Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (22) – Худо пок аст аз ин маъонӣ (1)

Матни китоб:

ومن وصف الله بمعنى من معاني البشر فقد كفر، فمن أبصر هذا اعتبر، وعن مثل قول الكفار انزجر، وعلم أنه بصفاته ليس كالبشر

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) гӯяд:) Ва касе, ки Худоро бо маъное аз маъноҳое (ки дар бораи) башар (ҷараён дорад) васф намояд, қатъан кофир мешавад. Пас, ҳар ки бо чашми басират (дар ин мавзӯъҳо) нигоҳ кунад, ибрат мегирад ва аз мисли гуфтори кофирон (ки Худоро ба маъноҳо ва авсофи башарӣ васф менамоянд) мутанаффир мешавад, ва медонад, ки Худо бо сифатҳояш ба монанди башар нест…

* * *

Шарҳ:

Имом Таҳовӣ дар ин гуфтор, як қоъидаи куллӣ дар хусуси шинохти сифоти илоҳӣ ба даст медиҳад. Ва он қоъида ин аст, ки аз онҷо, ки Худо на дар мақоми зот шабеҳи махлуқ аст ва на дар сифот ва на дар кайфияти анҷоми афъол, аз ин рӯй ҷоиз нест, дар мавриди васфи Худо, ҳамон маъноеро дар назар бигирем, ки дар мавриди инсонҳо ҷараён дорад.

Тавзеҳ ин ки: мафоҳиме, ки мо башар дар мавриди якдигар ба кор мегирем, инҳо ё ҳикояткунандаи ҷанбаи камоли инсонӣ мебошанд мисли мафҳуми “вуҷуд”, “илм”, “қудрат”, “ҳаёт” ва ғайра, ки дар истилоҳ ба онҳо “мафоҳими вуҷудӣ” гӯянд. Ва ё мафоҳиме ҳастанд, ки ҳикоят аз ҷанбаи нуқсон ва камбуд доранд мисли мафҳуми “нестӣ”, “ҷаҳолат”, заъф”, “марг” ва ғайра, ки дар истилоҳ ба онҳо “мафоҳими адамӣ” гӯянд. (1) Мафоҳими адамӣ ба ҳеч ваҷҳ дар мавриди зоти муқаддаси илоҳӣ ба кор намеравад, чун зоти поки ӯ комили мутлақ аст ва ҳеч нуқсон ва камбуде дар ӯ роҳ надорад.

Оре, дар мавриди Худои Субҳон метавон маъноҳои камолиро ба кор гирифт, вале онҷо ҳам бояд маъноеро дар назар гирифт, ки мутаносиб бо зоти комили ӯ бошад. Масалан: агар мо Худоро ба сифати илм ва ё қудрат васф намоем, бояд илм ва қудрати бепоёнро барояш қоил бишавем, на илм ва қудрати маҳдудро. Дар баҳси сифоти илоҳӣ ба тафсил дар ин бора сӯҳбат ба амал оварда будем.

Ҳол, суоле, ки дар инҷо худнамоӣ мекунад ин аст, ки агар чунин бошад, пас ин маъноҳое, ки барои Худо дар Қуръон исбот шуда мисли даст доштан (“Ман Одамро ба дастони худам офаридам.” (Сураи Сод, ояти 75)), чеҳра доштан, дар боло қарор доштан ва ғайра (ки бе шак аз мафоҳими ҳикояткунандаи ҷанбаи нуқсон мебошанд — чун лозимаи дасту по доштан, яъне ҷисм будан ва ҷисм будан, яъне мураккаб будан ва дар макон ва замоне қарор доштан, ки лозимаи он маҳдуд будан аст — ро чӣ гуна бифаҳмем?

Ва ба иборати дигар: агар қарор бошад, ки Худоро ба ҳеч як аз маъноҳое, ки барои инсонҳо ҷорӣ аст васф накунем ва аз сӯйи дигар, дар Қуръон маъноҳое чун “даст” ва “чеҳра” барои Худо исбот шуда ва мо аз ин маъноҳо ҷуз ҳамон маъное, ки барои инсонҳо собит аст намефаҳмем, пас чӣ гуна ин маъноҳоро барои Худо исбот намоем?

Ва чун ин баҳс аз баҳсҳои хеле муҳим аст, бинобар ин каме ба тафсил перомуни ин масъала баҳс ба амал меоварем. Дидгоҳҳои мутакаллимон дар тафсири чунин маъноҳо мухталиф аст, ки мо як ба як онҳоро аз назар мегузаронем:

1. Исбот ҳамроҳ бо ташбеҳ:

Муҷассима ва Мушаббиҳа (2) мепиндоранд, Худои Субҳон дорои ду чашму ду даст аст ба монанди инсон. Шаҳристонӣ дар китоби “Ал-милал ван-ниҳал” дар робита бо эътиқоли ин гурӯҳ мегӯяд: “Аммо Мушаббиҳаи Ҳашавия барои парвардигорашон раво дидаанд, ки ламс кунад ва барои салом кардан даст бидиҳад ва мусалмонони мухлис агар дар парвариши руҳ ва кӯшиш ба ҳадди ихлос бирасанд, метавонанд Худои Субҳонро дар дунё ва охират ба оғӯш гиранд.” (Ал−милал ван−ниҳал”, ҷ.1, с.105)

Ва чун ин дидгоҳ сар то по ботил аст ва на бо ақл созгор аст ва на бо нақли саҳеҳ ва ҳам имрӯза касе аз он пайравӣ намекунад, аз ин рӯй вориди нақду баррасии он намешавем.

2. Исбот бидуни ташбеҳ ва такйиф:

Гурӯҳе низ ин сифотро барои Худои Субҳон ба ҳамон маънои урфияш — ки ба зеҳн меояд — исбот мекунанд, вале ба хотири гурез аз ташбеҳ, мегӯянд: “Бе ташбеҳ ва бе такйиф.” Яъне бе он ки ин маъноҳоро ташбеҳаш кунем ба маъноҳое, ки аз барои инсонҳо собит аст ва бе он ки битавонем кайфият ва чигунагии субути ин маъноҳо барои Худоро дарк ва ё васф намоем.

Ҳофиз Ибни Касир мегӯяд: “Мо (дар ин замина) роҳи салафи солеҳро мепаймоем. Ва он ин ки (чунин сифотеро барои Худо) собит намоем ҳамон гуна ки ворид шуда, вале бе такйиф ва бе ташбеҳ.” (Ба нақл аз китоби “Алоқатул−исботи ват−тафвиз”, с. 46−49)

Хулосаи назарияи мазкур он аст, ки Худои Субҳон дорои ин ҳақоиқ (мисли чеҳра ва даст) мебошад, вале на ба он маъное, ки дар мавриди башар содиқ аст, яъне Худо даст дорад ва чашм дорад, аммо на ба монанди дастони мо ва чашмони мо.

Баррасии ин назария

Шакке нест, ки ҳар мӯъмине бояд ба сифоте, ки Худо ба онҳо худро дар китоб васф намуда имон биёварад ва касе донотар ба Худо аз худи ӯ нест. Худованди Субҳон мефармояд:

أَأَنتُمْ أَعْلَمُ أَمِ اللّهُ

Оё шумо донотар ҳастед ё Худо.” (Сураи Бақара, ояти 140.) Ва ҳамчунин, касе ҳақ надорад каломи Худои Субҳонро аз зоҳираш — бе он ки қаринае қатъӣ дар даст дошта бошад — баргардонад. Зеро қавли таъвилгароён — ҳамонҳое ки зоҳири китобу суннатро ба ин ҳуҷҷат, ки мувофиқи ақл нест таъвил мекунанд — мавриди қабул нест, чун дар китобу суннати саҳеҳ он чӣ мухолифи ақл бошад, вуҷуд надорад. Ва он чӣ ҳам, ки онро зоҳир пиндошта ва он гоҳ мухолифи ақл қарор медиҳанд, аслан зоҳири китоб нест, балки ин таъвилгароён ҳастанд, ки пиндоштаанд, ки зоҳир аст.

Аз он тараф ҳам, он чӣ амсоли Ҳофиз Ибни Касир дар ин замина мегӯянд, мабнӣ бар ин ки Худо дар ҳақиқат даст дорад, аммо бе такйиф ва бе ташбеҳ, яъне на дар бораи кайфияташ метавонем тасаввуре дошта бошем ва на бояд ташбеҳаш кунем, ин ҳарф низ мубҳам аст ва ниёз ба тавзеҳ дорад, ки ғолибан аз вуруд ба тавзеҳи он худдорӣ мекунанд. Мегӯянд, суол дар ин маврид бидъат аст.

Ҳол он ки: ақоиди исломӣ дар айни ин ки ба умқ ва диққат мавсум аст, ҳамин тавр аз печидагӣ ва ибҳом (мубҳам ва муаммогуна будан) ҳам ба дур аст, яъне тамоми маъорифи эътиқодии исломӣ равшан ва мутобиқи фитрат ва ақли солим ҳастанд. Аз ин рӯй, ибрози ақоид ба сурати ибҳомомез ва муаммогуна, бо ҷойгоҳи ислом ва Қуръон дар тарҳи ақоид бар ҷомеаи исломӣ ҳамхонӣ надорад. Ин сухан, ки Худо даст дорад, аммо на ба монанди дастони мо, ё чеҳра дорад, вале на ба монанди чеҳраҳои мо ва ғайра аз ин қабил суханони ибҳомомез ва муаммогуна, ин суханон бояд тавзеҳ дода шаванд. Зеро возеъи лафзи “даст” ва ё “чеҳра”, вақте ки ин ду лафзро барои маънои даст ва ё маънои чеҳра вазъ кард, онҳоро барои ҳамон ду узве, ки “дорои кайфияти хоссе” ҳастанд вазъ кард, на барои чизе дигар. Бинобар ин, ҳазфи кайфият ва чигунагӣ аз даст ё чеҳра, ҳазфи ҳақиқати даст ва ё чеҳра аст. Ва ба иборати дигар: ҳақиқати “даст” ва ё “чеҳра”, ба ҳамон кайфият ва чигунагияш аст, ки агар онро ҳазф намоем, дигар даст даст нест ва чеҳра чеҳра нест.

Илова бар ин, дар ҳеч як аз нусуси китоб ва ё суннат монанди чунин суханонеро (мисли “бе кайф”, “бе чигунагӣ”) пайдо намекунем, ин андеша ва раъй баъдҳо падид омада. Гуфта мешавад, аввалин бор ин сухан аз Имом Молик (р) нақл шуда. Ва он ҳам ба хотири гурез аз тӯҳмати ташбеҳ ва таҷсим.

Агар чунин гуфтанҳо дар дафъи таҷсиму ташбеҳ кофӣ бошад, дар он сурат чаро дар ҷоҳои дигар ҳам бо чунин суханоне иктифо накунем ва нагӯем — масалан — ки Худо дорои ҷисм аст, аммо на ба монанди ҷисмҳои мо ва ё чаро нагӯем, Худо хун дорад, аммо на ба монанди соири хунҳо ва ё чаро нагӯем, Худо дорои гӯшту пӯсту устухон ҳам ҳаст, аммо на ба монанди гӯшту пӯсту устухонҳои мо ва ғайра?

Ин ҳам, ки назарияи мазкурро ба “салафи солеҳ” нисбат медиҳанд, баъзе аз муҳаққиқони муосир мисли Муҳаммад Абузуҳра қабул надоранд. Ӯ баъд аз нақли суханони Ибни Таймия мегӯяд:

Ибни Таймия бар он аст, ки мазҳаби салаф ин аст, ки ҳар он чиро дар Қуръон омада — аз қабили ин ки дар боло ва пойин ва дар арш аст, дорои чеҳра, даст, муҳаббат ва нафрат аст — ва низ он чиро дар суннат аз инҳо ворид шуда, (барои Худо) исбот мекард бе ҳеч таъвил ва ба ҳамон маънои зоҳираш. Ҳоло, оё дар ҳақиқат мазҳаби салаф ҳамин аст? Мо дар посух мегӯем: қабл аз Ибни Таймия ҳанбалиҳо дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ бар чунин андешае буда ва иддаъо карда буданд, ки мазҳаби салаф ҳамон аст. Ва уламо дар ҳамон замон ба муноқишаи ҳанобила бархоста ва собит намуданд, ки чунин андешае ночор мунҷар ба ташбеҳ ва таҷсим мегардад. Ва чӣ гуна ба ташбеҳу таҷсим мунҷар нашавад ҳол он ки ишораи ҳиссӣ ба Худоро ҷоиз мешуморад? Аз ин рӯй, имом ва фақеҳи ҳанобила Хатиб Ибни Ҷавзӣ ба мухолифат бо чунин андешае бархост ва инкор кард, ки мазҳаби салаф чунин бошад.” (3) — (4)

Хатиб Ибни Ҷавзӣ каломи муфассале дар нақди чунин назарияе дорад ва бар яке аз тарафдорони ин назария аз ҳанобила, яъне Қозӣ Абӯяъло (вафотёфтаи 457ҳ.қ) ҳуҷуме сахт мекунад, онҷо ки мегӯяд:

لقد شان أبو يعلى الحنابلة شيناً لا يغسله ماء البحار

“Ба дурустӣ Абӯяъло бар ҳанбалиҳо чунон нанге овард, ки оби ҳеч баҳре натавонад онро бишӯяд.” (5)

Сипас Муҳаммад Абузуҳра дар нақди ин назария мегӯяд:

Мо бояд як нигоҳи дигаре ба ин масъала афканем, ва он, аз ноҳияи луғат аст. Худованди Субҳон мефармояд: “Дасти Худо бар болои дастони онҳост” ва низ мефармояд: “Ҳар чизе ҳалок шуданист ҷуз чеҳраи ӯ (Худо)”. Оё ин иборатҳо чунинанд, ки аз онҳо ҳамон маъноҳои ҳиссӣ фаҳмида мешавад, ё ин ки чизҳои дигаре аз онҳо фаҳмида мешавад, ки сазовори мақоми Худои Мутаъол бошад? Масалан, “даст” ба нерӯ тафсир шавад (ё аз рӯйи киноя (6) ва ё ба ҷиҳати истиъора (7)) ва “чеҳра” ба зот. Ва ё масалан “фуруд омадан ба осмони дунё” (ки дар баъзе аз ривоятҳо омадааст) ба маънои наздик шудани ҳисоби Худои Субҳон ва наздик гардидани ӯ ба бандагон тафсир шавад. Чун луғат гунҷоиши чунин тафсирҳоро дорад ва лафзҳо ин маъноҳоро мепазиранд. Ва ҳам ин тафсир беҳтар аст — бе шак — аз тафсири онҳо ба маъноҳои зоҳирияшон ва баъд гуфтани ин ки кайфияташон номаълум аст, мисли онҷо, ки мегӯянд: “Ҳамоно Худо даст дорад, вале мо намедонем, ки чӣ гуна аст”, “Худо нузул ва фуруд омадание дорад, вале на ба монанди нузул омадани мо” ва ғайра… чун ин иборатҳо номафҳум ва муаммогуна ҳастанд, дар ҳоле ки агар ба маъноҳое тафсир намоем, ки луғат мепазирад ва барояш ҳам ғариб ва бегона нест, беҳтар буд.” (8) — (9)

Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) низ дар рисолаи “Илҷомул-авом” сухани баҷое дар нақди ин назария дорад. Ӯ мегӯяд:

Ин лафзҳое, ки дар иборатҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ ҷорист, як маъноҳои зоҳирӣ доранд, ки иборат ҳастанд аз ҳамон маъноҳои ҳиссӣ, ки мо мушоҳида мекунем, ки ҳамли ин маъноҳо бар Худои Мутаъол маҳол аст. Ва як маъноҳои дигари маҷозӣ ва машҳур доранд, ки барои ҳар арабе маълум аст ва ҳамли онро на таъвил медонад ва на тафсир. Пас ҳар гоҳ лафзи “даст” дар ин сухани Паёмбар (с)-ро, ки мефармояд: “Ҳамоно Худованд хамираи Одамро бо дастони худ дуруст кард” ва ё ин ки “Ҳамоно қалби мӯъмин дар байни ду ангушт аз ангуштони Худованди Раҳмон қарор дорад” бишнавем, лозим аст бидонем, ки ин лафзҳо бар ду маъно ба кор бурда мешаванд: яке — ки вазъи аслист — ҳамон узве аст таркибёфта аз гӯшту устухон. Ва ҳамин лафз — яъне лафзи “даст” — гоҳе барои як маънои дигаре ба истиъора гирифта мешавад, ки он маъно аслан ҷисм нест, чӣ хеле ки мегӯянд масалан, ки “Шаҳр дар дасти амир аст”. Ин иборат барои ҳар касе маънояш равшан аст, ҳарчанд амир бедаст ҳам бошад. Пас, бар ҳар оммӣ ва ғайриоммӣ воҷиб аст, ки яқин кунад, ки Расул (с) бо ин иборатҳо (онҷо, ки фармуда: “Ҳамоно Худо хамираи Одамро бо дастони худ дуруст кард”) ҷисмро ирода накарда, чун барои Худо маҳол аст. Агар аҳёнан дар зеҳни яке аз онҳо чунин хутур кунад, ки Худо ҷисм аст таркибёфта аз аъзо, пас бидонад, ки ӯ парастишкунандаи бут аст (на Худои Таъоло)…” (10) — (11)

Чӣ некӯ гуфта Имом Ғаззолӣ (р) онҷо, ки тафсири “даст”-ро дар мисли ин фармудаи Худо, ки “Дасти Худо бар болои дасти онҳост” “қудрат” дониста ва инро таъвил ҳам надониста, яъне нагуфта, ки тафсири “даст” ба “қудрат”, як навъ таъвил аст, балки гуфта, ки маънои зоҳир ҷуз ин нест. Ва дидгоҳи саҳеҳ ҳам чунин аст, ки баъд аз баррасии дидгоҳи таъвилгароён, онро баён хоҳем намуд.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Мафоҳими вуҷудӣ дар воқеъ бозгӯкунандаи ҷанбаи камолоти инсон мебошанд; камолоте, ки офаридгори ҳастӣ барояш ато фармуда. Ба ҳамин ҷиҳат, мо метавонем чунин мафоҳимро дар мавриди Худо ба кор гирем. Ва аммо мафоҳими адамӣ, ки ба ин хотир “адамӣ” гуфта мешаванд, ки ҳикоятгари навъе нестӣ ва адам мебошанд, мисли он ки “ҷаҳолат” чизе ҷуз адами илм, ва заъф чизе ҷуз адами қудрат, ва марг чизе ҷуз адами ҳаёт намебошад, возеҳ аст, ки дар мавриди Худои Субҳон, ки зотест комил, ба ҳеҷ ваҷҳ ба кор бурда намешаванд.

(2) Муҷассима, яъне аҳли таҷсим ҳастанд, ки барои Худо ҷисм қоил ҳастанд ва Мушаббиҳа аҳли ташбеҳ мебошанд, ки Худоро ба махлуқоташ монанд мекунанд.

(3)

وعلى ذلك يقرّر ابن تيمية أن مذهب السلف هو إثبات كلّ ما جاء في القرآن من فوقية وتحتية واستواء على العرش، ووجه ويد ومحبة وبغض، وما جاء في السنّة من ذلك أيضاً من غير تأويل وبالظاهر الحرفي. فهل هذا هو مذهب السلف حقاً؟; ونقول في الإجابة عن ذلك: لقد سبقه بهذا الحنابلة في القرن الرابع الهجري كما بينا، وادّعوا أن ذلك مذهب السلف. وناقشهم العلماء في ذلك الوقت، وأثبتوا أنه يؤدي إلى التشبيه والجسمية لا محالة. وكيف لا يؤدّي إليهما والإشارة الحسيّة إليه جائزة. ولذا تصدّى لهم الإمام الفقيه الحنبلي الخطيب ابن الجوزي، ونفى أن يكون ذلك مذهب السلف.

(4) Таърихи мазоҳиби исломӣ, с.182-183.

(5) Ҳамон манбаъ, с.183.

(6) ”Киноя” дар луғат иборат аст аз сухане, ки инсон мегӯяд, вале маънои дигаре мавриди назараш аст. Ва дар истилоҳ иборат аст аз лафзе, ки маънои ғайриҳақиқии он мавриди назар бошад. Вале ба далели ин ки қаринае надорад, то аз иродаи маънои ҳақиқӣ ҷилавгирӣ кунад, ҷоиз аст маънои ҳақиқии он низ ирода шавад, мисли «زيد طويل النجاد« (Банди шамшери Зайд баланд аст). Ва манзур аз ин ҷумла он аст, ки Зайд шуҷоъ ва баландқомат аст. Дар мисоли боло ҳам “даст” киноя аст аз нерӯи илоҳӣ.

(7) ”Истиъора” дар луғат аз решаи «استعار المال« (аз ӯ хост, ки молро ба ӯ амонат ва ба орият бидиҳад) буда ва дар истилоҳи фанни балоғат, ба кор бурдани лафз аст дар ғайри маънои ҳақиқии худ ба хотири алоқаи монандие, ки байни маънои ҳақиқӣ ва маънои маҷозӣ вуҷуд дорад, албатта бояд дорои қаринае бошад, ки аз иродаи маънои ҳақиқӣ ҷилавгирӣ намояд. Дар воқеъ истиъора чизе ҷуз як ташбеҳи мухтасар нест, вале аз ташбеҳ расотар мебошад. Масалан «رأيت أسدا فى المدرسة« (Дидам шерро дар мадраса), ки асли ин истиъора, ташбеҳе ба ин шакл будааст: «رأيت رجلا شجاعا كالأسد فى المدرسة« (Дидам марди шуҷоеро чун шер дар мадраса). Дар мисоли боло низ лафзи “даст” истиъора шуда барои нерӯи илоҳӣ ба хотири монандие, ки миёни даст ва маънои нерӯ вуҷуд дорад, чун даст намоди қудрат ва нерӯст. Ва аммо «маҷоз», лафзест, ки ба ғайри маъное, ки барои он вазъ шудааст ба кор равад ва он ба хотири алоқа ва иртиботест, ки байни ду маънои ҳақиқӣ ва маҷозӣ вуҷуд дорад ва бояд ҳамроҳи қаринае бошад, то аз иродаи маънои аслӣ ҷилавгирӣ кунад. Масалан «وينزل لكم من السماء رزقا« (Ва фуруд меоварад Худо барои шумо аз осмон рӯзиро). Дар ин ояти шарифа лафзи «рӯзӣ» зикр шуда, аммо борон, ки сабаби рӯзист ирода шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки истиъора низ қисме аз маҷоз аст; яъне он ҷо ки алоқаи маънои ҳақиқӣ бо маҷозӣ, алоқаи монандӣ бошад, истиъора хоҳад буд.

(8)

ولنا أن ننظر نظرة أخرى وهي من الناحية اللغوية، لقد قال سبحانه: يد الله فوق أيديهم، وقال: كل شئ هالك إلا وجهه. أهذه العبارات يفهم منها تلك المعاني الحسية، أم أنه تفهم منها أمور أخرى تليق بذات الله تعالى، فيصح أن تفسر اليد بالقوة أو النعمة، ويصح أن تفسر الوجه بالذات، ويصح أن تفسر النزول إلى السماء الدنيا بمعنى قرب حسابه، وقربه سبحانه وتعالى من العباد. إن اللغة تتسع لهذه التفسيرات، والألفاظ تقبل هذه المعاني، وكذلك فعل الكثيرون من علماء الكلام ومن الفقهاء والباحثين، وهو أولى بلا شك من تفسيرها بمعانيها الظاهرة الحرفية والجهل بكيفياتها كقولهم إن لله يدا ولكن لا نعرفها، وليست كأيدي الحوادث، ولله نزولا وليس كنزولنا إلى آخره، فإن هذه إحالات على مجهولات لا نفهم مؤداها ولا غاياتها! بينما لو فسرناها بمعان تقبلها اللغة وليست غريبة عنها، لوصلنا إلى أمور قريبة فيها تنزيه وليس فيها تجهيل

(9) Таърихи мазоҳиби исломӣ, с.184-185.

(10)

إِنَّ هذه الألفاظ التي تجري في العبارات القرآنية والأحاديث النبوية لها معان ظاهرة، وهي الحسّية التي نراها. وهي محالة على الله تعالى ومعان أخرى مجازية مشهورة يعرفها العربي من غير تأويل ولا محاولة تفسير. فإذا سمع اليد في قوله صلى الله عليه وآله وسلم «إِنَّ الله خمَّر آدم بيده» و»إِنَّ قلب المؤمن بين إصبعين من أصابع الرحمن»، فينبغي أنْ يعلم أَنَّ هذه الأَلفاظ تطلق على معنيين: أحدهما «وهو الوضع الأصلي» وهو عضو مركب من لحم وعظم وعصب. وقد يستعار هذا اللفظ أعني اليد لمعنى آخر ليس هذا المعنى بجسم أصلا، كما يقال: «البلدة في يد الأمير»، فإِنَّ ذلك مفهوم وإِنْ كان الأَمير مقطوع اليد. فعلى العامي وغير العامي أنْ يتحقق قطعاً ويقيناً أَنَّ الرسول لم يرد بذلك جسماً وأَنَّ ذلك في حق الله محال. فإنْ خطر بباله أَنَّ الله جسم مركب من أعضاء، فهو عابِدُ صَنَم. فإِنَّ كل جسم مخلوق، وعبادة المخلوق كُفْر، وعبادة الصنم كانت كفراً، لأَنه مخلوق

(11) Илҷомул−авом, с.93

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: