Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (24) – Руъяти Худо (1)

Матни китоб:

والرؤية حق لأهل الجنة بغير إحاطة ولا كيفية كما نطق به كتاب ربنا: وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ، إِلَى رَبِّهَا نَاظِرَةٌ، وتفسيره على ما أراده الله تعالى وعلمه. وكل ما جاء في ذلك من الحديث الصحيح عن الرسول صلى الله عليه وسلم فهو كما قال، ومعناه على ما أراد، لا ندخل في ذلك متأولين بآرائنا، ولا متوهمين بأهوائنا، فإنه ما سلم في دينه إلا مَنْ سلّم لله عز وجل ولرسوله صلى الله عليه وسلم وردّ علم ما اشتبه عليه إلى عالمه. ولا يثبت قدم الإسلام إلا على ظهر التسليم والاستسلام، فمن رام علم ما حُظِرَ عنه علمه ولم يقنع بالتسليم فهمه حجبه مرامه عن خالص التوحيد وصافي المعرفة وصحيح الإيمان، فيتذبذب بين الكفر والإيمان والتصديق والتكذيب والإقرار والإنكار موسوساً تائهاً زائغاً شاكّاً، لا مؤمناً مصدّقاً ولا جاحداً مكذّباً. ولا يصح الإيمان بالرؤية لأهل دار السلام لمن اعتبرها منهم بوهم، أو تأولها بفهم، إذ كان تأويل الرؤية وتأويل كل معنى يضاف إلى الربوبية بترك التأويل ولزوم التسليم، وعليه دين المسلمين. ومن لم يتوقَّ النفي والتشبيه زلَّ ولم يصب التنزيه، فإنَّ ربنا جلَّ وعلا موصوف بصفات الوحدانية، منعوت بنعوت الفردانية، ليس في معناه أحد من البرية، وتعالى عن الحدود والغايات، والأركان والأعضاء والأدوات، لا تحويه الجهات الست كسائر المبتدعات

* * *

Тарҷума:

(Имом Таҳовӣ гӯяд:) руъйат ва дидор (-и Худои Мутаъол) барои аҳли биҳишт ҳақ аст, (аммо) бе (он ки зоти поки ӯ мавриди) иҳота (қарор бигирад) ва ҳам бе он ки кайфият (-и чунин дидоре маълум бошад); чунон ки китоби парвардигорамон фармуда: “Чеҳраҳое дар он рӯз (рӯзи қиёмат) барафрӯхта ва нуронист, ба сӯйи парвардигораш нигоҳ мекунад.” (Сураи Қиёмат, оятҳои 22 ва 23) Ва тафсири чунин дидоре, ба ҳамон гунаест, ки Худои Таъоло ирода карда ва дониста.

Ва ҳар он чӣ дар ин замина аз ҳадиси саҳеҳ аз Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) расида, ба ҳамон суратест, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуда ва маънояш ҳам ба ҳамон шакле аст, ки Худо ирода карда.

Ва мо ба таъвил ва дидгоҳҳои худ дар ин маҷол ворид намешавем ва аз рӯйи ҳавас ва хиёл ба таваҳҳум ва гумоназанӣ намепардозем. Зеро дар дини худ солим намонда магар касе, ки таслими Худо (Азза ва ҷалла) ва Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шуда (ва ҳама чизро ба онҳо вогузошта) ва дониши он чиро барояш муштабаҳ (ва ба таври дақиқ номаълум) шуда, ба олим (ва доно)-и он вогузор карда.

Ва (бояд донист, ки) қадами (касе, ки) ислом (оварда) собит (ва побарҷо) нагардад, магар бар маркаби таслим ва гарданниҳӣ. Пас, ҳар ки қасди дониши чизеро намояд, ки дониши он аз ӯ мамнӯъ шуда ва фаҳмаш ӯро қонеъ ба таслим шудан (ва қабул кардан) насозад, чунин қасде ӯро аз тавҳиди холис ва маърифати соф ва имони саҳеҳ боздорад ва он гоҳ миёни куфру имон, тасдиқу такзиб ва иқрору инкор дудила ва дар ҳоли васваса, гумроҳ ва шаккок бимонад, на мӯъмини тасдиқкунанда ва на инкоркунандаи такзибсоз.

Ва саҳеҳ (ва дуруст) намешавад имон ба руъйат (-и Худованд) барои аҳли дори салом аз барои он кас аз эшон, ки руъйатро “пиндор” (яъне тасаввури Худо дар зеҳн) лиҳоз намояд ва ё онро ба “фаҳм” таъвил кунад. Чун таъвили руъйат ва таъвили ҳар маъное, ки ба рубубият изофа мешавад, (бояд) ба тарки таъвил ва лузуми таслим (ва гарданниҳӣ ба ҳамон маъное, ки дар китобу суннат ворид шуда) бошад ва дини мусалмонон бар ҳамин асос (устувор) аст.

Ва он кас, ки аз нафйу ташбеҳ худро нигаҳ надорад (яъне на аз нафйи руъйати Худо худро нигаҳ дорад ва на аз ташбеҳи руъйати ӯ ба руъйати махлуқ), лағзида ва дар танзеҳи (Худо) ба роҳи дуруст нарафта (ва хато карда). Зеро парвардигори мо (Ҷалла ва ало) мавсуф аст ба сифатҳои ваҳдоният (яктоӣ) ва ба сифатҳои фардоният (ягонагӣ), нест дар маънои ӯ касе аз халқ ва волост ӯ аз ҳудуд, ғоятҳо, рукнҳо, аъзо ва васоил, ӯро ҷиҳатҳои шашгона (боло, пойин, қафо, пеш, тарафи рост ва тарафи чап) дарбар нагирад, чунон ки соири (мавҷудоти) сохташударо (дарбар мегирад)…

* * *

Шарҳ:

Яке аз пурҷанҷолтарини масъалаҳо миёни донишмандони мазоҳиби исломӣ аз дерзамон, масъалаи имкон ва ё адами имкони руъят ва дида шудани Худои Субҳон мебошад. Гурӯҳе мӯътақиданд, ки метавон Худоро ҳам дар ин дунё дид ва ҳам дар охират, гурӯҳе дигар бар он ҳастанд, ки Худоро фақат дар охират метавон дид ва гурӯҳи севвум бар онанд, ки мумкин нест Худоро дид, на дар дунё ва на дар охират.

Маншаи ихтилоф дар ин замина он аст, ки дар Қуръони Карим ва китобҳои ҳадисӣ, бо ду даста аз оят ва ривоятҳо бармехӯрем: порае аз онҳо сухан аз имкони руъяти Худои Субҳон мекунанд ва аз порае дигар бардошт мешавад, ки мумкин нест Худо руъят бишавад. Касоне, ки мӯътақид ба имкони руъяти Худо ҳастанд, ба оят ва ривоятҳои дастаи якум чанг задаанд ва касоне ҳам, ки қоил ба адами имкони руъяти Худо мебошанд, оят ва ривоятҳои дастаи дуввумро далели худ қарор додаанд.

Имом Таҳовӣ ҳамонанди ҷумҳури аҳли суннат ва ҷамоат мӯътақид аст, Худо дар рӯзи қиёмат мавриди руъйат қарор мегирад.

Мо, иншоаллоҳ, дар инҷо кӯшиш хоҳем намуд, масъалаи мазбурро аз тамоми ҷанбаҳо мавриди таҳқиқи амиқ қарор дода ва далелҳо ва ҳуҷҷатҳои ҳар як аз гурӯҳҳоро бо диққат баррасӣ намуда ва дар поён дидгоҳи саҳеҳ ва дуруст дар ин заминаро, ки ҳам бо ақл ҳамоҳангӣ дошта ва ҳам бо дидгоҳи Қуръони Карим ва суннати саҳеҳ созгор бошад, матраҳ хоҳем намуд. Иншоаллоҳ баъд аз такмили баҳс, баъзе аз суханони Имом Таҳовиро, ки дар матн омадааст тавзеҳ хоҳем дод.

Лозим аст ёдоварӣ намоем, баҳсе, ки инак пешкаши хонанда мешавад, хулосае аст аз як баҳси муфассал, ки нигоранда дар як рисолае ҷудогона ба унвони “Оё Худо дида мешавад?” ба нигориш дароварда, ки хонанда метавонад барои иттилои бештар дар ин мавзӯъ ба ин рисола муроҷеа намояд.

Инак, тафсили баҳс:

“Руъйат” ба чӣ маъност?

Дар оғози баҳс бояд таъйин шавад, ки мурод аз “руъйат” (ки мо аз он ба “дидан” таъбир мекунем) дар забони арабӣ чист?

Зубайдӣ дар “Тоҷул-арус” онҷо, ки “руъйат”-ро маъно мекунад, барои он чаҳор корбурд бармешумурад:

1. “Дидан ба воситаи чашм”, ки маъруф ва машҳур аст;

2. “Пиндор” ва “хаёл”, мисли онҷо, ки мегӯем:

أرى أن زيدا منطلق

Ман мепиндорам, ки Зайд ҳаракат кардааст.

3. “Тафаккур”, мисли онҷо, ки Худои Таъоло дар Қуръони Карим аз забони шайтон мефармояд:

إني أرى ما لا ترون

Ман чизе меандешам, ки шумо намеандешед.”

4. “Дидан ба қалб”, мисли онҷо, ки Худои Таъоло дар Қуръон мефармояд:

ما كذب الفؤاد ما رأى

Он чӣ қалб дид дурӯғ напиндошт.” (1)-(2)

Пас, маълум мешавад, “руъйат” дар забони арабӣ фақат ба “дидани ба чашм” гуфта намешудааст, балки арабҳо вожаи “руъйат”-ро ҳам ба хиёл ва пиндор ва ҳам ба тафаккур ва ҳам ба “дидани ба қалб” ба кор мебурдаанд.

Аммо қобили ёдоварӣ аст, ки тамоми баҳсҳои каломӣ дар бораи “руъйат”, дар атрофи “руъйат” ба маънои “дидани ба чашм” давр мезанад. Яъне ҳамаи онҳо — чӣ он касоне, ки руъйати Худоро мумкин медонанд ва чӣ касоне, ки онро номумкин мешуморанд — аз оғоз фарзро бар ин гирифтаанд, ки “руъйат” фақат дидани ба чашм аст. Агар аз ибтидо худро пойбанд ба ин фарз намекарданд, чӣ басо ҷанҷолҳо ва мушоҷирот байни онҳо воқеъ намешуд.

Тавзеҳ он ки: касоне, ки руъйати Худоро мумкин медонанд, вақте дар баробари бархе оятҳо ва анбӯҳе аз ривоятҳо, ки руъйати Худоро — ақаллан дар охират — барои мӯъминони солеҳ ва некӯкор ҷоиз медонад қарор мегиранд, чорае ҷуз ин ки қоил ба ҷоиз донистани он бишаванд намебинанд. Ва он гоҳ чун аз оғоз фарзро бар ин мегиранд, ки мурод аз руъйат, руъйати ба чашм аст, аз ин рӯ бо роҳҳое гуногун талош мекунанд, то собит намоянд, ки Худо бо чашм дида мешавад, ғофил аз ин ки бештари далелҳои нақлие, ки барои исботи ин масъала меоваранд, нозир ба руъйати Худо бо чашм нест. Ва илова бар он, бархе аз далелҳояшон чунон беасос аст, ки ҳатто нақли он беҳуда хоҳад буд ва ишколҳое ҳам, ки аз ҷониби мухолифонашон бар онҳо оварда мешавад, бархе ворид аст ва то ҳанӯз ба ҳеч як аз он ишколҳо посухи равшане надодаанд.

Ва дар муқобил, касоне ҳам, ки мункири руъйати Худо ҳастанд ва онро номумкин медонанд, чун аз дидгоҳи ақл ва низ бо таваҷҷӯҳ ба баъзе аз оёт ва ривоятҳо, руъяти Худо ба чашмро маҳол мебинанд, чорае ҷуз ин ки тобеи ҳукми ақл ва он оят ва ривоятҳо бишаванд намебинанд. Ва он гоҳ чун эшон ҳам аз оғоз фарзро бар ин мегузоранд, ки руъйати мавриди назар, руъйати ба чашм аст, аз ин рӯ тамоми саъйу кӯшиши худро харҷи он мекунанд, ки оятҳо ва ривоятҳоеро, ки руъйати Худоро ҷоиз медонад, ба ҳар роҳе ки шуда рад кунанд ва ё ақаллан таъвилаш намоянд, дар ҳоле ки инҳо низ ба монанди дастаи аввал, дар порае аз саъйу кӯшишҳои худ комёб нестанд ва ҳақиқатан ҳам баъзе аз ишколҳое, ки дастаи аввал ба инон матраҳ мекунанд ворид аст ва посухҳояшон қонеъсозанда намебошад.

Мо қабл аз баёни дидгоҳи саҳеҳ ва дуруст дар ин замина, лозим медонем дар оғоз адами имкони руъйати Худо ба чашмро аз дидгоҳи ақл собит намоем ва сипас муҳимтарин далелҳо ва ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳар ду тараф барои исботи муддаъои худ ба онҳо чанг задаанд, нақду баррасӣ намоем.

Худо бо чашм қобили руъят нест

Дар оғоз бояд кайфият ва чигунагии “руъйати ба чашм” ва ин ки амали “дидан” чӣ гуна таҳаққуқ мепазирад баён шавад. Дар миёни донишмандони қадим дар ин боб ду назария маъруф буд:

1. Назарияи интибоъ;

2. Назарияи хуруҷи шуъо.

Соҳибони “назарияи интибоъ” мӯътақид буданд, ки адасии чашм ҷисмест шаффоф, сайқалӣ ва ойинамонанд, ки агар ҷисме дар муқобилаш қарор бигирад, нақше аз он ҷисм дар сатҳи он воқеъ мешавад ва ба ин васила амали “дидан” таҳаққуқ меёбад. Ин ақида мансуб ба Арасту ва пайравонаш буд ва аз донишмандони исломӣ Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва Ибни Сино пайрави ин ақида буданд.

Соҳибони “назарияи хуруҷи шуъо”, адасии чашмро ҷисме нурдор ва манбаи нур монанди оташ, хуршед ва ситорагон медонистанд ва мӯътақид буданд, ки аз чашм шуъое нуронӣ хориҷ мешавад ва ба ҷисми муқобили худ бармехӯрад ва ба ин васила “дидан” сурат мегирад. Ин ақида мансуб ба Афлотун, Ҷолинус ва пайравони онҳо буд. Аз донишмандони исломӣ Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва иддае дигар ин ақидаро пазируфтаанд.

Аммо мутобиқи таҳқиқоте, ки ахиран донишмандони улуми табиӣ, аз тарафе дар боби нур ва аз тарафи дигар дар боби кайфияти сохтмони чашм кардаанд, мусаллам шуда, ки ду назарияи фавқ дуруст нест, яъне на “назарияи интибоъ” саҳеҳ аст ва на “назарияи хуруҷи шуъо”. Балки мутобиқи таҳқиқоти донишмандони ҷадид, дастгоҳи чашм айнан мисли як дастгоҳи аксбардорӣ мебошад. Шуъоҳое аз ҷисми муқобил ба чашм ворид шуда, дохили сӯрохи мардумак мешавад ва аз адасии чашм убур намуда ва дар як нуқтаи муайян тасвире аз нур эҷод менамояд ва он нуқта иборат аст аз нуқтаи махсусе дар шабакия ба номи “нуқтаи зард”, ки тасвир дар онҷо воқеъ мешавад.

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба чигунагии таҳаққуқ ёфтани амали “дидан”, бояд гуфт:

1. Чизе мавриди руъйат ва дидан (ба чашм) қарор мегирад, ки дар муқобили бинанда қарор гирад ва дар муқобил қарор гирифтан ҳам, аз вижагиҳои чизҳое аст, ки дорои макон ҳастанд. Ва чун дар ҷойи худаш, ҳам ба далели ақл ва ҳам ба далели нақл собит шуда, ки Худои Субҳон пок ва муназзаҳ аст аз макон доштан, аз ин рӯ собит мешавад, ки Худо ба чашм дида намешавад;

2. Руъйат ва дидан (ба чашм) таҳаққуқ намеёбад магар ба инъикоси шуъоҳое аз чизи дидашаванда ба дохили дастгоҳи чашм, ва лозимаи ин он аст, ки Худои Субҳон ҷисми дорои абъод бошад. Ва дар ҷойи худаш собит гардида, ки зоти поки илоҳӣ ҷисм нест;

3. Руъйат ва дидан (ба василаи чашм) навъе ишора кардан аст ба тарафи чизе, ки мавриди дидан қарор мегирад ва Худои Субҳон пок ва муназзаҳ аст аз ин ки ба сӯяш ишора шавад. Чун ҳар чизи дидашавандае, дар ҷиҳате қарор дорад, ки метавон ба сӯйи ӯ, ба ин ки инҷост ё онҷо ишора намуд ва он гоҳ қобилияти инро дорад, ки битавон ба ӯ гуфт, ки масалан дар муқобили бинанда қарор дорад ва ё дар пушти ӯ ва ё дар тарафи чап ё рости ӯ. Ва ҳамаи ин маъноҳо дар мавриди зоти поки илоҳӣ ҷойгоҳе надорад.

Пас, хулоса ин шуд, ки ақли одамӣ ба гунаи бадеҳӣ ва зарурӣ ҳукм мекунад бар ин ки руъяти Худои Субҳон — ки на ҷисм аст ва на дар ҷиҳате қарор дорад — ба василаи чашм имконпазир нест ва маҳол аст. (3) Зеро руъйат ва дидани чизе ба чашм, танҳо дар сурате мумкин аст, ки он чиз ҷисм буда ва дар ҷиҳате қарор бигирад.

Талошҳо

Баъзе аз мутакаллимон, ки дар масоили ақоидӣ пойи устуворе доранд, вақте худро дар баробари ин далели ақлӣ диданд, чорае ҷуз ин ки рӯй ба сӯйи ҷамъ байни руъйат ва танзеҳ (4) оваранд, надиданд. Инак, баёни баъзе аз ин талошҳо:

а) Руъйати бе кайфият: Хонанда метавонад чунин унвонеро тақрибан дар бештари китобҳои ақоидӣ пайдо кунад, ҳамон гуна ки дар матни Имом Таҳовӣ низ ин кор анҷом гирифта (онҷо, ки мегӯяд: “Руъйат ва дидор (-и Худои Мутаъол) барои аҳли биҳишт ҳақ аст, (аммо) бе (он ки зоти поки ӯ мавриди) иҳота (қарор бигирад) ва ҳам бе он ки кайфият (-и чунин дидоре маълум бошад).” Маънои ин сухан он аст, ки Худои Таъоло дида мешавад, аммо бе он ки чунин дидане дорои он кайфият ва чигунагие бошад, ки дар диданҳои маъмулии мо вуҷуд дорад (мисли ин ки бояд дар як ҷиҳати муайяне қарор бигирад ва ё шуъое аз чашмонамон хориҷ шуда ва ба зоти ӯ бархӯрад ва ғайра) ва ё ин ки кайфият ва чигунагии дида шуданаш бароямон маълум бошад. Мӯъминон Худоро дар биҳишт хоҳанд дид, вале бе кайфият, яъне дар ҳоле ки аз муқобала, ҷиҳат ва макон муназзаҳ аст.

Посухи ин андеша он аст, ки руъйат ва дидани бе муқобала, бе ҷиҳат ва бе макон, шабеҳтар аст ба тасвири як шери бе сару бе дум. Руъйате, ки дар он мавҷуди дидашаванда дар муқобили бинанда қарор нагирад, дар маконе набошад ва ҷиҳатеро ишғол накунад, чӣ гуна чунин руъйате, руъйат ва дидани ба чашм хоҳад буд?

Хулоса, мо наметавонем руъйат ва дидани ба чашмро бидуни кайфият, яъне бидуни лозим донистани муқобала, дар ҷиҳате будан ва маконеро ишғол кардан — ки кайфияти дидан ба чашмро ташкил медиҳанд ва дар воқеъ ҳақиқат ва моҳияти дидан ба чашм ҷуз ба инҳо нест — тасаввур намоем.

Оре, агар “руъйати бе кайфият” ба гунаи дигаре ғайр аз ин тавҷеҳ тафсир бишавад, метавонад қобили қабул гардад. Ва он ин ки: мурод аз руъйатро, руъйати ба қалб бидонем, ки ҳақиқат ҳам ҳамин аст ва мо дар оянда ба тафсил перомуни он баҳс хоҳем намуд.

б) Ихтилофи аҳком бо ихтилофи шароит: Баъзе аз мутакаллимон вақте бо ақли худододӣ фаҳмиданд, ки руъйати ба чашмро наметавон аз ҷиҳат ва макон доштан ва дар рӯ дар рӯ қарор гирифтан ҷудо кард, ба ин сухан паноҳ оварданд, ки бигӯянд: ҳар чизе дар охират, ғайри ҳамон чиз аст дар дунё. Ва шояд руъйат дар рӯзи охират, бидуни ин лозимаҳо ва шароит, ки дар дунёст таҳаққуқ пазирад.

Ин сухан низ як навъ ғайбгӯие беш нест, зеро агар муроди гӯянда аз ғайрият ва дигар будан ин бошад, ки охират чунон аст, ки ҳар чизе дар он ба комилтарин сурат вуҷуд дорад, ин сухан сухани дурустест ва мо қабул дорем ва Худои Субҳон мефармояд: “(Ва биҳиштиён) чун аз меваҳои гуногуни он баҳраманд шаванд гӯянд: ин монанди ҳамон меваҳоест, ки пеш аз ин моро насиб буд ва аз неъматҳое монанди якдигар баҳраманд шаванд.” (Сураи Бақара, ояти 25) Аммо агар муродаш ин бошад, ки масоили ақлии бадеҳӣ (ва аз ҷумла ин масъалаи бадеҳии ақлӣ, ки “Руъйати ба чашм ҷуз ба он шароит, ки гуфта шуд имконпазир нест”) дар охират мубаддал ба чизи дигаре (масалан ба нақизи худ) мешаванд, ин сухан сухани дурусте нест ва аслан лозимаи қабули чунин сухане, баҳам рехтани низоми ақлӣ ва равишҳои илмист. Чун маънои ин сухан он аст, ки масалан 2 X 2 = 4, мумкин аст дар охират ба 2 X 2 = 5 табдил ёбад ва ё масалан мо, ки бо ақли худ дар ин дунё меёбем, ки “Худо вуҷуд дорад”, чунин дарёфти ақлие, мумкин аст дар охират мубаддал гардад ба ин ки “Худо вуҷуд надорад.”

в) Исботи ҷиҳат: Аҷибтар аз ҳама он аст, ки баъзе аз кӯтаҳназарон барои ин ки иддаъои худро рӯйи курсӣ биншонанд, боке намебинанд, ки барои Худо ҷиҳат қоил бишаванд. Яке аз инон мегӯяд: “Исботи сифати улувв (дар боло қарор доштан) барои Худои Таборак ва Таъоло, дар бисёр ҷойҳое аз китоб ва суннат ворид шудааст, пас ҳеч боке надорад, ки бигӯем руъйати Худои Таъоло аз ҳамин ҷиҳати улувв, ки барои Худо собит аст таҳаққуқ пазирад. Ва ин дар танзеҳи Худо ҳам ҳеч хадшае ворид намесозад, зеро касе, ки онро (яъне улуввро барои Худо) собит дониста, худ донотар аст, ки Худои Таъоло ба чӣ сифоте сазовор аст ё на. Аммо лафзи “ҷиҳат”, аз лафзҳои муҷмалест, ки насси шаръӣ на онро нафй кардааст ва на исбот.” (5)

Аммо посухе, ки бояд ба ин ҷаноб дода бишавад ин аст:

Аввалан: чӣ гуна иддаъо мекунад, китобу суннат барои Худо сифати улуввро собит карда? Улувв, яъне ҷиҳат доштан. Агар муродаш аз далели китоб ин оят аст, ки мефармояд: “Сипас (Худо) бар арш қарор гирифт”, мо дар баҳси пешин собит кардем, ки “истиво бар арш” ва ё худ қарор гирифтан бар арш, чунон ки Имом Фахрӣ Розӣ мегӯяд, киноя аз ин аст, ки мулки Худо ҳамаи оламро фаро гирифта ва зимоми тадбири умури ҳамаи олам ба дасти ӯст ва ҳеч рабте ба сифати улувв доштани Худо надорад.

Сониян: агар фарз кунем, Худо дар як ҷиҳати олие қарор дошта ва аз онҷо ба осмонҳо ва замин нигоҳ мекунад, он гоҳ чӣ гуна метавон гуфт, ки Худо ба ҳама чиз иҳота дорад ва ҳамроҳи ҳар чизе мавҷуд аст? Агар маънои танзеҳ ин бошад, оё чунин маъное ғайр аз қоил шудан ба таҷсим аст?

Дар баҳси баъдӣ далели касоне, ки руъятро номумкин медонанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Идома дорад

* * *

Поварақаӣ:

(1)

الرؤية” (بالضم) ادراك المرئى، وذلك أضرب بحسب قوى النفس: الاول: النطر بالعين التى هي الحاسة وما يجرى مجراها، ومن الاخير قوله تعالى: “وقل اعملوا فسيرى الله عملكم ورسوله”، فانه مما أجرى مجرى الرؤية بالحاسة، فان الحاسة لا تصح على الله تعالى، وعلى ذلك قوله: “يراكم هو وقبيله من حيث لا ترونهم”. والثانى: بالوهم والتخيل نحو: “أرى أن زيدا منطلق”. والثالث: بالتفكر نحو: “إنى أرى ما لا ترون”. والرابع: بالقلب، أي بالعقل، وعلى ذلك قوله تعالى: “ما كذب الفؤاد ما رأى”، وعلى ذلك قوله: “ولقد رآه نزلة أخرى”.

(2) (Зубайдӣ, “Тоҷул−арус”, ҷ. 19, с. 434).

(3) Ҳукми бадеҳӣ ва зарурии ақл, яъне ҳукме, ки ақл бидуни такя ба ҳеч истидлоле бикунад, ба монанди ин ҳукми ақл, ки “Маҳол аст, ки Аҳмад дар як вақт, ҳам дар мадраса бошад ва ҳам набошад”, ки дар истилоҳ, аз он ба “маҳол будани иҷтимоъи ду нақиз” таъбир мекунанд. Албатта, аҳкоми бадеҳӣ ва зарурии ақл ҳамагӣ дар як радиф қарор надоранд, балки дорои маротибе мебошанд. Масалан, ҳукми ақл бар ин ки “Як нисфи ду аст” бадеҳӣ буданаш бар ҳама маълум ва ошкор аст, вале ҳукми ақл бар ин ки “Худо дида намешавад”, ҳарчанд бадеҳист, вале барои ҳама маълум нест, вагарна мо касеро надоштем, ки қоил ба имкони дида шудани Худо бошад.

(4) Танзеҳ, яъне пок донистани Худо аз олудагиҳои нақсу камбудҳо.

(5) Аҳмад ибни Носир, “Руъйатуллоҳи Таъоло”, с.61.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: