънавӣ ва тағйири доимии омилҳо ва васоили бартарафкунандаи ин эҳтиёҷот ва комилтар ва беҳтар шудани доимии онҳо, ки ба навбати худ як силсила эҳтиёҷоти ҷадид низ ба вуҷуд меоваранд, сабаб мешавад, ки талаботи муҳит, иҷтимоъ ва зиндагӣ дар ҳар асру замоне тағйир кунад ва инсон худро бо талаботи ҷадид татбиқ диҳад. Бо чунин талаботе, на бояд набард кард ва на метавон набард кард.

Аммо мутаассифона ҳамаи падидаҳои наве, ки дар замон пайдо мешавад, аз навъи афкор ва андешаҳои беҳтар ва омилҳо ва васоили комилтар барои зиндагӣ саодатмандонатар нест. Замон, муҳит ва иҷтимоъ махлуқи башар аст ва башар ҳаргиз аз хато масун набудааст. Аз ин рӯ, танҳо вазифаи инсон пайравӣ аз замон, афкор ва андешаҳои замон, одатҳо ва писандҳои замон нест (“Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав” нест), ислоҳи замон низ ҳаст. Агар инсон бояд сад дар сад худро бо замон татбиқ диҳад, пас замонро бо чӣ татбиқ бидиҳад?

Аз назари афроди камфикр, “талаботи замон”, яъне салиқа ва писанди роиҷи рӯз. Ҷумлаи “дунёи имрӯз намеписандад” аз ҳар мантиқе барои кӯбидани шахсияти инон ва таслими беқайду шарт карданашон муассиртар аст. Аз назари тарзи фикри инон, ҳамин ки чизе аз салиқа ва мӯди рӯз – хусусан дар дунёи ғарб – афтод, кофист ҳукм кунем, ки “талаботи замон” тағйир кардааст, дар сурате ки медонем замон, муҳит ва омилҳои иҷтимоиро худи башар месозад, аз олами қудсӣ ворид намешавад ва башар – ҳарчанд ғарбӣ бошад – ҷоизулхатост.

Башар ҳамон тавре ки ақл ва илм дорад, шаҳват ва ҳавои нафс ҳам дорад ва ҳамон тавре ки дар ҷиҳати маслиҳат ва зиндагии беҳтар гом бармедорад, аҳёнан инҳироф ҳам пайдо мекунад. Пас, замон низ, ҳам имкони пешравӣ дорад ва ҳам имкони инҳироф. Бо пешравиҳои замон бояд пеш рафт ва бо инҳирофоти он бояд мубориза кард.

“Талаботи замон” монанди “озодӣ” аз калимотест, ки – махсусан дар машриқзамин – сарнавишти шуме доштааст ва акнун ба шакли як абзори истеъмории комил барои дарҳам кӯбидани фарҳанги асили шарқ ва таҳмили руҳи ғарбӣ даромадааст. Чӣ сафсатаҳо, ки ба ин ном сурат мегирад ва чӣ бадбахтиҳо, ки бо ин унвони “зебо” таҳмил мегардад.

Мегӯянд асри илм аст. Мегӯем, дуруст аст, аммо оё ҳамаи сарчашмаҳо – ҷуз сарчашмаи илм — дар вуҷуди башар хушкида аст ва ҳар чӣ падид меояд, фарзанди холис ва машрӯи илм аст? Дар кадом аср, илму дониш монанди асри мо қуввату қудрат ва густариш доштааст ва дар кадом аср монанди ин аср озодии худро аз каф дода ва мағлуби деви шаҳват ва аждаҳои худхоҳӣ ва ҷоҳталабӣ ва пулпарастӣ ва истихдом ва истисмор будааст?

Касоне, ки муддаъӣ ҳастанд, талаботи тағйирёбандаи замон эҷоб мекунад ҳеч қонуне ҷовид намонад, аввал бояд ду мавзӯи болоро аз якдигар ҷудо кунанд, то маълум гардад, ки дар ислом ҳаргиз чизе вуҷуд надорад, ки бо пешравӣ ба сӯйи зиндагии беҳтар мухолиф бошад.

Мушкили асри мо ин аст, ки башари имрӯз камтар тавфиқ меёбад миёни ин ду ҷудо кунад; ё ҷумуд меварзад ва бо кӯҳна паймон мебандад ва бо ҳар чӣ нав аст мубориза мекунад ва ё ҷаҳолат ба харҷ медиҳад ва ҳар падидаи навзуҳуреро ба номи “талаботи замон” муваҷҷаҳ мешуморад.

Натиҷа

Тарҳи масъалаҳое аз қабили тағйири ниёзмандиҳо ва талаботи замон ҳамин андоза муфид аст, ки бидонем наметавон ин умурро баҳона қарор дод ва чашмбаста қонунеро маҳкум кард ва мункири ҷовид буданаш шуд.

Вале бадеҳист, ки тарҳи ин масоил ба танҳоӣ кофӣ нест мушкили ҷовид буданро ҳал намояд, зеро мусалламан як қонуни ҷовидона агар бихоҳад бар тамоми суратҳои тағйирёбандаи зиндагӣ иҳота намояд ва роҳи ҳалли тамоми мушкилотро нишон диҳад ва ҳар мушкилеро ба сурати хоссе ҳал намояд, бояд аз навъе таҳаррук баҳраманд бошад, хушк ва ҷомид набошад.

Акнун бояд бибинем, ислом бо ҳифзи асли “Ҳалоли Муҳаммад, ҳалол аст то рӯзи қиёмат ва ҳароми Муҳаммад, ҳаром аст то рӯзи қиёмат”, чӣ гуна роҳи ҳалҳои мухталиф дар суратҳои гуногуни зиндагӣ нишон медиҳад? Мусалламан бояд дар низоми қонунгузории ислом розу рамзе нуҳуфта бошад, то битавонад бар ин мушкили бузург пирӯз ояд?

Дар ин хусус дар бахши баъдӣ бештар баҳс хоҳем анмуд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: