Фалсафа ва равиши реализм (56)

Пайдоиши касрат дар идрокот (11)

Матни китоб:

Мафоҳими ҳақиқия (моҳиятҳо) ва мафоҳими эътибория (ғайри моҳиятҳо):

Мафҳуми 1 ва 2 (сиёҳӣ ва сафедӣ)-ро, ки идрок намудем, худи моҳият буданд, яъне худи воқеияти хориҷ буданд (ҳар чӣ ҳастанд, ҳамонанд, ки ҳастанд), ва дар айни ҳол, ки худи воқеияти хориҷ мебошанд, ин фарқро бо воқеияти хориҷ доранд, ки воқеияти хориҷ осоре мустақил аз зеҳн ва идрок дорад, вале ин моҳиятҳо фоқиди он осор мебошанд, ва фарқ миёни моҳият ва воқеияти хориҷ ҳамин аст, ки воқеият осори хориҷӣ дорад, вале моҳият фоқиди он осор аст.

Ва аз ин рӯй метавон гуфт, ки мо кунҳи савод (сиёҳӣ) ва баёз (сафедӣ)-ро ноил мешавем. Яъне савод ва баёз ҳар чӣ ҳастанд (дар зоти худ), ҳамонанд, ки пеши мо ҳастанд, на он чунон ки суфастоӣ ё қоилин ба ашбоҳ дар вуҷуди зеҳнӣ мегӯянд. Зеро онон мегӯянд: “Саводу баёз, ки пеши мо ҳастанд, ҳамонанд, ки ҳастанд”. Ва миёни ин ду сухан фарқ бисёр аст.

Мафҳуми 3-ум (мафҳуми “аст”), ки мафҳуми ҳукм аст, чунон ки баён кардем, худи ҳукм феъли хориҷии нафс аст, ки бо воқеияти хориҷии худ дар зеҳн миёни ду мафҳуми зеҳнӣ масалан мавҷуд мебошад, ва чун нисбат миёни мавзӯъ ва маҳмул аст, вуҷудаш ҳамон вуҷуди онҳост.

Аз як сӯй, аз воқеияти хориҷ ҳикоят мекунад, ва аз як сӯй худаш дар зеҳн як воқеияти мустақилле дорад, ки метавон худашро маҳкийюн анҳу қарор дод. (1)

Ва аз ин ҷиҳат зеҳн ба осонӣ метавонад аз ин падида, ки феъли худаш мебошад, мафҳумгирӣ намуда ва ӯро чунон ки гуфта шуд, бо як сурати идрокӣ ҳикоят намояд. Ва бо ин ҳол, наметавон ӯро дар саффи соири моҳиятҳо қарор дод, зеро он чӣ барои ӯ воқеият ба шумор меравад (ҳукм — феъли зеҳнӣ) зеҳнӣ аст, на хориҷии дорои осори хориҷия.

Ва мафҳуми 4-ум (мафҳуми “нест”) чунон ки пештар гуфтем, ба воситаи як иштибоҳ ва хатои изтирорӣ (зарурӣ), ки домангири зеҳн мешавад, аз ҳукми эҷобӣ (“аст”) гирифта мешавад, пас ӯ низ монанди ҳукми эҷобӣ “моҳият” нест, вале метавон гуфт, аз моҳият гирифта шуда.

Ва мафҳуми 5-ум ва 6-ум (мафҳуми “касрати нисбӣ” ва “ваҳдати нисбӣ”) чунон ки дониста шуд, аз мафҳуми “нест” гирифта шуда агарчӣ моҳият нестанд, вале муттакӣ ба моҳият мебошанд.

Пас, аз ин баён равшан шуд, ки бархе аз ин мафоҳими шашгона “моҳият” мебошад, монанди “сиёҳӣ” ва “сафедӣ”, ки аз воқеияти хориҷӣ ҳикоят мекунанд, яъне худи ҳамон хориҷанд бо ин фарқ, ки маншаи осор нестанд.

Ва бархе дигар моҳият нестанд, зеро аз як амри зеҳнӣ ҳикоят мекунанд, ки бо воқеияти худаш бо умури зеҳния муттаҳид аст, ва он воқеият “ҳукм” аст, ки як воқеияти дуҷониба аст ва ба воситаи вай мо метавонем як навъ роҳе ба хориҷ аз зеҳн пайдо кунем. Пас, ин гуна мафоҳим агарчӣ моҳият ва ҳокӣ аз хориҷ нестанд, вале як навъ васфи ҳикоят барои онҳо исбот намуда ва эътибори кошифият ва беруннамоиро ба онҳо медиҳем, ва аз ҳамин рӯй номи “эътиборӣ” рӯйи онҳо мегузорем. (2)

Аз баёни гузашта натиҷа гирифта мешавад, ки: аввалан, идрокот мунқасим мешаванд ба ду қисм: тасаввур, ҳукм. Ва ин ҳамон тақсими идрок аст ба тасаввур ва тасдиқ, ки дар мақолаи 4 гузашт. Ва сониян, мафоҳими тасаввурия (идрокоти тасаввурӣ) мунқасим мешаванд ба ду қисм: моҳиёт, эътибориёт.

Ба оғози сухан бармегардем:

Ва аз сӯйи дигар чунон ки гуфта шуд, нафси мо ва қувваҳои нафсонӣ ва афъоли нафсонии мо пеши мо ҳозир буда ва бо илми ҳузурӣ маълум мебошанд ва қувваи мудрикаи мо бо онҳо иттисол ва робита дорад, пас ночор онҳоро ёфта ва суратгирӣ ва аксбардорӣ хоҳад намуд. Ва дар ин идроки ҳусулӣ, моҳияти нафс ва моҳияти қувваҳои нафсонӣ ва афъоли нафсонӣ аз он ҷиҳат, ки афъол ва қувваҳои нафсонӣ мебошанд, бо кунҳи худ пеши қувваи мудрика ҳозир хоҳанд буд (албатта “кунҳ” дар инҷо ба маънои “ҳар чӣ ҳаст ҳамон аст” малҳуз шуда, на ба маънои иҳотаи тафсилӣ), ва ҳамчунин нисбат миёни қувваҳо ва афъол ва миёни нафс чунон ки ҳузуран маълум буд, ҳусулан низ маълум хоҳад буд он чунон ки нисбатҳо миёни маҳсусот, маълум ва дастгир мешуд. Ва ночор ҳангоме ки мо ин нисбатро мушоҳида менамоем, ҳоҷат ва ниёзи вуҷудӣ ва паноҳандагии онҳоро ба нафс ва истиқлоли вуҷудии нафсро низ мушоҳида менамоем. Ва дар ин мушоҳида сурати мафҳумии “ҷавҳар” (3) пеши мо намудор мешавад, зеро мебинем, ки нафс ин маъноро дорад, ки агар ӯро аз дасти нафс бигирем, гузашта аз худи нафс, ҳамаи ин қувваҳо ва афъоли қувваҳо аз миён мераванд, ва аз он сӯй, нисбати эҳтиёҷии қувваҳо ва афъолро мебинем ва мефаҳмем, ки ҳамин эҳтиёҷ мусталзими вуҷуди амри мустақилле мебошад ва ин ҳукмро ба таври куллӣ мепазирем.

* * *

Таълиқот:

(1) Мо собиқан назарияҳои марбут ба моҳияти қазияи мӯҷибаро баён кардем. Дар мавриди қазоёи мӯҷиба ҳар кадом аз он назарияҳоро интихоб кунем ва ҳар кадомро мардуд бишносем, як матлаб қатъӣ ва мусаллам аст, ва он ин ки: ҳангоме ки маҳмулеро барои мавзӯе исбот мекунем (Зайд истодааст), илова бар тасаввури мавзӯъ (Зайд) ва тасаввури маҳмул (истода), як амали хосси дигаре дар зеҳн анҷом мегирад. Мо номи он амалро “ҳукм” ё “иқрор ва изъон” гузоштаем. Танҳо назарияи севвум буд, ки қазияи мӯҷибаро фақат муштамил бар ду ҷузъ медонист ва вуҷуди ҳукмро инкор мекард, вале он назария бисёр заъиф ва ғайриқобили эътиност.

Мутааххирин аз равоншиносони ҷадид далелҳои бисёре бар бутлони он назария иқома кардаанд ва исбот кардаанд, ки зеҳн илова бар тасаввури мавзӯъ ва маҳмул, як навъ фаъолият аз худ нишон медиҳад ва он фаъолият ҳамон аст, ки номашро “ҳукм” ё “иқрор ва изъон” гузоштаанд.

Асосан “тадоъии маъонӣ” ғайр аз “ҳукм” аст ва илал ва мабодии он низ ғайр аз илал ва мабодии ҳукм аст. Бисёр иттифоқ меафтад, ки ба иллати мушобеҳат ё тазодд ё муҷовират, мобайни ду маъно тадоъӣ ҳаст, вале ҳукм нест, ва ё он ки ҳукм бар хилофи муқтазои тадоъӣ аст. Масалан: мумкин аст, ки дар зеҳни мо байни тасаввури “Ҳотам” ва тасаввури “бахшандагӣ” тадоъӣ ва талозум вуҷуд дошта бошад, вале дар айни ҳол мо ҳукм накунем, ки Ҳотам бахшанда буда ва ё он ки ҳукм бикунем, ки бахшанда набуда ва ё аслан чунин шахсе дар олам вуҷуд надошта. Ва гоҳе ҳукм ҳаст ва тадоъӣ нест, мисли тамоми аҳкоме, ки донишмандон дар мавриди масоили назарӣ ва илмӣ ба роҳнамоии бурҳон ё таҷриба менамоянд. Пас, ин матлаб қатъӣ ва мусаллам аст, ки ҳангоме ки маҳмулеро барои мавзӯе исбот мекунем (Зайд истодааст), илова бар тасаввури мавзӯъ ва тасаввури маҳмул, як амали хосси дигаре зеҳн анҷом медиҳад.

Ин амали хосс, дар миёни ҳамаи умури нафсонӣ як имтиёзи махсус дорад, ва он ин ки: дорои ду ҷанба аст: аз як ҷанба инфиъолӣ ва ҳусулӣ ва зеҳнӣ аст, ва аз ҷанбаи дигар феълӣ ва ҳузурӣ ва ғайризеҳнӣ аст.

Тавзеҳ ин ки: умури нафсонӣ – чунон ки собиқан гузашт — ду даста ҳастанд: дастаи аввал, ҳамон суратҳои зеҳния аст, ки марбут ба дастгоҳи махсуси идрокӣ аст. Ин суратҳо инфиъолӣ ҳастанд, яъне қувваи мудрика дар асари бархӯрд бо як воқеият, рӯйи хоссияти махсуси суратпазирии худ, онҳоро таҳия кардааст. Ва ҳусулӣ ҳастанд, яъне як воқеияте, ки ғайр аз воқеияти худашон аст-ро ироа медиҳанд. Ва зеҳнӣ ҳастанд, яъне вуҷудашон қиёсӣ аст ва ҳеч ҳувият ва ташаххусе ғайр аз “сурати шайъи дигар будан” надоранд ва имтиёзи ин суратҳо аз якдигар тобеъи имтиёзест, ки маҳкийюн анҳуи онҳо бо якдигар доранд. Масалан: тасаввури инсон ва тасаввури дарахт ва тасаввури асп ҳеч ҳувият ва ташаххусе надоранд ғайр аз сурати ашёи хосси хориҷӣ будан, ва имтиёзи ҳар як аз ин суратҳо аз дигарӣ, ба ин аст, ки яке мутаъаллиқ ба инсон аст ва дигаре ба дарахт ва севвуме ба асп.

Дастаи дуввум, нафсониёти ғайризеҳнӣ ҳастанд. Ин даста аз умур марбут ба соири дастгоҳҳои нафсонӣ яъне моварои дастгоҳи зеҳн мебошад, монанди ирода ва шавқ ва лаззат ва ранҷ ва ғайра. Ин умур аввалан сурати чизе нестанд. Масалан: фарқи ирода ва тасаввури дарахт ин аст, ки ирода як амрест нафсонӣ ва чизеро дар хориҷ ба мо нишон намедиҳад, аммо тасаввури дарахт воқеияти хориҷии дарахтро бар мо макшуф месозад. Ва сониян, ҳузурӣ ҳастанд, на ҳусулӣ, чунон ки возеҳ аст. Ва солисан, ғолибан феълӣ ҳастанд, на инфиъолӣ.

Ҳукм дорои ҳар ду ҷанба аст. Аз як ҷиҳат суратест, ки воқеъ ва нафсуламрро ироа медиҳад ва вуҷуди хориҷии иртиботи маҳмулро бо мавзӯъ мункашиф месозад. Аз ин ҷанба бояд ӯро илми ҳусулӣ ва сурати зеҳнӣ ва кайфияти инфиъолӣ бидонем. Ва аз тарафи дигар, илова бар ин ҷанба, ҷанбаи хосси дигаре дорад, ки аз он ҷанба вуҷудаш қиёсӣ нест ва ба ҳасби наҳваи вуҷуди худ (на ба табаъи макшуф), аз соири нафсониёт имтиёз дорад, ва аз он ҷанба аст, ки ба он, номи “иқрор” ва “изъон” ва “ҳукм” медиҳем ва аз он ҷанба, феълест нафсонӣ, ки сурати амри хориҷӣ нест ва дар радифи соири умури нафсонӣ қарор мегирад.

Муҳаққиқини мантиқдонон ин амали хоссро аз ҷанбаи аввал, ки инфиъолӣ ва ҳусулӣ ва зеҳнӣ аст “тасдиқ” меноманд, ва аз ҷанбаи дуввум, ки феълӣ ва ҳузурӣ ва ғайризеҳнӣ аст, “ҳукм” меноманд ва аз ҷанбаи аввал аст, ки қобили таъбири лафзӣ аст ва бо калимаи “аст” ба таъбир дармеояд.

* * *

(2) Ин эътибориётро, ки эътибориёти фалсафӣ ва интизоъӣ аст, бо эътибориёти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ, ки дар мақолаи 6 баён мешавад ва сирфан қарордодӣ аст, набояд иштибоҳ кард.

* * *

(3) Аз ҷумла тасаввуроте, ки барои зеҳн ҳосил аст, тасаввури “ҷавҳар” ва “араз” аст. Ҷавҳар яъне мавҷуди мустақил аз маҳал ва мавзӯъ, ва араз яъне мавҷуди ниёзманд ба маҳал ва мавзӯъ. Масалан: тамоми аҷсом дорои каммийят ва миқдор ва шакл ҳастанд, мо худи ҷисмро ба унвони “ҷавҳар” ва каммийят ва шакли онро ба унвони “араз” мешиносем. Ва ё ин ки ин коғаз, ки сафед аст, сафедиро ба унвони “араз” ва худи коғазро ба унвони “ҷавҳар” мешиносем.

Мо дар ин мақола кор надорем, ки чӣ чиз ҷавҳар аст ва чӣ чиз араз, ва ё ин ки “оё ҷавҳар ва араз дар муқобили якдигар дар хориҷ вуҷуд доранд ё надоранд?” Дар ин силсиламақолот, як мақолаи мустақил (мақолаи 13) ба ин матолиб ихтисос дода шуда. Гуфтугӯи мо феълан мутаваҷҷеҳи маншаи пайдоиши ин ду тасаввур аст, ки оё ин ду тасаввур аз куҷо барои азҳон пайдо шудааст? Зеро мутобиқи сабки ин мақола, ҳар тасаввуре, ки оризи зеҳн шавад, як маншаи воқеӣ дорад ва то нафс ба воқеияти он мутасаввар бо илми ҳузурӣ нарасида бошад, наметавонад он тасаввурро бисозад ва ҳатто тасаввуроти мавҳума низ дар асл маншаи воқеӣ доранд ва аносури аввалияи он тасаввурот аз воқеиёте сарчашма мегирад ва аз ин рӯ вуқӯи хато билараз аст ва ҳамвора ҳар хатое мусталзими савобе (дурустие) ва ҳар мавҳуме мусталзими ҳақиқатест. Ҳоло бибинем, маншаи пайдоиши тасаввури “ҷавҳар” ва тасаввури “араз” чист ва аз чӣ воқеияте сарчашма мегирад?

Ин матлаб аз лиҳози равоншиносӣ ва фалсафӣ бисёр ҳоизи аҳаммият аст ва камтар мавриди таваҷҷӯҳи дақиқ воқеъ шуда. Равоншиносии ҷадид каму беш дар атрофи ин матлаб гуфтугӯ кардааст. Дар ин мақола барои аввалин мартиба бо як назари дақиқ, роҳи пайдоиши ин ду тасаввур баён шудааст.

Мутобиқи он чӣ дар садри мақола баён шуд, ақидаи ақлийюн доир бар вуҷуди як силсила тасаввуроти фитрӣ, қобили қабул нест, пас ба ҷойи дигаре бояд даст дароз намуд. Аз тарафи дигар, возеҳ аст, ки “ҷавҳар” ва “араз”-ро дар зумраи виҷдониёт — яъне падидаҳои хосси нафсонӣ аз қабили ирода ва муҳаббат — наметавон шумурд ва ба истилоҳ аз мавзӯъоти хосси равонӣ нестанд. Пас, аз роҳи виҷдон низ, ки пайдоиши як силсила тасаввуроти марбут ба умури равонӣ тавҷеҳ мешавад, наметавон пайдоиши ин мафоҳимро тавҷеҳ намуд.

Барои пайравони мактаби ҳисс ду роҳи дигар боқӣ аст: яке ин ки пайдоиши ин дуро аз роҳи эҳсоси хориҷӣ тавҷеҳ кунанд, ва дигар ин ки он дуро мавҳуми маҳз бидонанд. Вале аз ҳеч як аз ин ду роҳ низ қобили тавҷеҳ нест. Аммо аз роҳи ҳавосси хориҷӣ, ба ҷиҳати он ки ҳарчанд ҳавосси мо ба авориз ва завоҳир таъаллуқ мегирад ва мо тамоми аразҳои хориҷиро аз роҳи эҳсос дарк мекунем – масалан, мо аз ҷисм эҳсоси ранг ва шакл ва таъм ва каммийят менамоем, сафедӣ ва куравият ва талхӣ ва миқдорро эҳсос мекунем — аммо “араз” будани инҳо, ки иборат аст аз “ниёзмандии вуҷудии онҳо ба маҳал ва мавзӯъ”, ба эҳсос дарнамеоянд, пас эҳсоси ин авориз наметавонад маншаи пайдоиши мафҳуми “араз” дар зеҳни мо бишавад. Ва ба иборати равшантар: гуфтугӯи мо дар мафҳуми ранг ва шакл ва миқдор ва амсоли инҳо нест, ки аз куҷо пайдо шудаанд, гуфтугӯ дар мафҳуми “аразият” аст, ки аз он ба “ниёзмандии вуҷудӣ ба маҳал” таъбир мекунем, ва шак нест, ки ин худ як мафҳуми ҷудогонаест, ки оризи зеҳн шудааст.

Ва аз тарафи дигар, мавҳуми маҳз ҳам нестанд, зеро аввалан – чунон ки дар мақолаи 13 хоҳад омад — инҳо ҳақоиқанд, на мавҳумот. Ва сониян, ба тасдиқи худи ҳиссгароён ва ҳамаи равоншиносон, мумкин нест, ки як тасаввури мавҳум, ки ҳеч ҳақиқатеро дарбар надошта бошад, дар зеҳн пайдо шавад. Мавҳумот ҳамвора аз таркиб ё таҷзияи ғалати ду (ё бештари) мафҳуми ҳақиқии вуҷудӣ ё адамӣ ва ё яке вуҷудӣ ва дигаре адамӣ пайдо мешаванд. Масалан: тасаввури ғул ва симурғ ва шонс ва соири мавҳумот, ки барои зеҳн пайдо шуда, дар асари як навъ тасарруфотест, ки зеҳн дар мавриди тасаввуроти ҳақиқӣ анҷом дода ва мо бо андак таъаммул тасаввуроти ҳақиқии аввалияро, ки маншаи ин мавҳумот ҳастанд, метавонем ба даст оварем.

Аммо тасаввури “ҷавҳар” ва “араз” аз ин қабил нест, зеро араз будан яъне “ниёзмандии вуҷудӣ ба маҳал”, мо барои ҳар як аз аҷзоъи ин мафҳуми мураккаб метавонем маншае дар ҳисс пайдо кунем, магар барои мафҳуми ниёзмандӣ. Чизе, ки ҳаст, метавон гуфт тасаввури “ҷавҳар”, ки иборат аст аз “истиқлоли вуҷудии шайъ аз маҳал ва мавзӯъ”, аз муқоиса бо тасаввури “араз”, ки “ниёзмандии вуҷудии шайъ ба маҳал ва мавзӯъ” аст, пайдо шуда, зеро “истиқлол” адами ниёзмандӣ аст, яъне як мафҳумест мураккаб аз ду чиз (адам, ниёзмандӣ), вале худи тасаввури “араз”, ки муштамил бар мафҳуми “ниёзмандӣ” аст, аз чӣ роҳ қобили тавҷеҳ аст?

Ҳақиқати матлаб ин аст, ки мо воқеияти “ҷавҳар” ва воқеияти “араз” — яъне ҷавҳар будани ҷавҳар ва араз будани араз, ва ба иборати дигар: воқеияти истиқлоли вуҷудӣ ва воқеияти ниёзмандӣ — ро дар ботини нафси худ шуҳуд кардаем ва маншаи пайдоиши ин ду тасаввур, ин шуҳуди ботинӣ аст.

Чунон ки собиқан дар баёни манот ва милоки илми ҳузурӣ гузашт, воқеияти умури нафсонӣ ва воқеияти ниёзмандии онҳо ба нафс, якест. Мо ҳаргиз он умурро мунфак аз ҷанбаи ниёзмандӣ ва таъаллуқи зотии онҳо ба нафс наметавонем мушоҳида кунем. Бинобар ин, ибтидои пайдоиши ин ду тасаввур инҷост, пас аз ин марҳила аст, ки зеҳн ин ду мафҳумро таҳти қоъидаҳои муайян басту густариш медиҳад ва тамом ё ғолиби мавҷудотро дохил дар ин ду мафҳум мекунад.

Мумкин аст баъзе гумон кунанд, ки маншаи пайдоиши ин ду тасаввур эҳсоси хориҷӣ аст; ба ин баён, ки мо гоҳе дар хориҷ ду амри моддиро менигарем, ки яке муттакӣ ба дигарӣ аст, масалан санги кучакеро рӯйи санги бузурге ва ё гулӯларо дар дасти худ ва ё худро рӯйи замин мебинем, баъд дар асари мушоҳида ва таҷриба, мебинем, ки ҳар вақт он санги бузург аз зери он санги кучак ва ё дасти мо аз зери гулӯла бардошта шавад, санги кучак ва он гулӯла ба замин меафтад, пас эҳтиёҷи яке аз ин ду ба дигарӣ ва адами эҳтиёҷи он дигариро ба аввалӣ эҳсос мекунем, сипас зеҳни мо дар мақоми тавсиъа ва густариш бармеояд ва ин тасаввуротро дақиқтар мекунад ва дар мавриди ҷисм ва шакл (масалан) ба кор мебарад. Пас, билохира пайдоиши ин ду тасаввур низ маншаи ҳиссӣ ва таҷрибӣ доранд.

Ин гумон аз онҷо ношӣ мешавад, ки шахс аз рӯйи диққат, ҳудуди ҳиссро ташхис надода бошад ва надонад, ки дар мавриди мисоли номбурда он чӣ ҳисс меёбад ва сурате аз он дар мухайяла таҳия мешавад, фақат тасаввури он ду ҷисм ва тасаввури афтодан ва тасаввури таъоқуби раҳо шудани ҷисми зерин ва афтодани ҷисми забарин аст, аммо “эҳтиёҷ” ва “ниёзмандӣ” қобили эҳсос нест ва ҳисс наметавонад сурате аз “эҳтиёҷ” дар зеҳн бигузорад.

Дар инҷо гуфтугӯ аз маншаи пайдоиши тасаввури “ҷавҳар” ва “араз” аст ва аммо баҳс аз ин ҷиҳат, ки оё исботи вуҷуди ҷавҳар дар хориҷ (ҳатто вуҷуди ҷисм) вазифаи ҳисс аст ё ғайри ҳисс, ва мо аз чӣ роҳе ба вуҷуди ҷавҳари ҷисмонӣ дар хориҷ изъон ва эътироф кардаем, ва дар ин изъон ва эътироф мабодии ҳиссӣ чӣ андоза дахолат доранд ва мабодии ғайри ҳиссӣ чӣ андоза дахолат доранд, баҳси ҷудогонае аст ва мо онҷо, ки ҳудуди ҳисс ва ҳудуди ақлро таъйин мекунем, дар ин бора гуфтугӯ хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: