Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (21) — Каломи илоҳӣ

Матни китоб:

أن القرآن كلام الله منه بدا بلا كيفية قولاً، وأنزله على رسوله وحياً، وصدّقه المؤمنون على ذلك حقاً، وأيقنوا أنه كلام الله تعالى بالحقيقة، ليس بمخلوق ككلام البرية، فمن سمعه فزعم أنه كلام البشر فقد كفر، وقد ذمّه الله وعابه وأوعده بسقر، حيث قال تعالى: (سأُصلِيه سَقَر) فلما أوعد الله بسقر لمن قال: (إن هذا إلا قول البشر) علمنا وأيقنا أنه قول خالق البشر ولا يشبه قول البشر

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ гӯяд: мӯътақидем, ки) Қуръон каломи Худованд аст, бидуни кайфият ва чигунагӣ аз Ӯ падид омадааст, ва онро бар фиристодааш бо ваҳй фуруд овардааст ва мӯъминон Паёмбар (с)-ро дар бораи ин ваҳй тасдиқ ва бовар намуданд ва яқин карданд, ки Қуръон ҳақиқатан каломи Худованди Мутаъол аст ва монанди соири каломи мавҷудот махлуқ ва офаридашуда нест. Пас, ҳар кас онро бишнавад ва онро каломи башар бипиндорад, қатъан кофир мешавад. Ва Худованди Мутаъол бидуни тардид ӯро накӯҳиш карда ва аз ӯ айб гирифта ва ба оташи дӯзах таҳдид намудааст, он ҷо, ки фармуда: “Ба зудӣ ӯро ба сақар дарафканем.” (Сураи Муддассир, ояти 26) Пас вақте ки Худованд касеро, ки бигӯяд: “Нест ин (яъне Қуръон) магар гуфтаи башар” (Сураи Муддассир, ояти 25), сақарро ваъда додааст, (пас) донистем ва яқин ва бовар кардем, ки (Қуръон) каломи холиқи башар аст ва ҳеч шабоҳтате ба гуфтори башар надорад…

Шарҳ:

Каломи илоҳӣ

Ҷамиъи мусалмонон иттифоқи назар доранд, ки яке аз сифоти Худои Субҳон — ки дар Қуръон ва суннат ба он васф шуда — “мутакаллим” будани ӯст, яъне “сухангӯ” будани ӯ. Масъалаи каломи илоҳӣ, ки ҳақиқаташ чист ва оё ҳодис аст ё қадим, аз дерзамон зеҳни мутакаллимони исломиро ба худ машғул карда, хусусан дар асри Аббосиён, ки ба сабаби он, ҷанҷолҳо ва ҳатто хунрезиҳое миёни мусалмонон воқеъ шуда, ки торих бароямон нақл мекунад.

Лозим ба ёдоварист, решаи баҳс дар ҳақиқати каломи илоҳӣ ва ин ки махлуқ аст ё ғайримахлуқ, ҳодис аст ё қадим, аз ҷумлаи он масоиле аст, ки масеҳиён — ки дар замони хилофати Умавиён аз ҷойгоҳи хоссе дар дарбори халифа бархӯрдор буданд — барангехтаанд. Юҳаннои Димишқӣ ном шахсе дар раъси он масеҳиёне қарор дошт, ки ин масъаларо барангехтаанд.

Тавзеҳ он ки: аз онҷо, ки Қуръон ба сароҳат ишора намуда, ки Исо ибни Марям калимаи Худост, ки онро ба Марям афканда, ин сароҳати Қуръон баҳонае шуда буд, ки ин мард (яъне Юҳаннои Димишқӣ) масъалаи қадим будани калимаи Худоро аз як тариқи хоссе матраҳ кунад. Ва он ин ки: ӯ аз мусалмонон мепурсид: оё калимаи Худо қадим аст ё на? Агар ҷавоб диҳанд, қадим аст, мегуфт: пас, ин ки масеҳиён мегӯянд, Исо қадим аст, дуруст хоҳад буд. Вале агар бигӯянд, на, калимаи Худо қадим нест, мегуфт: пас, шумо мепиндоред, каломи Худо махлуқ аст. (1)

Пас, маълум мешавад ин масъала, ки ин ҳама ҷанҷол ба дунбол дошта ва хунҳои ҳазорон бегуноҳон ба сабаби он рехта шуда, решае ҷуз як шубҳаафкание аз ҷониби як нафар масеҳӣ надошта. Агар ин масъала ба ин аҳаммияте мебуд, ки мутакаллимон нишон медиҳанд, дар замони худи Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва айёми аввали зуҳури ислом матраҳ мешуд, дар ҳоле ки ҳеч сухане дар ин робита дар он замон матраҳ набудааст.

Бинобар ин, мо ба ин баҳс ба он тафсиле, ки мутакаллимон матраҳ кардаанд ворид намешавем, балки ба ихтисор онро аз назар гузаронда ва зуд рад мешавем. Ибтидо ду масъаларо аз ҳам ҷудо карда ва перомуни ҳар яке ба таври ҷудогона баҳс ба амал меоварем:

— Ҳақиқати каломи илоҳӣ;

— Масъалаи махлуқ ё ғайримахлуқ будани Қуръон.

1. Ҳақиқати каломи илоҳӣ:

Бархе мутакаллимони исломӣ аз онҷо, ки сифати “такаллум” (сухан гуфтан)-и Худовандро аз сифоти зотӣ медонистанд, аз ин рӯ каломи илоҳиро “қадим” донистаанд, вале баъзе дигар, ки такаллумро аз сифоти феълӣ мешумурданд, онро “ҳодис” қаламдод менамуданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба таърифе, ки дар баҳсҳои гузашта барои сифоти зотӣ ва сифоти феълӣ шуд, ба осонӣ метавон дарёфт, ки сухан гуфтан аз сифоти феъл аст, ки бояд барои дарёфти он, мухотаберо дар назар гирифт, ки мақсуди гӯяндаро ба василаи шунидани савт ё дидани мактуб ва ё ба сурати дигаре дарёбад. Ва дар ҳақиқат, ин мафҳум, аз робитаи байни Худо, ки мехоҳад ҳақиқатеро бар касе макшуф созад бо мухотабе, ки он ҳақиқатро дарк мекунад, гирифта мешавад, магар ин ки барои “такаллум” маънои дигаре манзур гардад ва масалан ба “қудрат бар сухан гуфтан” ё “илм ба мафоди сухан” бозгардонда шавад, ки дар ин сурат бозгашт ба сифоти зотӣ мекунад, чунон ки назири он дар мавриди баъзе дигар аз сифоти феълӣ гуфта шуд.

2. Қуръон махлуқ аст ё ғайримахлуқ:

Масъалаи махлуқ ва ё ғайримахлуқ будани Қуръони Карим ва ба иборати дигар: “ҳодис” ва ё “қадим” будани Қуръон, дар воқеъ аз шохаҳои баҳси қаблӣ, яъне баҳси каломи илоҳӣ ба шумор меравад. Ва аз онҷо, ки баъзе аз мутакаллимон қоил ба ҳодис будани каломи илоҳӣ буданд, аз ин рӯ мӯътақид ба махлуқ будани Қуръон шуданд. Масалан: Қозӣ Абдулҷаббор мегӯяд:

اما مذهبنا في ذلك إن القرآن كلام الله تعالى ووحيه وهو مخلوق محدث أنزله الله على نبيه ليكون علما ودالا على نبوته

Аммо мазҳаби мо дар ин мавзӯъ он аст, ки Қуръон каломи Худои Таъоло ва ваҳйи ӯст ва махлуқ (ва) муҳдас (2) аст, ки Худо онро бар Паёмбараш нозил карда, то нишона ва далолаткунанда бошад бар паёмбарияш…” (3)

Аммо касоне аз мутакаллимон, ки мӯътақид ба қадим будани каломи илоҳӣ буданд, қоил шудаанд, ки Қуръон ғайримахлуқ аст. Имом Абулҳасани Ашъарӣ мегӯяд:

ونقول إن القرآن كلام الله غير مخلوق وإن من قال بخلق القرآن فهو كافر

Ва мӯътақидем, ки Қуръон каломи Худост, ғайримахлуқ аст ва ин ки ҳар касе ки қоил ба махлуқ будани Қуръон бошад, кофир аст.” (4)

Имом Таҳовӣ низ, ки дар ин замина ақидае наздик ба ақидаи Имом Абулҳасани Ашъарӣ дорад, мегӯяд:

ليس بمخلوق ككلام البرية

(Ва) махлуқ нест ҳамонанди каломи мардум.

Аҳли ҳадис низ эътиқоде шабеҳ ба ин ақида доранд. Имом Аҳмад ибни Ҳанбал мегӯяд:

والقرآن كلام الله ليس بمخلوق، فمن زعم أن القرآن مخلوق فهو جهمي كافر، ومن زعم أن القرآن كلام الله عز وجل ووقف ولم يقل مخلوق ولا غير مخلوق، فهو أخبث من الأول. ومن زعم أن ألفاظنا بالقرآن وتلاوتنا له مخلوقة، والقرآن كلام الله، فهو جهمي. ومن لم يكفر هؤلاء القوم كلهم فهو مثلهم

Ва Қуръон каломи Худост, махлуқ нест. Пас, ҳар ки бипиндорад, Қуръон махлуқ аст, ӯ ҷуҳамии кофир аст ва ҳар ки бипиндорад, Қуръон каломи Худои Азза ва Ҷалла аст, вале (дар қадим ё ҳодис будани он) таваққуф кунад, яъне на гӯяд, ки махлуқ аст ва на ғайримахлуқ, пас ӯ аз шахси аввалӣ ҳам палидтар аст. Ва ҳар ки бипиндорад, лафзҳои Қуръон ва тиловат намудани мо онро махлуқ аст — ва ҳол он ки Қуръон каломи Худост — пас ӯ ҷуҳамист. Ва ҳар ки ин касонро (ки баршумурдем) кофир надонад, пас ӯ низ мисли эшон хоҳад буд...” (5)

Ин буд назари мутакаллимон ва низ аҳли ҳадис дар мавзӯи махлуқ ва ё ғайримахлуқ будани Қуръон.

Дар инҷо лозим медонем ду нуктаро ёдовар бишавем:

1. Агар масъалаи махлуқ ва ё ғайримахлуқ будани Қуръон ба он аҳаммияте аст, ки ба сабаби он, мусалмонон ба гурӯҳҳо тақсим шуда ва корашон ба ҷойе бирасад, ки якдигарро кофир бидонанд ва яке бигӯяд, ки ҳар ки бипиндорад, Қуръон махлуқ аст, ӯ ҷуҳамии кофир аст ва яке дигар бигӯянд, эътиқод ба ғайримахлуқ ва ё қадим будани Қуръон ширк ба Худост ва ғайра… агар ба ин аҳаммият мебуд, ҳатман дар худи Қуръон ба он тасреҳ мешуд ва худи Қуръон парда аз чеҳраи ҳақиқат дар ин замина бармедошт ва дигар намегузошт, ки мусалмонон даста-даста шуда ҳамдигарро кофиру мушрик дониста ҳатто корашон ба ҷойе бирасад, ки хунҳои якдигарро дар ин роҳ бирезанд.

Вале мо мебинем, ки чунин нест, яъне ҳеч ишора ва тасреҳе аз ин масъала дар Қуръон нашуда, балки ин масъала дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ зоҳир шуда. Пас, натиҷа ин аст, ки ин масъала ба он андоза, ки мутакаллимон нишон додаанд, дорои аҳаммияте набудааст.

2. Агар дар хусуси моҷароҳо ва кашмакашҳое, ки байни мутакаллимон дар бораи ин масъала доир буд диққат бишавад, равшан мешавад, ки сахтгириҳои мутакаллимон дар ин замина, аз барои барқарории ҳақ набуда, балки ҳар тоифае мехоста ҳарф ва гуфтаи худро бар рӯйи курсӣ нишонад ва собит намояд, ки тарафи муқобилаш чизе надорад. Аз ин рӯст, ки мебинем, бисёре аз уламои исломӣ аз ворид шудан ба чунин масоиле худдорӣ меварзиданд.

3. Аз ин рӯ, бояд дар хусуси ин масъала гуфт: ин масъала аз фуруъи ақоид аст, на усули ақоид. Яъне, агар касе қоил ба ҳодис ва махлуқ будани Қуръон аст, ӯ кофир нест, ва ҳамчунин агар мӯътақид ба қадим ва ғайримахлуқ будани каломи илоҳӣ аст, ӯ мушрик нест. Балки масъала як масъалаи иҷтиҳодӣ будааст. Бисёре аз уламо ва донишмандони муосир бар ҳамин боваранд.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) «Илоҳиёт», ҷ.1, с.190.

(2) Муҳдас, яъне ҳодисшуда ва ба вуҷуд оварда шуда.

(3) Шарҳи усули хамса, с. 528.

(4) ”Ал−ибона”, с.21, “Мақолот−ул−исломийин”, с.321.

(5) “Ас−сунна”, с.49.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: