Ирфони Ҳофиз (13)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати 13)

Инсон дар ирфон

Масъалаи дигар масъалаи инсон аст, ки қаблан арз кардем. Дар Ҳофиз роҷеъ ба “биниши ирфонӣ дар бораи инсон” зиёд сухан омада ва хеле олӣ. Боз назари ориф дар бораи инсон, бо назари файласуф хеле мутафовит аст. Инсон дар ирфон хеле мақоми олӣ дорад, ба таъбири худи урафо мазҳари томму тамоми Худост, ойинаи тамомнамои Ҳақ аст ва ҳатто онҳо инсонро “олами кабир” ва оламро “олами сағир” ё “инсони сағир” меноманд, ки қаблан ба ин матлаб ишора кардем.

Ҳофиз дар инҷо, ки мехоҳад бигӯяд, инсон мазҳари томму атамм ва мазҳари ҷамиъи асмо ва сифоти илоҳӣ аст, аз инсон ба “Ҷоми Ҷам” таъбир мекунад, яъне аз як афсона истифода мекунад (гоҳе дар шеър аз афсона истифода мекунанд). Мегӯянд, Ҷамшед як ҷоме дошт, ки ҷаҳоннамо буд, вақте ба он ҷом нигоҳ мекард, тамоми ҷаҳонро медид.

Мехоҳанд бигӯянд, қалби инсон, руҳи инсон, маънавияти инсон ҳамон ҷоми ҷаҳоннамост.

Агар инсон ба даруни худаш нуфуз кунад, агар дарҳои дарун ба рӯйи инсон боз шавад, аз даруни худаш тамоми олам (-ро шуҳуд мекунад.) Даруни инсон дарвозае аст ба рӯйи ҳамаи ҳастӣ ва ҳамаи ҷаҳон, чун аз инҷо ин дар ба рӯйи Ҳақ боз мешавад ва Ҳақро, ки инсон бибинад, ҳама чизро мебинад. Ҳофиз дар инҷо хеле шоҳкор ба харҷ дода, яке он ғазали маъруфаш аст, ки мегӯяд:

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард,

В-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард.

Гавҳаре, к-аз садафи кавну макон берун аст, 

Талаб аз гумшудагони лаби дарё мекард…

Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд, 

Ӯ намедидашу аз дур Худоё мекард.

Мушкили хеш бари пири муғон бурдам дӯш,

К-ӯ ба таъйиди назар ҳалли муаммо мекард.

Дидамаш хурраму хандон, қадаҳи бода ба даст,

В-андар он ойина садгуна тамошо мекард.

“Қадаҳи бода” бидуни шак яъне қалби худаш, яъне пири муғон дар қалби худаш мутолеа мекард.

Гуфтам: ин ҷоми ҷаҳонбин ба ту кай дод ҳақим?

Гуфт: он рӯз, ки ин гунбади Мино мекард.

Аз инҷоҳо одам мефаҳмад, ки ҷоми Ҳофиз, майи Ҳофиз, пири муғон… инҳо чӣ маънӣ медиҳад.

Ин ҳама шӯъбадаҳо ақл, ки мекард инҷо,

Сомирӣ пеши асову яди байзо мекард.

Ин, таҳқири ақл аст дар муқобили ишқ. Ақл дар муқобили ишқ чӣ метавонад бикунад? Ақл Сомирӣ аст дар муқобили ишқ, ки Мӯсо аст.

Гуфт он ёр к-аз ӯ гашт сари дор баланд,

Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард.

Достони Ҳаллоҷро мехоҳад бигӯяд, ки ӯ расида буд ба ҳамон марҳилае, ки пири муғон расида буд, ки дар онҷо дигар худаш фонӣ буд ва ӯ худро намедид, ӯ “ана”, ки мегуфт, Ҳаллоҷ набуд, ки “ана” мегуфт, ӯ зоти Ҳақ буд, ки “ана” мегуфт, вале мардум, ки наметавонистанд таҳаммул кунанд. Ин сирро ӯ набояд ошкор мекард ва ошкор кард ва ғайрати Ҳақ ӯро ба дор овехт. “Ҷурмаш” мехоҳад бигӯяд, ҷурмаш пеши Ҳақ ин буд, на ҷурмаш пеши мардум.

Гуфт он ёр к-аз ӯ гашт сари дор баланд,

Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард.

Файзи Руҳулкудс ар боз мадад фармояд,

Дигарон ҳам бикунанд он чӣ Масеҳо мекард.

Агар файзи илоҳӣ, инояти илоҳӣ бирасад (дигарон ҳам он чиро, ки ҳазрати Масеҳ анҷом медод, анҷом медиҳанд), он мӯъҷизаҳои исавӣ дар асари иттисол ба Ҳақ аст.

Он ки чун ғунча дилаш рози ҳақиқат бинуҳуфт,

Варақи хотир аз ин нукта муҳашшо мекард.

Дар ин замина ҳам боз Ҳофиз ашъори дигаре дорад, масъалаи мазҳарияти атамми инсон, ки дар ирфон бобм бисёр васеъе аст ва Ҳофиз ҳам бисёр дар ин мавзӯъ сухан гуфта, ки ҳамин шеъраш дар инҷо кофӣ аст.

Инсони қабладдунё

Яке дигар аз масоили ҷаҳонбинии ирфонӣ дар заминаи инсон, масъалаи инсони қабладдунё аст. Дар диди ирфонӣ, инсон як мавҷуди хокӣ нест, бар хилофи дидҳои моддӣ ва бархе аз дидҳои фалсафӣ, ки мегӯянд, дар табиат як феълу инфиъолҳое шуд ва инсон ба вуҷуд омад ва руҳу равони инсон ҳам шайъе аст мавлуди ин.

Дар ҷаҳонбинии ирфонӣ, инсон як мавтине қабл аз ин дунё дорад, албатта на ба он маънои афлотунӣ, ки ҳатман ин ҷур бошад, ки руҳи инсон ба ҳамин сурати шахсӣ ва фардӣ дар як ҷаҳони дигаре буда, мисли мурғе, ки меояд дар ошёна ҷо мегирад ва мехоҳад биравад. На, мехоҳад бигӯяд, аслаш аз онҷост, партаве аст, ки аз онҷо тобида ва баъд ба онҷо ҳам бозгашт мекунад. Ин ҳам дар ашъори Ҳофиз зиёд омадааст. Ҳоло баъзе ашъорашро бароятон мехонам. Ғазале хеле олӣ дорад, ки мегӯяд:

Мо бад-ин дар на пайи ҳишмату ҷоҳ омадаем,

Аз бади ҳодиса инҷо ба паноҳ омадаем.

Ишора ба достони Одам аст бо таъбири ирфониаш, достони исёни Одам ва ронда шуданаш ва…

Раҳрави манзили ишқему зи сарҳадди адам,

То ба иқлими вуҷуд ин ҳама роҳ омадаем.

Гуфтем, ориф ҳастиро мавлуди ишқ медонад:

كُنْتُ كَنْزاً مَخْفیّاً فَاَحْبَبْتُ اَنْ اُعْرَفَ فَخَلَقْتُ الْخَلْقَ لِكَیْ اُعْرَفَ

Сабзаи хатти ту дидему зи бӯстони биҳишт

Ба талабгории ин меҳргиёҳ омадаем.

Мо аз онҷо ба инҷо омадаем.

Бо чунин ганҷ, ки шуд хозини ӯ Руҳ(и)амин,

Ба гадоӣ ба дари хонаи шоҳ омадаем.

Дар айни ҳол омадаем инҷо комил шавем, ба феълият бирасем ва баргардем.

Лангари ҳилми ту, эй киштии тавфиқ, куҷост?

Ки дар ин баҳри карам ғарқи гуноҳ омадаем.

Обрӯ меравад, эй абри хатопӯш, бибор,

Ки ба девони амал номасиёҳ омадаем.

Дар як ғазали дигараш ҳамин масъалаи “инсони қабладдунё”-ро ба ин сурат мегӯяд:

Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,

Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.

Нест бар лавҳи дилам ҷуз алифи қомати ёр,

Чӣ кунам, ҳарфи дигар ёд надод устодам.

Тоири гулшани қудсам, чӣ диҳам шарҳи фироқ, 

Ки дар ин домгаҳи ҳодиса чун афтодам?

Ман малак будаму фирдавси барин ҷоям буд,

Одам овард дар ин дайри харобободам.

Албатта ин ки “Одам овард” аз назари ориф як нақсе аст, ки муқаддимаи камол аст, як исёне аст, ки мунҷар ба мағфират ва тавба ва бозгашт мешавад. Аслан камоли Одам дар исён буд, вале на дар исён аз он ҷиҳат, ки исён аст. Исён агар исён бошад ва мутаваққиф бишавад, он нузул аст ва инҳитот ва суқут, вале агар мунҷар ба тавба ва бозгашт бишавад, он камол аст.

Сояи Тубиву дилҷӯийи ҳуру лаби ҳавз, 

Ба ҳавойи сари кӯйи ту бирафт аз ёдам.

Он чӣ, ки дар онҷо буд, ҳамаро фаромӯш кардем, ҳоло инҷо ба ҷойи хеле болотар меравем. Дар ғазали дигаре ҳамин матлабро мегӯяд, ва Ҳофиз рӯйи ин матлаб хеле такя дорад:

Чӣ гӯямат, ки зи сӯзи дарун чӣ мебинам,

Зи ашк пурс ҳикоят, ки ман наям ғаммоз…

Ки эй баландназар шоҳбози сидранишин,

Нишемани ту на ин кунҷи меҳнатобод аст.

Туро зи кунгураи арш мезананд сафир,

Надонамат, ки дар ин домгаҳ чӣ афтодаст?

Боз ғазали дигар:

Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам,

Хушо даме, ки аз он чеҳра парда барфиканам.

Ман ҳақиқатан таъаҷҷуб мекунам аз як идда мардуме, ки мисли ин ки дасте ва дастгоҳе ҳаст, ки ҳоло ҳар ҷур ҳаст, амсоли Ҳофизро ба як шакле масх кунанд, ки аз ин роҳ ва ба ин васила билохира ба ҷойи ин ки фикри мардумро боло бибаранд ва таъолӣ бидиҳанд, мардумро ба сӯйи фасод ва табоҳӣ ва инҳироф савқ бидиҳанд. Мегӯянд, аслан Ҳофиз мӯътақид ба маъоду олами баъд аз марг набуда. Ҳоло, худ бечора чӣ мегӯяд, онҳо чӣ мегӯянд.

Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам,

Хушо даме, ки аз он чеҳра парда барфиканам.

Чунин қафас на сазои чу ман хушилҳонест,

Равам ба гулшани ризвон, ки мурғи он чаманам.

… то онҷо, ки мегӯяд:

Агар зи хуни дилам бӯйи шавқ меояд,

Аҷаб мадор, ки ҳамдарди нофаи Хутанам.

Ҷудо шуданаш аз онҷо (-ро баён мекунад.) Мехоҳад бигӯяд, ин нофаи Хутан ин бӯйи хушашро аз чӣ дорад? Аз ин, ки ҳамҷивори оҳу буда, муддате дар зери шиками оҳу — ин мавҷуди зебо, ки зарбулмасали зебоӣ аст — буда. Агар ту аз хуни дили ман бӯйи мушк мешунавӣ, охир ман як рӯзе бо ӯ будаам.

Тарози пироҳани заркашам мабин, чун шамъ,

Ки сӯзҳост ниҳонӣ даруни пираҳанам.

Дар як ғазали дигар дар ҳамин замина мегӯяд:

Чил сол беш рафт, ки ман лоф мезанам,

К-аз чокарони пири муғон камтарин манам.

Ҳаргиз зи юмни отифати пири майфурӯш

Соғар тиҳӣ нашуд зи майи софи равшанам.

Мехоҳад бигӯяд, дар тамоми ин муддате, ки ман дар сулук будам, ҳамеша файз мегирифтам ва илҳомот ва ишроқот ва мукошифот доштаам.

Аз чоҳи ишқу давлати риндони покбоз

Пайваста садри мастабаҳо буд масканам.

Дар шаъни ман ба дурдкашӣ занни бад мабар, 

К-олуда гашт ҷома, вале покдоманам.

Ин “олуда гашт ҷома, вале покдоманам” ҳамон масъалаи бадномӣ аст, яъне шикастани ному нанг, як равише андаке шабеҳи маломатӣ, ки шояд дар Ҳофиз ҳам буда, яъне тазоҳур кардан ба як чизҳое бар хилофи он чӣ, ки ҳаст, яъне хуб бошад ва ба бадӣ дар миёни авом тазоҳур кунад. Ин як равише буда, ки инҳо доштаанд, ҳоло ин равиш хуб аст ё бад, ман кор надорам, вале чунин равише буда. То онҷо, ки мегӯяд:

Шаҳбози дасти подшаҳам, ин чӣ ҳолат аст,

К-аз ёд бурдаанд ҳавои нишеманам?

Албатта ин як шеърро инсон эҳтимол медиҳад, ки дар они воҳид ду маънӣ дошта бошад, ҳам назар дошта бошад ба подшоҳи замони худаш, равобити инсонии худаш бо ӯро бихоҳад баён кунад, ва ҳам дар айни ҳол маънои ирфонии худашро мегӯяд. Ин ҳам як масъала.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , , , , , , ,

1 reply

  1. Таъчуб ин аст, ки аклимадорон таълили Илми пушида кунанад.
    Ба масал дар дарачаи Сомири башанд ба холи рухашон.
    Дар хакоик бо Мусо дар Ихтилофанд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: