Шарҳи Маснавӣ (149)

Пурсидани шер аз сабаби пой вопас кашидани харгӯш

* * *

Шер гуфташ: ту зи асбоби мараз

Ин сабаб гӯ хос, к-инастам ғараз.

Шер на танҳо ба андарзҳои пешини харгӯш таваҷҷӯҳ накард, балки суоли пешини худро такрор кард ва гуфт: ту, эй харгӯш! Иллат ва сабаби парешонӣ ва изтиробатро бигӯ, ки мақсуди ман ҳамин аст ва ба шунидан ва донистани он алоқамандам.

Гуфт: он шер андар ин чаҳ сокин аст,

Андар ин қалъа зи офот эмин аст.

Харгӯш гуфт: он шер дар ин чоҳ сукунат дорад ва дар ҳамин қалъа аз ҳамаи балоҳо ва офот масун ва маҳфуз аст.

Қаъри чаҳ бигзид, ҳар кӣ оқил аст,

З-он ки дар хилват сафоҳои дил аст.

Ҳар кас хирадманд бошад, дар умқи чоҳ хилватнишинӣ ихтиёр мекунад, зеро дар хилват дил сафо мегирад, чаро ки иштиғоли инсон ба умури хориҷӣ ва саргарм шудан ба равобити рӯзмарра ӯро дар чанбари ғафлат гирифтор меоварад ва намегузорад бо даруни худ иртибот барқарор кунад.

Зулмати чаҳ беҳ, ки зулматҳои халқ,

Сар набурд он кас, ки гирад пойи халқ.

Зулмати чоҳи хилватнишинӣ аз зулматҳои руҳӣ ва ахлоқии мардум беҳтар аст. Ва сар ба саломат намебарад ҳар кас, ки (бе ҳисоб ва хориҷ аз қоъида) бо мардум омезиш ва ҳашру нашр кунад.

Нукта: Яке аз масоили мавриди ихтилоф дар миёни аҳли сулук ин аст, ки оё барои таҳзиби нафс ва таъолии руҳ, бояд ба кунҷи хилват ва зовияи узлат хазид ё он ки бо мардум бо муошират ва мусоҳибат пардохт?

Наҷми Розӣ дар аҳаммияти хилват гӯяд: “Бидон, ки бинои сулуки роҳи дин ва вусул ба мақомоти яқин, бар хилват ва узлат аст ва инқитоъ аз халқ. Ва ҷумлагии анбиё ва авлиё дар бидояти ҳол доди хилват додаанд, то ба мақсуд расидаанд.” (Мирсодул-ъибод, с.281)

Низ Имом Қушайрӣ гӯяд: “Ҳар ки хоҳад, ки дини вай ба саломат бувад, ва тану дили вай осуда бувад, гӯ, ки аз мардумон ҷудо бош, ки ин, замонаи ваҳшат аст. Ва хирадманд он аст, ки “танҳоӣ” ихтиёр кунад.” (Тарҷумаи рисолаи қушайрия, с.158)

Ҳумоӣ фармояд: “Лубби лубоби ақидаи Мавлоно дар ин хусус, мазмуни ҳамон ҳадиси шариф аст, ки:

الوحدة خير من جليس السوء والجليس الصالح خير من الوحدة

“Хилват ва танҳоӣ беҳтар аз ҳамнишини бад аст. Ҳамнишини хуб беҳтар аз танҳоӣ аст”… Хулоса ин ки Мавлоно низ дар ин бора ба таври қазияи куллии салбӣ ё эҷобӣ ҳукм намекунад, балки мӯътақид аст, ки ҳукми вуҷуб ё руҷҳони хилват ва узлат бар сӯҳбат ва муошират, ё баръакс, мавқуф бар ихтилофи аҳволу авзоъи соликон ва мақом ва манзилати ёрон ва ҳамнишинон ва адвори мухталифи сайру сулук ва амсоли дигари ин хусусият аст.” (Мавлавинома, ҷ.1, с.355-382)

Гуфт: пеш о, захм, ӯро қоҳир аст,

Ту бибин, к-он шер дар чаҳ ҳозир аст?

Шер ба харгӯш гуфт: биё ҷилавтар, бибин он шер дар таҳи чоҳ қарор дорад ё на? Зеро ман аз ӯ қавитарам ва захме, ки ба ӯ занам, ҳалокаш созад.

Гуфт: ман сӯзидаам з-он оташӣ,

Ту магар андар бари хешам кашӣ.

Харгӯш гуфт: ҷонам аз ҳайбату салобати он шери хашмгин оташ гирифтааст, эй шер, магар ту маро дар оғӯши худ гирӣ ва эманам созӣ.

Сӯзидаам: сӯхтаам. Оташӣ: оташин.

То ба пушти ту ман, эй кони карам,

Чашм бигшоям, ба чаҳ дарбингарам.

То дар сояи ҳимояти ту, ки манбаи бузургворӣ ҳастӣ ва аз зердастон ҳимоят мекунӣ, битавонам ҷуръат кунам ва чашм бигушоям ва дар чоҳ нигоҳ кунам.

Пушт: ёрӣ, ҳимоят, паноҳдиҳӣ.

* * *

Назар кардани шер дар чоҳ ва дидан акси худро ва он харгӯшро (1)

* * *

Чунки шер андар бари хешаш кашид,

Дар паноҳи шер то чаҳ медавид.

Ҳамин ки шер харгӯшро дар оғӯши худ гирифт, харгӯш бо ҳимояти шер то наздикии чоҳ омад.

То ки дар чаҳ бингариданд андар об,

Андар об аз шеру ӯ дартофт тоб.

Ҳамин ки шеру харгӯш бо ҳам дар оби чоҳ нигаристанд, тасвири худро, ки дар об мунъакис шуда буд, диданд.

Дартофт тоб: манзур ин аст, ки тасвири он ду дар об мунъакис шуд.

Шер акси хеш дид аз об тафт,

Шакли шере, дар бараш харгӯши зафт.

Шер ба оби чоҳ дарнигарист ва акси шереро дид, ки харгӯше чоқро дар оғӯш дорад. Яъне тасвири худро дар об дид ва хиёл кард шери дигаре аст.

Тафт: мухаффафи тофт, ба маънои тобид. Зафт: чоқ ва фарбеҳ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: