Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (25) – Руъяти Худо (2)

Баррасии далелҳои касоне, ки руъйатро номумкин медонанд

Дар оғоз бояд бигӯем, касоне, ки руъйатро номумкин медонанд, ҳамон тавр ки дар оғози баҳс гуфта будем, муродашон аз руъйат, руъйати ба чашм аст, яъне он чӣ мавриди инкори ин гурӯҳ аст, дидани ба чашм аст, зеро мухолифонашон (яъне касоне, ки руъйатро ҷоиз медонанд) руъйати ба чашмро исбот мекунанд. Инак, порае аз он далелҳо:

Далели аввал: Худои Субҳон мефармояд:

ذَلِكُمُ اللّهُ رَبُّكُمْ لا إِلَهَ إِلاَّ هُوَ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ فَاعْبُدُوهُ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ وَكِيلٌ. لا تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ

Ин аст васфи парвардигори яктои шумо, ки ҷуз ӯ ҳеч худое нест ва офаринандаи ҳар чиз ӯст. Пас, ӯро парастиш кунед, ки нигаҳбони ҳамаи мавҷудот аст. Ӯро ҳеч чашме дарк нанамояд ва ҳол он ки ӯ ҳамаи бинандагонро мушоҳида мекунад ва ӯ латиф ва хабир аст.” (Сураи Анъом, оятҳои 102 ва 103)

Бояд донист, ки “дарк” (расидан) мисдоқҳои бисёре дорад ва яке аз мисдоқҳои боризи он, “дарки бо чашмон” аст, ки ба маънои расидани бинанда аст ба дидашаванда ба воситаи чашм. Пас, агар Худои Субҳон мефармояд: “Ӯро ҳеч чашме дарк нанамояд”, ба ин маъност, ки “Одамиён натавонанд ба воситаи чашмонашон ба ӯ бирасанд”, чӣ хеле ки метавонанд ба мавҷудоте монанди худ ба воситаи чашмонашон бирасанд. Ва ба иборати дигар: чӣ хеле ки одамиён метавонанд ба василаи чашмони хеш якдигарро бибинанд, наметавонанд ба ин васила Худоро бибинанд.

Пас, ин оят хеле возеҳ дар ин аст, ки зоти поки илоҳӣ мисли дигар махлуқот қобили дидан намебошад.

* * *

Далели дуввум: Худои Субҳон мефармояд:

يَوْمَئِذٍ لَّا تَنفَعُ الشَّفَاعَةُ إِلَّا مَنْ أَذِنَ لَهُ الرَّحْمَنُ وَرَضِيَ لَهُ قَوْلًا. يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يُحِيطُونَ بِهِ عِلْمًا

Дар он рӯз (рӯзи қиёмат) шафоати ҳеч кас суд набахшад ҷуз он кас, ки Худои Раҳмон ба ӯ рухсати шафоат дода ва суханаш писанди ӯ гардида. Ва Худо (ба илми азалӣ) бар ҳамаи оянда ва гузаштаи халоиқ огоҳ аст, ва халқ натавонанд ба ӯ иҳотаи илмӣ пайдо кунанд.” (Сураи Тоҳо, оятҳои 109 ва 110)

Ояти мазкур аз ду ҷузъ таркиб ёфтааст:

Ва Худо бар ҳамаи оянда ва гузаштаи халоиқ огоҳ аст”;

Ва халқ натавонанд ба ӯ иҳотаи илмӣ пайдо кунанд”.

Маънои оят ин аст, ки Худо ба халоиқ иҳотаи илмӣ дорад (ва ин ҷумла мисли ҷумлаи “Ӯ ҳамаи бинандагонро мушоҳида мекунад” дар ояти қаблист), вале онҳо наметавонанд ба Худо иҳотаи илмӣ пайдо кунанд (ки мисли “Ӯро ҳеч чашме дарк нанамояд” дар ояти қаблӣ мебошад). Ва аммо кайфияти истидлол ба ин оят, баёнаш ин аст, ки руъйат ва дидан, навъе иҳотаи илмӣ пайдо кардани башар аст Худои Субҳонро, вале чун “Ва халқ натавонанд ба ӯ иҳотаи илмӣ пайдо кунанд”, бинобар ин халоиқ ӯро дидан натавонанд.

* * *

Далели севвум: Худои Мутаъол мефармояд:

وَلَمَّا جَاء مُوسَى لِمِيقَاتِنَا وَكَلَّمَهُ رَبُّهُ قَالَ رَبِّ أَرِنِي أَنظُرْ إِلَيْكَ قَالَ لَن تَرَانِي وَلَكِنِ انظُرْ إِلَى الْجَبَلِ فَإِنِ اسْتَقَرَّ مَكَانَهُ فَسَوْفَ تَرَانِي فَلَمَّا تَجَلَّى رَبُّهُ لِلْجَبَلِ جَعَلَهُ دَكًّا وَخَرَّ موسَى صَعِقًا فَلَمَّا أَفَاقَ قَالَ سُبْحَانَكَ تُبْتُ إِلَيْكَ وَأَنَاْ أَوَّلُ الْمُؤْمِنِينَ

Ва чун Мӯсо ба ваъдагоҳи мо омад ва парвардигораш бо ӯ сухан гуфт, (Мӯсо) арз кард: “Парвардигоро! Худро ба ман нишон бидеҳ, то ба ту нигоҳ кунам!” (Худо) фармуд: “Абадан маро нахоҳӣ дид. Вале ба ин кӯҳ нигоҳ андоз, агар битавонад дар ҷойи худ барқарор бимонад, ту низ маро хоҳӣ дид”. Пас он гоҳ ки парвардигораш бар он кӯҳ таҷаллӣ кард, (таҷаллии Худо бар он кӯҳ) онро пора-пора сохт ва Мӯсо беҳуш афтод. Сипас ки ба ҳуш омад, арз кард: “Худоё! Ту муназзаҳ ва покӣ! Ба даргоҳи ту тавба кардам ва ман аввалин касе ҳастам, ки ба ту имон дорам.” (Сураи Аъроф, ояти 143)

Аҷиб он аст, ки ҳам исботкунандагон ва ҳам инкоркунандагони руъйат, барои исботи муддаъои хеш ба ин оят истидлол кардаанд. Мо қабл аз баёни кайфияти истидлоли инкоркунандагон, аввал чигунагии истидлоли исботкунандагонро арза мекунем.

Исботкунандагони руъйат ба ду ваҷҳ ба ин оят бар иддаъои хеш истидлол кардаанд:

Аввалан: аз ин оят ба равшанӣ маълум аст, ки Мӯсо (Алайҳис салом) талаби дидани Худоро карда. Агар дидани Худо имконнопазир мебуд, ҳаргиз Мӯсо (Алайҳис салом), ки аз паёмбарони улулазм ва соҳиби мақоме волост, чунин дархостеро наменамуд. Зеро ё ин аст, ки Мӯсо (Алайҳис салом) медонист, ки руъйат номумкин аст ва ё ин аст, ки намедонист. Агар медонист, оқил кори маҳолеро талаб намекунад, ва агар намедонист, ин дар ҳаққи Мӯсо (Алайҳис салом) ҷоиз намебошад, яъне баъид аст, ки Мӯсо (Алайҳис салом) бо он бузургияш, ба маҳол будани руъйати Худо илм ва огоҳӣ надошта бошад.

Сониян: агар “руъйат”-и Худо ба худии худ як амри номумкин ва маҳоле мебуд, имкон надошт, ки “таҷаллӣ”-и Худо барои кӯҳ воқеъ шавад, ҳол он ки чунин “таҷаллӣ” воқеъ шуда. Тавзеҳ он ки: Худои Мутаъол дар ояти мавриди баҳс, “руъйат” ва дидани худро барои Мӯсо (Алайҳис салом) вобаста карда ба побарҷойии кӯҳ дар ҷойи худ, яъне гуфта, ки агар кӯҳ битавонад ҳангоми таҷаллии ман побарҷо бимонад, пас ту ҳам метавонӣ маро бибинӣ. Ва он гоҳ, ҳарчанд кӯҳ натавонист побарҷо бимонад, вале ҳамин ки Худо таҷаллӣ намуд, худ кофист, ки бигӯем ин як амри мумкине будааст.

Ин истидлол истидлоле дуруст аст ва дар поён баъд аз баррасии далелҳои тарафайн, баён хоҳем намуд, ки ин оят яке аз он далелҳои муҳкам ва қавие бар имкони руъйат ва дида шудани Худо мебошад. Вале инро ҳам хоҳем гуфт, ки ҳарчанд тамассуки бархе аз мутакалллимон ба ин далел барои имкони руъйат дуруст аст, аммо иштибоҳашон дар инҷост, ки эшон хостаанд ба ин оят бар ҷоиз будани “руъйати Худо ба чашм” истидлол кунанд, вале ҳақиқат ҷуз ин аст. Зеро руъйати Худо ба воситаи чашм аз маҳолот аст, вале дар айни замон як навъ руъйате исбот мешавад, ки ояти мавриди назар дар мақоми исботи он аст, ки дар оянда баҳсаш хоҳад омад.

Ва аммо кайфияти истидлоли инкоркунандагон ба ин оят барои исботи муддаъои хеш, ба чанд ваҷҳ аст:

* * *

Ваҷҳи аввал: Вақте Мӯсо (Алайҳис салом) руъйати Худои Таъолоро талабид, ба ӯ чунин ҷавоб дода шуд, ки “لن تراني” (Абадан маро нахоҳӣ дид). Дар адабиёти арабӣ чунин аст, ки ҳар гоҳ феъле ба воситаи ҳарфи “لن” мавриди нафй қарор бигирад, далолат бар “нафйи абадӣ” мекунад. Пас нафйи руъйате, ки дар ин ҷумла (яъне дар ҷумлаи “Абадан маро нахоҳӣ дид”) омада, нафйи абадист, ки далолат бар адами таҳаққуқи дида шудани Худо ба таври абадӣ ва ҳамешагӣ мекунад.

Аммо метавон ба ин истидлол ишкол ворид кард. Ва он ин ки: нафйи абадие, ки дар ин оят омада, нафйи абадӣ танҳо дар ин дунёст ва охиратро шомил намешавад, яъне “Ту маро дар ин дунё абадан нахоҳӣ дид.”

Ва касе ҳам гумон накунад, ки субути руъйат дар охират мунофот бо таъбири “لن تراني” дорад ба ин гумон, ки калимаи “لن” нафйи абадиро мерасонад. Зеро барои нафйи имкони руъйат дар саросари зиндагии дунёии Мӯсо ва ғайри Мӯсо, таъбир ба “لن تراني” кофист, ҳамчунон ки калимаи мазкур дар ояти:

إنك لن تخرق الأرض ولن تبلغ الجبال طولا

Ҳамоно ту абадан натавонӣ заминро шикофт ва абадан натавонӣ дар сарбаландӣ ба кӯҳ расид.” (Сураи Исро, ояти 37) ва ҳамчунин ояти:

إنك لن تستطيع معي صبرا

Ту эй Мӯсо! Абадан натавонӣ ҳамроҳии маро таҳаммул кунӣ.” (Сураи Каҳф, ояти 67) низ дар маънои нафйи абад дар дунё истеъмол шуда.

Ва ба фарзе, ки ин ҷумла зоҳир дар нафйи абад дар дунё ва охират бошад, беш аз як зуҳуре нест, ки қобили тақйид аст, ҳамчунон ки дар ояти:

ولن ترضى عنك اليهود ولا النصارى

Ва абадан яҳуд ва насоро аз ту розӣ нашаванд.” (Сураи Бақара, ояти 120) бо ҷумлаи

حتى تتبع ملتهم

… магар он ки аз ойини эшон пайравӣ кунӣ.” (Сураи Бақара, ояти 120) тақйид шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, пас чӣ монеъе дорад, ки амсоли ояти каримаи:

وجوه يومئذ ناضرة إلى ربها ناظرة

Он рӯз — яъне рӯзи қиёмат — рухсори тоифае (аз шодӣ) нуронист ва ба (ҷамоли) парвардигораш нигоҳ мекунад.” (Сураи Қиёмат, оятҳои 22 ва 23) низ тақйидкунандаи ояти мавриди баҳс ва тафсиркунандаи нафйи абадии он бошад?

* * *

Ваҷҳи дуввум: Худои Субҳон дар ин оят барои руъйати худ як шарт гузоштааст ва он, истиқрори кӯҳ аст дар ҷойи худ ва бар ҳамон ҳолате, ки ҳангоми таҷаллӣ дошт ва пора-пора нашуданаш аст баъд аз таҷаллӣ. Ва фарз ҳам бар ин аст, ки кӯҳ бар ҳолати собиқаш боқӣ намонд ва пора-пора шуд. Пас, ҳар гоҳ шарт (яъне бақои кӯҳ бар ҳолати аввалии худ) таҳаққуқ наёфтанӣ бошад — ки фарз ҳам ҳамин аст — машрут ҳам (ки руъйати Худост) таҳаққуқ наёфтанӣ мешавад… Ва Худои Субҳон чун медонад, ки кӯҳ дар ҷойи худ — баъд аз таҷаллӣ — побарҷо намемонад, бинобар ин руъйатро машрут кардааст бар побарҷоии кӯҳ, то ба адами таҳаққуқи он, бар адами таҳаққуқи руъйат истидлол намояд.

Ҳосил он ки: шарт вуҷуди побарҷоии кӯҳ аст — қатъи назар аз он ки оё амри мумкин аст ё маҳол — ва фарз ҳам бар он аст, ки побарҷо намонд, пас бо таҳаққуқ наёфтани он, машрут, ки руъйат аст, таҳаққуқ намеёбад.

Аммо посухе, ки метавон ба ин истидлол дод, ҳамон аст, ки дар истидлоли исботкунандагон ба ин оят зикр гардид, яъне ҳамин ки таҷаллӣ воқеъ шуд, худ кофист, ки бигӯем руъйат мумкин аст. Ва аммо ин ки шарт таҳаққуқ наёфт (яъне кӯҳ ба ҷойи худ побарҷо намонд), далел бар адами таҳаққуқи машрут (яъне руъйат) нест, балки далел бар адами вуҷуди тавоноии ӯст бар таҳаммули таҷалии Худо.

Вале ҳамон гуна ки гуфтем ва боз такрор мекунем, ҳарчанд истидлоли исботкунандагони руъйат дуруст аст, вале чунин нест, ки ояти мавриди баҳс дар садади исботи руъйати ба чашм бошад, балки дар садади баёни исботи як навъ руъйати дигарест, ки баъдан перомуни он баҳс ба амал хоҳем овард.

* * *

Ваҷҳи севвум: Мӯсо (Алайҳис салом) баъд аз он ки ба ҳуш омад, шурӯъ кард ба танзеҳи Худо ва тавба кардан ба ӯ, (онҷо, ки арз кард: “Худоё! Ту муназзаҳ ва покӣ! Ба даргоҳи ту тавба кардам ва ман аввалин касе ҳастам, ки ба ту имон дорам.”) Ва зоҳири оят чунин аст, ки Мӯсо (Алайҳис салом) аз ин ки пурсид Худо худро ба ӯ нишон бидиҳад тавба карда.

Посухи ин истидлол он аст, ки: аввалан лозимаи қабули ин ки Мӯсо (Алайҳис салом) аз дархости худ пушаймон шуда ва тавба карда он аст, ки Мӯсо (Алайҳис салом) аз аввал намедониста, ки зоти поки илоҳӣ бо чашмон дида намешавад ва баъд фаҳмида, ки чунин чизе маҳол аст. Ва ин, костан аз мақоми волои Мӯсо (Алайҳис салом) аст, ки аз паёмбарони улулазм ба шумор меравад ва аслан баъид аст, ки ӯ чунин масъалаеро намедониста бошад.

Ва сониян, дархости тавбаи ӯ барои чизи дигарест. Ва он ин ки: Мӯсо (Алайҳис салом) медонист, ки Худои Субҳон мавриди навъе руъйат (ки дар оянда хоҳем гуфт, ки он чи навъ руъйатест) қарор мегирад, вале фикр намекард, ки чунин руъйате мумкин нест, ки дар дунё воқеъ гардад. Аз ин рӯ дархости ӯ, дархости чизи номумкине дар дунё буд, ки бинобар ин вақте ба ҳуш омад, аз чунин дархосте, ки дархости ғайримумкине буд тавба намуд.

* * *

Ваҷҳи чаҳорум: Инкоркунандагон дар тавҷеҳи ин ки чӣ гуна шуда, ки Мӯсо (Алайҳис салом) чизи маҳолеро аз Худои Субҳон дархост кардааст, мӯътақиданд, ин дархост дархости худи Мӯсо (Алайҳис салом) набуда, балки ин дархости қавми ӯ буда, ки Мӯсо (Алайҳис салом) тибқи пешниҳоди эшон онро ба Худо арз карда.

Посухе, ки метавон ба ин ваҷҳ дод ин аст, ки зоҳири оят — балки метавон гуфт сареҳи он — ин аст, ки дархост дархости худи Мӯсо (Алайҳис салом) мебошад.

Дар баҳси баъдӣ далели касоне, ки руъятро мумкин медонанд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳем дод.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: