Фалсафа ва равиши реализм (57)

Пайдоиши касрат дар идрокот (12)

Матни китоб:

Ва аз ин рӯй, дар мавориди маҳсусот, ки то кунун хабаре аз пушти сари онҳо надоштем, ҳукм ба араз будан карда ва аз барои ҳамаи онҳо мавзӯе ҷавҳарӣ исбот менамоем ва якбора ҳамаи онҳо ба “васф” табдил мешаванд. Яъне то кунун мо равшанӣ ва торикӣ ва сардӣ ва гармӣ медидем ва аз ин пас илова аз он, равшан ва торик ва сард ва гармро низ мефаҳмем ва интиқол ба қонуни куллии “иллият ва маълулият” низ аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад. (1)

* * *

Таълиқот:

(1) Аз масоиле, ки дар фалсафа ва улуми қадиму ҷадид бисёр ҳоизи аҳаммият аст, масъалаи “иллият ва маълулият” аст. Тасаввуре, ки башар аз иллият ва маълулият дорад ин аст, ки аз ду шайъи муайян (масалан) якеро ба вуҷудоваранда ва муассир ва дигареро ба вуҷудовардашуда ва асар мешиносад. Иллият ва маълулият аз умуре аст, ки ҳама кас тасаввуре аз он дар зеҳни худ дорад. Масалан: ҳангоме ки инсон асое дар даст гирифта ва бо дасти худ он асоро ҳаракат медиҳад, дар замони воҳид ҳам даст ва ҳам асо ҳаракат мекунад. Ин ду ҳаракат дар айни ин ки ҳамзамон ҳастанд ва аз лиҳози замон тақаддуму таъаххуре бар якдигар надоранд, инсон яке аз он дуро мавлуд ва натиҷаи дигаре медонад ва дар мақоми таъбир мегӯяд: “Чун даст ҳаракат мекунад, асо ҳаракат мекунад.” Яъне ҳаракати асоро муъаллал мекунад ба ҳаракати даст ва агар касе фаразан бигӯяд: “Чун асо ҳаракат мекунад, даст ҳаракат мекунад”, ҳама кас онро ғалат медонад.

Дар боби иллият ва маълулият ва ақсоми он масоили зиёде ҳаст аз қабили ин ки: оё иллият ва маълулият воқеият дорад ва низоми ҳастӣ низоми иллӣ ва маълулӣ аст ё на? Оё тараттуби маълул бар иллат зарурӣ, ва тахаллуфи он мумтанеъ аст ё на? Оё шарт аст, ки иллат ва маълул ҳамзамон бошанд ё на? Ошноён ба фалсафа ва улуми ҷадиду қадим медонанд, ки ин масоил ва як силсила масоили дигар марбут ба масъалаи иллият ва маълулият ҳамвора дар таърихи фалсафа ва улум дар дараҷаи аввали аҳаммият қарор дошта ва дорад. Дар ин силсиламақолот як мақолаи мустақил (мақолаи 9) ба он ихтисос дода шудааст.

Он чӣ марбут ба ин мақола аст ин аст, ки тасаввури иллият ва маълулият ибтидо аз чӣ роҳ ва аз чӣ маҷрое барои зеҳн ҳосил мешавад? Дар инҷо се назария аст: назарияи ақлӣ, назарияи ҳиссӣ, назарияе, ки дар ин мақола иттихоз шудааст.

Назарияи ақлӣ:

Чунон ки мукаррар гуфта шудааст, ақлийюн (ақлгароён) мӯътақид ба фитрӣ будан ва хоссияти зотӣ будани як ришта аз маъқулот ҳастанд ва мо дар садри мақола бутлони ин назарияро ба таври куллӣ равшан кардем ва собит кардем, ки тасаввури ҳеч чиз бидуни ин ки қувваи мудрика воқеияти он шайъро ба наҳве аз анҳоъ биёбад мумкин нест ҳосил шавад ва зеҳни инсон дар ибтидо лавҳи бенақше аст ва ҳамаи ин нақшҳо ва тасаввурот аз роҳи бархӯрди қувваи мудрика бо воқеияте аз воқеиёт оризи зеҳн мешаванд. Бинобар ин, ин назария дар ҳеч мавриде қобили қабул нест ва лузуме надорад, ки он чӣ ба хусус дар ин маврид гуфта шуда нақлу интиқод кунем. Аз касоне, ки иллият ва маълулиятро ҷузъи маъқулоти фитрӣ медонанд ва баёноти хоссе дар ин маврид дорад, Конт аст. Вай иллият ва маълулиятро яке аз маъқулоти дувоздаҳгонаи хеш, ки ҳама ба ақидаи ӯ умуре ақлӣ ва фитрӣ ҳастанд медонад.

Назарияи ҳиссӣ:

Ин назария мубтанӣ бар ин аст, ки тасаввури иллият ва маълулият аз роҳи эҳсос вориди зеҳн шудааст. Ин назария мутаъаллиқ ба баъзе аз ҳиссгароён ва ҷамиъи моддигароён аст. Ҷон Лок ба нақли марҳуми Фурӯғӣ мегӯяд:

Чун табаддулҳое ҳамвора бар як сон дар аҳволи чизҳо мушоҳида мекунем ва чизҳои дигареро мебинем, ки ҳамвора он табаддулҳоро медиҳанд, пас он табаддулҳоро “маълул” ва чизҳое, ки ин табаддулҳоро мекунанд “иллат” меномем ва низ аз ҳамин роҳ тасаввури офариниш ва зоиш ва сохт ва тағйир барои мо ҳосил мешавад.”

Ишколи ин назария возеҳ аст. Ин назария аз адами диққати кофӣ дар таъйини ҳудуди ҳисс пайдо шудааст. Мо дар хориҷ ба василаи ҳавосси худ феноменҳо ва ҳаводисро мушоҳида мекунем, тағйирҳо ва табдилҳоро мебинем ва чун замонро дарк мекунем, қаҳран муқорина ё таъоқуби ин маҳсусотро низ дарк мекунем. Аммо ин ки баъзе аз ин ҳаводис дар баъзеи дигар “таъсир” доранд — ки дар гуфтаи Ҷон Лок ба калимаи “медиҳанд” ва “мекунанд” таъбир шуда — қобили эҳсос нест. Масалан: мо ба василаи ҳавосси худ оташ ва филиз (албатта аз онҳо ҳам маҷмӯае аз аворизро эҳсос мекунем, на чизи дигар) ва тамоси оташ бо филиз ва ҳарорат ва афзоиши каммии филиз (инбисот) ва муқоринаи афзоиши каммӣ ва ҳароратро дарк мекунем, аммо ин ки иллият ва таъсире ҳам дар кор ҳаст, ба василаи ҳеч ҳиссе дарк намекунем. Оре, чун мо аз роҳи дигар тасаввуре аз иллат ва маълул пеши худ дорем ва аз тарафе ҳам изъон дорем, ки ҳар чизе, ки набуд ва буд шуд, иллат ва муассири вуҷудӣ мехоҳад, бо кӯмаки эҳсос ва таҷриба метавонем иллатҳои хосс барои маълулҳои хосс, ва равобити иллат ва маълулии ашёро кашф кунем.

Аммо сухан дар ин аст, ки ибтидоан асли тасаввури иллият ва маълулият, ки ғайри қобили эҳсос аст, аз куҷо оризи зеҳн шудааст.

Ин матлаб, ки иллият ва маълулият қобили эҳсос нест, аз замонҳои бисёр қадим мавриди таваҷҷӯҳи аҳли назар будааст.

Ибни Сино дар фасли аввал аз мақолаи аввал аз “Илоҳиёти Шифо” дар мақоми баёни ин ки мавзӯи фалсафаи уло чист ва оё метавон гуфт, ки мавзӯи фалсафаи уло “иллат ба таври мутлақ” аст ва фалсафаи уло аз аҳвол ва аворизи он баҳс мекунад, мегӯяд:

Мавзӯи ҳар илм ва ҳар фанне бояд мафруз ва мусаллам гирифта шавад ва мо агар бихоҳем иллат ба таври мутлақро мавзӯи ин фанн қарор диҳем, бояд ӯро мафруз ва мусаллам бигирем ва ҳол он ки ин фарз ва таслим вақте барои мо ҳосил мешавад, ки иқрор ва эътироф дошта бошем, ки ҳеч ҳодисае бидуни сабаб ва иллат падид намеояд. Ва ин масъала аз масоиле аст, ки дар ин фалсафа бояд таклифаш равшан шавад. Ва агар касе гумон кунад, ки робитаи иллият ва маълулиятро аз роҳи ҳисс метавон кашф кард, хатост, зеро ҳисс ҷуз муқорина ва тасоҳуби ду амр чизеро ба мо намефаҳмонад.”

Аз донишмандони ҷадид ҳам иддае, ки дар таъйини ҳудуди ҳисс диққат кардаанд, ба ин ҳақиқат эътироф кардаанд. Ин гурӯҳ иддае дигар аз ҳамон ҳиссгароёнанд. Ин гурӯҳ чун аз тарафе дарёфтаанд, ки эҳсос қодир нест иллият ва маълулияти ашёро дарёбад ва аз тарафи дигар рӯйи формули махсуси худ чизеро воқеӣ медонанд, ки битавон онро аз роҳи ҳиссу таҷриба тавҷеҳ кард, воқеияти иллият ва маълулиятро мавриди тардид қарор додаанд.

Ҳюм, донишманди ҳиссии маъруфи ангилисӣ, сардастаи ин ҷамоат аст. Ҳюм ба нақли марҳуми Фурӯғӣ мегӯяд:

Чун дар мақоми таҳқиқи фалсафӣ бармеойем, мебинем эътиқод ба робитаи иллат ва маълул зарурӣ нест, ба ин маъно, ки чун мебинем санги мутаҳаррике ба санги сокине бархӯрд ва санги сокин ба ҳаракат омад, бархӯрди санги мутаҳаррикро иллати ҳаракати санги сокин мехонем ва лекин ин ақида аз рӯйи таҷриба барои мо омадааст ва пеш аз он ки ин таҷриба ҳосил шавад, ақл ҳукм ба вуҷуби ин амр яъне ҳудуси ин маълул аз он иллат наменамояд ва ҳеч мавриде нест, ки агар таҷриба накарда бошем, робитаи иллат ва маълулро ба қоъидаи ақлӣ дарёбем ва таҷриба ҳам фақат маълум мекунад, ки фалон амр ҳамеша дунболи фалон амри дигар аст, аммо ин ки чаро ин ду амр дунболи якдигаранд, маълум намешавад.”

Низ мегӯяд:

Ҳукм ба робитаи иллият натиҷаи одате аст, ки барои мо ҳосил мешавад аз ин ки ҳамвора амреро ҳамроҳи амри дигар мебинем ва ин одат, эътиқодро ба ин ки ин ду амр лозиму малзуми якдигаранд, дар зеҳн росих месозад.”

Пайравони материализми диалектик аз тарафе назарияи ҳиссгароёнро пайравӣ мекунанд ва муддаъӣ ҳастанд, танҳо тасаввуре ҳақиқат аст, ки инсон аз роҳи ҳисс ба он ноил шуда бошад, ва аз тарафи дигар иллият ва маълулиятро воқеӣ медонанд, аз ин рӯ бо ҷанҷол мехоҳанд исбот кунанд, ки иллият ва маълулият маҳсус аст.

Дуктур Аронӣ дар ҷузваи “Материализми диалектик” сафҳаи 33 мегӯяд:

Барои мо қонуни иллат ва маълул як асли ҳақиқӣ аст, зеро таҷриба ва амал сиҳҳати онро собит мекунад. Эмпиристҳо (таҷрибагароён) ин қонунро ҳақиқӣ намедонанд ва мобайни ду қазия робитаи иллат ва маълул намешиносанд ва мегӯянд, ки фақат мо медонем, ки як қазия баъд аз қазияи дигаре зоҳир мешавад; як дафъа ҳам мумкин аст зоҳир нашавад. Ҳазорон дафъа мумкин аст оташ дастро бисӯзонад, вале мумкин ҳам ҳаст, ки як дафъа ибтидо даст бисӯзад ва баъд оташ вуҷуд пайдо кунад. Ҷавоби мо боз мутобиқи маҳакки худ ин хоҳад буд, ки чун дар тамоми қазоё дар тамоми адвор амалан қонуни иллат ва маълул содиқ буда, мутобиқи хиёли оқоён истисно пайдо накарда саҳеҳ аст.”

Дар сафҳаи 44 мегӯяд:

Мо дар илм аз ибтидои таърихи тамаддуни башар то имрӯз милюнҳо қазияи иллат ва маълул суроғ дорем ва зиндагонии рӯзонаи мо он ба он мусодиф бо қазоёи иллат ва маълулӣ аст. Мо чӣ ангезае дорем, ки мисолҳои мутаъаддиди қонуни иллат ва маълулро саҳеҳ надонем ва ба умеди ин ки як рӯз шояд аз дохили чароғ як қорчи сабз хоҳад шуд ва истисное ба вуҷуд хоҳад омад, пушти по ба такомули илм бизанем, аммо як идеалист ба ҳамин умед нишаста ва агар тире ҳам ба мағзаш фурӯ равад, тирро иллати куштан намедонад.”

Илова бар ин ки ин оқоён масъалаи зарурати тараттуби маълул бар иллат ё имтиноъи тахаллуфи маълул аз иллат ва масъалаи тақаддум ва таъаххур ва тақоруни замонии иллат ва маълулро бо ин масъала, ки оё ҳиссу таҷриба қодир ба дарки иллият ва маълулият ҳаст ё нест, дониста ё надониста бо ҳам халт кардаанд. Нафаҳмидаанд ё нахостаанд бифаҳманд, ки он чӣ мо он ба он дар зиндагонии рӯзона аз роҳи эҳсос ва таҷриба бо он мусодиф ҳастем, муқорина ё таъоқуби ҳаводис аст, на иллият ва маълулияти онҳо, ва он чӣ таҷрибагароёнро водор кардааст, ки дар воқеӣ будани қонуни иллат ва маълул тардид кунанд, диққати зиёд дар таъйини ҳудуди ҳиссу таҷриба аст. Таҷрибагароён аз тарафе асолати ҳиссу таҷрибаро пазируфтаанд ва аз тарафи дигар нахостаанд монанди моддигароён ба газоф тасаввуроти ғайримаҳсусро маҳсус ҷилва диҳанд, аз ин рӯ дар ҳақиқӣ будани қонуни иллат ва маълул тардид кардаанд.

Ҳақиқат ин аст, ки агар воқеан мо асолати ҳиссӣ бошем ва аз тарафе ҳам нахоҳем ба газоф сухане бигӯем, ваҷҳе надорад, ки қонуни иллат ва маълулро воқеӣ бидонем.

Назарияи ин мақола:

Назарияи ин мақола мубтанӣ бар воқеӣ будани қонуни иллат ва маълул аст ва шубаҳоте, ки дар ин маврид дар қадиму ҷадид шудааст, дар мақолаи 9, ки махсуси баёни ин қонун аст дафъ мешавад. Мутобиқи назарияи куллӣ, ки дар садри мақола баён шуд, “ҳар илми ҳусулӣ масбуқ ба илми ҳузурӣ аст” ва то зеҳн намунаи воқеияти шайъеро наёбад, наметавонад тасаввуре аз он бисозад, хоҳ он ки он намунаро дар дохили зоти нафс биёбад ва ё он ки аз роҳи ҳавосси хориҷӣ ба он ноил шавад. Намунаи иллат ва маълулро зеҳн ибтидо дар дохили нафс ёфта ва аз он тасаввуре сохта ва сипас мавориди он тасаввурро басту густариш додааст. Ҳамчунон ки собиқан гуфта шуд, нафс, ҳам худро меёбад ва ҳам осор ва афъоли худро аз қабили андешаҳо ва афкор, ва ин “ёфтан” ба тариқи ҳузурӣ аст, на ҳусулӣ. Яъне нафс бо воқеияти худ айни воқеияти онҳоро меёбад ва чун маълулият айни воқеият ва вуҷуди ин осор аст, пас идроки ин осор айни идроки маълулияти онҳост. Ва ба иборати дигар: нафс ба илми ҳузурӣ ҳам худро меёбад ва ҳам осор ва афъоли худро ва ин осор ва афъолро мутаъаллиқул ба худ меёбад ва ин наҳв дарк кардан, айни идроки маълулият аст. Ин аст хулосаи назарияи ин мақола ва албатта тавзеҳи комили ин баён эҳтиёҷ дорад, ки ҳақиқати қонуни иллат ва маълул он тавр, ки ҳаст аз лиҳоз фалсафӣ ва бурҳонӣ равшан шавад ва мақолаи 9 ӯҳдадори ҳамин ҷиҳат аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: