Шарҳи Маснавӣ (150)

Назар кардани шер дар чоҳ ва дидан акси худро ва он харгӯшро (2)

* * *

Чунки хасми хешро дар об дид,

Мар варо бигзошту андар чаҳ ҷаҳид.

Шер ҳамин ки тасвири худро дар оби чоҳ дид ва ӯро душман пиндошт, харгӯшро раҳо кард ва дар умқи чоҳ парид.

Нукта: Байти ахир бад-ин нукта таъриз дорад, ки душмани одамӣ дар даруни ӯст, аммо бар дигарӣ кина меоварад ва душманаш мепиндорад, чунон ки дар байте дар дафтари дуввум фармояд:

Ҳамчу соҳибнафс, к-ӯ тан парварад,

Бар дигар кас занни ҳиқде мебарад.

К-ин адувву он ҳасуду душман аст,

Худ ҳасуду душмани ӯ он тан аст.

Ӯ чу Фиръавну танаш Мӯсии ӯ,

Ӯ ба берун медавад, ки: ку адӯ?!

Нафсаш андар хонаи тан нозанин,

Бар дигар кас даст мехояд ба кин.

(Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.427)

Дарфитод андар чаҳе, к-ӯ канда буд,

З-он ки зулмаш дар сараш оянда буд.

Он шер ба чоҳе дарафтод, ки ба дасти худ онро ҳафр карда буд. Дар воқеъ, натиҷаи ситамкориаш ба худи ӯ бозгашт.

Нукта: Баргирифта шуда аз ривояти:

من حفر لاخيه حفرة وقع فيها

Ҳар ки барои бародараш ҷоҳе канад, худ ба он афтад.” Дар форсӣ ин масал роиҷ аст: “Чоҳкан ҳамеша таҳи чоҳ аст.” ё “Чоҳкан зери чоҳ.”

Чоҳи музлим гашт зулми золимон,

Инчунин гуфтанд ҷумлай олимон.

Ситами ситамкорон чоҳе бас торик аст, ва ҳамаи хирадмандони ҷаҳон ҳамин матлабро гуфтаанд.

Музлим: торик.

Нукта: Зоҳиран мустафод аст аз мазмуни ҳадиси:

اتقوا الظلم فان الظلم ظلمات يوم القيامة

Битарсед аз ситам, ки ситам дар рӯзи растохез ба сурати торикиҳо таҷассум ёбад.” (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.428)

Ҳар кӣ золимтар, чаҳаш боҳавлтар,

Адл фармудаст: бадтарро батар.

Зеро воқеият ин аст, ки ҳар кас ситамкортар бошад, чоҳаш ҳавлноктар аст. Усулан, адолати илоҳӣ чунин иқтизо кардааст, ки ҳар амалеро ҷавобе аст мутаносиб бо он. Пас, ҳар амале, ки бадии бештаре дошта бошад, ҷазои он низ ҳамон тавр аст.

Нукта: Ишорат аст ба қисмате аз ояти 40 сураи Шӯро:

 وَجَزَاء سَيِّئَةٍ سَيِّئَةٌ مِّثْلُهَا

Ва сазои ҳар бадӣ, бадие аст ҳамонанди он…

Эй ки ту аз чоҳ зулме меканӣ,

Дон, ки баҳри хеш чоҳе мекунӣ.

Эй касе ки аз рӯйи ситам чоҳе барои дигарон ҳафр мекунӣ, бидон, ки бо ин кор доме барои худ фароҳам сохтаӣ.

Гирди худ чун кирми пила барматан,

Баҳри худ чаҳ меканӣ, андоза кан.

Эй ситамгар! Ту, ки пиромуни худ монанди кирми абрешим торҳое аз ситам метанӣ, ин корро макун. Агар чоҳе аз бадӣ ва ситамкорӣ барои худ меканӣ, лоақал онро зиёд амиқ ва маҳиб ҳафр макун, балки андозаи тобу тавони ночизат ҳафр кун. (Чун ситам ҳар чӣ бештар ва сахттар бошад, ҷавоби он низ мутаносиб бо ҳамон хоҳад буд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.429))

Мар заъифонро ту бе хасмӣ мадон,

Аз нубӣ “зо ҷоа насруллоҳ” хон.

Хиёл макун, ки афроди заъиф ҳамвора таслими ту мешаванд ва даст ба душманӣ ва муқобилаи ба мисл намезананд. Ва хиёл макун, ки заъифон бе ёру ёваранд. Агар дар ин бора мураддад ҳастӣ, бирав аз Қуръони Карим ояти “Изо ҷоа насруллоҳ”-ро бихон.

Хасмӣ: душманӣ кардан.

Нукта: Дар ояти 1 сураи Наср омадааст:

إِذَا جَاء نَصْرُ اللَّهِ وَالْفَتْحُ

Он гоҳ ки ёрӣ ва пирӯзии Худованд даррасад…” Бархе аз муфассирон онро марбут ба фатҳи Макка донистаанд, ва баъзе ҳамчун Замахшарӣ гуфтаанд, ки дар Ҳаҷҷатулвидоъ ба айёми ташриқ дар Мино нозил шудааст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.429)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: