Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (20) – Рози хатми нубувват (4)

Ислом дар вазъи қонунҳо ва муқаррароти худ, расман эҳтироми фитрат ва вобастагии худро бо қонунҳои фитрӣ эълом намудааст. Ин ҷиҳат аст, ки ба қонунҳои ислом имкони ҷовидонӣ будан додааст.

Такя ва вобастагии исломро бо фитрат, бо мушаххасоти зерин метавон шинохт:

1. Пазириш ва ворид кардани ақл дар ҳарими дин: Ҳеч дине монанди ислом бо ақл пайванди наздик надоштааст ва барои ӯ “ҳақ” қоил нашудааст. Кадом динро метавон пайдо кард, ки ақлро яке аз сарчашмаҳо ва манобеи аҳкоми худ муаррифӣ карда бошад? Фуқаҳои исломӣ манобеъ ва сарчашмаҳои аҳкомро чаҳор чиз шумурдаанд: китоб (Қуръон), суннат, иҷмоъ ва ақл. Фуқаҳои исломӣ миёни ақл ва шариат робитаи ногусастанӣ қоиланд, мегӯянд:

Ҳар чиро ақл дарёбад, шариат бар тибқи он ҳукм мекунад, ва ҳар чӣ шариат ҳукм кунад, мабнои ақлӣ дорад.”

Ақл дар фиқҳи исломӣ, ҳам метавонад худ кашфкунандаи як қонун бошад ва ҳам метавонад қонунеро қайд бизанад ва ё ба он умумият бибахшад ва ҳам метавонад дар истинбот (1) аз соири манобеъ ва сарчашмаҳо мададкори хубе бошад.

2. Ҷомеият (ва ба таъбири Қуръон “васатият”): Якҷониба будани як қонун ё як мактаб далели аз байн рафтани худро ҳамроҳ дорад. Омилҳои муассир ва ҳоким бар зиндагии инсон, фаровон аст ва чашмпӯшӣ аз ҳар як аз онҳо, худ ба худ адами таъодул эҷод мекунад. Муҳимтарин рукни ҷовид мондан, таваҷҷӯҳ ба ҳамаи ҷавониби моддиву руҳӣ ва фардиву иҷтимоист. Ҷомеият ва ҳамаҷониба будани таълимоти исломӣ, мавриди қабули исломшиносон аст.

3. Ислом ҳаргиз ба шакл, сурат ва зоҳири зиндагӣ напардохтааст: Таълимоти исломӣ ҳама мутаваҷҷеҳи руҳ ва маъно ва роҳе аст, ки башарро ба он ҳадафҳо ва маъноҳо мерасонад. Ислом ҳадафҳо ва нишон додани роҳи расидан ба он ҳадафҳоро, дар қаламрави худ гирифта ва башарро дар ғайри ин амр озод гузоштааст, ва ба ин васила аз ҳар гуна бархӯрд бо густариши тамаддун ва фарҳанг парҳез кардааст.

Дар ислом як василаи моддӣ ва як шакли зоҳирӣ наметавон ёфт, ки ҷанбаи “тақаддус” дошта бошад ва мусалмон вазифаи худ бидонад, ки он шакл ва зоҳирро ҳифз намояд.

4. Рамзи дигари хотамият ва ҷовидонӣ будани ин дин, ки он низ аз ҳамоҳангӣ бо қонунҳои фитрӣ сарчашма мегирад ин аст, ки барои эҳтиёҷоти собит ва доими башар қонунҳои собит ва тағйирнопазире дар назар гирифта ва барои авзоъ ва аҳволи тағйирёбандаи вай вазъи тағйирёбандаеро пешбинӣ кардааст.

Қаблан гуфтем, ки порае аз эҳтиёҷоти башар, чӣ дар заминаҳои фардӣ ва чӣ дар заминаҳои иҷтимоӣ, вазъи собите дорад ва дар ҳамаи замонҳо яксон аст. “Ахлоқ”, “адолат” ва “ибодат” аз ин қабил аст.

Қисмати дигар аз эҳтиёҷоти башар тағйирёбанда аст ва аз лиҳози қонун вазъи тағйирёбандаеро эҷоб мекунад. Ислом барои ин эҳтиёҷоти тағйирёбанда вазъи тағйирёбандае дар назар гирифтааст; аз ин роҳ, ки ин авзоъи тағйирёбандаро бо усули собит ва тағйирнопазир марбут кардааст ва он усули собит дар ҳар вазъи ҷадид ва тағйирёбандае қонуни фаръии хос ва мутаносибе тавлид менамоянд. Ба зикри ду мисол қаноат мекунем:

Дар ислом як асли иҷтимоӣ ҳаст ба ин сурат:

وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّة

То охирин ҳадди имкон дар баробари душман нерӯ таҳийя кунед ва нерӯманд бошед.” (Сураи Анфол, ояти 60)

Ин аслро Қуръон ба мо таълим медиҳад. Аз тарафи дигар, дар суннат як силсила дастурҳо расидааст, ки дар фиқҳ ба номи “сабқ ва римоя” маъруф аст; дастур расида, ки худ ва фарзандонатон то ҳадди маҳорати комил, фунуни аспсаворӣ ва тирандозиро ёд бигиред. Аспдавонӣ ва тирандозӣ ҷузъи фунуни низомии он аср ва беҳтарин василаи таҳийяи нерӯ ва нерӯманд шудан дар муқобили душман дар он аср будааст. Реша ва асли қонуни “сабқ ва римоя”, асли “То охирин ҳадди имкон дар баробари душман нерӯ таҳийя кунед ва нерӯманд бошед” аст, яъне тиру шамшеру найзаву асп аз назари ислом асолат надорад ва ҷузъи ҳадафҳои исломӣ нест, балки он чӣ асолат дорад ин аст, ки мусалмонон бояд дар ҳар асру замоне то охирин ҳадди имкон аз лиҳози нерӯҳои низомӣ ва дифоӣ дар баробари душман қавӣ бошанд.

Дар ҳақиқат, лузуми маҳорат дар тирандозӣ ва аспдавонӣ ҷомаест, ки ба тани лузуми нерӯмандӣ дар баробари душман пӯшонда шудааст. Ва ба иборати дигар: маҳорат дар тирандозӣ шакли иҷроии нерӯманд будан дар он асру замон будааст. Лузуми нерӯмандӣ дар муқобили душман, қонуни собитест, ки аз як эҳтиёҷи собит ва доим сарчашма мегирад, аммо лузуми маҳорат дар тирандозӣ ва аспдавонӣ, мазҳари як эҳтиёҷи муваққат аст ва бо талаботи замон ва густариши омилҳои фарҳангӣ ва фаннӣ тағйир мекунад ва чизҳои дигар аз қабили лузуми маҳорат дар ба кор бурдани силоҳҳои имрӯз ҷойи онро мегирад.

Мисоли дигар: Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст, ки талаби дониш бар ҳар мусалмон воҷиб аст.

Донишмандони исломӣ ба субут расонидаанд, ки вуҷуби таҳсили дониш аз назари ислом дар ду маврид аст: яке дар мавриде, ки таҳсили имон, ба дониш бастагӣ дорад. Ва дигар дар маворидест, ки анҷоми як вазифа ба он бастагӣ пайдо мекунад.

Дар мавриди дуввум мегӯянд вуҷуби талаби дониш “таҳайюӣ” аст, яъне барои ин аст, ки инсонро барои амал ва анҷоми вазифа омода намояд.

Ин ҷост, ки таҳсили улум аз назари вуҷуб ва адами вуҷуб, ба ҳасби талаботи замон мутафовит мешавад. Дар бархе аз замонҳо анҷоми вазифаҳои исломӣ ҳатто вазифаҳои иҷтимоӣ аз қабили тиҷорат, санъат, сиёсат ва ғайра ниёзи чандоне ба таҳсили дониш надорад, таҷрибаҳои оддӣ кофист. Вале дар замони дигар монанди замони мо, анҷоми ин вазифаҳо он чунон печида ва душвор аст, ки солҳо дарс ва тахассус лозим аст, то анҷоми вазифаҳои иҷтимоии исломӣ (воҷибҳои кифоӣ) имконпазир гардад. Аз ин рӯ, таҳсили улуми сиёсӣ, иқтисодӣ, фаннӣ ва ғайра, ки дар асре воҷиб набуд, дар асри дигар воҷиб мешавад. Чаро? Чун иҷро ва амалӣ сохтани асли “лузуми ҳифзи ҳайсият, иззат ва истиқлоли ҷомеаи исломӣ”, ки як асли собит ва доим аст ва шароити ин замон ҷуз бо таҳсил ва такмили дониш ҳосил намешавад ва анҷоми ин вазифаҳо дар шароит ва замонҳои мухталиф ба як шакл нест.

Аз ин гуна мисолҳо зиёд метавон пайдо кард.

5. Яке дигар аз ҷиҳатҳое, ки нишонаи ҳамоҳангии таълимоти исломӣ бо фитрат ва табиат аст ва ба он имкони ҷовид мондан медиҳад, робитаи сабабии аҳкоми исломӣ (ва ё ба истилоҳ, робитаи иллӣ ва маълулии аҳкоми исломӣ) бо маслиҳатҳо (манфиатҳо) ва мафсадаҳои воқеӣ ва дараҷабандии аҳком аз ин назар аст.

Тавзеҳ он ки: дар ислом эълом шуда, ки аҳком тобеъи як силсила маслиҳатҳо ва мафсадаҳои воқеист. (Масалан, ҳукми нӯшидани шароб, ки ҳаром аст, ба ин ҷиҳат ҳаром дониста шуда, ки масткунанда мебошад ва ҳар масткунандае зарару зиён ба инсон ворид меоварад. Ҳаром будани нӯшидани шароб як ҳукм аст ва ин ҳукм тобеъи як маслиҳат ва мафсадаи воқеист, ки он зарару зиён ба одамист).

Ва ҳамчунин эълом шуда, ки ин маслиҳатҳо ва мафсадаҳо, дар як дараҷа намебошанд. Ин ҷиҳат сабаб шуда, ки боби махсусе дар фиқҳи исломӣ ба номи боби “тазоҳум” ё “аҳамму муҳим” (муҳимтар ва муҳим) боз шавад ва кори фуқаҳо ва коршиносони исломиро дар мавориди бархӯрд ва якҷо ҷамъ шудани маслиҳатҳо ва мафсадаҳои гуногун, осон намояд. Ислом худ иҷоза додааст, ки дар ин гуна маворид, уламои уммат дараҷаи аҳамияти маслиҳатҳоро бо таваҷҷӯҳ ба роҳнамоиҳои худи ислом бисанҷанд ва маслиҳатҳои муҳимтарро бар маслиҳатҳои камаҳаммияттар тарҷеҳ диҳанд ва худро аз бунбаст хориҷ намоянд. (Масалан: агар мусалмоне рӯ ба рӯ гардад бо ин воқеият, ки бинад мусалмоне дигар дар об ғарқ мешавад ва бояд ӯро наҷот бидиҳад, ва аз тарафе вақти намоз аст ва агар барои наҷоти ӯ биштобад, намозаш қазо мешавад. Дар инҷо бояд ин ду маслиҳат (маслиҳати намоз ва маслиҳати наҷоти мусалмон аз ғарқ шудан) дараҷабандӣ шавад ва бибинад, ки маслиҳати кадом як муҳимтар аст, то он тарҷеҳ дода шавад.) Ибни Асир дар “Ан-ниҳоя” ин ҳадисро нақл мекунад ва мегӯяд:

Агар чизе пеш ояд, ки дар он фоидаи гурӯҳ ва зиёни фард бошад, манфиати гурӯҳ бар зиёни фард муқаддам дошта мешавад.”

Он чӣ Ибни Асир гуфтааст, яке аз мавориди тақаддуми маслиҳати муҳимтар бар маслиҳати кучактар аст. Маънои ҳадис фақат ба як ин маврид нест. Ҳоло як мисоли дигар бизанам:

Ташреҳ (чок кардан)-и бадани маййит, ки дар асри мо барои пешрафти илм зарурӣ шинохта шудааст, яке аз мисдоқҳои боби “тазоҳум” аст. Чунон ки медонем, ислом эҳтироми бадани мусалмон ва шитоб дар маросими дафнашро лозим шумурдааст. Аз тарафе, қисмате аз таҳқиқот ва таълимоти пизишкӣ дар асри мо бастагӣ бар ташреҳ аст. Ду маслиҳат дар ҷиҳати мухолифи якдигар қарор гирифтаанд. Бадеҳист маслиҳати таҳқиқот ва таълимоти пизишкӣ, бар маслиҳати шитоб дар дафни маййит ва эҳтироми бадани ӯ тарҷеҳ дорад. Албатта мисолҳо дар ин маврид зиёд аст.

6. Чизи дигаре, ки ба муқаррароти исломӣ хоссияти таҳаррук ва интибоқ бахшида ва онро ҷовид нигаҳ медорад, вуҷуди як силсила қоъидаҳои контролкунанда аст, ки дар матни муқаррароти исломӣ қарор гирифтааст. Фуқаҳо номи бисёр зебое рӯйи онҳо ниҳода, онҳоро “қоъидаҳои ҳокима” меноманд, яъне қоъидаҳое, ки бар саросари аҳком ва муқаррароти исломӣ тасаллут дорад ва бар ҳамаи онҳо ҳукумат мекунад. Ин қоъидаҳо аҳком ва муқарраротро таҳти назар қарор медиҳад ва онҳоро контрол мекунад. Қоъидаи “ҳараҷ” ва қоъидаи “ло зарар” аз ин даста аст. Дар ҳақиқат, ислом барои ин қоъидаҳо ҳаққи “вето” қоил шудааст.

7. Яке дигар, он ихтиёротест, ки ислом ба ҳукумати исломӣ ва ба иборати дигар, ба иҷтимои исломӣ додааст. Ин ихтиёрот дар дараҷаи аввал марбут ба ҳукумати шахси Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аст ва аз ӯ ба ҳар ҳукумати шаръии дигар мунтақил мешавад. Қуръони Карим дар сураи Аҳзоб, ояти 6 мефармояд:

Пайғамбар аз худи мӯъминон, бар онҳо ҳаққи тасаллут дорад.”

Ин ихтиёрот доманаи васеъе дорад. Ҳукумати исломӣ дар шароити ҷадид ва ниёзмандиҳои ҷадид, метавонад бо таваҷҷӯҳ ба усул ва мабонии асосии исломӣ, як силсила муқаррарот вазъ намояд, ки дар гузашта аслан набудааст.

Интиқоли вазифа

Гуфтаҳои гузашта равшан кард, ки булуғи ақлӣ ва илмии башар ва тулӯъи давраи тавоноии вай бар дарёфти ҳақиқатҳои куллии маъориф ва қонунҳои илоҳӣ ва бар ҳифзи меросҳои динӣ ва мубориза бо таҳрифҳо ва бидъатҳо, заминаи аслии поён ёфтани паёмбарист. Қисмати асосии вазифаҳое, ки дар давраи кӯдакии башар “ваҳй” анҷом медодааст, дар давраи рушду булуғи ақл ва илм, нерӯи илмӣ ва ақлӣ анҷом медиҳад ва “уламо вориси анбиё” мегарданд.

Бо ин ки ислом бар хилофи одати роиҷи дин, ҳеч гуна имтиёзе барои уламои уммат, ки мунҷар ба навъе имтиёзи табақотӣ бишавад, қоил нашудааст, вале анҷоми бузургтарин нақшҳои диниро бар ӯҳдаи онон гузоштааст. Дар ҳеч дине ба андозаи ислом уламои уммат нақши асил ва муассире надоштаанд ва ин, аз хусусиятҳои хотамияти ин дин сарчашма мегирад.

Аввалин “нақше”, ки дар давраи хотамият аз паёмбарон ба олимон интиқол меёбад, нақши даъват, таблиғ, иршод ва мубориза бо таҳрифҳо ва бидъатҳост.

Тӯдаи башар дар ҳамаи давраҳо ниёзманд ба даъват ва иршод аст. Қуръон бо камоли сароҳат ин вазифаро бар ӯҳдаи гурӯҳе аз худи уммат мегузорад:

وَلْتَكُن مِّنكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنكَرِ

Бояд гурӯҳе аз шумо бошанд, ки даъват ба некӣ кунанд, ба некӣ фармон диҳанд ва аз зиштӣ боздоранд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 104)

Ҳамчунин, сабабҳое, ки мунҷар ба таҳриф ва бидъат мешавад, ҳама вақт будааст ва хоҳад буд ва боз уламои уммат ҳастанд, ки вазифадори мубориза бо таҳрифҳо ва бидъатҳо мебошанд. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд:

Он гоҳ ки бидъатҳо падид меоянд, бар ӯҳдаи донишманд аст, ки дониши хешро ошкор кунад. Ва он ки накунад, лаънати Худо бар ӯ бод!

Он чизе, ки ин муборизаро мумкин ва кори онро осон мекунад, маҳфуз мондани меъёр ва миқёси аслӣ, яъне Қуръон аст. Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) махсусан таъкид кардааст, ки барои сиҳҳату суқми чизҳое, ки аз забони ӯ нақл мешавад, аз миқёси Қуръон истифода кунанд.

Нигаҳдории мутуни аслӣ аз дастбурди ҳодисаҳо, истинботи фурӯъ аз усул ва татбиқи куллиёт бар ҷузъиёт, тарҳ ва кашфи масоили ҷадид, ки ҳар асре бо худ меоварад, пешгирӣ аз гаройишҳои якҷониба, мубориза бо ҷумуд бар шаклҳо ва зоҳирҳо ва одатҳо, ҷудо сохтани аҳкоми аслӣ ва собит ва модар аз муқаррароти фаръӣ ва натиҷа, ташхиси муҳимтар аз камаҳаммияттар ва тарҷеҳи он, таъйини ҳудуди ихтиёроти ҳукумат дар вазъи қонунҳои муваққат ва танзими “барнома”-ҳои мутаносиб бо эҳтиёҷоти рӯз, аз муҳимтарин вазифаҳои уламои уммат дар давраи хотамият аст.

Уламои уммати исломӣ бар ҳасби вазифа ва масъулияте, ки доранд, олимтарини мардум ба замони хеш хоҳанд буд, зеро ташхиси талаботи воқеии замон аз талаботи инҳирофоти ахлоқӣ ва инҳитототи руҳии инсонҳо, бидуни ошноӣ бо руҳи замон ва омилҳои дастандаркори сохтмони замон ва ҷиҳати сайри он омилҳо, имконпазир намебошад.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Истинбот дар истилоҳи фиқҳи исломӣ ба амале гуфта мешавад, ки муҷтаҳид анҷомдиҳандаи он аст ва иборат аст аз истихроҷ ва берун овардани ҳукми фиқҳӣ аз манобеъ ва сарчашмаҳои он, ки иборат аст аз китоб, суннат, иҷмоъ ва ақл.

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

 

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: