Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (26) – Руъяти Худо (3)

Баррасии далелҳои касоне, ки руъйатро мумкин медонанд

Далели аввал: Муҳимтарин далели исботкунандагон, ояти 143 сураи Аъроф аст, ки роҷеъ ба талаби Мӯсо (Алайҳис салом) аст аз Худои Субҳон, ки худро ба ӯ нишон бидиҳад. Дар баҳси қаблӣ ба тафсил ваҷҳи истидлоли исботкунандагон ба ин оят ва низ посухи инкоркунандагон ба онро нақл кардем ва гуфтем, ки ҳарчанд истидлол ба ин оят бар имкони руъйат дуруст аст, вале иштибоҳи исботкунандагон дар ин будааст, ки онҳо хостаанд ба ин оят бар имкони руъйати ба чашм истидлол намоянд; дар ҳоле ки руъйати Худои Субҳон ба чашм, аз маҳолот аст ва ояти мавриди баҳс низ нозир ба навъе руъйат аст, ки ғайр аз руъйати ба чашм мебошад ва мо иншоаллоҳ пас аз баррасии далелҳои дигари исботкунандагон, ба тафсил перомуни он баҳс хоҳем намуд.

Далели дуввум: Худои Субҳон мефармояд:

وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ. إِلَى رَبِّهَا نَاظِرَةٌ. وَوُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ بَاسِرَةٌ

Он рӯз (рӯзи қиёмат) рухсори тоифае (аз шодӣ) нуронист. Ва ба (ҷамоли) парвардигораш нигоҳ мекунад. Ва рухсори гурӯҳи дигар ғамгин аст…” (Сураи Қиёмат, оятҳои 20−25)

Ваҷҳи далолати ояти мазкур бар имкони руъйати Худо возеҳ аст; зеро дар бораи тоифае дар рӯзи қиёмат сухан мегӯяд, ки аз шодӣ ва хушҳолӣ ба ҷамоли парвардигори хеш нигоҳ мекунанд.

Инкоркунандагони руъят дар посух мегӯянд: “نظر” (назар) дар инҷо ба маънои “انتظار” (интизор) аст, на “руъйат” ва аз ин рӯ маънои ҷумлаи мавриди назар ин аст: “Рухсори тоифае, аз шодӣ нуронист ва мунтазири амри парвардигори хеш аст.”

Аммо исботкунандагон дар посух мегӯянд:

Вожаи “назар” ҳар гоҳ ба маънои “интизор” бошад, бе сила (яъне бе ин ки ба чизе пайванд зада шавад, мисли онҷо, ки ба ҳарфи “إلى” пайванд хӯрад) ба кор гирифта шуда ва ба ин сурат оварда мешавад: “نظرت” (мунтазир мондам). Ва ҳаргоҳ ба маънои “руъйат” ва “нигоҳ кардан” бошад, ҳамроҳ бо ҳарфи “إلى” (ба сӯйи) истеъмол мешавад. Ва “назар” дар ин оят, ҳамроҳ бо “إلى” ба кор гирифта шуда ва аз ин рӯ ба маънои “руъйат” аст.” (Қӯшҷӣ, “Шарҳи таҷрид”, с.334)

Дар посух метавон гуфт: мурод аз “назар кардан ба Худои Субҳон ва Таъоло” дар ин оят, назар кардани ҳиссӣ, ки бо чашм анҷом мегирад нест, чун бурҳони қотеъи ақлӣ қоим аст бар маҳол будани руъяти Худои Таъоло, балки манзур, назари қалбӣ ва дидани қалб ба василаи ҳақиқати имон аст, ки баъдҳо дар ин бора ба тафсил баҳс хоҳем кард.

Баррасии ривоятҳои исботкунандаи руъйат

Ва аммо ривоятҳое, ки далолат бар имкони руъйати Худо доранд, бар ду даста ҳастанд: дастае, ҳам дар дунё руъйати Худоро исбот мекунад ва ҳам дар охират, ва дастаи дигар онро фақат дар охират мумкин медонад. Дар ин замина шоиста аст каломи яке аз донишмандони муосир Аллома Ҳасан ибни Алии Саққофро нақл кунем. Ӯ мегӯяд:

Ва аммо роҷеъ ба руъяти Худо дар ҳамин дунё, байни аҳли суннат ва ҷамоат ихтилоф аст, ки оё ҳазрати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Худои Таъолоро дар шаби Исро (бо чашм) дидааст ё на? Қавли роҷеҳ (1) дар назди мо ин аст, ки эшон Худоро надидааст…

Ва аммо дар охират, ҷумҳури аҳли суннат бар он аст, ки мӯъминон дар биҳишт Худои Таъолоро (бо чашмони худ) хоҳанд дид ва истидлол кардаанд ба ин қавли Худованди Субҳон ва Таъоло дар Қуръон, ки мефармояд:

وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ. إِلَى رَبِّهَا نَاظِرَةٌ

“Он рӯз рухсори тоифае (аз шодӣ) нуронист. Ва ба (ҷамоли) парвардигораш нигоҳ мекунад”, ва низ ба ин оят, ки Худои Таъоло мефармояд:

كَلَّا إِنَّهُمْ عَن رَّبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَّمَحْجُوبُونَ

“Чунин нест, ки мепиндоранд, балки онҳо аз парвардигори худ дар зери ҳиҷоб қарор дода мешаванд. (Сураи Мутаффифин, ояти 15) ва низ ба ин ҳадис, ки мефармояд: “Ҳамоно шумо ба зудӣ парвардигори хешро хоҳед дид чунон ки ин моҳи шаби чаҳордаҳро мебинед” ва дар ривояте “…чунон ки хуршедро дар нисфи рӯз, ки ҳеч абре пешашро нагирад мебинед”, ва ин ривоят дар Бухорӣ ва Муслим омадааст.

Вале гурӯҳе аз аҳли суннат ва ғайра чун ҳазрати Оиша (Разияллоҳу анҳо), Муҷоҳид, Абӯсолеҳи Саммон (2), Икрима ва ҳамчунин Мӯътазила, Ибозия ва Зайдия бар хилофи ин дидгоҳ ҳастанд ва истидлол кардаанд ба ин қавли Худои Таъоло, ки мефармояд:

لا تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ

“Чашмон Худоро дарк накунанд ва ҳол он ки Ӯ чашмонро дарк кунад.” (Сураи Анъом, ояти 103) ва оятҳоеро, ки ҷумҳури аҳли суннат ба онҳо (бар имкони руъйати Худо ба чашмон) истидлол кардаанд, таъвил намудаанд…

(Масалан) гуфтаанд, ки мурод аз ин қавли Худои Мутаъол, ки мефармояд:

كَلَّا إِنَّهُمْ عَن رَّبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَّمَحْجُوبُونَ

“Чунин нест, ки мепиндоранд, балки онҳо аз парвардигори худ дар зери ҳиҷоб қарор дода мешаванд” ин аст, ки аз савоби парвардигори хеш, аз икром ва неъмати ӯ дар зери ҳиҷоб қарор дода мешаванд, на аз руъйат ва дидани ӯ, зеро Худои Таъоло мефармояд:

وَلاَ يُكَلِّمُهُمُ اللّهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ وَلاَ يُزَكِّيهِمْ

“Ва дар рӯзи қиёмат Худо бо онҳо сухан нагӯяд ва ҳам ононро пок нагардонад.” (Сураи Бақара, ояти 174)

Имом Ғаззолӣ (Раҳматуллоҳи алайҳи) дар “Ал-мустасфо” (2/192) мегӯяд:

“Ва истидлол карда (Имом Абулҳасани Ашъарӣ) дар масъалаи руъйат ба ин қавли Худои Таъоло, ки мефармояд:

كَلَّا إِنَّهُمْ عَن رَّبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَّمَحْجُوبُونَ

… ва гуфтааст: “Ва ин оят далолат мекунад бар ин ки мӯъминон ба хилофи онҳо (кофирон) ҳастанд, (яъне аз руъйати парвардигор дар зери ҳиҷоб ва парда нестанд.)” Вале гурӯҳе аз мутакаллимон ва аз ҷумла Қозӣ ва гурӯҳе аз фақеҳони ҳозиқ ва аз ҷумла Ибни Шурайҳ мегӯянд: “Ин оят ҳеч далолате (бар муддаъои Ашъарӣ) надорад…”

Ва ривоятеро овардаанд, ки Бухорӣ (8/606) ва Муслим (1/159) аз Масруқ ва ӯ аз ҳазрати Оиша (Разияллоҳу анҳо) нақл кардаанд, ки Масруқ мегӯяд: “Ба Оиша (Разияллоҳу анҳо) арз кардам: эй модарам! Оё Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) парвардигори хешро дидааст? Оиша (Разияллоҳу анҳо) дар посух фармуд: “Ба дурустӣ мӯйҳои сарам рост шуд аз он чӣ гуфтӣ! Ту куҷоӣ аз се сухане, ки ҳар ки онҳоро бароят бигӯяд, бешак дурӯғгӯст: ҳар он ки бароят бигӯяд, ки Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) парвардигорашро дидааст, бешак дурӯғ гуфтааст.” Сипас Оиша (Разияллоҳу анҳо) ин ду оятро хонд:

لا تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ

“Чашмон Худоро дарк накунанд ва ҳол он ки Ӯ чашмонро дарк кунад ва Ӯ латиф ва хабир аст” ва

وَمَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُكَلِّمَهُ اللَّهُ إِلَّا وَحْيًا أَوْ مِن وَرَاء حِجَابٍ

“Ва барои ҳеч башаре ёроии он набошад, ки бо Худо сухан бигӯяд, магар ба ваҳйи Худо ё аз паси парда…” (Сураи Шӯро, ояти 51)

Гуфтаанд: ҳазрати Оиша (Разияллоҳу анҳо) истидлол карда бар нафйи дидани Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Худоро дар шаби Исро, ба воситаи умуми ин ду оят. Ва ин умум дар назди ӯ бар умумияташ боқист (ва мавориди дигаре ғайр аз мавриди руъйат дар шаби Исроро низ шомил мешавад). (3) Ва қавли шумо (исботкунандагон), ки мегӯед: муроди Оиша (Разияллоҳу анҳо) фақат дида нашудани Худост дар дунё (ва охиратро шомил намешавад), қавле аст бидуни далел, ки агар чунин мебуд, ҳатман Оиша (Разияллоҳу анҳо) онро зикр мекард.

Ва аммо роҷеъ ба ривоятҳое, ки руъйатро исбот мекунад, гуфтаанд, ки ин ривоятҳо ривоятҳои оҳод (4) ҳастанд, ки дар маҷоли ақоид ҳуҷҷият надоранд.

Ин истидлол қобили қабул аст. Ва баъзе аз уламо иддаъо кардаанд, ҳадисҳои руъйат ҳадисҳои мутавотир ҳастанд, вале ҳақиқат ҷуз ин аст (яъне он ривоятҳо ба ҳадди тавотур намерасанд). Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар “Фатҳ” (13/434) мегӯяд:

“Доруқутнӣ тариқҳои ривоятҳое, ки дар бораи руъйати Худои Таъоло дар охират сухан мегӯяд ҷамъ карда, ки афзун бар 20 тариқ аст. Ва Ибни Қайим дар “Ҳоди ал-арвоҳ” онҳоро пайгирӣ кардааст, ки ба 30 тариқ ё бештар мерасанд, ки ҳамагӣ некӯ ҳастанд. Ва Доруқутнӣ бо санад аз Яҳё ибни Муин нақл карда ва гуфтааст: дар назди ман 17 ҳадис дар бораи руъйат мавҷуд аст, ки ҳамаашон саҳеҳ мебошанд.”

Мо (яъне Аллома Ҳасан ибни Алии Саққоф) гӯем: ин ҳадисҳо на некӯ ҳастанд ва на саҳеҳ ва касе ба тавотури онҳо тасреҳ накарда. Ва аммо он чӣ Ибни Ҳаҷар аз Доруқутнӣ зикр карда собит нест; зеро китобе, ки гӯё Доруқутнӣ дар он тариқҳои ин ҳадисҳоро гирд оварда, ба назари мо роҷеҳ он аст, ки чунин китобе бар ӯ бофта шуда ва аз ӯ собит нашудааст… Ва он чиро, ки Ибни Қайим дар “Ҳоди ал-арвоҳ” (аз с.260 то 303) зикр карда, худам баррасӣ карда ва дар матнҳо ва санадҳои он ҳадисҳо диққат кардам ва дидам, ки бештари онҳо заъиф ё мавзӯъ (бофташуда) мебошанд ва дар миёни онҳо ҳадисе пайдо накардам, ки битавон ба он чанг зад, ҷуз ҳадиси Ҷарир, ки дар Саҳеҳайн аст ва низ ҳадиси Абӯмӯсо, ки мушкил аст, аммо боқимондаи ҳадисҳо хеле мушкил ҳастанд. Ва баъзеи онҳо мардуд аст ва наметавон ба онҳо истидлол кард, мисли ҳадиси Абӯсаъид ва ҳадиси Абӯҳурайра дар Саҳеҳайн, ки дар он омада: “Пас Худо ба назди онҳо (мӯъминон) ба сурате ғайр аз он сурат, ки мешинохтанд меояд…”

Хулоса, ҳадисҳое, ки Ибни Қайим зикр карда, ба чаҳор даста тақсим мешавад:

1. Ҳадисҳои саҳеҳ, ки ошкоро руъйатро исбот мекунанд ва аз миёни онҳо ҷуз ҳадиси Ҷарир қомати рост надорад ва ҳадиси Ҷарир ҳам аз ҳадисҳои оҳод аст (ки гуфтем ҳуҷҷияте дар маҷоли ақоид надоранд);

2. Ҳадисҳое дар Саҳеҳайн, ки ё шозз (нодир) ҳастанд ва ё дар онҳо лафзҳои нописанд ва тасарруфоти худсаронаи ровиён дида мешавад ва аз ин рӯ истидлол ба онҳо дуруст намебошад;

3. Ҳадисҳои саҳеҳ ва заъиф, ки иртиботе ба мавзӯи мавриди баҳс надоранд ва ин Ибни Қайим аст, ки аз онҳо чунин бардошт карда (ки гӯё далолат бар руъйат дошта бошанд) ва истинботаш хатост;

4. Ҳадисҳои заъиф, мавриди инкор ва гоҳе мавзӯъ, ки бештарини ҳадисҳоро ҳаминҳо ташкил медиҳанд…

Ва аз ин рӯ Ҳофиз Ибни Ҳаҷар ба тавотури ҳадиси руъйат тасреҳ накардааст…

Ва аммо ҳадиси Ҷарир ибни Абдуллоҳ, ин аст:

كنا جلوساً عند النبي صلى الله عليه وسلم إذ نظر إلى القمر ليلة البدر. قال: إنكم سترون ربكم كما ترون هذا القمر لا تُضَامُّون في رؤيته

“Мо дар назди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нишаста будем, ки баногаҳ ба тарафи моҳ дар шаби чаҳордаҳ нигоҳ кард ва фармуд: ҳамоно шумо ба зудӣ парвардигори хешро хоҳед дид чунон ки ин моҳро мебинед ва касе дар руъйати ӯ музоҳими дигаре намешавад (балки ҳамаатон хоҳед дид…)” (Саҳеҳи Бухорӣ, 13/419 ва Саҳеҳи Муслим, 1/439)

Мо (яъне Аллома Ҳасан ибни Саққоф) гӯем: ва ин ҳадиси Ҷарир, агарчанде ки як ҳадиси дигар ва ё ду ҳадиси дигаре аз ғайри тариқи Ҷарир ба он изофа бишавад, вале боз аз қабили ҳадиси оҳод аст, ки ифодакунандаи қатъ ва яқин дар ин масъала намебошад. Пас, мо ҳатто агар субути руъйатро дар рӯзи қиёмат (яъне дар биҳишт) тарҷеҳ бидиҳем, аммо наметавонем ба он қатъ ва яқин пайдо кунем (зеро ҳадиси оҳод яқиновар нест), пас ин масъала, як масъалаи заннӣ (5) аст, ки наметавонад аз усули ақоид бошад, балки аз фурӯъи он аст. Илова бар ин, миёни аҳли суннат дар мавриди он ихтилоф вуҷуд дорад чӣ хеле ки гуфта гузаштем…

Аз ин рӯ гӯем: ҳам он кас, ки (бо такя бар ин ҳадисҳо) қоил ба руъйати Худо бошад, бар ҳидоят аст ва ҳам он кас, ки (бо эътимод ба далелҳо ва баъзе оятҳо ва ривоятҳои дигар) қоил ба адами руъйати Худо бошад бар ҳидоят аст. Ҳар як аз ин ду гурӯҳ дар нассҳои китоб ва суннат иҷтиҳод карда ва кӯшиш ба харҷ додаанд, он гоҳ дар назди яке қавл ба руъйат роҷеҳ гардида ва дар назди дигарӣ қавл ба адами он. Пас, масъала аз фурӯъи масоили эътиқодист, на аз усули он. Ва ин нест магар ба ин ҷиҳат, ки дар мавриди ин масъала ихтилоф воқеъ шуда…” (Ҳасан ибни Алии Саққоф, “Шарҳи саҳеҳи Ақидаи Таҳовия”, с. 582−588)

Ин буд дидгоҳи Аллома Ҳасан ибни Алии Саққоф, яке аз уламои муосири аҳли суннат ва ҷамоат.

Ва мо (Сайидюнуси Истаравшанӣ) гӯем: чунон ки дар оғози баҳс гуфта гузаштем, агар амсоли Аллома Ҳасан ибни Алии Саққоф ва дигарон аз аввал фарзро бар ин намегирифтанд, ки мурод аз лафзҳое чун “руъйат”, “назар” ва монанди онҳо дар луғат ба маънои “руъйати ба чашмон” аст, дигар ба ҳеч як аз ин такаллуфҳо ва талошҳои зиёд дар тавҷеҳ ва таъвили оятҳои қуръонӣ ва низ ҳадисҳои саҳеҳ, ки дар руъйати Худо сареҳ ҳастанд, ниёз набуд.

Аз ин рӯ мо дар маҷоли ривоятҳо низ ҳамон суханеро, ки дар мавриди оятҳои исботкунандаи руъйат гуфтем, такрор мекунем. Ва он ин ки: руъйатеро, ки дар ин ривоятҳо, хусусан ривоятҳои саҳеҳ, аз он сухан ба миён омадааст, метавон бар навъе руъйате ғайр аз руъйат ва дидани ба чашм ҳамл кард, ки баҳси баъдии мо роҷеъ ба ин хоҳад буд.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Калимаи «роҷеҳ» дар луғат ба маънои «сангин” аст. Ва корбурди он дар ҷойе аст, ки масалан агар дар як паллаи тарозу санги яккилоӣ ва дар паллаи дигари он санги дукилоиро бигузорем, ҳатман ҷониби санги дукилоӣ сангин ва вазнин хоҳад омад. Дар забони арабӣ мегӯянд санги дукилоӣ бар санги яккилоӣ руҷҳон дорад ва ё роҷеҳ аст. Ва ҳамчунин агар дар як мавзӯи муайяне ду қавл дошта бошем ва яке аз он ду қавл, қавли дурусттар ва саҳеҳтар бошад, ин қавлро қавли роҷеҳ гӯянд.

(2) Чунон ки Ҳофиз Ибни Ҷарири Табарӣ дар тафсири худ (14/20/192−193) бо санадҳои саҳеҳ аз Муҷоҳид ва Абӯсолеҳ ва низ дар “Фатҳ” (13/425) аз Икрима ва низ Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Оиша (Разияллоҳу анҳо) инро нақл кардаанд.

(3) Яъне чун истидлоли ҳазрати Оиша (Разияллоҳу анҳо) бар нафйи дидани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи), ба ду ояте сурат гирифта, ки ҳар дуи ин оят дар далолаташон бар матлуб умумият ва шумулият доранд, аз ин рӯ дигар маворид — ғайр аз мавриди шаби Исро — ро низ шомил мешаванд. Барои тавзеҳи бештар мисоле мезанем: фарз кунед касе аз шумо бипурсад, ки оё дуруст аст, ки Худо даст дошта бошад? Ва шумо дар посух бигӯед, ки на, дуруст нест, зеро Худо мефармояд: “ليس كمثله شيئ”, яъне Худо ба чизе аз махлуқот шабоҳат надорад. Истидлоли шумо ба ин оят бар нафйи даст доштани Худо, фақат шомили чизе, ки мавриди суол қарор гирифтааст нест, балки омм аст ва дигар маворидро низ − мисли по доштан, чеҳра доштан ва ғайраро низ − шомил мешавад, зеро оят омм ва шомил аст.

(4) Оҳод ҷамъи аҳад аст ва аҳад ба маънои ягона мебошад. Манзур аз ривоятҳои оҳод, ривоятҳое аст, ки ба ҳадди тавотур нарасидаанд, яъне ба мартабаи ривоятҳои мутавотир нарасидаанд. Ва ривояти мутавотир, ривояте аст, ки аз назари каммият (адади ривояткунандагон) ва кайфият, ба ҳадде аст, ки барои инсон чунин итмиъноне мебахшад, ки дурӯғ будани онро маҳол бидонад. Дар истилоҳи илми ҳадис, ривоятҳоеро, ки ба ҳадди тавотур нарасидаанд, ривоятҳои оҳод меноманд. Ривоятҳои оҳод дар баъзе маҷолот (масалан дар маҷоли эътиқодот) мавриди эътино нестанд. Албатта, аҳли ҳадис ривоёти оҳодро дар маҷоли ақоид низ мӯътабар ва ҳуҷҷат медонанд.

(5) Заннӣ, яъне бархоста аз занн, ва занн дар луғати арабӣ ба маънои “гумони қавӣ” аст. Ва ба иборати дигар: занн эътиқоде аст, ки ба дараҷаи яқин ва бовари сад дар садӣ нарасидааст.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: