Ахлоқи ҷинсӣ (4)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши 4

Арзёбии усули системи навини ҷинсӣ (1)

Дар қисмати гузашта аз ин баҳс, усули ахлоқи ба истилоҳ навини ҷинсӣ ташреҳ шуд. Акнун навбати он аст, ки усул ва пояҳое, ки ин мактаб бар рӯйи онҳо бино шудааст, арзёбӣ намоем. Он усул иборат аст аз:

1. Озодии ҳар фарде мутлақан мӯҳтарам аст ва бояд маҳфуз бимонад, магар он ҷо, ки музоҳими озодии дигарон бошад. Ба иборати дигар, озодиро ҷуз озодӣ наметавонад маҳдуд кунад;

2. Саодати башар дар гарави парвариши истеъдодҳоест, ки дар ниҳод дорад. Худпарастиҳо ва нороҳатиҳои руҳӣ ношӣ аз ошуфтагии ғароиз ва бахусус ғаризаи ҷинсӣ аст, ва ошуфтагии ғароиз аз адами ирзо ва ишбоъи онҳо ношӣ мегардад;

3. Оташи майл ва рағбати башар дар асари манъ ва маҳдудият фузунӣ мегирад ва муштаъилтар мегардад ва дар асари ирзо ва ишбоъ коҳиш меёбад ва ором мегирад. Барои инсирофи башар аз таваҷҷӯҳи доим ба умури ҷинсӣ ва ҷилавгирӣ аз аворизи ношӣ аз он, роҳи саҳеҳ ин аст, ки ҳар гуна қайд ва мамнӯиятеро дар ин роҳ аз ҷилави пояш бардорем.

Чунон ки мулоҳиза мешавад, асли аввал аз усули боло, фалсафӣ ва асли дуввум тарбиятӣ ва асли севвум равонӣ аст. Ин се аслро мо аз маҷмӯи гуфтаҳо ва назароти тарафдорони ин системи ахлоқӣ истинбот мекунем, вагарна ҳеч кадом аз онон ба ин тартиб ва тафсил усули системи ахлоқии худро баён накардаанд.

Асли озодӣ

Тарафдорони ин системи ахлоқӣ аз он ҷиҳат ба ин асл — ки такягоҳ ва асоси аслии ҳуқуқи фардӣ ба шумор рафта — такя кардаанд, ки ба гумони онҳо ин силсиламасоил фоқиди ҷанбаи иҷтимоӣ мебошад, зеро ба ақидаи онҳо, озодии ҷинсии як фард ба ҳуқуқи дигарон зарба намезанад; фақат онҷо, ки пойи фарзанд ва итминони падарӣ ва фарзандӣ ба миён меояд, ҳаққи шавҳар пайдо мешавад ва лозим мегардад, ки зан аз бордор шудан аз ғайри шавҳари қонунии худ худдорӣ кунад, ва то замоне ки васоили зидди обистанӣ дар кор набуд, лозим буд барои сиёнати ин ҳаққи мард, зан ифоф ва тақворо риоят кунад, то нисбат ба шавҳари худ вафодор бимонад, акнун бо васоили мавҷуд чунин зарурате дар кор нест.

Бинобар ин, дар инҷо дар бораи ду қисмат бояд таҳқиқ шавад: яке ин ки: озодиро ҷуз озодии дигарон ва лузуми риояти онҳо наметавонад маҳдуд кунад. Дигар ин ки: равобити ҷинсӣ аз ноҳияи итминони падару фарзандӣ, бо иҷтимоъ ва зиндагии умумӣ ва ҳуқуқи иҷтимоӣ иртибот надорад.

Аммо қисмати аввал: Бояд бибинем, он чизе, ки озодиро ба истилоҳ ҳаққи мусаллами башар қарор медиҳад, чист? Бар хилофи тасаввури бисёре аз фалосифаи ғарб, он чизе, ки мабно ва асоси ҳаққи озодӣ ва лузуми риоят ва эҳтироми он мегардад, майл ва ҳаво ва иродаи фард нест, балки истеъдоде аст, ки офариниш барои сайри мадориҷи тараққӣ ва такомул ба вай додааст. Иродаи башар то онҷо мӯҳтарам аст, ки бо истеъдодҳои олӣ ва муқаддасе, ки дар ниҳоди башар аст, ҳамоҳанг бошад ва ӯро дар масири тараққӣ ва таъолӣ бикашонад, аммо онҷо, ки башарро ба сӯйи фано ва нестӣ савқ медиҳад ва истеъдодҳои ниҳониро ба ҳадар медиҳад, эҳтироме наметавонад дошта бошад. Мо дар оянда иншоаллоҳ мустақиллан ва ба таври тафсил таҳти унвони “Инсон ва озодӣ” масъалаи озодиро тарҳ хоҳем кард.

Инҷо ҳамин қадр ёдоварӣ мекунем, ки бисёр иштибоҳ аст агар хиёл кунем маънои ин ки “инсон озод офарида шуда” ин аст, ки ба ӯ майл ва хост ва ирода дода шудааст ва ин майл бояд мӯҳтарам шинохта шавад, магар онҷо, ки бо майлҳо ва хостҳои дигарон мувоҷеҳ ва муъориз шавад ва озодии майлҳои дигаронро ба хатар андозад.

Мо собит мекунем, ки илова бар озодиҳо ва ҳуқуқи дигарон, масолеҳи олияи худи фард низ метавонад озодии ӯро маҳдуд кунад.

Бузургтарин тешае, ки ба решаи ахлоқ зада шуда, ба номи озодӣ ва аз роҳи ҳамин тафсири ғалате аст, ки аз озодӣ шудааст.

Вақте ки аз оқои Росел суол мешавад: “Оё худро ба ҳеч як аз системҳои ахлоқӣ муқайяд медонед?”, ҷавоб медиҳад:

Оре, вале ҷудо сохтани ахлоқ аз сиёсат кори бисёр душворе аст. Ба ақидаи ман, илми ахлоқ боистӣ бад-ин тариқ арза шавад: фарз кунед, Зайде бихоҳад фалон амалро, ки барои худаш муфид буда ва дар айни ҳол ба ҳамсоягонаш зиён мерасонад, анҷом бидиҳад. Агар Зайд бад-ин тариқ барои ҳамсоягони худ эҷоди музоҳимат кунад, онон гирди ҳам ҷамъ шуда ва хоҳанд гуфт: “Мо ба ҳеч ваҷҳ мувофиқ нестем, бояд коре кард, ки ӯ суистифода накунад.” Бинобар ин, мулоҳиза мешавад, ки кори мо ба як амри ҷиноӣ махтум мегардад, ва ин қазия комилан мантиқӣ ва ақлонӣ аст. Равиши ахлоқии ман иборат аз эҷоди ҳамоҳангӣ байни манофеи умумӣ ва хусусии афроди иҷтимоъ мебошад.” (Ҷаҳоне, ки ман мешиносам, с.64-65)

Ин равиши ахлоқӣ, аз лиҳози амалӣ будан, камтар аз мадинаи фозилаи Афлотун нест. Оқои Росел дар ахлоқ муқаддасотеро ба расмият намешиносад. Маъонӣ ва мафоҳиме, ки инсон онҳоро бартар аз манофеи моддии шахси худ бидонад ва ба хотири онҳо майл ва хост ва иродаи худро маҳдуд кунад суроғ надорад. Ахлоқеро, ки мубтанӣ бар чунин маъонӣ ва мафоҳим бошад, ахлоқи “тобу” мехонад. Ягона чизеро, ки муқаддас мешуморад, озодии хост ва ирода ва майл аст. Озодии ирода ва майлро фақат бо мувоҷеҳ шудан бо майл ва иродаи дигарон дар ҷиҳати муқобил қобили таҳдид (маҳдуд шудан) медонад. Он гоҳ гирифтори ин бунбаст мешавад, ки дар ин сурат чӣ қудрате метавонад озодии шахсро маҳдуд кунад ва ӯро дар муқобили озодиҳои дигарон водор ба таслим ва эҳтиром намояд? Мегӯяд: қудрати манъ ва ҷилавгирии дигарон. Мегӯяд: ман, ки ба хотири манофеи худам мехоҳам манофеи дигаронро ба хатар андозам, онҳо ба хотири манофеи худашон бо якдигар иттифоқ хоҳанд кард ва ҷилави маро хоҳанд гирифт ва ман ночор таслим хоҳам шуд ва иҷборан манофеи хусусии худро бо манофеи умумӣ ҳамоҳанг хоҳам кард.

Оқои Росел мехоҳад бо ин баён, манофеи хусусиро ҳофиз ва нигаҳдори ҳуқуқи умумӣ муаррифӣ кунад. Ҳамин ҷост, ки ақим будани фалсафаи ахлоқии ӯ равшан мегардад.

Бадеҳӣ аст агар фарз кунем, ҳамеша афроди иҷтимоъ ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ дорои қудрат ва ҳамеша афрод ва гурӯҳҳо омодаи иттифоқ ва иттиҳод алайҳи мутаҷовиз мебошанд ва ҳамеша як фард, ки дорои қудрати камтаре аст тасмим мегирад алайҳи манофеи аксарият гом бардорад, албатта дар ин сурат фарзияи оқои Росел дуруст аз об дархоҳад омад. Аммо оё ҳамеша афрод ва гурӯҳҳо дорои қудрати мусовӣ ҳастанд? Оё ҳамеша касоне, ки мавриди таҷовуз қарор мегиранд, омодаи иттифоқ ва иттиҳоданд? Оё ҳамеша фард алайҳи манофеи аксарият тасмим мегирад? Мутаҷовиз то ба зӯру қудрати худ эътимод надошта бошад, даст ба таҷовуз намезанад.

Ахлоқе, ки оқои Росел пешниҳод мекунад, қодир аст танҳо ба заъифон тавсия кунад, ки аз зӯри нерӯмандон битарсанд ва ба ҳуқуқи онҳо таҷовуз накунанд, аммо қодир нест зӯрмандонеро, ки алайҳи нотавонон иттифоқ мекунанд ва итминон доранд, ки метавонанд эътирози ононро бо қувваи қаҳрия посух диҳанд, ба тарки таҷовуз тавсия кунад. Чун тибқи ин фалсафа, амали онҳо зиддиахлоқӣ нест, зеро онҳо зарурате намебинанд, ки манофеи хусусии худро бо манофеи умумӣ ҳамоҳанг кунанд. Ин фалсафаи ахлоқӣ беҳтарин тавҷеҳкунандаи ҳаққи зӯргӯӣ ва диктотурӣ аст.

Аҷиб ин аст, ки оқои Росел шиори худро дар ҳамаи умр озодихоҳӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи нотавонон қарор додааст. Аммо фалсафае, ки барои ахлоқ сохтааст, пояҳои диктотуриро истеҳком мебахшад. Дар фалосифаи ғарб аз ин намунаҳо боз ҳам ҳаст, ки файласуфе фалсафааш як ҷур ҳукм мекунад ва шиори зиндагиаш таври дигар.

* * *

Аммо қисмати дуввум: Ин қисмат марбут ба ин аст, ки издивоҷ ва ташкили иҷтимои хонаводагӣ то чӣ ҳадд ҷанбаи фардӣ ва хусусӣ дорад ва то чӣ ҳадд ҷанбаи умумӣ ва иҷтимоӣ. Бидуни шак дар издивоҷ таматтуъи (баҳрамандии) шахсӣ ва масаррати фардӣ вуҷуд дорад. Ангезаи афрод дар интихоби ҳамсар, баҳраманд шудан аз масаррат ва лаззати бештари зиндагӣ аст.

Акнун бояд бибинем, оё аз он назар, ки ду фард ба номи зану шавҳар мехоҳанд зиндагии муштарак ва мақрун ба хушӣ ва масаррате ташкил диҳанд ва аз шириниҳои зиндагӣ баҳраманд гарданд, беҳтар ва оқилонатар ин аст, ки конуни хонаводагиро конуни хушиҳо ва комёбиҳои ҷинсӣ қарор диҳанд ва ҳаддиаксари саъйи худро барои лаззатбахш намудани ин конун сарф кунанд ва аммо иҷтимои берун (иҷтимои бузург) муҳити кор ва фаъолият ва бархӯрдҳои дигар бошад? Ё беҳтар ин аст, ки лазоиз ва комёбиҳои ҷинсӣ аз муҳити хонаводагӣ ба иҷтимои бузург кашида шавад, кӯча ва хиёбон ва мағозаҳо ва муҳитҳои идорӣ ва бошгоҳҳо ва тафреҳгоҳҳои умумӣ ҳамаҷо омодаи анвоъи комёбиҳои ҷинсии назарӣ ва ламсӣ ва ғайра буда бошад?

Ислом тариқи аввалро тавсия кардааст. Ислом исрори фаровоне дорад, ки муҳити хонаводагӣ омодагии комил барои комёбии зану шавҳар аз якдигар дошта бошад. Зан ё марде, ки аз ин назар кӯтоҳӣ кунад, мавриди накӯҳиши сареҳи ислом қарор гирифтааст. Ислом исрори фаровоне ба харҷ дода, ки муҳити иҷтимои бузург муҳити кор ва амал ва фаъолият буда ва аз ҳар навъ комёбии ҷинсӣ дар он муҳит худдорӣ шавад. Фалсафаи таҳрими назарбозӣ ва таматтуъоти (баҳрамандиҳои) ҷинсӣ аз ғайри ҳамсари қонунӣ, ва ҳам фалсафаи ҳурмати худороӣ ва табарруҷи зан барои бегона, ҳамин аст.

Кишварҳои ғарбӣ, ки мо акнун кӯр-кӯрона аз онҳо пайравӣ мекунем, роҳи дуввумро интихоб кардаанд. Кишварҳои ғарбӣ дар интиқол додани комёбиҳои ҷинсӣ аз конуни хонаводагӣ ба муҳити иҷтимоӣ бедод кардаанд ва ҷаримаашро ҳам медиҳанд. Фарёди мутафаккиронашон баланд аст. Онҳо вақте ки мебинанд бархе кишварҳои кумунистӣ ҷилави ин корҳоро гирифта ва монеи ҳадар додани нерӯҳои ҷавонон дар иҷтимоъ шудаанд, ба чашми ғибта ба онҳо менигаранд.

Агар зиндагӣ ва хушӣ ва масаррат дар зиндагиро мусовӣ бо эъмоли шаҳват бидонем ва чунин фарз кунем, ки ҳар кас бештар мехӯрад ва мехобад ва амали омезиш анҷом медиҳад, ӯ аз масаррат ва хушии бештаре баҳраманд аст, ва ба иборати дигар, агар истеъдодҳои баҳҷатзои инсонӣ ва мӯҷиботи нороҳатиҳои ӯро маҳдуд бидонем ба он чӣ ҳайвонот доранд, албатта интиқоли комёбиҳои ҷинсӣ аз конуни хонаводагӣ ба иҷтимои бузург лаззат ва масаррати бештаре хоҳад дошт.

Аммо агар битавонем тасаввур кунем, ки иттиҳоди руҳи зану шавҳар ва авотифи самимонае, ки аҳёнан то охирин рӯзҳои пирӣ, ки ғаризаи ҷинсӣ фаъолияте надорад боқӣ аст, барои зиндагӣ арзиши бештар ва болотаре дорад, агар битавонем тасаввур кунем, ки лаззате, ки як мард аз мусоҳибати ҳамсари машрӯъ ва вафодораш (мебарад), бо лаззате, ки аз мусоҳибати як зани бегона мебарад тафовут дорад, кучактарин тардиде дар ин ҷиҳат нахоҳем кард, ки ба хотири баҳраманд шудан аз масаррати бештар ва оромиши бештар, лозим аст авотифи ҷинсии афродро маҳдуд ба ҳамсари қонунӣ кард ва муҳит ва конуни хонаводагиро ба ин кор, ва иҷтимои бузургро ба кор ва фаъолият ихтисос диҳем.

Матлаби муҳимтар, ҷанбаҳои иҷтимоии масъалаи издивоҷ аст. (Издивоҷ) танҳо барои ин нест, ки зану мард аз мусоҳибати якдигар лаззати бештаре бибаранд. Издивоҷ ва ташкили конуни хонаводагӣ эҷоди конуни пазироии насли оянда аст. Саодати наслҳои оянда бастагии комил дорад ба вазъи иҷтимои хонаводагӣ. Дасти тавонои хилқат барои эҷод ва бақо ва тарбияти наслҳои оянда алоиқи нерӯманди зану шавҳариро аз як тараф ва алоиқи падару фарзандиро аз тарафи дигар ба вуҷуд овардааст. Авотифи иҷтимоӣ ва инсонӣ дар муҳити хонаводагӣ рушд мекунанд. Руҳи кӯдакро ҳарорати муҳити фитрӣ ва табиии чанд сад дараҷаии падару модар нарм ва мулоим мекунад.

Мо вақте ки мехоҳем авотифи ду нафарро нисбат ба якдигар таҳрик кунем, мегӯем, афроди як миллат бародари якдигаранд, ё мегӯем, афроди башар ҳама бародари якдигар ва узви як хонавода ҳастанд. Қуръони Карим авотифи поки имонии мӯъминонро ба авотифи бародарӣ ташбеҳ мекунад:

إِنَّمَا اَلْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ

(Мӯъминон бародари якдигаранд) Авотифи бародарӣ танҳо аз хешовандӣ ва ҳамхунӣ пайдо намешавад. Умда ин аст, ки ду бародар дар як конуни муҳаббат бузург мешаванд. Ростӣ агар авотифи бародарӣ, ки ношӣ аз конуни босафо ва пурмеҳри хонаводагӣ аст аз миён биравад, оё афроди иҷтимоъ метавонанд кучактарин авотифе нисбат ба якдигар дошта бошанд?

Мегӯянд, дар Урупо то ҳудуди зиёде адолат ҳаст, аммо авотиф бисёр кам аст. Ҳатто дар миёни бародарон ва падарон ва фарзандон авотифи каме мушоҳида мешавад, бар хилофи мардуми Машриқзамин. Чаро? Барои ин ки ин гуна авотиф дар конунҳои босафо ва самимӣ ва пурмеҳри хонаводагӣ рушд мекунад, аммо дар Урупо чунин сафо ва самимият ва ваҳдат ва ягонагӣ миёни занон ва шавҳарон вуҷуд надорад. Чаро ин ягонагӣ, ки маъмулан дар Машриқзамин миёни занону шавҳарон вуҷуд дорад, дар онҷо вуҷуд надорад? Барои ин ки дар онҷо авотифи ҷинсии зану мард ба якдигар ихтисос надорад. Ҳар кадом ба таври номаҳдуд метавонанд лоақал аз таматтуъоти назарӣ ва ламсӣ дар иҷтимои бузург баҳраманд шаванд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Ахлоқи ҷинсӣ”

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бонувон, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: