Шарҳи Маснавӣ (152)

Назар кардани шер дар чоҳ ва дидан акси худро ва он харгӯшро (4)

* * *

Шерро дар қаър пайдо шуд, ки буд,

Нақши ӯ, он к-иш дигар кас менумуд.

Дар таҳи чоҳ бар шер маълум шуд, ки он шере, ки дар об мушоҳида карда, нақш ва тасвири худи ӯ будааст, ва хулоса, шере ҷуз ӯ дар кор набудааст.

Ҳар кӣ дандони заъифе меканад,

Кори он шери ғалатбин мекунад.

Ҳар кас дандони дармондаеро биканад, яъне ҳар кас ба заъифе ситам кунад, дар воқеъ кори норавои ҳамон шери кажбинро кардааст.

Эй бидида акси бад бар рӯйи ъам!

Бад на ъамм аст, он туйӣ, аз худ марам.

Эй касе, ки бар сурати амуи худ (ё ҳар кас, ки ба наҳве бо ту иртибот дорад) нишони бадро мебинӣ, ба айбҷӯии ӯ мапардоз ва нафрат изҳор макун. Дар воқеъ бадии ӯ аз худи туст, аз худ фирор макун.

Нукта: Мавлоно дар асари мансури худ дар басти ин маъно мегӯяд: “Пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медид ва мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигарӣ мерамад. Намедонист, ки аз худ мерамад. Ҳамаи ахлоқи бад аз зулму кину ҳасаду ҳирсу бераҳмиву кибр чун дар туст, намеранҷӣ, чун онро дар дигарӣ мебинӣ, мерамӣ ва меранҷӣ…” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.23-24)

Мӯъминон ойинаи ҳамдигаранд,

Ин хабар ме аз Паямбар оваранд.

Афроди мӯъмин ойинаи якдигар ҳастанд. Ва ин хабарро аз Паёмбар (с) ривоят кардаанд.

Нукта: Ишорат аст ба ин ҳадис:

المؤمن مرآة المؤمن

Мӯъмин ойинаи мӯъмин аст.” Мавлоно мегӯяд: “Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ. Олам ҳамчунин ойина аст… Нақши худро дар ӯ мебинӣ, ки

المؤمن مرآة المؤمن

Он айбро аз худ ҷудо кун, зеро он чӣ аз ӯ мебинӣ, аз худ меранҷӣ.” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.23)

Пеши чашмат доштӣ шишай кабуд,

З-он сабаб олам кабудат менумуд.

Ба унвони мисол: дар баробари чашмони худ шишаи кабудранге гирифтаӣ ва табъан ҳамаи ҷаҳонро тираву тор мебинӣ, дар ҳоле ки ҷаҳон тираву тор нест.

Нукта: Ин байт мерасонад, ки одамӣ ҳастии бекаронро аз зовияи диди худ мебинад ва табъан шинохте нисбӣ ҳосил мекунад. Нависандаи фаронсавӣ Мупосон (Maupassant) мегӯяд: “Зиндагӣ он чунон ки мардум пиндоранд, на бад аст ва на хуб. Балки баста ба ранги шишае аст, ки василаи мушоҳидаи он қарор гирифта бошад.” (Ба нақл аз Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.429)

Акбарободӣ гӯяд: “Сабаби дигараш он аст, ки авсофи замимаи ту дар пеши чашм ҳоил шудааст. Аввал назари ту бар замоими худ меафтад, пас ҳар ҷо, ки менигарӣ, ранги замоими худ мебинӣ. Агар аз олудагии ин авсоф соф шавӣ ва ба ранги нур беранг гардӣ, он замон айбу ҳунари ҳар ду ба назари ту хоҳад даромад.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.85)

Гар на кӯрӣ, ин кабудӣ дон зи хеш,

Хешро бад гӯ, магӯ касро ту беш.

Агар кӯрдил нестӣ, ин кабудиро, ки дар ҷаҳон мебинӣ, аз ноҳияи худ бидон. Ту худ бад ҳастӣ, пас бадии худро бигӯ, аз дигарон бадгӯӣ макун.

Мӯъмин аз “янзур бинуриллаҳ” набуд,

Ғайб мӯъминро бараҳна чун намуд?

Агар мӯъмин бо нури Худо намедид, чӣ гуна мумкин буд, ки умури ғайбӣ бар ӯ ошкор гардад?

Нукта: Ишорат аст ба ин ҳадис:

اتقوا فراسة المؤمن فانه ينظر بنور الله

Битарсед аз зиракии мӯъмин, ки ӯ бо нури Худо мебинад.”

Чунки ту “янзур бинориллаҳ” будӣ,

Некӯиро во надидӣ аз бадӣ.

Агар пардаи оташини қаҳри худовандӣ бар дидагонат афтад, некиро аз бадӣ бознатвонӣ шинохт.

Норуллоҳ”: оташи Худо, манзур қаҳри Худост.

Нукта: Дӯзах мазҳари қаҳри Худованд аст ва хашму шаҳват низ мӯҷиби дӯзах аст; чунон ки дар байте дар ҳамин дафтар омадааст:

Хашму шаҳват мардро аҳвал кунад,

З-истиқомат руҳро мубдал кунад.

Андак-андак об бар оташ бизан,

То шавад нори ту нур, эй булҳазан.

Эй андӯҳгин! Рафта-рафта оби покизаи алтофи раббониро бар пардаи оташини қаҳри ғолиб бар дидагонат бизан ва онро бартараф кун.

Булҳазан: андӯҳгин.

Ту бизан, ё Раббано, оби таҳур,

То шавад ин нори олам ҷумла нур.

Парвардигоро! Ту оби пок ва поккунандаи тавфиқ ва иноят ва ҳидояти худро бар он оташ бизан, то ин оташи қаҳру буъд аз даргоҳат ба нури қурбу висол мубаддал шавад.

Таҳур: пок ва поккунанда.

Нукта: Мурод аз нори олам, буъд ва ғафлат ва хасоили бад аст, ки ин сифот сабаби оташи дӯзах гардад. Пас, Худовандо! Сифоти разиларо ба сифоти олия ва мақобиҳи ахлоқиро ба макорими ахлоқӣ бадал фармо! (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.434)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: