Шарҳи Маснавӣ (151)

Назар кардани шер дар чоҳ ва дидан акси худро ва он харгӯшро (3)

* * *

Гар ту пилӣ, хасми ту аз ту рамид,

Нак ҷазо, “тайран абобил”-ат расид.

Эй ситамгар! Агар ту аз ҳайси қудрат фил ҳам ҳам, ки бошӣ ва душманонат аз бими ту бираманд, мунтазир бош, ки кайфар ва ҷазои ту тавасути парандагоне сурат мегирад, ки зоҳиран заъиф ва бемиқдоранд.

Нукта: Фил мазҳари қудрат ва савлат аст, ва дар ин байт ишорат аст ба сураи Фил ва таҳоҷуми маъруфи Абраҳа ба Байтуллоҳ. Он амири ҷаббор бо лашкаре ҷаррор ва бешумор ва бо пилони ҷангии худ рӯй ба Каъба овард, то он макони муқаддасро тахриб кунад. Аммо Ҳақ Таъоло парандагонеро ба пайкори онон фиристод ва саранҷом онон бо сангборони ин парандагон нобуд шуданд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.429)

Абобил исми ҷамъ аст, ки муфрад надорад, ба маънои парандагоне, ки даста-даста бошанд. Баъзе гуфтаанд, воҳиди он “Обул” аст, аммо ваҷҳи аввал беҳтар аст. Бархе аз муфассирон дар таҳлили ин матлаб, ки сангрезаҳои он парандагони хурдакандом чӣ гуна боиси ҳалоки пилон ва ҷанговарон шуд, гуфтаанд, ки сангрезаҳо захмҳое бар тани онон падид меовард ва ниҳоятан ба бемории обила дучор меомаданд ва нобуд мешуданд. Ташобуҳи лафзии “Абобил” бо “Обила” ин гумонро тақвият мекунад. Албатта чунин таъвилоте завқӣ аст ва бо қароини муҳкаме устувор нест, зеро аз фаҳвои оёти марбут ба ин воқеа бармеояд, ки сипоҳи Абраҳа бо бориши сангрезаҳо дарҷо ба ҳалокат мерасиданд. Дар ҳоле ки обила муддатҳо лозим дорад то зуҳур кунад. Ва сониян, бемории обила ҳатто дар қадим ҳам касеро дарҷо намекушт. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.429-430)

Гар заъифе дар замин хоҳад амон,

Ғул-ғул афтад дар сипоҳи осмон.

Садои мазлум чунон расост, ки ҳар гоҳ шахсе нотавон ва заъиф аз Худо талаби амон кунад, дар осмон танин меафтад ва ғулғулае дар сипоҳи фариштагони осмонӣ барпо мешавад.

Гар ба дандонаш газӣ, пурхун кунӣ,

Дарди дандонат бигирад, чун кунӣ?

Агар масалан одами заъиферо бо дандонат бигазӣ ва маҷрӯҳаш кунӣ, дар иваз дандони ту низ аз дарду осеб масун нахоҳад монд. Ҳол ки дандони ту низ ба дард дучор хоҳад омад, чӣ чорае дорӣ?

Шер худро дид дар чаҳ в-аз ғулӯ

Хешро нашнохт он дам аз адӯ.

Шер дар чоҳ акси худро дид ва аз фарти ҳаяҷон ва саркашӣ, худро аз душмани хеш ташхис надод.

Ғулӯ (ғулув): аз ҳад гузаштанд.

Нукта: Шер аз шиддати буғзу ҳаяҷоне, ки харгӯшаки маккор дар ӯ ангехта буд, мутаваҷҷеҳи худъа ва макр нашуд ва надонист, ки дар умқи он чоҳ душмане дар кор нест.

Акси худро ӯ адувви хеш дид,

Лоҷарам бар хеш шамшере кашид.

Он шер акси худро душмани хеш пиндошт ва ногузир ба рӯйи худ шамшер кашид. Яъне ба зиёни худ иқдом кард.

Эй басо зулме, ки бинӣ дар касон,

Хӯйи ту бошад дар эшон, эй фалон!

Чӣ бисёр мебинӣ, ки дигарон бар ту ситам раво медоранд, вале воқиф нестӣ, ки ин хӯю хислати худи туст, ки дар онҳо ба сурати ситамкоре намудор шудааст.

Андар эшон тофта ҳастийи ту,

Аз нифоқу зулму бадмастийи ту.

Нифоқ ва ситам ва бадмастии ту дар ойинаи вуҷуди дигарон тобида ва нишон дода мешавад. (Аммо ту он сифотро ба онон нисбат медиҳӣ ва гумон медорӣ, ки он ҳама сифоти мазмумаро онон доранд, на ту, дар ҳоле ки он сифоти зиште, ки дар онон мебинӣ, сифоти худи туст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.429))

Тофта: тобида.

Он туйӣ в-он захм бар худ мезанӣ,

Бар худ он соат ту лаънат мекунӣ.

Ҳар ситаме, ки аз душман мушоҳида мекунӣ, акси сифоти разилаи худи туст. Ва он осебро ту бар худ мезанӣ ва дар ҳамон лаҳза тору пуди нафринро бар худ метанӣ.

Дар худ он бадро намебинӣ аён

В-арна душман будаӣ худро ба ҷон.

Он авсоф ва аҳволи бадро дар замири худ ошкоро мебинӣ, зеро агар онҳоро медидӣ, қатъан душмани хунии худат мешудӣ.

Ҳамла бар худ мекунӣ, эй содамард!

Ҳамчу он шере, ки бар худ ҳамла кард.

Эй содалавҳ! Ту бар худ ҳамла мекунӣ, монанди он шер, ки акси худро дар об дид ва ба худаш ҳамла кард ва ҳалок шуд.

Чун ба қаъри хӯйи худ андаррасӣ,

Пас бидонӣ, к-аз ту буд он нокасӣ.

Агар ба кунҳи сифат ва хӯйи худ пай бибарӣ ва дар ахлоқи худ ҷустуҷӯ кунӣ, меёбӣ, ки он зиштӣ ва нокасӣ аз худи ту будааст.

Нукта: Дар абёти шашгонаи ахир ин масъалаи муҳимми ахлоқӣ баён шуда, ки ҳар гоҳ дар мақоми айбҷӯӣ аз касе бармеойем, бояд мувозиб бошем, ки об айб ва ҳатто бадтар аз он дар худамон набошад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: