Ирфони Ҳофиз (12)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 12)

Низоми аҳсан

Яке аз мабоҳисе, ки дар ҷаҳонбинии ирфонӣ матраҳ аст ва қаблан ишора кардем, масъалае аст, ки фалосифа онро ба унвони масъалаи “низоми аҳсан” унвон мекунанд. Масъалае аст дар фалсафа ва барои файласуфон, ки оё низоми мавҷуд (дар ҳастӣ) низоми аҳсан аст? Маънии “низоми аҳсан” ин нест, ки дар муқобили ин низом, низоми дигаре вуҷуд дорад, ин аҳсан аст ё он? Маънояш ин аст, ки аз он чӣ, ки дар ҳадди имкон ҳаст, оё (ин низом) некӯтарин низоми мумкин аст ва ё ин ки низоме аҳсан аз ин низом ҳам мумкин аст?

Албатта, фалосифа бо адиллаи қотеъ баён мекунанд, ки низоме аҳсан ва акмал аз низоми мавҷуд мумкин нест ва маҳол аст. Ҳар чиро, ки инсон “аҳсан” фарз кунад, як хиёл беш нест ва тоза фарзи як амри маҳол аст. Ин ҷумла мегӯянд аз Ғаззолӣ аст:

لَیْسَ فِی الْاِمْكانِ اَبْدَعُ مِمّا كان

Яъне, бадеътар аз он чӣ ҳаст, имкон надорад. Ва мегӯянд, баъд аз ӯ 200 сол дар бораи ин ҷумла баҳс мекарданд, ки оё ҳамин тавр аст ё на? Ин як масъалае аст, ки дар миёни фалосифа матраҳ аст ва баъзе аз файласуфон ё нимафайласуфон ҳам будаанд, ки ин матлабро қабул надоштаанд, ҷумлаҳое гуфтаанд, ки аз он ҷумлаҳо эътироз ба он чӣ, ки ҳаст истишмом мешавад, ки ғолибан инҳо ба забони шеър аст, на ба забони фалсафа ва забони ҷидд. Дар арабӣ дар ашъори Абулъалои Маъаррӣ аз ин ҷур матолиб ҳаст ва дар форсӣ дар ашъори мансуб ба Хайём, ки баъзе аз аҳли татаббуъ ва таҳқиқ муддаъӣ ҳастанд, ки ин ашъор аз Хайёми риёзӣ, ки номаш Абулфатуҳ Умари Хайём аст нест ва аз шахси дигарест ба номи Алии Хайёмӣ, ҳоло ҳар чӣ мехоҳад бошад. Мо дар (китоби) “Адли илоҳӣ” қисматҳое аз шеърҳои Хайёмро дар ҳамин замина нақл кардаем:

Гар бар фалакам даст будӣ чун яздон,

Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

Аз нав фалаке чунон ҳамесохтаме,

К-озода ба коми дил расидӣ осон.

Ҳамаи ҳарфҳо охираш ба як чизи хеле пасте мунтаҳӣ мешавад: “К-озода ба коми дил расидӣ осон”. Албатта, инҳо бештар забони ба истилоҳ ҳазлу шӯхӣ аст, на забони ҷидд.

Худ ҳамин Хайём рисолае дорад ба номи “Алкавн ват-таклиф”, ки мавзӯи он ҳамин аст, ки низоми олам низоми аҳсан аст, яъне мавзӯи рисолаи фалсафиаш зидди ҳамон ҳарфҳоест, ки дар ин шеърҳо аз ӯ нақл шуда ва нақл мешавад, агар шеърҳо аз ӯ бошад.

Дар миёни фалосифа — албатта фалосифаи лоақал моддӣ, нимамоддӣ — афроде будаанд, ки ҳамин ҳарфҳое, ки аз зоҳири ашъори Хайём мафҳум мешавад, аз калимоташон мафҳум мешавад. Дар Урупо зиёд будаанд, дар дунёи худамон ҳам каму беш афроде будаанд.

Дар миёни урафо аслан наметавониста чунин чизе вуҷуд дошта бошад. Яъне наметавониста як касе ориф бошад ва дар айни ҳол низомро низоми аҳсан ва низоми аҷмал надонад. Ин асосан таноқуз аст, магар касе аслан ориф набошад, ва илло бо ирфон ҷур дарнамеояд. Урафо, ки ин низомро зеботарин низом ва аҳсани низомҳои мумкин медонанд, на аз он роҳ ворид мешаванд, ки фалосифа ва файласуфон ворид шудаанд, чун фалосифа бештар аз роҳи худи олам ворид мешаванд, яъне нафси низоми оламро нигоҳ мекунанд ва баъд бо таҳлилҳое, ки мекунанд, ба ин натиҷа мерасанд, ки низоми мавҷуд низоми аҳсан аст. Албатта фалосифа аз роҳи бурҳони лиммӣ ҳам ворид шудаанд, ки дар мисли “Асфор” ҳаст, яъне аз роҳи ин ки Худованди Мутаъол камоли мутлақ ва хайри мутлақ ва ҷамоли мутлақ аст ва он чӣ аз ӯ падид меояд, мумкин нест ғайри ин ки ҳаддиаксари камоли мумкинро дошта бошад, вале урафо асосан ҳарфашон ҳамин аст. Онҳо дар хилқат, таъбир ба иллату маълул ва ҳатто низом ва ин ҳарфҳо намекунанд, суханашон сухани таҷаллӣ аст. Дар назари ориф, тамоми ҳастӣ ва тамоми ҷаҳон як ҷилваи Ҳақ аст:

Акси рӯйи ту чу дар ойинаи ҷом афтод,

Ориф аз хандаи май дар тамаъи хом афтод.

(Тамоми ҷаҳон ) мазҳаре аз ҳусни рӯйи ӯст:

Ҳусни рӯйи ту ба як ҷилва, ки дар ойина кард,

Ин ҳама нақш дар ойинаи авҳом афтод.

Ё дар таъбирҳои дигаре, ки аз худи Ҳофиз хондем, партави ҳусн аст:

Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад,

Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.

Як карашма аст:

Ба як карашма, ки наргис ба хушфурӯшӣ кард,

Фиреби чашми ту сад фитна дар ҷаҳон андохт.

Бинобар ин дар мантиқе, ки — агарчӣ худашон розӣ ба ба кор бурдани калимаи “мантиқ” дар инҷо нестанд, дар воқеъ мофавқи мантиқ, дар шуҳуде, ки — тамоми ҳастиро якҷо ба унвони як ҷилва аз зоти комилуссифоти Ҳақ Таъоло мебинад, аслан олам яъне “Худо дар як ойина”. Агар фарз кунем орифе дар олам нақс бибинад, маънояш ин аст, ки дар Худо нақс мебинад, чун олам дар назари ориф, дуруст мисли сурати мунъакис дар ойина аст дар назари мо, ки аз худаш чизе надорад, ҳар чӣ ҳаст, ҳамон аст, тамом он аст. Агар касе чунин ҳарфе бизанад, ӯ дигар наметавонад ориф бошад, чун ҳеч орифе тафаввуҳ намекунад, ки зоти Ҳақ, ки вуҷуди мутлақ ва камоли мутлақ аст ва адам ва нақс наметавонад дар он роҳ дошта бошад, ноқис бошад, қаҳран дар тамоми олам ва дар маҷмӯи олам ҳам дар ирфон чунин фарз намешавад.

Дар ин ки Ҳофиз мардест ориф ва худаш ҳам худашро ба сифати ирфонӣ меситояд, баҳсе нест, гӯ ин ки бо “сӯфӣ” — ки як истилоҳи тақрибан урфӣ шуда буда, яъне як тасаввуфи ҳирфаӣ дар миёни мардум пайдо шуда буд, ки он ҳам аз назари ориф як навъ дару дӯкон буд — ва бо тасаввуф аҳёнан мубориза мекунад, на ҳамеша, яъне сӯфиро тақсим мекунад ба сӯфии шоиста ва сӯфии ношоиста, масалан:

Нақди сӯфӣ на ҳама софийи бе ғиш бошад,

Эй басо хирқа, ки муставҷиби оташ бошад.

Вале орифро — чун ҳанӯз мафҳуми ҳирфаӣ пайдо накарда буд — ҳеч вақт нақд намекунад ва ҳамеша ситоиш мекунад. Бале, сӯфиро якҷо ситоиш мекунад, якҷо на. Ин барои он аст, ки сӯфӣ дар назари ӯ ду навъ аст: сӯфие, ки воқеан ҳамон ориф аст, ва сӯфии ҳирфаӣ, ки дару дӯкон дуруст карда. Ба ҳар ҳол, дар ин ки Ҳофиз худашро ориф муаррифӣ мекунад, баҳсе нест, ва ба илова, ҷумлаҳояш ҳама ҷумлаҳои ирфонист, таъбироташ роҷеъ ба олами ирфонист. Бинобар ин, дар мантиқи Ҳофиз наметавонад номавзунӣ, хато ва амсоли инҳо дар кори олам фарз бишавад. Ин як ҷиҳат, ки аслан лозимаи мактаби Ҳофиз ин аст ва ҷуз ин наметавонад бошад. Ба илова, Ҳофиз дар бисёре аз ашъораш ба ин матлаб тасреҳ мекунад, масалан, ғазали маъруфе дорад, ки мегӯяд:

Дар хароботи муғон нури Худо мебинам,

Ин аҷаб бин, ки чӣ нуре зи куҷо мебинам…

Сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб

Ин ҳама аз назари лутфи шумо мебинам.

Ҳар дам аз рӯйи ту нақше занадам роҳи хаёл,

Бо кӣ гӯям, ки дар ин парда чиҳо мебинам

Кас надидаст зи мушки Хутану нофаи Чин

Он чӣ ман ҳар саҳар аз боди сабо мебинам.

… то ин шеър, ки мегӯяд:

Нест дар доира як нукта хилоф аз пасу пеш,

Ки ман ин масъала бе чуну чаро мебинам.

Таъбире ирфонӣ аз он таъбири фалсафӣ аст, ки мегӯяд:

لَیْسَ فِی الْاِمْكانِ اَبْدَعُ مِمّا كان

Дар ғазали дигаре, ки бо ин байт оғоз мешавад:

Дӯш аз масҷид сӯйи майхона омад пири мо,

Чист, ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо.

Мегӯяд:

Рӯйи хубат ояте аз лутф бар мо кашф кард,

3-он замон ҷуз лутфу хубӣ нест дар тафсири мо.

Мо туро, ки ба унвони як ҷамоли мутлақ мебинем, дигар наметавонем ғайр аз хубӣ бибинем, маънӣ надорад. Дар ғазали дигаре, ки чунин оғоз мешавад:

Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,

Суханшинос найӣ, ҷони ман, хато ин ҷост,

Сарам ба дуняву уқбо фурӯ намеояд,

Таборакаллаҳ аз ин фитнаҳо, ки дар сари мост.

Яъне мо Худоҷӯ ҳастем, на дунёҷӯ ва на охиратҷӯ, балки болотар.

Дар андаруни мани хастадил надонам кист, 

Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?

Мегӯяд:

Маро ба кори ҷаҳон ҳаргиз илтифот набуд.

Рухи ту дар назари ман чунин хушаш орост.

Боз дар ғазали маъруфе, ки бо ин байт оғоз мешавад:

Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт,

В-андар он баргу наво хуш нолаҳои зор дошт.

Мерасад ба ин байт:

Хез, то бар килки он наққош ҷонафшон кунем, 

К-ин ҳама нақши аҷаб дар гардиши паргор дошт.

Дар ҷойи дигар, ки зоҳиран зимни як мадиҳа аст мегӯяд:

Даври фалакӣ яксара бар минҳаҷи адл аст, 

Хуш бош, ки золим набарад роҳ ба манзил.

Байте дорад, мегӯяд:

Орифе ку, ки кунад фаҳм забони савсан,

То бигӯяд, ки чаро рафту чаро бозомад?

Яъне, як ориф ин ҳастиҳо ва нестиҳо ва ин омаданҳо ва рафтанҳоро дарк мекунад, ғайри ориф мегӯяд, чаро ин ашёе, ки меоянд, баъд мераванд ва фонӣ мешаванд? Вале як ориф рози инҳоро дарк мекунад. Ва боз ҳам ашъори дигаре ҳаст.

Аммо дар Ҳофиз ашъоре ҳаст, ки баъзе гумон кардаанд ва ё лоақал мустамсак қарор додаанд, ки хайр, аслан Ҳофиз ба амри хилқат мӯътариз буда, ӯ дар амри хилқат таъаммул мекарда ва баъд медида чизҳое, ки набояд бибинад ва надиданист ва мавриди эътироз аст, ва ҳар чӣ ҳам, ки ин тарафу он тараф, ба ҳикматҳо ва фалсафаҳо рӯ овард, натавонист роҳи ҳалле пайдо кунад, ин буд, ки ба қавли онҳо, ба риндӣ рӯ овард, вале риндие, ки онҳо Ҳофизро тафсир кардаанд, яъне мастӣ ва дам ғанимат шумурдан ва амсоли инҳо. Он гоҳ гуфтаанд, ки дар баъзе ашъори Ҳофиз сареҳан эътироз ба хилқат ҳаст. Як шеъраш шеъри маъруфест дар он ғазале, ки бо ин байт оғоз мешавад:

Сӯфӣ ар бода ба андоза хӯрад, нӯшаш бод, 

Варна андешаи ин кор, фаромӯшаш бод.

… мерасад ба ин шеър, ки хеле маъруф ҳам ҳаст ва шунидаам, ки марҳум Ҷалоли Даввонӣ аз ҳукамо ва фалосифа рисолае дар бораи ин шеър навишта, вале ман надидаам ва шояд чоп ҳам нашуда бошад. Мегӯяд:

Пири мо гуфт: хато бар қалами сунъ нарафт. 

Офарин бар назари поки хатопӯшаш бод!

Онҳо мегӯянд, ин шеър мегӯяд: пири мо, устоди мо, муаллими мо гуфт, ки дар қалами сунъ ҳеч хатое сурат нагирифта, ҳеч чизе, ки набоист бошад вуҷуд надорад, офарин бар назари поки хатопӯшаш; назари поке, ки рӯйи хаторо мепӯшад! Яъне хато вуҷуд дорад, вале лойи сабил мегузорад, мегӯяд, ҳарфашро назан, вуҷуд дорад, вале хуб, нагӯем, ҳарфашро назанем, бигӯем иншоаллоҳ гурба аст. Онҳое, ки ин шеърро ин ҷур маънӣ кардаанд, баъд гуфтаанд, бинобар ин бо таваҷҷӯҳ ба он шеърҳои дигари Ҳофиз, ки масалан мегӯяд:

Нест дар доира як нукта хилоф аз пасу пеш,

Ки ман ин масъала бе чуну чаро мебинам.

… ин дуро бо ҳамдигар чӣ гуна мешавад тавҷеҳ кард? Гуфтанд, як вақте он ҷур фикр мекарда, як вақте ҳам ин ҷур фикр мекарда. Яъне онҳо шак надоранд, ки ин шеър бо он ашъор ҷур дарнамеояд, мунтаҳо гуфтаанд, як вақте он ҷур фикр мекарда, як вақте ҳам ин ҷур, вале намедонем, ки аввал онро гуфта баъд инро, ё аввал инро гуфта баъд онро?

Яке аз касоне, ки хеле дилаш мехоҳад Ҳофизро мисли худаш тавҷеҳ кунад, мегӯяд, ки ба назари ман аслан Ҳофиз ин шеърро дар давраи пухтагиаш гуфта, чаро? Ба чӣ далеле? Барои ин ки ӯ дар ҳадди куфр як ҳарфе зада ва агар ин ҳарф дар девонаш мебуд, он вақт Шоҳ Шуҷоъ, ки ба ӯ эътироз кард, ки ту чаро гуфтӣ:

Гар мусалмонӣ аз ин аст, ки Ҳофиз дорад,

Оҳ агар аз пайи имрӯз бувад фардое!

.. ба ин шеър низ эътироз мекард. Маълум мешавад, ин шеърро он вақт нагуфта буда, балки дар охири умр ва баъд аз марги Шоҳ Шуҷоъ гуфтааст.

Бо он баёне, ки дар боби “назари ориф» арз кардем, ҷавоби ин ҳарф хеле возеҳ ва равшан аст. Дар диди ориф хато асосан вуҷуд надорад ва наметавонад вуҷуд дошта бошад, чӣ тавр? Ориф аз Худо оламро мебинад, аз боло ҷаҳонро мебинад, ғайр аз файласуф ва мардуми оддӣ аст, ки аз пойин ҷаҳонро мебинанд. Он ки ҷаҳонро аз пойин мебинад, ӯ қаҳран так-так ва ҷузъ-ҷузъ мебинад ва тамоми низомро якҷо наметавонад бибинад. Дар як маҷмӯъа, аҷзоъро дидан, як ҷузъро инсон бибинад ва танҳо бихоҳад рӯйи он қазоват кунад, як ҳукм дорад, дар маҷмӯъ бибинад ҳукми дигаре дорад. Шумо зеботарин чеҳраҳоро дар назар бигиред; агар ҳамаи ин чеҳраро бипӯшанд, фақат ду ришта дандон пайдо бошад, бо сари мурда ҳеч тафовуте надорад, одам аз диданаш ваҳшат мекунад; ё фақат як чашмро инсон бибинад, ё фақат як абрӯро бибинад. Ҳоло зеҳни инсон аз боби ин ки вақте як узвро мебинад аъзои дигарро муҷассам мекунад, намегузорад, ки хеле зишт ба назар ҷилва кунад, вале агар инсон ба он қисматҳое, ки дар зери парда ҳаст таваҷҷӯҳ надошта бошад, қаҳран он чунон ки лоақал зебо бояд бибинад, намебинад. Вақте зебоиаш он чунон ки ҳаст ҷилва мекунад, ки ҳамаро бо якдигар бибинад. Он ки аз боло нигоҳ мекунад, дидаш комил аст, он ки аз пойин нигоҳ мекунад, дидаш ноқис аст. Дар диди ноқис хато меояд. Вақте ки “дид” комил шуд, дигар дар ин дид тамоми он чӣ, ки хато дар диди ноқис вуҷуд дошт, аз байн меравад.

Албатта Ҳофиз расмаш ҳам ин аст, ки ҳамеша махсусан дупаҳлӯ ҳарф мезанад, ки ин худаш достони муфассале аст. Вале манзураш ҳамин аст, ки бо диди поки “комил” (нақсе вуҷуд надорад.) Пир яъне комил (қаринааш дар худаш аст). Пас, ғайрикомил нақс мебинад, вале комил аст, ки ҳаргиз нақсе намебинад. Чаро наметавонад нақс бибинад? Аз боби ин ки ӯ ҳамаро бо ҳам мебинад, маҷмӯи низомро мебинад ва дар маҷмӯи низом нақсе асосан вуҷуд надорад. Маҷмӯи низом ҳамонест, ки худаш таъбир карда ба ҷилваи зоти Ҳақ, сояи зоти Ҳақ. Ва ба қавли худашон, зилли “Ҷамил” ҷамил аст, сояи “Зебо” зебост, акси “Зебо” зебост. Он ки дидаш ҷузъӣ аст, наметавонад акси “Зебо”-ро бибинад, ӯ қитъае аз аксро мебинад, ҷузъе аз аксро мебинад. Махсусан, ки дар яке ду байти баъдаш ашъоре дорад, ки боз ҳикоят мекунад аз ниҳояти зебобинӣ ва хушбинӣ, мегӯяд:

Чашмам аз ойинадорони хату холаш гашт,

Лабам аз бӯсарубоёни бару дӯшаш бод!

Яъне дар чашми ман он чӣ, ки мебинам, хату хол аст, ишора ба:

“Ҷаҳон чун хатту холу чашму абрӯст,

Ки ҳар чизе ба ҷойи хеш некӯст”.

Наргиси масти навозишкуни мардумдораш

Хуни ошиқ ба қадаҳ гар бихӯрад, нӯшаш бод!

Аз ҳамаи ашъор, он ки дар бораи он бештар рӯйи ин ҷиҳат истидлол кардаанд, ҳамин шеър аст (“Пири мо гуфт: хато бар қалами сунъ нарафт…”), ки ин ҳам таклифаш ҳамин тавр, ки арз кардам равшан шуд.

Як идда ашъори дигар ҳам буд, ки мо дар гузашта сӯҳбат кардем, онҳо ҳам айнан мисли ҳамин шеърҳост, ки акнун арз мекунем.

Дар баъзе аз ашъор, Ҳофиз чизе мегӯяд, ки (бархе) чунин гумон кардаанд, ки (вай мегӯяд) бале, мо аз роҳи фикру фалсафаю ин ҳарфҳо рафтем (ғайр аз ин ҳам, ки дигар роҳе нест), ба ҷойе нарасидем, маъюс шудем, гуфтем, дигар умрро ба ин ҳарфҳо набояд талаф кард, пас лоақал ҳоло, ки ба ҷойе намерасем, аз ин фурсати чандрӯзаи умр истифода кунем ва хулоса бизанем ба дари айёшӣ. Аз ҷумла байти маъруфе ҳаст, ки мегӯяд:

Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,

Ки кас нагшуду нагшояд ба ҳикмат ин муамморо.

Аввали ғазал ин аст:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро…

Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,

Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо!

Мехоҳад бигӯяд, ҷамолу зебоии ӯ бениёз аз ишқварзии мост, ӯ гулест, ки аз нағмасаройии булбулҳо бениёз аст:

نَّ اللّهَ خَلَقَ الْخَلْقَ حینَ خَلَقَهُمْ غَنِیّاً عَنْ طاعَتِهِمْ

Ӯ бениёзи мутлақ аст аз тоати мо, аз ишқварзии мо, аз ибодати мо ва аз ҳама чиз

Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист, 

Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо! 

Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт донистам,

Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.

Агар дашном фармойӣ в-агар нафрин, дуо гӯям,

Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.

Яъне, агар маро биронӣ, боз ҳам аз ту намеранҷам. Мехоҳад бигӯяд, ки дар балои ту ҳам на фақат собирам, балки шокирам.

Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Он панд чист?

Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,

Ки кас нагшуду нагшояд ба ҳикмат ин муамморо.

Инҷо Ҳофиз чӣ мехоҳад бигӯяд? Хеле возеҳ аст. Дар даҳҳо шеъри дигар қарина дорад. Тарҷеҳи олами ирфон аст бар олами фалсафа, тарҷеҳи роҳи ишқ аст бар роҳи ақл.

Танҳо Ҳофиз ин ҳарфро назада, ҳамаи урафо ин ҳарфро мезананд. Ихтилофи файласуф ва ориф дар ин аст. Файласуф ҳам мехоҳад ба рози ҷаҳон пай бибарад, ориф ҳам мехоҳад ба рози ҷаҳон пай бибарад. Ӯ ҳам мехоҳад ба ҳақиқат бирасад, ин ҳам мехоҳад ба ҳақиқат бирасад. Аммо файласуф баъд аз солҳои хеле зиёд, охири умраш, ки мерасад, мебинед, ки изҳори аҷз мекунад, мегӯяд: “Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.” (Мегӯянд аз Фахри Розӣ аст) ё Бӯалӣ мегӯяд:

Дил гарчӣ дар ин бодия бисёр шитофт,

Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.

Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,

Охир ба камоли заррае роҳ наёфт.

Ё Хайём мегӯяд:

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,

Дар ҷамъи улум шамъи асҳоб шуданд.

Раҳ з-ин шаби торик набурданд ба рӯз,

Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.

Ориф мехоҳад бигӯяд, ки агар касе хиёл кунад, аз роҳи ҳикмату фалсафа, ки роҳи ақлу фикр аст, инсон ба он ҳадафи худаш, ки пай бурдан ба рамзу рози ҳастӣ аст мерасад, иштибоҳ мекунад, роҳи ишқро бояд тай кунад, ки роҳи ирфону сулук аст. Дар роҳи ақл, инсон худаш якҷо истода фикраш мехоҳад кор кунад, дар роҳи ишқ инсон ба тамоми вуҷудаш ба сӯйи ӯ парвоз мекунад. Ин аст, ки мегӯяд:

Ҳадис аз мутрибу май гӯву рози даҳр камтар ҷӯ,

Ки кас нагшуду нагшояд ба ҳикмат ин муамморо.

Тоза, ориф ҳам дунболи рози даҳр намеравад, дунболи худи он асли матлаб меравад, вале ӯро, ки пайдо кард, рози даҳр ҳам барояш кашф шуда. Ва ба илова, бо ашъори қабл:

Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист, 

Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо!

Бо ин ҳарфҳо оё аслан мешавад эҳтимол дод, ки мақсудаш ин ҳарфи муҳмалест, ки инҳо доранд ба ин шеъри Ҳофиз нисбат медиҳанд?

Ва боз ашъори дигаре дар ҳамин замина Ҳофиз дорад. Ҳофиз бо ду тоифа дар ин масъала ихтилофи назар дорад: гоҳе файласуфро мухотаб қарор медиҳад ва мегӯяд аз фалсафа инсон ба ҷойе намерасад, гоҳе зоҳидро. Мехоҳад бигӯяд аз зуҳди хушк ва ибодати хушк инсон ба ҷойе намерасад, роҳ фақат роҳи ишқ аст. Масалан, дар як шеъраш мегӯяд:

Нашавӣ воқифи як нукта зи асрори вуҷуд,

То на саргашта шавӣ доираи имконро.

Ин саргаштагӣ ҳамон саргаштагии ишқ яъне ҷунуни ишқ аст: то аз ин роҳ ворид нашавӣ, имкон надорад (ба сирре аз асрори вуҷуд огоҳ шавӣ). Гоҳе хитоб ба зоҳид мегӯяд:

Бирав, эй зоҳиди худбин, ки зи чашми ману ту,

Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад буд.

“Ману ту”, ки мегӯяд, чун инсон худашро ҳамеша қотӣ мекунад. Ин “ману ту” яъне ту. Дар ашъори зиёде тасреҳ мекунад, ки фақат як нафар ориф аст, ки метавонад ба роз пай бибарад. Масалан мегӯяд:

Рози даруни парда зи риндони маст пурс,

К-ин ҳол нест зоҳиди олимақомро.

Дар ин замина ашъори зиёде аст, ки худаш тасреҳ мекунад ба ин матлаб, ки аз тариқи ирфон инсон муваффақ ба ҳалли муаммои ҳастӣ ва ҷаҳон мешавад, вале аз роҳи ҳикмат ё аз роҳи зуҳди хушк инсон ба ҷойе намерасад. Урафо ҳамеша бо ин ду тоифа тараф будаанд: зоҳидҳои хушк — махсусан риёкорон, ки дигар вовайлост — ва дигар фалосифа. Ин як масъала буд дар ҷаҳонбинии ирфонӣ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: