Фалсафа ва равиши реализм (59)

Пайдоиши касрат дар идрокот (14)

Матни китоб:

Ишкол:

Метавон дар баёни гузашта (-и мо) муноқиша намуда ва гуфт: ин баён ба ду назария мубтанӣ аст, ки бутлони ҳар ду ба субут расида, ва он ду назария иборат аст аз:

1. Вуҷуди анвоъи мутабойина дар хориҷ;

2. Субути моҳиятҳои собитаи онҳо.

Равшантар бигӯем: ин тариқа мабнӣ бар ин аст, ки хоссиятҳое, ки аз роҳи ҳисс ноил мешавем, моҳиятҳои мутабойина буда бошанд. Масалан: воқеияти садо ғайр аз воқеияти нур буда ва ба ҳамин қиёс хоссиятҳои аҷсом бо якдигар табоюни навъӣ дошта бошанд. Ва ҳамчунин аҷсом низ бо ихтилофоти ҷавҳарӣ мутанаввеъ буда ва ҳар як аз онҳо навъе ба ҳасби воқеият ҷудо аз дигарӣ ва дорои хоссиятҳои ҷудогона бошад.

Вале имрӯз илм ин назарияи кӯҳнаи метафизикиро аз миён бурда ва бутлонашро равшан намуда ва исбот мекунад, ки воқеияти хориҷ ба ҷуз моддаи якнавохт чизи дигаре нест ва анвоъи мухталифаи аносур ва мураккаботи зинда таркиботи гуногуне ҳастанд, ки моддаи якнавохт ба худ гирифта ва осори гуногун медиҳанд ва ҳамагии ин хоссиятҳо ба энержӣ (энергия) қобили таҳлил мебошанд. Ва ахиран ба субут расида, ки модда ва энержӣ ба ҳамдигар қобили табдил буда ва дар ҳақиқат ҳамон ҳаракат ҳастанд. Ва аз ин рӯй, “анвоъи мухталифаи (1) биззот” мафҳуме нахоҳад дошт. Ва назар ба ҳамин нукта, анвоъи мухталифа монанди инсон ва асп ва замин ва ҳаво, аз ихтилофоти зотӣ ҳокӣ набуда ва танҳо ихтилофоти хоссиятҳои таркиботро нишон хоҳанд дод, ки онҳо низ билохира ба як асл бармегарданд.

Гузашта аз ин, чун ҳамин таркибот то охирин решаи худ (модда ва энержӣ) дар ҳаракат ва таҳаввуланд, бинобар ин ҳеч моҳияте ва зоте дар ду лаҳза дар як ҳол боқӣ нахоҳад монд, хоҳ дар хориҷ ва хоҳ дар зеҳн (зеро зеҳн низ хоссияти моддии мағз аст), пас иттикои илмӣ ба моҳиятҳо беҳуда ва бесамар буда ва дастгоҳи моҳиятгирӣ ба манзилаи ин аст, ки инсон ба як нуқта аз дарёи паҳновар бо чини мавҷ нишонӣ бигузорад, ва аз ин ҷост, ки донишманди ошно бо улуми табиӣ ва сабки таҳқиқоти ҷадид, чизеро, ки мешунавад, аз моҳияти вай ҷуё намешавад, балки аз асар ва хоссияташ мепурсад, намегӯяд “чӣ мебошад?”, мегӯяд “чӣ мекунад?”

* * *

Таълиқот:

(1) То кунун чанд ҷиҳат аз ҷиҳоте, ки маншаи такассури идрокот мешаванд баён шуд, вале ҳеч як аз онҳо марбут ба касрате, ки аз ноҳияи такассур ва ихтилофоти худи маълумот ва аъёни хориҷӣ ношӣ мешавад набуд. Тавзеҳ ин ки: ҳамон тавре ки мо аз лиҳози куллият ва ҷузъият ва аз лиҳози басотат ва тараккуб ва аз лиҳози ҳақиқат ва эътибор, дар миёни идрокоти худ ихтилоф ва такассур мушоҳида мекунем, як навъ такассур ва ихтилофи дигаре низ, ки вобаста ба ихтилоф ва такассури воқеиятҳои айнии хориҷӣ аст, дар миёни идрокот ва тасаввуроти худ мушоҳида мекунем. Масалан: мо тасаввуре аз об ва тасаввуре аз ҳаво ва тасаввуре аз инсон ва тасаввуре аз сафедӣ ва тасаввуре аз шакл ва тасаввуре аз миқдор ва тасаввуроти зиёди дигаре аз ғайри инҳо дорем ва барои мо мафҳуми об ғайр аз мафҳуми ҳаво ва ҳар як аз ин ду ғайр аз мафҳуми инсон ва ҳар як аз ин се ғайр аз мафҳуми сафедӣ ва ҳар як аз ин чаҳор ғайр аз мафҳуми шакл аст ва ҳамчунин… Ва ҳаргиз наметавонем бипазирем, ки ин тасаввурот айни якдигаранд, ва биззарура медонем, ки бо ҳам ихтилоф доранд. Ин ихтилофот аз ноҳияи ихтилофоте, ки дар худи воқеиятҳои хориҷӣ ҳаст ношӣ шуда. Яъне чун воқеиятҳои об ва ҳаво ва инсон ва сафедӣ ва шакл ва миқдор бо якдигар ихтилоф доранд, тасаввуроти мо дар бораи онҳо мухталиф шудааст. Пас як навъ такассури идрокии дигар аз лиҳози такассури маълумот ва воқеиятҳои айнӣ дорем.

Ин навъ аз такассур аз лиҳози дахолат дар тавсиъа ва афзоиши тасаввурот, умдатарин такассурот аст, вале аз он ҷойе, ки ин навъ аз такассур бар хилофи соири ақсоми он, ки қаблан баён шуд, аввалан ва биззот марбут ба воқеиятҳои хориҷӣ аст ва биттабъ марбут ба идрокот ва тасаввурот аст, аз мавзӯи баҳси ин мақола хориҷ аст ва ҳамчунон ки дар муқаддимаи ин мақола гуфтем, мавзӯи баҳси ин мақола он такассурҳое аст, ки биззот марбут ба худи идрокот аст, ва он касратҳо онҳоест, ки омили аслии онҳо фаъолияти худи зеҳн аст аз қабили касратҳое, ки аз роҳи ҳақиқат ва эътибор ё аз роҳи басотат ва тараккуб ё аз роҳи куллият ва ҷузъият пайдо мешавад. Ва аммо он касрате, ки аз ноҳияи маълумоти хориҷӣ аст, аз ҷанбаи инфиъолии зеҳн сарчашма мегирад ва биззот марбут ба идрокот нест, ва аз ин рӯ аз мавзӯи ин мақола хориҷ аст.

Ин навъ аз такассурро метавон “такассури моҳувӣ” ва ё “такассури зотӣ” номид, зеро ин такассур ба ақидаи баъзе аз фалосифа, намояндаи ихтилофоти моҳувӣ ва зотии аъёни хориҷӣ аст.

Баёноти гузашта марбут ба инқисоми идрокот ба идрокоти ҳақиқӣ ва идрокоти эътиборӣ, муттакӣ ба қабули назарияи ихтилофоти моҳувӣ ва зотии аъёни хориҷӣ аст, зеро идрокоти ҳақиқӣ ҳамонҳоест, ки мустақиман сурати як падидаи хориҷӣ аст аз қабили сурати зеҳнии инсон ва асп ва санг ва дарахт, ки дар назари ин мақола моҳиятҳои мухталиф ва мутанаввеъе ҳастанд.

Ошноён ба мантиқ ва фалсафа медонанд, ки бисёре аз масоил дар мантиқ ва дар фалсафа мубтанӣ бар масъалаи такассури моҳувии тасаввурот ва ихтилофоти зотии аъёни хориҷӣ аст ва аз ин масъала сарчашма мегирад ва бисёре аз масоили дигар поя ва асоси ин масъала ба шумор меравад.

Масалан: мабҳаси маъруфи “мақулоти даҳгона ё панҷгона ё дугона (ба ҳасби ихтилофи назаре, ки байни донишмандон буда) дар мантиқ ва фалсафа, ки моҳиятҳоро ба наҳви махсусе дастабандӣ мекард ва ҷиҳоти муштараки онҳоро аз ҷиҳоти ихтисосӣ тамйиз медод, мубтанӣ бар ин масъала аст (бар хилофи мақулоти дувоздаҳгонаи Конт, ки умури интизоъӣ ва эътибориро ба миён оварда). Ва ҳамчунин мабҳаси маъруфи “таърифоти ҷинсӣ ва фаслӣ” дар мантиқ аз ин масъала сарчашма мегирад ва мабҳаси маъруфи “суратҳои навъия” дар фалсафа аз пояҳо ва решаҳои ин масъала ба шумор меравад.

Ба ҳар ҳол, назарияи матн роҷеъ ба идрокоти ҳақиқӣ муттакӣ ба ин аст, ки мо порае аз суратҳои зеҳнияи худро “моҳиятҳо” бидонем аз қабили сурати зеҳнии инсон ва асп ва дарахт ва ғайра, ва он моҳиятҳоро бо якдигар мухталифи биззот ва намояндаи анвоъи хориҷияи мутабойини биззот бидонем.

Вале рӯйи усули илмии ҷадид метавон матлаби болоро аз ду роҳ мавриди муноқиша қарор дод. Яке аз роҳи инкори ихтилофоти зотии анвоъи хориҷӣ, яъне инкори ин ҷиҳат, ки инсон ва санг ва дарахт ва мис ва оҳан ҳар як дорои зот ва моҳияти ҷудогона ҳастанд ва зотан бо якдигар ихтилоф доранд. Ва яке аз роҳи инкори яксон мондани моҳиятҳои ашё, яъне инкори ин ки ҳар чиз дорои ҳар моҳияте, ки ҳаст, барои ҳамеша ҳамон моҳиятро доро хоҳад буд.

Тавзеҳ ин ки: аммо назарияи табоюни зотии анвоъ, ки матлаби боло муттакӣ ба он аст ин аст, ки мо ашё ва воқеиятҳои хориҷиро дастабандӣ кунем ва ҳар дастаеро дорои зот ва моҳияте муғойир бо зот ва моҳияти соири дастаҳо бишносем. Ва ба иборати дигар: мубтанӣ бар ин аст, ки мӯътақид шавем, ки ашё дар қолибҳои махсусе рехта шудаанд ва ҳар қолибе зотан ғайр аз қолиби дигар аст ва ҳар як аз он қолибҳоро ба унвони зот ва моҳияти он ашё бишносем.

Вале таҳқиқоти мақрун ба мушоҳида ва озмоиши ҷадид собит карда, ки ашё дар қолибҳои махсус ва ҷудогона рехта нашудаанд ва асосан воқеиятҳои хориҷӣ ихтилофоти зотӣ бо якдигар надоранд. Таҳқиқоти ҷадид собит карда, ки он чӣ дар хориҷ воқеият дорад, фақат як воқеият аст, ки таркиботи гуногун ба худ мегирад ва ихтилофоти ашё марбут ба ихтилофи таркиботи аҷзоъи ҳамон воқеияти ваҳдонӣ аст, чизе, ки ҳаст, мо аз ҳар як аз он таркибот як тасаввури хосс дорем ва ибтидоан қабл аз он ки таҳқиқоти илмии кофӣ бикунем, мепиндорем, ки ҳар як аз воқеиятҳои мутасаввараи мо зотан мубойин ва мухолифи он дигарӣ аст. Масалан: мо ибтидоан санг ва дарахт ва инсон ва ҳазорҳо чизи дигар мебинем ва мепиндорем, ҳар як аз инҳо зотан мубойин бо дигарӣ аст, вале пас аз таҳқиқ ва озмоиш ба ин натиҷа мерасем, ки тамоми ин ашёи бешумор, аз як идда аносури маъдуд, ки бо нисбатҳои мухталиф бо якдигар иртибот пайдо кардаанд таркиб ёфтаанд. Яъне мефаҳмем, ки ихтилофоти ин мураккабот зотӣ нест. Сипас аносурро баррасӣ мекунем. Дар баррасии аносур низ ибтидо мепиндорем, ки ҳар як аз онҳо зотан мубойини дигарӣ аст, вале таҳқиқ ва озмоишҳои дақиқтари илмӣ бар мо равшан мекунад, ки аносур низ ба навбаи худ аз атомҳо ташкил ёфтаанд ва ихтилофи вазъ ва сохтмони дохилии атомҳо аносурро аз якдигар мутамойиз сохтааст, яъне мефаҳмем, ки ихтилофоти аносур низ зотӣ нест. Сипас гоме ҷилавтар меравем ва атомҳоро мавриди мутолеа қарор медиҳем, мебинем, онҳо низ аз зарроти кучактаре сохта шудаанд, яъне ихтилофоти онҳо низ зотӣ нест ва марбут ба ихтилофи вазъ ва адад ва ҳаракати зарроти ташкилдиҳандаи онҳост. Сипас гоме дигар пеш меравем, мебинем, худи он зарроти ташкилдиҳандаи атомҳо низ дорои моҳиятҳои ҷудогона ва ғайриқобили тағйиру табдил нестанд, зеро гоҳе дар вазъи дохилии атомҳо тағйироте ҳосил мешавад ва дар натиҷа унсуре ба унсури дигар табдил мешавад ва амалан низ метавон он тағйиротро эҷод ва унсуреро ба унсури дигар табдил кард.

Тағйироте, ки дар вазъи дохилии атомҳо пайдо мешавад, аз ин роҳ аст, ки баъзе аз зарроти дохилии атом аз байн мераванд, яъне табдил ба энержӣ мешаванд ва ё он ки аз такосуфи энержӣ аз нав ба вуҷуд меоянд. Ва билохира аз таҳлилҳои илмии муттакӣ ба мушоҳидот ва таҷрибиёт ин натиҷа ба даст меояд, ки ҷуз як воқеият, ки фазоро ишғол карда ва дар замон тағйироте ҳосил мекунад ва шаклҳои мутаъаддид ба худ мегирад, чизе вуҷуд надорад ва мо он воқеияти воҳиди шоғили макон ва мутағайир дар замонро “модда” мехонем.

Бинобар ин, ихтилофоти идрокот ва тасаввуроти мо намояндаи ихтилофоти зотӣ ва моҳувии воқеиятҳо нест, балки танҳо намояндаи авзоъ ва аҳвол ва ашкол ва таркиботи як воқеият аст, ки ҳамон модда аст.

Собиқан рӯйи назарияи табоюни зотии анвоъ амали кимиёгарӣ аз қабили табдили оҳан ва мис ба тилло дар назари донишмандон амре маҳол ва мумтанеъ менамуд, зеро дар назари онон мусталзими тағйир ва табдили моҳияти шаъйе ба шайъи дигар ва инқилоби зотӣ буд ва ба истилоҳ мусталзими салби зотиёти шайъ аз шайъ буд ва ҳол он ки субути зотиёт аз барои зот ба ҳасби қоъидаҳо мантиқӣ зарурӣ ва мумтанеъуладам шинохта мешуд, вале имрӯз собит шуда, ки амали кимиёгарӣ ҳеч монеъи ақлӣ ва амалӣ надорад. Ба илова, озмоишҳо собит карда, ки табдили навъе ба навъи дигар на танҳо дар ашёи беҷон муяссар аст, дар мавҷудоти ҷондор низ мумкин аст, балки дар мавҷудоти ҷондор табдил ва тасалсули анвоъ тибқи қонуни “нашъу иртиқо” ҷузъи қавонини зарурӣ ва навомиси қатъии табиат аст. Бинобар ин, назарияи ин мақола ва ҳамчунин мабҳаси маъруфи “мақулот” ва мабҳаси “таърифоти ҷинсӣ ва фаслӣ” ва мабҳаси “суратҳои навъия” ва мабоҳиси марбут ба исботи нуфуси номия ва ҳайвония ва нотиқа ва як силсила мабоҳиси дигар дар мантиқ ва дар фалсафа, ки аз ин мабҳас сарчашма мегирад, ба куллӣ аз дараҷаи эътибор соқит аст.

Ин буд хулосаи қисмати аввали ишкол.

Ин қисмати ишкол дар забони тамоми касоне, ки тарзи тафаккури ҳиссӣ доранд (моддӣ ва ғайри моддӣ) ва ҷаҳонро танҳо аз даричаи ҳавосс менигаранд шойеъ аст. Ин ашхос гумон кардаанд, ки аз рӯзе, ки назарияи атомизм қувват гирифт, пояҳои назарияи ихтилофоти моҳувӣ ва зотии ашё бо ҳамаи мутафарреъоти он фурӯ рехт ва як рукни аслии мантиқи таъаққулӣ ва фалсафаҳои мутафарреъ бар он хароб шуд. Мо агар бихоҳем посухи машруҳи ин ишколро бидиҳем, бояд мабоҳиси зиёдеро дар инҷо матраҳ кунем аз қабили мабҳаси “ваҳдати вуҷуд” ва “асолати вуҷуд” ва мабҳаси “қувва ва феъл” ва “ҳаракат” ва “ҷузъи лоятаҷаззо” ва “моддатул-мавод” ва “ҷавҳар ва араз”, дар ҳоле ки ин мабоҳис чандин баробари ин мақола аст ва худи ин мабоҳис дар тайи мақолоти 7, 9 ва 10 хоҳад омад ва мо хонандагонро ба он мақолаҳо ирҷоъ мекунем.

Он чӣ марбут ба ин мақола аст ин аст, ки “идрокот” касрате аз лиҳози ҳақиқат ва эътибор доранд ва идроки ҳақиқӣ он аст, ки мустақиман сурати як амри хориҷ аз зеҳн аст аз қабили тасаввури инсон ва дарахт ва санг, ки дар фалсафа “маъқулоти аввалия” хонда мешаванд, ва аммо идрокоти эътиборӣ онҳое ҳастанд, ки мустақиман сурати як амри хориҷ аз зеҳн нестанд ва аз роҳи яке аз ҳавосси хориҷӣ ё дохилӣ вориди зеҳн нашудаанд, балки ба тартиби дигаре зеҳн он мафоҳимро таҳия кардааст аз қабили тасаввури вуҷуд ва адам ва ваҳдат ва касрат ва соири мафоҳими оммаи зеҳн, ки масоили фалсафаи улоро ташкил медиҳанд ва дар фалсафа “маъқулоти сония” хонда мешавад ва ишколи боло марбут ба қисми аввал яъне идрокоти ҳақиқӣ аст. Ва албатта хонандаи мӯҳтарам медонад, ки чӣ мо идрокоти ҳақиқиро “моҳиятҳо” биномем ва намояндаи ихтилофоти зотии воқеиятҳои хориҷӣ бидонем ва чӣ он ки онҳоро намояндаи ашкол ва аҳвол ва таркиботи як воқеият бидонем, дар муддаъои ин мақола, ки инқисоми идрокот аст ба ҳақиқӣ ва эътиборӣ, тағйире ҳосил намешавад, аз ин рӯ феълан худро аз вуруд дар он мабоҳис бениёз медонем.

Вале дар айни ҳол барои он ки хонандаи мӯҳтарам (иҷмолан) аз назарияи фалсафии мо роҷеъ ба ин ишкол огоҳ шавад, ҳамин қадр мегӯем, ки бар хилофи интизори шахси ишколкунанда назарияи таҳлилии физикии ҷадид наметавонад он муддаъои фалсафиро, ки дар зимни ишкол тақрир шуд натиҷа бидиҳад, зеро назарияи таҳлилии физикӣ фақат сохтмони маҳсуси ашёро баён мекунад ва ҷузъи моддӣ (иллати моддӣ)-и вуҷуди ашёро тавзеҳ медиҳад ва баён мекунад, ки дар зимни ҳамаи татаввурот як моддаи аслӣ аст, ки либосҳои мухталиф ба худ мепӯшад ва аммо он муддаъои фалсафӣ мабнӣ бар ин ки тамоми ҷанбаҳои ҳастии мавҷудоти табиат мунҳасир ба ҳамон ҷанбаи маҳсус аст, ки физик нишон медиҳад ва табиатро бо тамоми мазоҳири мухталиф як воқеияти ваҳдонӣ ба вуҷуд овардааст, аз ин назария наметавон натиҷа гирифт.

Мо бидуни ин ки бо назарияҳои физикӣ ва зистшиносии марбут ба атом ва энержӣ ва ғайра кучактарин мухолифате дошта бошем, рӯйи усули куллии фалсафӣ, дар мабҳаси “қувва ва феъл” собит мекунем, ки воқеияти ваҳдонӣ ва ба таъбири боло воқеияти воҳиди шоғили макон ва мутағайир дар замон, ки дар зоти худ ҳеч гуна касрат ва таъаддуд надорад, наметавонад мазоҳири мухталифи табиатро падид оварад ва худ, тағйир ва такомул пайдо кунад ва ин низоми маҳсусро ба вуҷуд оварад.

Лозим аст тазаккур диҳем, ки масъалаи кимиёгарӣ ва табдили анвоъ, ки дар зимни ишкол зикр шуд, чандон иртиботе ба масъалаи табоюни зотии анвоъ надорад. Аз назари усули куллии фалсафӣ, мо ҳарчанд анвоъро мутабойин бидонем, табдили навъе ба навъи дигар, чӣ табдили навъи беҷон ба навъи беҷони дигар ва чӣ табдили навъи ҷондор ба навъи ҷондори дигар ва чӣ табдили навъи беҷон ба навъи ҷондор, монеъе надорад ва аммо ин ки оё қавонини махсуси илмулҳаёт дар мавриди ҷондорон иҷоза медиҳад ё намедиҳад, матлаби дигар аст.

Ва аммо қисмати дуввуми ишкол мабнӣ бар адами субути моҳиятҳо: агар манзури ишколкунанда ин аст, ки мавҷудоти табиат дар хориҷ дорои моҳияти якнавохт нестанд ва зотан дар ҳаракатанд ва ҳамвора тағйири моҳият медиҳанд, албатта мавриди қабули мост ва дар мақолаи 10 собит хоҳем кард, ки табиат бо тамоми ҷавоҳир ва аърози худ дар як ҳаракати зотии доимӣ аст ва назарияи ин мақола низ мубтанӣ бар фарзи сукуни мавҷудоти табиат нест. Ва агар манзур ин аст, ки суратҳои зеҳнии моҳиятҳо, ки дар пеши мо ҳастанд, ҳамвора дар ҳаракат ва тағйиранд, посухаш ҳамон аст, ки дар матн машруҳан баён шуда, ки нажоди мафҳум ва суратҳои зеҳнӣ аз аҳком ва муқаррароти модда канор аст ва сурати илмӣ аз синхи ҷаҳони ҳаракат намебошад ва мо дар поварақиҳои мақолаи 3 ва муқаддима ва поварақиҳои мақолаи 4 шубаҳоти марбут ба ин муддаъоро нақл ва интиқод кардем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: