Ахлоқи ҷинсӣ (2)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши 2

Дар сафаҳоти гузашта баҳси мухтасаре дар атрофи ақидаи роиҷи ҷаҳони қадим ба палидии зотии равобити ҷинсӣ мутлақан, ва таъсири суи амиқи ин ақида дар ошуфта сохтани замири башар эрод ва ба мантиқи олии худоии ислом дар ин замина ишора шуд. Дар ин сафаҳот оро ва ақоиди мутафаккирони ҷадид дар ин замина, ки дуруст дар нуқтаи муқобили аслоф (пешиниён)-и худашон аст, мавриди баҳсу таҳқиқ қарор мегирад.

Ахлоқи ҷинсӣ қисмате аз ахлоқ ба маънои омм аст; шомили он идда аз одот ва малакот ва равишҳои башарӣ аст, ки бо ғаризаи ҷинсӣ бастагӣ дорад. Ҳаёи зан аз мард, ғайрати номусии мард, ифоф ва вафодории зан нисбат ба шавҳар, сатри аврат, сатри бадани зан аз ғайри маҳорим, манъи зино, манъи таматтуи назарӣ ва ламсӣ аз ғайри ҳамсари қонунӣ, манъи издивоҷ бо маҳорим, манъи наздикӣ бо зан дар айёми одат, манъи нашри суратҳои қабеҳа, тақаддус ё палидии таҷарруд ва ғайра… ҷузъи ахлоқ ва одоти ҷинсӣ ба шумор мераванд. Ахлоқи ҷинсӣ ба ҳукми қувват ва қудрати фавқулъодаи ғариза — ки ин қисмат аз ахлоқи башарӣ вобаста ба он аст — ҳамвора муҳимтарин бахшҳои ахлоқ ба шумор мерафтааст. Вил Дуронт (William Durant) мегӯяд:

Cару сомон бахшидан ба равобити ҷинсӣ ҳамеша муҳимтарин вазифаи ахлоқ ба шумор мерафтааст, зеро ғаризаи тавлиди мисл на танҳо дар ҳини издивоҷ, балки қабл ва баъд аз он низ мушкилоте фароҳам меоварад ва дар натиҷаи шиддату ҳиддати ҳамин ғариза ва нофармон будани он нисбат ба қонун ва инҳирофоте, ки аз ҷоддаи табиӣ пайдо мекунад, беназмӣ ва иғтишош дар созмонҳои иҷтимоӣ тавлид мешавад.” (Торихи тамаддун, ҷ.1, с.69)

Нахустин баҳси илмӣ ва фалсафӣ, ки дар инҷо ба миён меояд ин аст, ки сарчашмаи ин ахлоқ чист? Чӣ тавр шуд, ки масалан хасисаи ҳаё ва иффат дар зан пайдо шуд? Чаро мард дар мавриди зани худ ғайрат меварзад? Оё ин ғайрат ҳамон ҳасодати маъмулӣ аст, ки башар онро дар ҳамаҷо маҳкум карда ва истисноан дар ин як маврид онро писандида медонад ё чизи дигар аст? Агар ҳамон ҳасодат аст, иллати истисно чист ва агар чизи дигар аст, чӣ гуна метавон онро тавзеҳ дод? Ҳамчунин маншаи зишт шумурдани кашфи аврат, фаҳшои издивоҷ бо маҳорим ва ғайра чист? Оё сарчашмаи инҳо худи фитрат ва табиат аст? Оё фитрат ва табиат барои ин ки ба ҳадафҳои худ ноил ояд ва ба зиндагии башар — ки табъан иҷтимоӣ аст — низом бидиҳад, ин эҳсосот ва авотифро дар башар ниҳодааст ё иллатҳои дигаре дар кор буда ва дар тӯли торих дар руҳияи башар асар карда, то тадриҷан ҷузъи замири ахлоқии башар қарор гирифтааст?

Агар сарчашмаи ин ахлоқ табиат ва фитрат аст, чаро ақвоми ибтидоӣ ва ақвоми ваҳшии замони ҳозир, ки ҳанӯз монанди ақвоми ибтидоӣ зиндагӣ мекунанд, ин хасоисро лоақал ба шакле ки инсони мутамаддин дорад надоранд? Ва ба ҳар ҳол, асл ва маншаъ ҳар чӣ бошад ва гузаштаи башарият ба ҳар наҳв ки будааст, имрӯз чӣ бояд кард? Башар дар заминаи ахлоқи ҷинсӣ чӣ роҳеро боист пеш бигирад, ки ба сарманзили саодат ноил ояд? Оё ахлоқи ҷинсии қадимро бояд ҳифз кард ва ё бояд онро дарҳам рехт ва ахлоқи навин ҷойгузини он сохт?

Вил Дуронт бо ин ки решаи ахлоқро на табиат, балки пешомадҳое, ки аҳёнан талх ва ногувор ва золимона будааст медонад, муддаъӣ аст, ки ин ахлоқ ҳарчанд маойибе дорад, аммо чун мазҳари интихоби аслаҳ (некӯтар) дар масири такомул аст, беҳтар ин аст ҳифз шавад. Вай дар бораи эҳтироми бакорат ва масъалаи ҳаё ва эҳсоси шарм мегӯяд:

Одот ва сунани асосии қадимии иҷтимоъ намояндаи интихоби табиӣ аст, ки инсон дар тайи қуруни мутаволӣ пас аз гузаштан аз иштибоҳоти бешумор карда, ва ба ҳамин ҷиҳат бояд гуфт, бо вуҷуди он ки эҳтироми бакорат ва эҳсоси шарм аз умури нисбӣ ҳастанд ва бо вазъи издивоҷ аз роҳи харидории зан иртибот доранд ва сабаби бемориҳои асабӣ мешаванд, порае фавоиди иҷтимоӣ доранд ва барои мусоидат дар бақои ҷинс, яке аз авомил ба шумор мераванд.” (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.74)

Фрейд (Sigmund Freud) ва пайравони вай ақидаи дигаре доранд, муддаъӣ ҳастанд, ки ахлоқи куҳанро дар умури ҷинсӣ бояд вожгун кард ва ахлоқи ҷадидеро ҷойгузини он намуд. Ба ақидаи Фрейд ва пайравонаш, ахлоқи ҷинсии куҳан бар асоси маҳдудият ва мамнӯият аст, ва он чӣ аз нороҳатӣ, ки бар сари башар омадааст, аз мамнӯиятҳо ва маҳрумиятҳо ва тарсҳо ва ваҳшатҳои ношӣ аз ин мамнӯиятҳо, ки дар замири ботини башар ҷойгузин гашта, омадааст.

Бертронд Росел низ дар ахлоқи навине, ки пешниҳод мекунад, ҳамин матлабро асос қарор медиҳад. Ӯ ба ақидаи худ дар заминаи ахлоқи ҷинсӣ аз мантиқе дифоъ мекунад, ки дар он эҳсосоте аз қабили эҳсоси шарм, эҳсоси ифоф ва тақво, ғайрат (ҳасодат аз назари ӯ) ва ҳеч гуна эҳсоси дигаре аз ин гуна, ки вай ва амсоли ӯ онҳоро “тобу” мехонанд, вуҷуд надошта бошад, маъонӣ ва мафоҳиме аз қабили зиштӣ, бадӣ, расвоӣ дар он роҳ наёбад, фақат муттакӣ ба ақл ва тафаккур буда бошад. Маҳдудияти ҷинсиро фақат он қадр мепазирад, ки дар мавриди мамнӯиятҳои ғизоӣ қобили пазириш аст. Вай дар китоби “Ҷаҳоне, ки ман мешиносам” дар фасли марбут ба “Ахлоқи тобу” дар посухи пурсише, ки аз вай мешавад мабнӣ бар ин ки “оё ҳеч гуна панду андарзе барои касоне, ки бихоҳанд дар бораи умури ҷинсӣ хатти машйи дуруст ва оқилонае дар пеш гиранд, доред?” мегӯяд:

… Билохира лозим аст, ки масъалаи ахлоқи ҷинсиро ҳам монанди соири масоил мавриди баррасӣ қарор диҳем. Агар аз анҷоми амале зиёне мутаваҷҷеҳи дигарон нашавад, далеле надорем, ки иртикоби онро маҳкум кунем…” (Ҷаҳоне, ки ман мешиносам, с.68)

Дар посухи пурсише дигар мабнӣ бар ин ки “бино ба ақидаи шумо, бояд ҳатки исматро маҳкум сохт, вале шумо аъмоли мунофии иффати маъмулиро чунончи хасорате бор наёварад, маҳкум намекунед?” мегӯяд:

Бале, ҳамин тавр аст. Изолаи исмат (бакорат) як таҷовузи ҷисмӣ дар миёни афрод аст, аммо агар бо масоили аъмоли мунофии иффат мувоҷеҳ шудем, он вақт бояд мавқеиятро дар назар гирифт ва мулоҳиза кард, ки дар чунин мавқеияти ҳассос далоиле барои ибрози мухолифат вуҷуд дорад ё на.” (Ҳамон манбаъ)

Мо феълан вориди ин баҳс намешавем, ки оё эҳсосоте аз қабили ҳаё ва ғайра — ки имрӯз “ахлоқи ҷинсӣ” номида мешаванд — решаи фитрӣ ва табиӣ дорад ё надорад? Зеро ин баҳс доманаи дарозе дорад. Ҳамин қадр мегӯем, ин таваҳҳум пеш наёяд, ки воқеан улум ба онҷо расида, ки решаи ин масоилро ба даст овардааст? Он чӣ дар ин заминаҳо гуфта шуда ҷуз як идда фарзҳо ва тахминҳо нест ва худи фарзкунандаҳо ба ҳеч ваҷҳ ваҳдати назар надоранд.

Масалан, Фрейд маншаи пайдоиши эҳсоси ҳаёро чизе медонад, Росел чизи дигар, Вил Дуронт чизи дигар, ки мо барои парҳез аз итола аз зикри онҳо худдорӣ мекунем. Иллати аслии тамоюли ин афрод ба ғайри табии будани ин эҳсосот, адами муваффақият барои тавҷеҳи саҳеҳ ин эҳсосот аст.

Мо фарз мекунем ин эҳсосот ҳеч гуна (тавҷеҳи) табиӣ надорад ва мехоҳем монанди ҳар амри қарордодии дигар бар мабнои масолеҳи фард ва иҷтимоъ ва саодати башарият барои инҳо тасмим бигирем, бибинем мантиқ ва таъаққул ба мо чӣ мегӯяд? Оё мантиқ ва таъаққул эҷоб мекунад, барои бозёфтани комили саломати равон ва барои расидани иҷтимоъ ба ҳаддиаксари масаррат ва саодат, тамоми қайдҳо ва ҳудуд ва мамнӯиятҳои иҷтимоиро бишканем? Ё хайр, муқтазои мантиқ ва таъаққул ин аст, ки бо сунан ва хурофоте мубтанӣ бар палидии алоқаи ҷинсӣ мубориза кунем ва дар айни ҳол мӯҷиботи туғён ва исён ва нороҳатии ғаризаро ба номи “озодӣ” ва “парвариши озодона” фароҳам накунем.

Тарафдорони ахлоқи ҷинсии навин назароти худро бар се асл мубтанӣ кардаанд:

1. Озодии ҳар касе то онҷо, ки мухил (халаловар) ба озодии дигарон набошад, бояд маҳфуз бимонад;

2. Саодати башар дар гарави парвариши тамоми истеъдодҳое аст, ки дар вуҷуди вай ниҳода шудааст. Худпарастӣ ва бемориҳои ношӣ аз он, марбут ба ошуфтагии ғароиз аст. Ошуфтагии ғароиз аз онҷо ношӣ мешавад, ки миёни ғароиз табъиз шавад, баъзе ирзо ва ишбоъ ва баъзеи дигар ҳамчунон ирзо нашуда боқӣ бимонанд. Аз ин рӯ, барои ин ки инсон ба саодати зиндагӣ ноил ояд, бояд тамоми истеъдодҳои ӯро мутасовиян парвариш ва тавсиъа дод;

3. Рағбати башар ба як чиз, дар асари иқноъ ва ишбоъ коҳиш меёбад, вале дар асари имсок (худдорӣ) ва манъ фузунӣ мегирад. Барои ин ки башарро аз таваҷҷӯҳи доим ба умури ҷинсӣ ва аворизи ношӣ аз он мунсариф кунем, ягона роҳи саҳеҳ он аст, ки ҳар гуна қайд ва мамнӯиятеро аз ҷилави пояш бардорем ва ба ӯ озодӣ бидиҳем. Шароратҳо ва кинаҳо ва интиқомҳо ҳама ношӣ аз ахлоқи хашини ҷинсӣ аст.

Инҳост усуле, ки ахлоқи навини ҷинсиро бар онҳо ниҳодаанд ва мо бояд иншоаллоҳ маводди пешниҳодии ин мактаби навинро бо баҳсу таҳқиқи кофӣ дар усули сегонаи фавқ мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Ахлоқи ҷинсӣ”



Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бонувон, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: