Ирфони Ҳофиз (14, қисмати поёнӣ)

(Силсиласуханрониҳои Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ, қисмати поёнӣ)

Ғурбати инсон дар ҷаҳон

Ба дунболи ин масъала дар бораи инсон, як масъалаи дигар дар миёни урафо матраҳ аст, ки тобеъи ин масъала аст, ва он масъалае аст, ки ба номи “ғурбати инсон дар ҷаҳон” тарҳ мешавад.

Мебинед, дар адабиёти ирфонӣ инсон дар дунё ҳукми як фардеро дорад, ки дар билоди ғурбат ба сар мебарад, чӣ ҷур эҳсоси ғурбат ва эҳсоси бегонагӣ ва эҳсоси адами таҷонус мекунад? Баъд аз ҳазор сол, ки урафо ин ҳарфҳоро задаанд, ҳоло тоза фарангиҳо дар фалсафаҳои ҷадид масъалаи ғурбати инсонро матраҳ кардаанд, он ҳам ба як шакли касифи палиде. Вале ин эҳсос воқеан дар инсон ҳаст. Инсон дар ин ҷаҳон як навъ эҳсоси бегонагӣ бо ҳамаи ин олам мекунад ва як навъ эҳсоси ғурбат дар ҳамаи олам мекунад. Чаро?

Мегӯянд, барои ин аст, ки мо, он ки “мо”-и воқеии мост, ки ҳамон руҳи илоҳӣ

وَنَفَخْتُ فِیهِ مِنْ رُوحِی

 … аст, аз ҷойи дигар ба инҷо ифоза шуда ва бояд баргардад, ватани аслиаш инҷо нест, ҷойи дигар аст. Аз ҷойи дигар омада ва бояд ба онҷо баргардад. Пас, ватанаш инҷо нест, инҷо ватани санг аст, ватани хок аст, ватани кулӯх аст, ватани гиёҳ аст, ватани саг аст, ватани ҳайвон аст, яъне мавҷудоти сад дар сад табиӣ, вале мо як мавҷуди сад дар сад табиӣ нестем, он воқеияти мо воқеияти моварои табиӣ аст, ватани аслии мо онҷост, моро аз онҷо ҷудо кардаанд. Ин аст, ки мо дар инҷо ғариб ҳастем. Он вақт дар ин мавзӯи ғурбат чӣ суханони олӣ ва латифе гуфтаанд!

Достони тӯтиро дар Маснавӣ шунидаед, ки мегӯяд, тоҷире буд ва як тӯтӣ дошт (ва тӯтиро маъмулан аз Ҳиндустон меоваранд). Вақте ки мехост ба Ҳиндустон биравад, баччаҳоро ҷамъ кард, аз ҷумла тӯтӣ ҳам онҷо буд, гуфт: ҳоло ҳар суфорише доред бигӯед, то вақте аз сафар бармегардам, барои шумо савғотӣ биёварам.

Ҳар касе як чизе гуфт ва тӯтӣ гуфт: ман ҳарфе надорам ғайр аз ин ки онҷо вақте меравӣ, дар боғистонҳо, тӯтиҳоро, ки мебинӣ, фақат бигӯ, ки шумо ҳам як нафаре аз худатон, яке, ки ҳамҷинси шумост инҷо назди ман дар қафас аст ва шарҳи ҳоли маро барои онҳо бозгӯ кун, ман суфориши дигаре надорам. Он вақт агар онҳо пайғоме доштанд, пайғомашонро барои ман биёвар.

Ӯ рафт ва сафарашро анҷом дод ва баъд барои ин ки пайғоми тӯтиро расонда бошад, рафт дар ҷангале, ки тӯтӣ хеле зиёд буд ва дар муқобили тӯтиҳо истод ва ҳарфашро зад, ки бале, ман тӯтие дорам инчунин ва вазъаш ин тавр аст ва ман як қафасе ин гуна барояш таҳия кардаам ва вақте хостам биёям чунин пайғоме дод, ҳоло агар шумо пайғоме доред бигӯед.

Мегӯяд, то инро гуфтам, дидам тамоми ин тӯтиҳо мисли ин ки ногаҳон сакта карданд ва мурданд, аз рӯйи дарахтҳо афтоданд рӯйи замин. Эй бобо, ин чӣ коре буд ман кардам, боиси марги ҳазорҳо тӯтӣ шудам! Вақте ки баргашт ва савғотиҳоро овард, ба тӯтӣ расид, тӯтӣ гуфт: оё пайғоми маро расондӣ? Гуфт: бале расондам, вале хеле бад шуд. Гуфт: чӣ шуд? Гуфт: то гуфтам, ҳамаи онҳо якҷо мурданд. Ин ҳам то шунид, ҳамон ҷойе, ки буд, ҳамон тавр аз ғусса афтод ва мурд. Аҷаб коре! Боз як марги дигаре! Ғуссааш афзун шуд, чун тӯтии азизаш мурд, вале дигар коре намешуд кард, пойи тӯтиро гирифт ва онро аз қафас берун андохт. То андохт берун, тӯтӣ парвоз кард ва рафт. Маълум шуд он дарс буда, гуфтанд: ту агар мехоҳӣ аз ин қафас озод шавӣ, бояд бимирӣ.

Бимир, эй дӯст, пеш аз марг, агар ме зиндагӣ хоҳӣ,

Ки Идрис аз чунин мурдан биҳиштӣ гашт пеш аз мо.

موتوا قَبْلَ اَنْ تَموتوا

اَخْرِجوا مِنَ الدُّنْیا قُلوبَكُمْ مِنْ قَبْلِ اَنْ تُخْرَجَ مِنْها اَبْدانُكُمْ

Фаҳмид, аз мурдан аст, ки ба ҳаёти воқеӣ мерасад. Инсон то аз табиат намирад — ки худи Ҳофиз дар ин замина суханони зиёде дорад — ба ҳақиқат зинда намешавад. Ҳофиз мегӯяд:

Ту, к-аз саройи табиат намеравӣ берун,

Куҷо ба кӯйи ҳақиқат гузар тавонӣ кард?

Ғараз ин аст: ин тӯтӣ аз он тӯтистон (ба истилоҳ) омада буд, дар қафас ва ғариб буд. Ин, зарбулмасали инсон аст, ки аз ҷаҳони дигар омада ва ин ҷаҳон барои ӯ қафас аст. Худаш гуфт:

Чунин қафас на сазойи чу ман хушилҳонест,

Равам ба гулшани ризвон, ки мурғи он чаманам.

Ин аст, ки урафо баҳси бисёр ширине доранд роҷеъ ба ғурбати инсон. Ҷомӣ қитъае дорад, ки мегӯяд:

Дило, то кай дар ин кохи маҷозӣ

Кунӣ монанди тифлон хокбозӣ?

Туйӣ он дастпарвари мурғи густох,

Ки будат ошён берун аз ин кох.

Чаро з-он ошён бегона гаштӣ?

Чу дунон ҷуғди ин вайрона гаштӣ?..

Халилосо дари мулки яқин зан,

Навои “Ло уҳиббул-офилин” зан.

Ва боз дар ин замина Мавлавӣ хеле олӣ гуфта. Аслан дебочаи Маснавӣ бо нолаи ғурбати инсон оғоз мешавад:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Чӣ тамсили олиест! Ин нолаи най, ин нолае, ки ба қавли ӯ шӯр дар ҳамаи ҷаҳон фиканда ва ҳамаро ба таби ҳаракат ва ба тарабу ҳаяҷон меоварад, нолаи чист? Нолаи ғурбат аст, нолаи шавқ аст, нолаи ҳиҷрон аст, нолаи майл ба бозгашт аст: ман як тикка чӯб ҳастам; чун маро аз найистон буриданд ва ба инҷо оварданд, ин нолаи ғурбат аст, ки дар миёни шумо танҳо мондаам; шумо як идда инсонҳо ҳастед, як идда сангу кулӯху аз ин ҳарфҳо, ман, ки инҷо найе намебинам, ман бояд баргардам ба найистон, ман миёни шумо ғарибам.

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бибридаанд,

Аз нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Дебочаи Маснавӣ инсофан шоҳкорест, аммо агар инсон румузи ирфониро бидонад. Ва то инсон ба кутуби урафо ошно набошад, он ҳам на ба китобҳои форсӣ, ки кори адабиётиҳост (адабиётиҳои мо мераванд чаҳорто девони шеърро мехонанд, хиёл мекунанд, ки бо румузи ирфонӣ ошно ҳастанд). То инсон кутуби илмии ирфониро — чӣ онҳо, ки дар сайру сулук навишта шуда ва чӣ онҳо, ки дар ирфони ба истилоҳ фалсафӣ навишта шуда мисли китобҳои Муҳйиддин — дуруст нахонад, наметавонад Маснавӣ ё Ҳофизро бифаҳмад, маҳол ва мумтанеъ аст, аслан дарки инҳо кори адиб ва адабиётӣ ба ҳеч шакл нест.

Як ташбеҳи ширини дигаре Мавлавӣ роҷеъ ба ғурбати инсон кардааст, ки аҷиб аст. Масале оварда аз фил ва Ҳиндустон. Мегӯянд, филро аз Ҳиндустон меоваранд ва ҳамеша ба сари фил мекӯбанд, то ҳавоссаш ба инҷо бошад, ҳамин қадр инро аз сараш бардоред ба ёди Ҳиндустон меафтад. Ва мегӯянд, фил вақте мехобад Ҳиндустонро хоб мебинад, чаро? Барои ин ки аслаш аз Ҳиндустон аст, аз онҷо омада, ҳуббулватан аст. Мегӯяд, ки фил ҳамеша Ҳиндустон хоб мебинад, вале улоғ (хар), ки ҳеч вақт Ҳиндустон хоб намебинад, чун улоғ чунин собиқаи зеҳнӣ надорад, ватанаш онҷо нест. Он вақт мехоҳад бигӯяд, ин ки инсон орзуи ҷовидонӣ ва хулуд дорад ва ин ки инсон ҷаҳонро бо худаш бегона мебинад ва орзуҳои худашро он чунон васеъ мебинад, ки тамоми ҷаҳон барои орзуҳои ӯ кӯчак аст, иллаташ ин аст, ки инҳо ҳама он ёдгорҳое аст, ки аз ҷаҳони дигар дорад ва он чӣ дар инҷо ба сурати орзу дар инсон ҷилва мекунад, мисли он чизе аст, ки дар олами хоб бар фил ҷилва мекунад. Фил он чӣ, ки дар бедорӣ дида ва ба ёдаш ҳаст, вақте мехобад, ҳамонро хоб мебинад. Инсон он чӣ, ки дар ҷаҳони моқабли табиат медидааст ва бо он ошноӣ дорад, дар ин дунё, ки барои ӯ мисли хоб аст – чун

اَلنّاسُ نِیامٌ فَاِذا ماتُوا انْتَبَهوا

 — ба сурати орзуҳо, майлҳо, дардҳо, шавқҳо ва ҳиҷронҳо дар руҳаш мунъакис мешавад. Ғайри инсон инчунин нест. (Хеле олӣ аст!) мегӯяд:

Пил бояд, то чу хусбад ӯ ситон,

Хоб бинад хиттаи Ҳиндустон.

Хар набинад ҳеч Ҳиндустон ба хоб,

Хар зи Ҳиндустон накардаст иғтироб…

Зикри Ҳиндустон кунад пил аз талаб,

Пас мусаввар гардад он зикраш ба шаб.

Мехоҳад бигӯяд, ин ҳолате, ки дар инсон ҳаст мавлуди он собиқае аст, ки аз онҷо омадааст. Ҳофиз ҳам, ки дар ин замина дидем, ки мегӯяд:

Ки: эй баландназар шоҳбози сидранишин,

Нишемани ту на ин кунҷи меҳнатобод аст.

Боз инсонро мисли як мурғе медонад, ки аз ошёнаи худаш овора шуда, омада дар хароба. Он ошёна аст, ин хароба. Дар мантиқи Ҳофиз, инсон мурғи берун аз ошёна ва ҷогирифта дар хароба аст.

Дар ҷойи дигар, ки ба истилоҳ онро “оҳуи ваҳшӣ” меноманд — ва зиёд ҳам ҳаст — ашъори дубайтӣ-дубайтӣ дорад, ки ғазал нест, ки ҳама радифу қофия дошта бошад. Дар онҷо ба назари ман, Ҳофиз тамоми саъяш ҳамин аст, ки ғурбати инсонро нишон бидиҳад.

Инсонро ташбеҳ мекунад ба он оҳуи ваҳшӣ — яъне оҳуи ғайри аҳлӣ — ки ӯро гирифтаанд ва аз хайли оҳувон ҷудо мондааст, мегӯяд:

Ало эй оҳуи ваҳшӣ, куҷоӣ?

Маро бо туст чандин ошноӣ.

Ду танҳову ду саргардон ду бекас,

Даду домат камин аз пешу аз пас.

Биё, то ҳоли якдигар бидонем,

Муроди ҳам биҷӯйем ар тавонем,

Ки мебинам, ки ин дашти мушавваш,

Чарогоҳе надорад хурраму ха(в)ш,

Кӣ хоҳад шуд бигӯед, эй рафиқон!

Рафиқи бекасон ёри ғарибон?

Ғариб фақат бо ғариб метавонад рафиқ бошад. Он шеъри маъруфи Имруъулқайс чунин аст:

اَجارَتَنا اَنّا غَریبانِ هیهُنا

وَ كُلُ غَریبٍ لِلْغَریبِ نَسیب

Яъне ғариб бо ғариб қавму хеш аст, дуто ғариб вақте ҳамдигарро пайдо мекунанд, мисли ин аст, ки дуто қавму хеш ҳастанд.

Кӣ хоҳад шуд бигӯед, эй рафиқон!

Рафиқи бекасон ёри ғарибон?

Магар Хизри муборак пай дарояд,

Зи юмни ҳимматаш коре гушояд.

Магар вақти вафо парвардан омад,

Ки фолам “Ло тазарнӣ фардан” омад?

“Ло тазарнӣ фардан” дар таъбири ирфонб яъне Худоё маро дар табиат боқӣ нагузор, яъне ба ман тавфиқ бидеҳ, ки аз саройи табиат убур кунам. Агар инсон дар табиат бимонад ва натавонад худашро ба моварои табиат баргардонад, дар воқеъ дар табъидгоҳ ва дар ғурбат ба сар бурдааст, мисли “Сибирӣ” аст.

Чунинам ҳаст ёд аз пири доно

Фаромӯшам нашуд ҳаргиз ҳамоно,

Ки рӯзе раҳраве дар сарзамине,

Ба лутфаш гуфт: ринде раҳнишине,

Ки эй солик чӣ дар анбона дорӣ?

Биё доме бинеҳ гар дона дорӣ.

Ҷавобаш дод, гуфто: дом дорам,

Вале симурғ мебояд шикорам.

Ман бо ин дом ғайр аз симурғ, ки подшоҳи мурғон аст, чизи дигар шикор намекунам.

Медонед, симурғ зарбулмасали Худованд аст. Аслан “Мантиқуттайр”-и Аттор дар ҳамин заминаи симурғ аст, ки мақсудаш Худост. Ҳофиз ҳам гоҳе таъбир ба “анқо” мекунад, хеле ҷоҳо дорад.

Поёни суханронӣ

* * *

Қисматҳои дигари Ирфони Ҳофиз



Рубрики:Ирфони амалӣ, Ирфони назарӣ

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: