Ахлоқи ҷинсӣ (3)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши 3

Мумкин аст афроде, ки иттилои кофӣ надоранд, тарҳи мабоҳиси болоро чандон лозим ва муфид надонанд, аммо ба назари мо баҳс дар ин гуна масоил дар иҷтимои ҳозир бисёр зарурат дорад, на танҳо аз он ҷиҳат, ки афкори фалосифа ва муфаккирони маъруф ва машҳуреро ба худ ҷалб кардааст, балки аз он назар, ки ин афкор дар миёни табақаи ҷавон дар ҳоли пешрафт ва тавсиъа аст ва чӣ басо ҷавононе ҳастанд, ки сармояи фикриашон вофӣ нест, ки ба баррасии мантиқии ин масоил бипардозанд, мумкин аст шахсият ва шӯҳрати соҳибони ин афкор онҳоро таҳти нуфуз ва таъсири худ қарор диҳад ва ақида пайдо кунанд, ки ин суханон сад дар сад мутобиқ бо мантиқ аст.

Ба назари мо, зарурат дорад хонандагони мӯҳтарамро дар ҷараён бигузорем ва огоҳ кунем, ки афкоре, ки дар ин замина аз ғарб бархоста ва ҷавонони мо тоза бо алифбои он ошно шудаанд ва аҳёнан таҳти унвонҳои муқаддасе назири “озодӣ” ва “мусовот” бо ҷону дил онҳоро мепазиранд, ба куҷо мунтаҳӣ мешавад? Охири ин хатти сайр куҷост? Оё иҷтимои башар қодир хоҳад буд дар ин масир гом бардорад ва роҳи худро идома диҳад ё ин ки ин кулоҳест, ки барои сари башар хеле бузург аст; ин роҳест, ки идома додани он ҷуз фанои башарият чизе дарбар надорад?

Аз ин рӯ, мо лозим медонем, ки дар инҷо – ҳарчанд ба наҳви ихтисор — ин масоилро тарҳ кунем ва албатта тафсили комили онҳоро дар ҷойи дигар зикр хоҳем кард. Муддаъиёни ислоҳи ахлоқи ҷинсӣ иддаъо мекунанд, ки ахлоқи куҳани ҷинсӣ иллатҳо ва асбоб ва сарчашмаҳое доштааст, ки акнун аз миён рафта ё дар ҳоли аз миён рафтан аст. Акнун, ки он иллатҳо дар кор нест, далел надорад, ки мо боз ҳам ин системи ахлоқиро, ки аҳёнан тавъам бо хушунат ҳам будааст, идома диҳем.

Ба илова, умуре, ки маншаи пайдоиши ин ахлоқ шуда ҷараёноте ҷоҳилона ва ё золимона будааст, ки бо озодӣ ва адолат ва ҳайсияти зотии инсонӣ мунофот дорад. Бинобар ин, ба хотири инсоният ва адолат ҳам, ки бошад, бояд бо ин ахлоқ мубориза кард.

Мегӯянд, ахлоқи куҳани ҷинсиро умури зайл ба вуҷуд овардааст: моликияти мард нисбат ба зан, ҳасодати мардон, кӯшиши мард барои итминон ба падарии худ, эътиқодоти муртозона ва роҳибона ба палидии зотии робитаи ҷинсӣ, эҳсоси палидии зан нисбат ба худ ба воситаи одати моҳонаи занона ва парҳези мард аз ӯ дар ин муддат, муҷозотҳои шадиде, ки зан дар тӯли торих аз ноҳияи мард дидааст, ва билохира авомили иқтисодӣ, ки занро ҳамвора ниёзманд ба мард мекардааст.

Ин иллатҳо ва асбоб – чунон ки возеҳ аст — ё решаи таъаддӣ ва ситамгарӣ дорад ва ё аз хурофот ношӣ шудааст ва шароити маҳдуди зиндагии он вақт чунин эҷоб мекардааст. Акнун, ки моликияти мард нисбат ба зан аз миён рафтааст, итминони падариро аз роҳи истифода аз доруҳои зидди обистанӣ — ки дар асари пешрафти тиб пайдо шуда — бидуни ба кор бурдани равишҳои хушунатомези қадим метавон ба даст овард, ақоиди муртозона ва роҳибона ба сӯйи завол ва нестӣ меравад, эҳсоси палидии одати занонаро бо боло бурдани сатҳи маълумот ва тафҳими ин ки як амали соддаи вазоифулаъзоӣ беш нест метавон аз байн бурд, даврони он муҷозотҳои сахт ва шадид ҳам дигар сипарӣ шудааст, авомили иқтисодӣ, ки занро асир мекард, дигар вуҷуд надорад ва зан имрӯз истиқлоли иқтисодии худро бозёфтааст, ба илова давлат тадриҷан дастгоҳҳои худро баст медиҳад ва занро дар айёми бордорӣ ва зоймон ва шир додан таҳти ҳимояти худ қарор медиҳад ва ӯро аз мард бениёз мекунад, ва дар ҳақиқат давлат ҷонишини падар мешавад, ҳасодатҳоро бо тамринҳои ахлоқӣ бояд аз миён бурд. Бо вуҷуди инҳо, дигар лузуме надорад мо ҳамчунон ба ин ахлоқи куҳан бичаспем.

Ин аст интиқодот ва хӯрдагириҳое, ки бар ахлоқи куҳани ҷинсӣ гирифта мешавад ва ин аст далоиле, ки эҷоб мекунад ҳатман рефурме дар ин бахш аз ахлоқи башарӣ сурат гирад.

Акнун бибинем, чӣ маводде дар ин системи ахлоқӣ пешниҳод мешавад. Албатта аз аввал бояд таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ҳамаи ин маводди ислоҳӣ бар меҳвари шикастани қайдҳои куҳан ва рафъи манъҳо ва маҳдудиятҳои қонунии гузашта мечархад.

Аввалин мавзӯе, ки мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, комёбии озодонаи занон ва мардон аз муоширатҳои лаззатбахши ҷинсӣ аст ва ба иборати дигар, озодии ишқ аст. Мегӯянд, зану мард на танҳо қабл аз издивоҷ бояд аз муоширатҳои лаззатбахши озодонаи ҷинсӣ баҳраманд бошанд, балки издивоҷ низ набояд монеъе дар ин роҳ ба шумор ояд, зеро фалсафаи издивоҷ ва интихоби ҳамсари қонунӣ, итминони падар аст ба падарии худ нисбат ба фарзанде, ки аз зани муайяне ба дунё меояд. Ин итминонро бо ба кор бастани доруҳои зидди обистанӣ — ки махсусан пешрафти тибби имрӯз онҳоро ба башар арзонӣ доштааст — метавон ба даст овард. Бинобар ин, ҳар як аз зану мард метавонанд илова бар ҳамсари қонунӣ, ушшоқу маъшуқаҳои фаровоне дошта бошанд. Зан мукаллаф аст, ки дар ҳини омезиш бо ушшоқи худ, аз доруи зидди обистанӣ истифода кунад ва монеи пайдоиши фарзанди ӯ гардад, вале ҳар гоҳ тасмим гирифт, ки соҳиби фарзанд гардад, илзоман бояд аз ҳамсари қонунии худ истифода кунад.

Кумунизми ҷинсӣ танҳо аз он назар қобили амал нест, ки робитаи наслиро миёни падарон ва фарзандон қатъ мекунад. Башар аз эътимоди наслӣ наметавонад сарфи назар кунад. Ҳар падаре мехоҳад фарзанди худро бишносад ва ҳар фарзанде мехоҳад бидонад аз кадом падар пайдо шудааст. Фалсафаи издивоҷ ва интихоби ҳамсари қонунӣ ҳамин асту бас. Ихтисоси ҷинсиро ба ҳамин андоза бояд маҳдуд кард ва бо таъмини робитаи наслӣ ба василаи фавқ, мӯҷибе барои таҳдиди (маҳдуд кардани) бештар вуҷуд надорад.

Бертронд Росел мегӯяд:

Ҷилавгирии васоил (васоили зидди обистанӣ) тавлиди наслро иродӣ карда ва онро аз сурати як натиҷаи иҷтинобнопазири равобити биюлужик (тавлиди қаҳрии фарзанд дар асари омезиш) берун овардааст. Ба далоили мутаъаддиди иқтисодӣ, ки дар фусули пеш шарҳ додем, мӯҳтамалан падар барои тарбияти атфол, камтар аҳаммият хоҳад дошт. Бинобар ин, далеле нест, ки модаре барои падарии атфоли худ ҳамон мардеро интихоб кунад, ки хотирашро барои ошиқӣ ва рафоқат мехоҳад. Модари оянда мумкин аст шона аз зери ин таъаҳҳуд холӣ кунад бидуни он ки латмае ба саодати ӯ ворид шавад. Барои мардон интихоби модари атфоли худ аз ин ҳам осонтар ва соддатар хоҳад буд. Касоне, ки монанди ман мӯътақиданд, ки равобити ҷинсӣ фақат ҳангоме масъалаи иҷтимоӣ (ва қобили таҳдид) маҳсуб мешавад, ки тифле ба вуҷуд ояд, бояд мисли ман ин ду натиҷаро бигиранд: аввалан ишқ бидуни бачча озод аст, ва сониян эҷоди атфол бояд таҳти муқаррароте шадидтар аз он чӣ имрӯз ҳаст қарор гирад.” (Заношӯӣ ва ахлоқ, с.122)

Росел баъдан ба ҳалли як мушкили иҷтимоии дигар низ мепардозад ва он мушкил беҳбуди нажоди башар аст. Мегӯяд:

Вақте равобити ҷинсӣ бар ин асос қарор гирифт, иҷтимоъ метавонад фақат ба занон ва мардони муайяне, ки аз лиҳози шахсӣ ва ирсӣ воҷиди шароите бошанд, иҷозаи тавлиди насл бидиҳад. Он зане, ки парвонаи тавлиди насл дорад, аз мардоне, ки аз лиҳози ирсӣ арҷаҳ (беҳтар) шинохта шаванд, барои тухмгирӣ ва тавлиди насл истифода мекунад, дар ҳоле ки мардони дигаре, ки ушшоқи хубе хоҳанд буд, аз ҳаққи падарӣ маҳрум хоҳанд буд.” (Ҳамон манбаъ, 123)

Росел кам-кам ба гуфтаҳо ва пешниҳодҳои худ ҷанбаи ахлоқӣ низ медиҳад ва ба андарз ва мавъиза мепардозад. Чун мӯътақид аст, яке аз решаҳои ахлоқи ҷинсии куҳан ҳасодат аст, мардон ва занонро ба тарки ҳасодат тавсия мекунад. Мегӯяд:

Дар тариқе, ки ман пешниҳод мекунам, рост аст, ки завҷайнро аз вафодорӣ нисбат ба якдигар мубарро медорам, аммо дар иваз, таклифи душвори манкуб кардани ҳасодатро ба ӯҳдаашон мегузорам. Як зиндагии ҳушёрона бидуни тасаллут бар нафс, ғайримумкин аст. Дар ин сурат беҳтар аст як эҳсоси шадид ва музоҳимро чун ҳасодат таҳти интизом дароварем ва нагузорем монеи нумӯи умумии эҳсосоти ошиқона бишавад. Иштибоҳи ахлоқи қадимӣ дар он нест, ки куффи нафс (худдории нафс)-ро тавҷеҳ мекунад, балки дар он аст, ки дар мавриди истеъмоли он иштибоҳ менамояд.”

Мақсуди Росел ин аст, ки қудамо аз лиҳози ахлоқӣ ба куффи нафс тавсия мекарданд, ман низ ба куффи нафс тавсия мекунам, аммо назари қудамо дар куффи нафс бар ин буд, ки ғаризаи ҷинсӣ маҳдуд гардад ва назари ман ба ин аст, ки ҷилави ҳасодат дар амри ҷинсӣ — ки номашро “ғайрат” гузоштаанд — гирифта шавад. Мардон он гоҳ, ки бо ишқбозиҳои ҳамсарони худ мувоҷеҳ мешаванд ва эҳсоси нороҳатӣ мекунанд, бояд куффи нафс ва иғмоз кунанд, музоҳими онҳо нашаванд, балки аз он мардони бегона, ки ҳамсари маҳбуби онҳоро хушҳол ва масрур кардаанд, шукргузор бошанд. Ҳам ӯ мегӯяд:

Эҷоди фарзандон бояд фақат дар издивоҷ сурат гирад ва равобити берун аз издивоҷ ба васоили мухталиф хунсо гардад, ва шавҳарон ҳам нисбат ба ушшоқ ҳамон қадр ғамзи айн (чашмпӯшӣ) дошта бошанд, ки шарқиён нисбат ба ғуломони ахта доштанд. Ишколи асосии ин тариқ, итминони андаке аст, ки ба васоили зидди обистанӣ аз як тараф ва самимияти занон аз тарафи дигар (ки аз ушшоқи худ бордор нашаванд ва ба риши шавҳар набанданд) метавон дошт, аммо ин ишкол бо мурури замон коҳиш хоҳад ёфт.”

Рефурм ва ислоҳ ба ҳаминҷо хотима пайдо намекунад. Мавзӯъҳои дигаре назири сатри аврат, мамнӯияти издивоҷ бо маҳорим, нашри суратҳои қабеҳа, истимно, тамоюл ба ҳамҷинс, сиқти ҷанин, омезиш дар айёми одат ва амсоли инҳо низ мавриди баҳс қарор мегирад. Баъзе аз ин мавзӯъот аз қабили лузуми сатри аврат ва манъи нашри суратҳои ба истилоҳ қабеҳа сареҳан мавриди интиқод қарор гирифта ва баъзе дигар аз қабили истимно аз ҳавзаи ахлоқ хориҷ дониста шудааст ва дар қаламрави тиб ба шумор омадааст. Аҳёнан аз назари тиббӣ агар ғайримуҷоз шинохта мешавад, касе ки ба саломати худ алоқаманд аст онро тарк мекунад. Ба ҳар ҳол, наметавонад мамнӯияти ахлоқӣ дошта бошад.

Акнун навбати он аст, ки мо усули асосӣ ва аркони аслии ин системи ахлоқиро, ки қаблан баён кардем, дақиқан баррасӣ кунем, сипас фалсафаи ахлоқи ҷинсии исломиро, ки бо ахлоқи ҷинсии қадим ва ҷадиди ғарб муғойир аст тавзеҳ диҳем, то як бори дигар равшан шавад, ки ягона мактабе, ки салоҳияти раҳбарии башарро дорад ислом аст, ва ҳам равшан шавад, ки кори ғарб дар фалсафаи иҷтимоӣ ба ҳазёну парешонгӯӣ расидааст. Вақти он аст, ки ғарб монанди ҳамаи замонҳои дигар, бо ҳамаи тақаддуме, ки дар улум ва санойеъ дорад, фалсафаи зиндагиро аз шарқ биёмӯзад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Ахлоқи ҷинсӣ”



Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бонувон, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: