Фалсафа ва равиши реализм (58)

Пайдоиши касрат дар идрокот (13)

Матни китоб:

Ва пас аз ин марҳила, қувваи мудрика шурӯъ мекунад ба идроки муфрадот ва нисбатҳо ва таркибу таҷзияи маҳсусот ва мутахайялот, ва албатта баёни тафсилии онҳо аз тавоноии мо берун аст ва танҳо чизе, ки ҳаст, се нуктаи зерро ба таври куллӣ бояд дар назар гирифт:

1. Чун қувваи мудрикаи мо метавонад чизеро, ки ба даст оварда дубора бо назари истиқлолӣ нигариста ва таҳти назар қарор бидиҳад, аз ин рӯй нисбатҳоеро, ки ба унвони “робита” миёни ду мафҳум ёфта буд, бо назари истиқлолӣ нигариста ва дар мавриди ҳар нисбат як ё чанд мафҳуми истиқлолӣ таҳия менамояд, ва дар зимни ин гардишу кор, мафоҳими “вуҷуд”, “адам”, “ваҳдат”, “касрат”-ро, ки ба шакли “нисбат” идрок намуда буд, ибтидоан бо ҳоли изофа (вуҷуди маҳмул аз барои мавзӯъ, адами маҳмул аз барои мавзӯъ, ваҳдати мавзӯъ ва маҳмул, касрати мавзӯъ ва маҳмул дар қазияи солиба) ва пас аз он беизофа (вуҷуд, адам, ваҳдат, касрат) ва ҳамчунин соири мафоҳими омма ва хоссаро, ки “эътиборӣ” мебошад, тасаввур менамояд. (1)

2. Чунон ки дар нуктаи 1 машҳуд аст, қувваи мудрика метавонад аз “қазия” сайр намуда ва ба “муфрад” бирасад. Ҳамчунин ин сайрро метавонад ба таври қаҳқаро анҷом дода ва аз “муфрад” ба “қазия” мунтаҳӣ шавад. Ва аз ҳамин ҷиҳат, андозаи зиёде аз муфрадоти тасаввурии мо ба ҳасби асл, қазия буда ва миқдори зиёде аз қазоё дар асл, муфрадоти тасаввурӣ мебошад.

3. Чунон ки таркиб ва таҳлилро ба наҳве, ки дар нуктаи дуввум гуфта шуд, дар тасаввурот дорем, ҳамчунон дар тасдиқот ва қазоё низ дорем.

Мо дар нахустин бор, ки мегуфтем масалан сиёҳӣ сиёҳӣ аст, сафедӣ сиёҳӣ нест, ин умурро пазируфта ва тасдиқ карда будем, ки:

а) Салб ва эҷоб (нафй ва исбот) ҳар ду бо ҳам рӯйи як қазия намеоянд ва ҳар ду бо ҳам аз рӯйи як қазия бардошта намешаванд (асли имтиноъи иҷтимоъи нақизайн ва иртифоъи нақизайн).

б) Ҳар чиз худаш барои худаш собит аст.

в) Ҳеҷ чиз худаш аз худаш салб намешавад.

г) Араз бе мавзӯъ намешавад.

д) Маълул бе иллат намешавад.

… ва ҳамчунин як силсила бадеҳиёти дигар. Ва ин нукта бо баёни оянда равшантар аз ин ба даст хоҳад омад. (2)

Аз роҳи дигар (тариқи таҳлил):

Такассури маълумотро бо равиши дигар низ метавон баррасӣ намуд, зеро чунон ки дар мақолаи 4 баён шуд, маълумоти ҳусулии мо бар ду қисм мунқасим мебошад: тасаввурӣ ва тасдиқӣ.

Дар қисми аввал (тасаввурӣ):

Мо ба ҳасби ғариза дар мафоҳими ҷузъӣ, ба муҷарради ҳиссу мушоҳида қаноат менамоем. Масалан, чунончи мафҳуми ин курсии ҷузъиро ба мо илқо карданд, ба танҳо нишон додани як курсии ҷузъӣ дар хориҷ қаноат меварзем. Вале дар мафоҳими куллӣ ин ҳолро надорем, зеро дар мавриди бисёре аз мафҳумот, мафоҳими дигар низ пайдо мешаванд, ки аз мафҳуми мавриди назар қобили инфикок ва ҷудоӣ нестанд, ва агар онҳоро ҷудо ва мунфак фарз кунем, мафҳуми мавриди назар рахт барбаста ва аз миён хоҳад рафт. Масалан, мафҳуми “курсӣ”, ки дорои шакли хосс ва ранг ва бузургӣ ва зарофати санъат буда ва аз тахта сохта шудааст, мафҳумест монанди мураккаб аз як идда мафҳумот, ва аз миёни онҳо агар ранг ва бузургӣ ва зарофати санъатро тасаввур накарда ва надида ангорем, тасаввури курсӣ аз миён намеравад, ба хилофи тахта (модда) ва шакли курсӣ (сурат), ки бо нафйи онҳо тасаввури курсӣ аз миён хоҳад рафт. Аз ин роҳ медонем, ки мафҳуми “курсӣ” мафҳумест, ки аз маҷмӯи ду мафҳум (тахта + шакл) таркиб ёфтааст ва сипас ҳамин чигунагӣ ва таркибро (3) дар худи мафҳуми “тахта”, ки ҷузъе аз мафҳуми курсӣ мебошад меёбем, зеро агар чунончи масалан аносуре, ки ба ҳамроҳии сурати тахта, тахтаро дуруст кардаанд, аз мафҳуми тахта салб шаванд, тасаввури тахта аз миён меравад. Ва албатта ин таҷаззӣ ва инҳилол пайваста идома наёфта ва дар ҷойе вуқуф хоҳад кард. Ва албатта охирин ду мафҳуме, ки пайдо кардаем, басит (ғайри мураккаб) хоҳанд буд – чунон ки дар хориҷ низ кор ҳамон гуна мебошад — ва ҳамон мафҳуми басит аст, ки мафҳумҳои басити дигаре яке пас аз дигаре ба вай изофа шуда ва таркиб ёфтааст, ки мафҳуми нахустини мавриди назар (мафҳуми курсӣ масалан) дуруст гардида.

Пас, мафоҳими тасаввурии мо чунон ки як навъ касрат дар миёни баситҳои худ доранд, як навъ касрат низ ба воситаи таркиб пайдо мекунанд ва чунон ки гузашт, бархе аз ин мафоҳим “моҳиятҳо” ҳастанд ва бархе аз онҳо “эътибориёт” ҳастанд, ки аз моҳиятҳо ахз шудаанд, ва ин низ як навъ касрате аст, ки мутаваллид мешавад ва чунон ки равшан аст, таркибе, ки миёни моҳиятҳо анҷом мегирад, миёни мафоҳими эътиборӣ низ анҷом меёбад. Аз баёни фавқ натиҷа гирифта мешавад:

1. Мафоҳими тасаввурӣ касрате ба воситаи басотат ва тараккуб пайдо мекунанд.

2. Мафоҳим касрате дигар аз роҳи ҳақиқат ва эътибор (4) доранд.

* * *

Таълиқот:

(1) Тариқи пайдоиши мафоҳими “вуҷуд”, “адам”, “ваҳдат”, “касрат” ва як силсила мафоҳими дигар аз қабили “иллат”, “маълул”, “ҷавҳар” ва “араз”, ки ҳама аз мафоҳими умумӣ ҳастанд, мутобиқи сабки ин мақола баён шуд.

Ақлийюни Урупо пайдоиши мафҳуми “вуҷуд”, “адам”, “ваҳдат” ва “касрат”-ро аз роҳи фитрӣ будан тавҷеҳ мекунанд ва мо қаблан бутлони ин назарияро равшан кардем, вале ҳиссгароён аз роҳи ҳисси дохилӣ (виҷдон) тавҷеҳ менамоянд. Ҷон Лок ба нақли марҳум Фурӯғӣ мегӯяд:

Тасаввур бар ду қисм аст: басит ва мураккаб. Басит ба василаи ҳисс (эҳсоси хориҷӣ) ё фикр (ҳисси дохилӣ ё виҷдон) ҳосил мешавад.”

То онҷо, ки мегӯяд:

Тасаввурҳои басите, ки аз роҳи фикр ҳосил мешавад, тасаввури идрок аст ва ирода ва қудрат ва вуҷуд ва ваҳдат ва алам ва лаззат ва монанд инҳо.”

Бадеҳӣ аст, ки қиёс кардани вуҷуд ва ваҳдат ба умури нафсонӣ ва виҷдонӣ аз қабили идрок ва ирода ва қудрат ва лаззат ва алам, ғалат аст, зеро тасаввури идрок ва ирода ва ғайра.. аз ин роҳ ҳосил мешавад, ки инсон ба ҳасби виҷдони худ як падидаи хосси нафсонӣ дар худ меёбад ба унвони идрок, ва як падидаи дигар меёбад ба унвони ирода, ва як падидаи дигар ба унвони лаззат, ва ҳамчунин… Ҳар як аз ин падидаҳо аввалан нафсонӣ ҳастанд ва ба умури ғайри нафсонӣ содиқ нестанд. Ва сониян, зеҳн барои ҳар як аз он падидаҳо як мафҳуми хосс дуруст карда, ки ҳар як аз он мафҳумҳо фақат ба яке аз умури нафсонӣ содиқ аст ва ба соири умури нафсонӣ содиқ нест. Пурвозеҳ аст, ки ҳеч падидаи ба хусус нест, ки виҷдони инсон онро ба унвони вуҷуд ё ваҳдат биёбад ва ҳар касе бадоҳатан медонад, ки мафҳуми вуҷуд ва ваҳдат ба тавре ҳастанд, ки шомили тамоми он падидаҳои дарунӣ ва тамоми падидаҳои берунӣ ҳастанд. Бинобар ин, мафҳуми вуҷуд ва адам ва ваҳдат ва касратро, ки аз мафоҳими умумӣ ҳастанд, наметавон ба мафҳуми идрок ва ирода ва соири умури хосси нафсонӣ қиёс кард.

* * *

(2) Дар охирҳои ин мақола онҷо, ки аз “таҳлили тасдиқӣ” сухан ба миён ояд, роҷеъ ба ин бадеҳиёт, ки “бадеҳиёти аввалияи тасдиқӣ” истилоҳан хонда мешаванд, баҳси нисбатан муфассалтаре хоҳад шуд.

* * *

(3) Яке аз аъмоли олии зеҳн, амали “таҷзия ва таркиб” аст. Ба воситаи ин амал, маълумот ва суратҳои зеҳнӣ як навъ такассур пайдо мекунанд ва ҳам ба воситаи ин амал аст, ки маърифат ва шиносоии мантиқии ашё ҳосил мешавад.

Ҳамон тавре ки маводди хориҷӣ ё баситанд ё мураккаб ва мураккабот бо ҳамаи танаввуъоти зиёде, ки доранд — ки бо номҳои махсус хонда мешаванд — аз як идда аносури маъдуд ташкил ёфтаанд ва агар онҳоро таҷзия кунем, ҷуз он аносури маъдуд, ки бо нисбатҳои мухталиф бо якдигар таркиб ёфтаанд, чизе нест, суратҳои зеҳнӣ низ ё баситанд ё мураккаб ва мураккабот чизе ҷуз суратҳои таркибёфта аз як идда аносури басити зеҳнӣ, ки бо тарзи махсусе таркиб шудаанд нест. Аносури соддаи аввалии зеҳн ба ҳасби истилоҳ “мабодии тасаввурӣ” (дар боби тасаввурот) ва “мабодии тасдиқӣ” (дар боби тасдиқот) хонда мешаванд.

Таҷзия ва таркиби зеҳнӣ дар муқобили таҷзия ва таркиби амалӣ аст. Таҷзия ва таркиби амалӣ он аст, ки инсон маводди хориҷиро мавриди амали таҷзия ё таркиб қарор диҳад, мисли он ки як мураккаби санъатӣ (аз қабили соат) ва ё як мураккаби табиӣ (аз қабили об)-ро ба аҷзои аввалияи онҳо таҷзия кунанд ва дубора онҳоро бисозанд. Амалиёти шимиёӣ, ки дар озмоишгоҳҳо сурат мегирад, аз ин қабил аст. Танҳо роҳ барои ба даст овардани вазъи сохтмони дохилии моддии ашё таҷзия ва таркиби амалӣ аст.

Таҷзия ва таркиби зеҳнӣ ё назарӣ ақсоми мутаъаддиде дорад. Мо иҷмолан дар поварақиҳои оянда онҳоро баён хоҳем кард, чизе, ки лозим аст дар инҷо тазаккур дода шавад ин аст, ки мумкин аст барои хонандаи мӯҳтарам ин суол пеш ояд, ки мутобиқи формули куллии ин мақола “ҳар илми ҳусулӣ, ки оризи зеҳн мешавад, масбуқ ба илми ҳузурӣ аст” ва албатта ин қоъида истиснопазир нест, ҳам дар мавриди баситҳои зеҳнӣ содиқ аст ва ҳам дар мавриди мураккабот, пас чӣ гуна аст, ки мо бисёре аз тасаввуроти мураккаб дорем, ки қатъан воқеияти мисдоқи онҳоро ҳеч гоҳ ба илми ҳузурӣ наёфтаем, мисли тасаввуре, ки аз “лоятаноҳӣ” ва “воҷибулвуҷуд” ва амсоли инҳо дорем? Посухи ин суол ин аст, ки лозимаи формули собиқ ин нест, ки зеҳн ба воқеияти ҳар як аз баситҳо ва мураккабот алоҳида ноил шавад, балки дар бархе аз маворид зеҳн ибтидо ба дарки мураккабот ноил мешавад, сипас бо қувваи таҷзия баситҳо ва аносури аввалияро аз якдигар ҷудо месозад — тасаввуроти оддии ибтидоӣ дар мавриди маҳсусот аз ин қабил аст, масалан ибтидо инсон аз роҳи босира ҷисмро мебинад бо ҳаҷм ва шакл ва ранги муайян, яъне тасаввури ҳаҷм ва шакл ва ранг бо ҳам ва тавъам ва ғайримуҷаззо аз якдигар барояш ҳосил мешавад. Баъд аз он ки зеҳн қавӣ шуд ва қудрати таҷзия пайдо кард, каммиятро аз кайфият ва ҳар як аз кайфиётро ҷудо аз дигарӣ тасаввур мекунад — ва дар бархе аз маворид ибтидо ба дарки баситҳо ноил мешавад, сипас бо қувваи таркиб, аз онҳо тасаввури ҷадиде месозад, мисли ин ки аз як тараф тасаввури “ҳадд” ё “ниҳоят” барои зеҳн ҳосил мешавад (ва албатта тасаввури ниҳоят низ ба навбаи худ тасаввуре аст мураккаб, ки аз таркиби чандин тасаввури басит ҳосил шудааст) ва аз тарафи дигар тасаввури “адам”, ва аз нисбат додани “адам” ба “ниҳоят” тасаввури “лоятаноҳӣ” барои зеҳн ҳосил мешавад. Ва ё ин ки аз як тараф тасаввури “вуҷуд” ва аз тарафи дигар тасаввури “зарурат ва вуҷуб” барои зеҳн ҳосил мешавад, сипас аз таркиби ин ду тасаввур, тасаввури ҷадиде (воҷибулвуҷуд) барои зеҳн даст медиҳад. Тамоми фарзияҳои илмӣ ва фалсафӣ аз ин қабил аст. Зеҳн пас аз он ки ин навъ тасаввуротро тавлид кард, дар садади таҳқиқи илмӣ ва фалсафӣ бармеояд ва аз роҳҳои мантиқӣ сиҳҳат ё бутлони ин фарзҳои зеҳниро исбот мекунад.

* * *

(4) Мутобиқи назарияи ақлийюн, мафоҳим як навъ касрате аз роҳи зотӣ будан (фитрӣ будан) ва арзӣ будан доранд ва як навъ касрате аз роҳи басотат ва тараккуб доранд ва мафоҳими басит ё аз роҳи яке аз ҳавосс вориди зеҳн шудаанд ва ё он ки зеҳн фитратан воҷиди онҳо буда. Ва мутобиқи назарияи ҳиссгароён, касрати мафоҳим фақат аз лиҳози басотат ва тараккуб аст ва тамоми мафоҳими басит аз роҳи яке аз ҳавосси хориҷӣ ё дохилӣ мустақиман вориди зеҳн шудаанд.

Тумос Ҳобз (Thomas Hobbes), аз фалосифаи ҳиссии қарни 17-ум (1588-1679) мегӯяд:

Истидлол ва фикри дуруст яъне ҷамъ кардани маълумот бо ҳам ё ҷудо кардани онҳо аз якдигар, ба иборати дигар: фалсафа яъне таҷзия ва таркиб, ва таҷзия ва таркиб танҳо ба аҷсом таъаллуқ мегирад ва ғайр аз ҷисм ҳар чӣ ҳаст, мавзӯи фалсафа ва илм воқеъ намешавад.”

Дэвид Ҳюм (David Hume), файласуфи ҳиссии қарни 18-ум (1711-1776) пас аз он ки идрокотро мунҳасир мекунад ба он чӣ аз роҳи яке аз ҳавосс пайдо шуда бошад, мегӯяд:

Ин аст тору пуди бофтаи афкори мо. Ва ақли мо ҷуз таркиб кардан ва муртабит сохтани ин аҷзоъ ва мабодӣ кори дигаре намекунад.”

Вале мутобиқи он чӣ дар ин мақола таҳқиқ шуд, мафоҳим як навъ касрате доранд аз лиҳози басотат ва тараккуб, ва як навъ касрате доранд аз лиҳози ҳақиқат ва эътибор. Ва аз он чӣ то кунун гуфта шуд, маълум шуд, ки назарияи ақлийюн мубтанӣ бар фитрӣ будани порае аз маъқулот қобили қабул нест ва тибқи назарияи ҳиссгароён низ бисёре аз мафоҳими басит аз қабили тасаввури вуҷуд ва адам ва ваҳдат ва касрат, балки иллият ва маълулият, ки биззарура зеҳн аз ҳар як аз инҳо тасаввури равшан ва сареҳ ва саҳеҳе дорад, қобили тавҷеҳ нест ва танҳо роҳи саҳеҳи тавҷеҳ ҳамон аст, ки дар ин мақола таҳқиқ шуд.

Ҳамон тавре ки аз зимни матолиби гузашта маълум шуд, мафоҳим як касрати дигаре низ аз роҳи куллият ва ҷузъият доранд, зеро ҳарчанд “куллӣ” ва “мисдоқ” дар хориҷ айни якдигаранд ва ҳар мафҳуми куллӣ (мисли “инсон”) дар хориҷ айни ҳар як аз афроди худаш аст ва ба ҳасби таъаддуди онҳо дар хориҷ мутаъаддид аст, вале ба ҳасби зеҳн тасаввури “куллӣ” муғойир аст бо тасаввури ҳар як аз афрод ва аз лиҳози хоссиятҳо ва аворизи зеҳнӣ низ тасаввури мафҳуми куллӣ муғойир аст бо тасаввури ҳар як аз афроди ба хусус.

Дар қуруни вусто иддае аз донишмандони Урупо мункири тасаввуроти куллӣ будаанд ва мӯътақид будаанд, ки зеҳн ҳеч навъ тасаввуре аз “куллӣ” надорад ва тамоми алфозе, ки гумон меравад барои маъонии куллӣ вазъ шудаанд, аз қабили лафзи “ҳайвон”, “инсон”, “дарахт” ва ғайра, воҷиди ҳеч маъное нестанд. Ин ҷамоатро аз ҳамин лиҳоз, ки ин алфозро лафзи холӣ ва исми бидуни мусаммо медонистанд “исмийюн” мехонданд. Аз равоншиносони ҷадид низ иддае мункири тасаввуроти куллӣ шудаанд ва онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки тамоми аъмоли зеҳниро аз ҳукм ва таъаққул ва қиёс ва истидлол ҷуз ҳамон эҳсосҳои ибтидоӣ, ки филҷумла тағйири шакл ёфтаанд, намедонанд. Ҳюм ва Эстворт Мил (Stuart Mill) ин ақидаро доранд. Агар дар маҳалли муносибе фурсате ба даст омад, дар бораи ин назария муфассалан ба гуфтугӯ хоҳем пардохт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: