Шарҳи Маснавӣ (148)

Пой вопас кашидани харгӯш аз шер чун наздики чоҳ расид (3)

* * *

Оташе, к-ӯ бод дорад дар бурут,

Ҳам яке боде бар ӯ хонад ямут.

Ҳамин оташе, ки саркаш аст ва аз фарти такаббур ба сӯйи осмон гардан меафрозад, бар асари вазидани як мавҷи бод, мемирад ва ба завол меравад.

Бурут: мӯи лаб, ва “боду бурут” киноя аз худбинӣ ва саркашӣ аст.

Нукта: “Ямут” феъли музореъ аст ба маънои “мемирад”. Дар зимн, кибру ғурури Иблисро тадоъӣ мекунад, ки дар мақоми эътироз ба ҳазрати Ҳақ гуфт:

خَلَقْتَنِي مِن نَّارٍ وَخَلَقْتَهُ مِن طِينٍ

Маро аз оташ офаридӣ ва Одамро аз гил.” (Сураи Аъроф, ояти 12), бад-ин тавҷеҳ, ки оташ унсуре болораванда аст ва хок пойинраванда, пас гавҳари оташини ман бар гавҳари гилини ӯ бартар аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.422)

Ҳоли дарё, з-изтиробу ҷӯши ӯ

Фаҳм кун табдилҳои ҳуши ӯ.

Аз изтиробу парешонии ҳоли зоҳирии дарё, ки пурмавҷу пурхурӯш аст, дарёб, ки ҷон ва кунҳи дарё ҳамвора дар дигаргунӣ ва табаддул аст. Ҳоли зоҳирии дарё ҳокӣ аз таҳаввулоти дарунии ӯст.

Нукта: Мавлоно “дарё”-ро ба шахсе ташбеҳ мекунад, ки рафтори зоҳирии ӯ ҳокӣ аз андешаҳо ва ангезаҳоест, ки ӯро доиман ба ҳаяҷон меангезад.

Чархи саргардон, ки андар ҷустуҷӯст,

Ҳоли ӯ чун ҳоли фарзандони ӯст.

Олами афлок, ки ҳамвора дар ҷустуҷӯи матлуби ҳақиқии ҷаҳон аст, ҳоли ӯ дар табаддул ва тағайюр монанди фарзандони худ — яъне маволиди салоса: ҳайвон ва набот ва ҷамод – аст.

Чархи саргардон: ишора аст ба олами афлок.

Гаҳ ҳазизу гоҳ авсат, гоҳ авҷ,

Андар ӯ аз саъду наҳсе фавҷ-фавҷ.

Ситорагон ва ахтарон низ гоҳ дар нишебанд ва гоҳ дар миёна ва гоҳ дар авҷ. Ва бар ҳасби вазъи ҳар як аз онҳо, саъду наҳс вуҷуд дорад.

Нукта: Дар ин байт чанд истилоҳи нуҷумӣ ба кор рафтааст:

“Ҳазиз” дар луғат ба маънои нишеб ва доманаи кӯҳ аст, ва дар истилоҳи аҳли ҳайъат ва нуҷум, нуқтаи муқобили “авҷ” аст ва он, нуқтаи муштарак миёни маҳалли илтиқои ду сатҳи муқаъар аз ду фалак аст. (Кашшофи истилоҳотил-фунун, ҷ.1, с.309)

“Авҷ” баландтарин ҷойест, ки офтоб ба ӯ расад аз кураи хеш. (Аттафҳим ли авоили синоъатин-нуҷум, с.116)

“Авсат” дар луғат ба маънои миёна аст, ва дар истилоҳи нуҷумӣ қавсест андар фалак. (Ҳамон манбаъ, с.117)

“Саъду наҳс”: дар нуҷум ва ҳайъати қадим, барои ситорагон ва кавокиб ҳолатҳои мутазодде қоил буданд. Бархеро хуҷаста ва бархеро нохуҷаста медонистанд ва вазъияти ононро дар аҳвол ва сарнавишти башар дахил медонистанд. Ба таври мисол: Зуҳал ва Миррихро дар ҳар ҳол наҳс мехонданд ва Муштарӣ ва Зуҳраро ҳамеша саъд медонистанд ва ғайра… (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.423)

Аз худ, эй ҷузве зи куллҳо мухталит,

Фаҳм мекун ҳолати ҳар мунбасит.

Инак, ту эй инсон, ки ҷузъ ба ҳисоб меойӣ ва аз куллиёт мамзуҷ шудаӣ, ба худ ой ва ҳоли ҳар баситро, ки аз он таркиб ёфтаӣ, дарёб.

Мунбасит: гушода ва боз, дар инҷо ба маънои басит аст, яъне ғайри мураккаб.

Нукта: “Ҷузве” ишорат аст ба инсон ва манзур аз кулл, аносури чаҳоргонаи обу оташу хоку бод аст, ки инсон таркибе аз онҳост. Ва бидон, ки ҳам ту ва ҳам куллиёт доиман дар тағайюри аҳвол ва табаддули амсол ҳастанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.423)

Чунки куллиётро ранҷ асту дард,

Ҷузви эшон чун набошад рӯйзард?

Вақте ки куллиёт аз чанбараи тағайюру таҳаввулу ранҷ раҳоӣ надоранд, пас ҷузъҳо чӣ гуна мумкин аст, ки аз ин тағйир раҳоӣ ёбанд?

Хоса ҷузве, к-ӯ зи аздод аст ҷамъ,

З-обу хоку оташу бод аст ҷамъ.

Ба вижа мавҷуде, ки аз аздод ташкил шудааст ва ин аздоди чаҳоргона иборатанд аз: обу хоку оташу бод.

Нукта: Мақсуд ин аст, ки чун инсон мураккаб аз ин аносур аст ва ҳар ҷузъ низ тобеъи кулл аст, пас чӣ гуна метавонад аз инқилоб ва тағайюри ин аносур масун бошад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.423)

Ин аҷаб набвад, ки меш аз гург ҷаст,

Ин аҷаб, к-ин меш дил дар гург баст.

Шигифтӣ дар ин нест, ки меш аз гург бигурезад. Яъне таъаҷҷубе надорад, ки яке аз ин аздод аз дигарӣ бигурезад, балки шигифтӣ дар ин аст, ки чӣ гуна ин аздод бо ҳам даромехта ва созгор шудаанд.

Нукта: Мешу гург дар инҷо таъбирест аз аносури мутазодди ҷаҳон. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.83)

Зиндагонӣ оштийи зиддҳост,

Марг он к-андар миёншон ҷанг хост.

Зиндагонии инсон иборат аз тавофуқ ва ҳамоҳангии ин аздод аст. Ва ҳамин ки миёни онон даргирӣ шавад, яке бар дигарӣ ғолиб меояд ва эътидол аз миён меравад ва маргу нестӣ ориз мегардад.

Лутфи Ҳақ ин шеррову гӯрро

Илф додаст ин ду зидди дурро.

Лутфи Худованд шеру гӯрхарро бо ҳам улфат додааст, агарчӣ ҳар ду душмани якдигаранд ва наздик шудан ва дӯстии он ду ба якдигар басе ғариб меояд.

Илф: улфат ёфтан, хӯ гирифтан.

Нукта: Мавлоно дар асари мансури худ мавзӯи созгории аздодро ин гуна шарҳ кардааст: “Пас ҳар ду (падидаи зидд) ёригари ҳамдигаранд ва ҳамаи аздод чунинанд. Шаб агарчӣ зидди рӯз аст, аммо ёригари ӯст ва як кор мекунанд. Агар ҳамеша рӯз будӣ, чашму сару димоғ хира мондандӣ ва девона шудандӣ ва муъаттал… Пас, ҷумлаи аздод, нисбат ба мо зидд менумояд, нисбат ба ҳаким ҳама як кор мекунанд ва зидд нестанд.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.213)

Чун ҷаҳон ранҷуру зиндонӣ бувад,

Чӣ аҷаб ранҷур, агар фонӣ бувад.

Аз онҷо, ки ин ҷаҳон ранҷур ва зиндонӣ аст, ҷойи таъаҷҷуб нест, ки ин ҷаҳон рӯ ба завол ва нестӣ гузорад.

Нукта: Зиндонӣ будани ин ҷаҳон аз он рӯст, ки ҳамвора маҳкум ва бандии ҳукму фармони ҳазрати Ҳақ аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.424)

Хонд бар шер ӯ аз ин рӯ пандҳо,

Гуфт: ман пас мондаам з-ин бандҳо.

Харгӯш аз ин гуна пандҳо ба шер гуфт ва изҳор кард: ман ба воситаи ҳамин пандҳост, ки аз ту ақиб мондам ва аз пешопеш рафтан худдорӣ кардам.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: