Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (23) – Худо пок аст аз ин маъонӣ (2)

3. Таъвил:

Гурӯҳе дигар аз мутакаллимон, яъне Мӯътазила, дар ин замина рӯй ба таъвил овардаанд. Масалан, “даст”-ро ба “неъмат” ва “қудрат”, ва ё “истиво”-ро ба “истило” ва “изҳори қудрат” тафсир кардаанд.

Аммо бояд бидонем, ки хатари таъвили зоҳири оятҳо ва ривоятҳо, аз хатари ташбеҳ камтар нест, зеро чӣ басо таъвил мунҷар ба инкори шариат гардад.

Чӣ қабеҳ ва зишт аст сухани касе, ки мегӯяд: “Зоҳири Қуръон мухолифи ақли саҳеҳ аст, пас бояд ба хотири сареҳи ақл, нақлро раҳо намоем.

Мо ҳеч ояте дар Қуръони Карим надорем, ки зоҳираш мухолифи сареҳи ақл бошад. Балки инон байни ду чиз омехтаанд: байни “зоҳири ҳарфӣ” ва “зоҳири ҷумалӣ”. Масалан: “даст” калимае аст, ки зоҳир аст дар ҳамон узви хоссе (ки дасташ меномем) ва инро “зоҳири ҳарфӣ” меноманд, вале агар дар зимни ҷумла қарор гирифта ва қароине ӯро печонида ва онро дар маънои дигаре зоҳир гардонида бошад, дигар наметавон гуфт, зоҳир аст дар ҳамон узви хосс. Масалан, сухани гӯянда дар мадҳу ситоиши як инсони саховатманд ба ин ки “Ӯ дастгушод аст” ва ё дар сарзаниши як инсони бахил ба ин ки “Ӯ дастбаста аст”, зоҳир дар ҳамон узве, ки дасташ меномем нест, балки зоҳир аст дар саховатмандӣ ва бахшиш ва ё бахилӣ ва сахтӣ, ки чӣ басо марди саховатманд бе даст ҳам бошад. Инро “зоҳири ҷумалӣ” мегӯянд.

Аз ин рӯ, бояд каломи таъвилгароёнро мулоҳиза кард, ки агар таъвилашон бар ҳамин шакле, ки арз кардем бошад (яъне бо фарқ андохтан байни зоҳири ҷумалӣ аз зоҳири ҳарфӣ), ин корашон аслан таъвил нест, балки айни ҳамли калом аст бар зоҳираш. Вале агар ғайри ин бошад, мо онро дуруст намедонем ва аслан мӯътақид нестем, ки зоҳири ҳеч ояте бо сареҳи ақл мухолиф бошад.

Дидгоҳи саҳеҳ дар ин мавзӯъ

Тавзеҳ ин ки: калима агар танҳо омада бошад, як вазъ дорад ва агар дар зимни ҷумла биёяд, вазъе дигар хоҳад дошт. Масалан: шакке нест, ки аз калимаи “шер” ба танҳоӣ, ба зеҳни мо ҳамон маънои ҳайвони дарандае, ки шераш меномем меояд. Ва ҳатто гоҳе дар зимни ҷумла ҳам ояд, ҳамин маъно ба зеҳнамон хутур мекунад.

Аммо агар аз касе бишнавем, ки бигӯяд: “Шереро дидам, ки шамшер мезанад”, он чӣ аз маъно, ки аз калимаи “шер” дар инҷо ба зеҳнамон меояд, ғайр аз он маъноест, ки аз калимаи танҳо ва ё аз ҷумлаи “Дар беша шерро дидам” ба зеҳн мерасад. Чун бо таваҷҷӯҳ ба қаринаи “шамшер мезанад”, зоҳири ҷумла дигар мешавад, на ин ки мо бо таваҷҷӯҳ ба ин қарина, ҷумларо ба таъвил барем, на, аслан пойи таъвил дар инҷо пеш намеояд, балки мурод аз “шер” дар ин ҷумла, яъне зуҳураш, марди шуҷоест, ки шамшер мезанад. Ин ҳамон дидгоҳе аст, ки Имом Ғаззолӣ (р) гуфта ва мо дар баҳси пешин сухани ӯро овардем. Имом Фахрӣ Розӣ (р) низ ҳамин дидгоҳро дорад.

Бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки Қуръон ба забони арабии фасеҳ ва балиғ нозил шуда ва яке аз ҷанбаҳои мӯъҷиза будани Қуръон, дар ҳамин фасоҳат ва балоғаташ нуҳуфтааст. Ва ба коргирии истиъора ва кинояҳо ва дигар анвоъи зебоиҳои каломӣ, ҷузъи дастури забони арабист. Албатта ин танҳо ихтисос ба забони арабӣ надорад, дар ҳар забоне, бакоргирии истиъора ва кинояҳо ва истифода аз анвоъи ташбеҳҳо, аз зебоиҳои каломӣ ва ҷузъи дастуроти ҳар забоне ба шумор меравад.

Ҳол, мо намунае аз ин навъ оятҳоро барои хонанда оварда ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем:

Қарор гирифтани Худо дар “арш”

Яке аз сифоте, ки Худои Субҳон дар Қуръон ба он васф шуда ин аст, ки зоти ӯ дар “арш” қарор гирифтааст. Дар сураи Тоҳо, ояти 5 мехонем:

الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى

Яъне Худо бар арш қарор гирифта. Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ дар боло гуфта гузаштем, агар “зоҳири ҳарфӣ”-и ин оятро мавриди назар қарор бидиҳем, маънои оят чунин хоҳад буд, ки Худои Субҳон монанди ҳар подшоҳ ва султоне, дорои арш ва тахти подшоҳӣ буда ва бар болои он нишастааст.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба “зуҳури ҷумалӣ” ва бо дар назар гирифтани раванди оят ва моқаблу мобаъди он, зуҳури оят комилан чизе дигар аст.

Мутаассифона, баъзе аз касоне, ки худро пайрави салафи солеҳ медонанд, дар инҷо чанг ба “зуҳури ҳарфӣ”-и он зада, қоил шудаанд, ки Худо дорои арш ва тахте буда ва бар болои он нишастааст ва аз ин ки мабодо касе эшонро ба Муҷассима ва ё Мушаббиҳа будан муттаҳам накунад, мегӯянд, ки кайфият ва чигунагии “истиво бар арш” (ва ё худ нишастани Худо бар арш) барои мо маҷҳул аст, яъне бароямон номаълум мебошад.

Посухи ин афрод ҳамон аст, ки гуфтем, яъне аввалан зуҳуре, ки барои оят иддаъо мекунанд, зуҳури оят нест. Ва сониян, лозимаи сухани инон, ки мегӯянд: “Истиво собит аст, вале кайфияташ номаълум” ин аст, ки Худо дар Қуръон ибҳомомез ва муаммогуна сухан гуфта, ки дар баҳси пешин арз шуд, ки ин аслан бо ошкоргӯии Қуръон ва ин ки Қуръон ба “забони арабии мубин (равшан)” нозил шудааст намехонад.

Ва аммо маънои ҳақиқӣ ва ба иборати дигар, зуҳури воқеии оят (бо таваҷҷӯҳ ба раванд ва моқаблу мобаъди он) ин аст, ки “истиво бар арш” киноя аз ин аст, ки мулки Худо ҳамаи оламро фаро гирифта ва зимоми тадбири умури ҳамаи олам ба дасти ӯст. Ин таъвил нест, балки зоҳири оят ҷуз он нест.

Имом Фахри Розӣ дар зайли тафсири ояти 5 сураи Тоҳо мегӯяд: “Истиво бар арш, киноя аз подшоҳ шудан аст. Дар мавриди касе, ки подшоҳ мешавад, мегӯянд: фалонӣ бар кишвар истиво пайдо кард ё мегӯянд: фалонӣ бар тахт нишаст. Муродашон подшоҳ шудани ӯст, ҳарчанд бар тахт нанишинад. Бад-ин ҷиҳат аз подшоҳ шудан чунон таъбир кардаанд, ки чун дар далолат, расотар аз ин аст, ки бигӯянд: фалонӣ подшоҳ шуд. Ин таъбир монанди он аст, ки бигӯянд: фалонӣ дасти гушоде дорад ва ё фалонӣ дасти танге дорад, ба ин маъно, ки якумӣ саховатманд аст ва дуюмӣ бахил…

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: