Ахлоқи ҷинсӣ (1)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши 1

Алоқаи ҷинсӣ ё гуноҳи зотӣ дар ҷаҳони қадим

Барои мо мусалмонон, ки алоқаи ду ҳамсарро ба якдигар яке аз нишонаҳои боризи Худованд медонем (ба ин далел, ки:

وَمِنْ آیاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْواجاً لِتَسْكُنُوا إِلَیْها وَجَعَلَ بَیْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً

Яке аз нишонаҳои Ӯ ин аст, ки аз худи шумо барои шумо ҳамсар офарид, то бо ӯ ором гиред ва миёни шумо меҳру муҳаббат қарор дод.” (Сураи Рум, ояти 21)) ва никоҳро “суннат” ва таҷаррудро як навъ “шарр” ҳисоб мекунем, ҳангоме ки мехонем ё мешунавем, ки баъзе аз ойинҳо алоқаи ҷинсиро зотан палид ва омезиши ҷинсиро — агарчӣ бо ҳамсари шаръӣ ва қонунӣ — мӯҷиби табоҳӣ ва суқут медонанд, дучори таъаҷҷуб мешавем.

Аҷибтар он ки мегӯянд, дунёи қадим умуман гирифтори ин ваҳм будааст. Бертронд Росел (Bertrand Russell), файласуфи иҷтимоии машҳури муосир, мегӯяд:

Авомил ва ақоиди мухолифи ҷинсият дар асрҳои хеле қадим вуҷуд дошта ва бахусус дар ҳар ҷо, ки масеҳият ва дини Будо пирӯз шуд, ақидаи мазбур низ тафаввуқ ёфт. Вестер Морк (Wester Mark) мисолҳои зиёде “аз ин фикри аҷиб мабнӣ бар ин ки чизи нопок ва табоҳӣ дар равобити ҷинсӣ вуҷуд дорад” зикр менамояд. Дар он нуқоти дунё низ, ки дур аз таъсири мазҳаби Будо ва Масеҳ будааст, адён ва роҳибоне будаанд, ки тарафдорӣ аз таҷарруд мекардаанд, монанди гурӯҳе дар миёни яҳудиён… Ва бад-ин тариқ як наҳзати умумии риёзат дар дунёи қадим эҷод шуд. Дар Юнон ва Руми мутамаддин низ тариқаи Калбийюн ҷойи тариқаи Эпикурро гирифт… Афлотуниёни нав низ ба андозаи Калбийюн риёзатталаб будаанд. Аз Эрон ин ақида ба самти Бохтар пахш шуд, ки мода айни табоҳӣ аст ва ба ҳамроҳи он ин эътиқод ба вуҷуд омад, ки ҳар гуна робитаи ҷинсӣ нопок аст ва ин ақида бо ҷузъе ислоҳ эътиқоди калисои масеҳият маҳсуб гардид.” (Заношуӣ ва ахлоқ, с.25-26)

Ин ақида қарнҳо виҷдони анбӯҳи азиме аз афроди башарро таҳти нуфузи тарсовар ва нафратангези худ қарор дода ва ба ақидаи равонковон, нуфузи ин ақида ихтилолоти равонӣ ва бемориҳои руҳии фаровонеро мӯҷиб шудааст, ки аз ин ҷиҳат монанд надорад.

Маншаи пайдоиши ин гуна афкор ва ақоид чист? Чӣ чиз сабаб мешавад, ки башар ба алоқа ва майли табиии худ ба чашми бадбинӣ бингарад ва дар ҳақиқат ҷузъе аз вуҷуди худро маҳкум кунад? Матлабест, ки мавриди тафсири мутафаккирон қарор гирифтааст ва мо акнун дар садади ковиш дар он нестем. Масалан, иллатҳои гуногуне метавонанд дар гароиши башар ба ин гуна афкор ва оро дахил бошанд.

Зоҳиран, иллати ин ки фикри палидии “алоқа ва омезиши ҷинсӣ” дар миёни масеҳиён то ин ҳадд авҷ гирифт, тафсире буд, ки аз оғози ташкили калисо аз тарафи калисо барои муҷаррад зистани ҳазрати Исои Масеҳ (а) сурат гирифт. Гуфта шуд, иллати ин ки Масеҳ то охир муҷаррад зист, палидии зотии ин амал аст ва ба ҳамин ҷиҳат руҳониҳо ва муқаддасини масеҳӣ шарти вусул ба мақомоти руҳониро олуда нашудан ба зан дар тамоми муддати умр донистанд ва Поп аз миёни инчунин афроде интихоб мешуд. Ба ақидаи арбоби калисо, тақво эҷоб мекунад, ки инсон аз издивоҷ худдорӣ кунад. Росел мегӯяд:

Дар рисолоти Қиддисин ба ду ё се тавсифи зебо аз издивоҷ бармехӯрем, вале дар соири маворид падарони калисо аз издивоҷ ба зишттарин сурат ёд кардаанд. Ҳадафи риёзат ин буда, ки мардонро муттақӣ созад, бинобар ин, издивоҷ, ки амали пасте шумурда мешуд, боистӣ мунъадим шавад. “Бо табар бакорати дарахти заношӯиро фурӯ андозед!” Ин ақидаи росихи Сен Жерум (Saint Jerome) дар бораи ҳадафи тақаддус аст.” (Ҳамон манбаъ, с.30)

Калисо издивоҷро ба нияти тавлиди насл ҷоиз мешуморад, аммо ин зарурат палидии зотии ин корро аз назари калисо аз миён намебарад. Иллати дигари ҷавози издивоҷ (аз назари калисо), дафъи афсад ба фосид аст. Яъне ба ин васила аз омезишҳои беқайду банди мардону занон ҷилавгирӣ мешавад.

Росел мегӯяд:

Тибқи назарияи Сен Пул (Saint Paul), масъалаи тавлиди насл ҳадафи фаръӣ буда ва ҳадафи аслии издивоҷ ҳамон ҷилавгирӣ аз фисқ будааст. Ин нақши асосии издивоҷ аст, ки дар ҳақиқат дафъи афсад ба фосид шумурда шудааст.” (Ҳамон манбаъ, с.31)

Калисо издивоҷро ғайриқобили фасх ва талоқро мамнӯъ мешуморад. Гуфта мешавад, калисо хостааст бад-ин васила издивоҷро тақдис ва аз таҳқири он бикоҳад. Мумкин аст иллати мамнӯияти талоқ ва ғайриқобили фасх будани издивоҷ аз назари калисо ин бошад, ки хостааст барои касоне, ки аз биҳишт таҷарруд ронда шудаанд, ҷарима ва муҷозоте қоил бошад.

Чунон ки медонем, ақоиди таҳқиромез роҷеъ ба худи зан дар миёни милал ва ақвоми қадим мабнӣ бар ин, ки зан инсони комил нест, барзахе аст миёни инсон ва ҳайвон, зан дорои нафси нотиқа нест, зан ба биҳишт ҳаргиз роҳ нахоҳад ёфт ва амсоли инҳо зиёд вуҷуд доштааст…

Ақидаи палидии алоқа ва омезиши ҷинсӣ мутлақан, руҳи зану мардро ошуфта месозад ва кашмакаши ҷонкоҳе миёни ғаризаи табиӣ аз як тараф ва ақидаи мазҳабӣ аз тарафи дигар ба вуҷуд меоварад.

Нороҳатиҳои руҳӣ, ки авоқиби вахиме бор меоварад, ҳамвора аз кашмакаш миёни тамоюлоти табиӣ ва талқиноти мухолифи иҷтимоӣ пайдо мешавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки ин масъала фавқулъода мавриди таваҷҷӯҳи маҳофили равоншиносӣ ва равонковӣ қарор гирифтааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба нукоти фавқ, мантиқи олии ислом фавқулъода ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Дар ислом кучактарин ишорае ба палидии алоқаи ҷинсӣ ва осори ношӣ аз он нашудааст. Ислом саъйи худро барои танзими ин алоқа ба кор бурдааст. Аз назари ислом, равобити ҷинсиро фақат масолеҳи иҷтимоии ҳозир ё насли оянда маҳдуд мекунад ва дар ин замина тадобире иттихоз кардааст, ки мунҷар ба эҳсоси маҳрумият ва нокомӣ ва саркӯб шудани ин ғариза нагардад.

Мутаассифона, донишмандоне амсоли Бертронд Росел, ки аз ақоиди масеҳият ва будоӣ ва ғайра дар ин замина интиқод мекунанд, дар бораи ислом сукут менамоянд. Росел дар китоби “Заношӯӣ ва ахлоқ” ҳамин қадр мегӯяд:

Куллияи бониёни мазоҳиб ба истиснои Муҳаммад ва Кунфусиюс (Конфутсий) — агар битавон маслаки ӯ (Кунфусиюс)-ро мазҳаб номид — таваҷҷӯҳе ба усули сиёсӣ ва иҷтимоӣ надошта ва кӯшидаанд, такомули руҳро аз роҳи ишроқ, тафаккур ва фано фароҳам кунанд.” (Ҳамон манбаъ, с.86)

Ба ҳар ҳол, аз назари ислом алоқаи ҷинсӣ на танҳо бо маънавият ва руҳоният мунофот надорад, балки ҷузъи хӯю хулқи анбиёст. Дар ҳадисе мехонем:

مِنْ اَخْلاقِ الْاَنْبِیاءِ حُبُّ النِّساءِ

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва пешвоёни динӣ, тибқи осор ва ривоёти фаровон, ки расидааст, муҳаббат ва алоқаи худро ба зан дар камоли сароҳат изҳор мекардаанд ва баръакс, равиши касонеро, ки майл ба раҳбоният пайдо мекарданд, сахт тақбеҳ менамуданд.

Яке аз асҳоби Расули Акрам ба номи Усмон ибни Мазъун кори ибодатро ба ҷойе расонид, ки ҳамаи рӯзҳо рӯза мегирифт ва ҳама шаб то субҳ ба намоз мепардохт. Ҳамсари вай ҷараёнро ба иттилои Расули Акрам расонид. Расули Акрам дар ҳоле ки осори хашм аз чеҳрааш ҳувайдо буд, аз ҷо ҳаракат кард ва пеши Усмон ибни Мазъун рафт ва ба ӯ фармуд:

Эй Усмон! Бидон, ки Худо маро барои раҳбоният нафиристодааст. Шариати ман шариати фитрии осоне аст. Ман шахсан намоз мехонам ва рӯза мегирам ва бо ҳамсари худам низ омезиш мекунам. Ҳар кас мехоҳад аз дини ман пайравӣ кунад, бояд суннати маро бипазирад. Издивоҷ ва омезиши зану мард бо якдигар, ҷузъи суннатҳои ман аст.”

Матолибе, ки дар бораи палидии алоқаи ҷинсӣ ва осори ношӣ аз он гуфтем, марбут ба гузаштаи дунёи ғарб буд. Дунёи ғарб дар замони ҳозир дар заминаи ахлоқи ҷинсӣ нисбат ба гузашта ба истилоҳ як даври 180 дараҷаӣ задааст. Имрӯз ҳамаи сухан аз тақдис ва эҳтироми алоиқ ва равобити ҷинсӣ ва лузуми озодӣ ва бардоштани ҳар қайду банде дар ин замина аст. Дар гузашта он чӣ гуфта шудааст, ба номи дин буда ва имрӯз нуқтаи муқобили онҳо ба номи илм ва фалсафа пешниҳод мешавад.

Бадбахтона, мо аз зарари афкори қадими ғарбиҳо бо ҳамаи заъиф будани васоили иртиботӣ миёни ақвом ва милал масун намондем ва каму беш дар миёни мо рахна кард, аммо афкори ҷадидашон дар авзоъ ва аҳволи ҳозир сайлосо ба сӯйи мо равон аст. Дар қисмати дуввуми ин баҳс, дар бораи афкори ҷадиде, ки дар заминаи ахлоқи ҷинсӣ дар ҷаҳон пайдо шуда баҳс мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Ахлоқи ҷинсӣ”

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бонувон, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: