Шарҳи Маснавӣ (153)

Назар кардани шер дар чоҳ ва дидан акси худро ва он харгӯшро (5)

* * *

Оби дарё ҷумла дар фармони туст,

Обу оташ, эй Худованд, они туст.

Худовандо! Оби дарё тамоман ба фармони туст. Обу оташ низ ба ту таъаллуқ дорад. (Ҳамаи аносури олам аз они туст.)

Гар ту хоҳӣ, оташ оби х(в)аш шавад

В-ар нахоҳӣ, об ҳам оташ шавад.

Агар ту, эй Худованд, ирода фармоӣ, оташи сӯзон низ ба оби гуворо дигаргун мешавад. Ва агар ҳам ирода накунӣ, об низ оташ шавад.

Ин талаб дар мо ҳам аз эҷоди туст,

Растан аз бедод, ё Раб, доди туст.

Худовандо! Ин талаб ва саъйро низ ту дар мо ба вуҷуд овардаӣ. Ва раҳоии мо аз зулм ношӣ аз доду эҳсони туст.

Нукта: Мавлоно мавзӯи “талаб”-ро 36 бор дар мавозеъи мухталиф аз Маснавӣ матраҳ кардааст. Ба ақидаи вай, талаб тавфиқи илоҳист ва то Худо нахоҳад талаб ва пажӯҳиши ҳақиқат дар ботини инсон сар назанад. Ва талаб калиди дари муродот аст. Ва чун ҳамаи умур ба дасти ӯст, талаб низ аз ҷониби ӯ ба қулуби бандагон фоиз мегардад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.474-475)

Беталаб, ту ин талабмон додаӣ,

Бешумору ҳадд атоҳо додаӣ.

Бе он ки мо дунболи талаб бошем, ин талабро ту ба мо арзонӣ доштаӣ ва доданҳо ва бахшишҳои бешумор додаӣ.

* * *

Мужда бурдани харгӯш сӯйи нахҷирон, ки шер дар чоҳ афтод (1)

* * *

Чунки харгӯш аз раҳоӣ шод гашт,

Сӯйи нахҷирон давон шуд то ба дашт.

Ҳамин ки харгӯш аз ситами шер раҳоӣ ёфт, шодмон шуд ва давон-давон ба сӯйи нахҷирони дашт рафт.

Шерро чун дид дар чаҳ, кушта зор,

Чарх мезад шодмон то марғзор.

Ҳамин ки харгӯш дид, ки шер дар чоҳ бо хориву зорӣ кушта шудааст, то марғзор рақсону чархон мерафт.

Марғзор: сабзазор ва алафзор, замине, ки дар он гиёҳи марғ фаровон бошад.

Даст мезад, чун раҳид аз дасти марг,

Сабзу рақсон дар ҳаво чун шоху барг.

Харгӯш чун аз чанголи марговари шер раҳоӣ ёфт, дастафшонӣ ва шодмонӣ мекард ва мудом мерақсид, дуруст монанди шоху барге, ки дар ҳаво ба ҷунбишу такон меояд.

Сабз будан: киноя аз тароват ва латофат.

Шоху барг аз ҳабси хок озод шуд,

Сар бароварду ҳарифи бод шуд.

Ҳамин ки шоху барг аз зиндони хок раҳид ва сар аз ниқоби хок берун овард, мусоҳиб ва дамсози боду насим мегардад.

Баргҳо чун шохро бишкофтанд,

То ба болои дарахт иштофтанд.

Ҳамин ки баргҳо шиками шохаҳоро бишкофанд ва аз он зода шаванд, то фарози дарахт мераванд.

Бо забони “шатъаҳу” шукри Худо

Месарояд ҳар бару барге ҷудо,

Ки бипарвард асли моро зулато,

То дарахт истағлаз омад в-иставо.

Ҳар шохаву барге бо забоне ҷудогона Худоро сипос мегузорад: он Худованди соҳиби эҳсон ва дорандаи бахшиш моро дар оғози ҳоламон парвариш дод, то он ки решаи вуҷуди мо устувор шуд ва ба сурати дарахте тановар даромад ва рӯйи танаи худ рост истод.

Шатъ: ба маънои шохаи нозук ва кучак аст ва манзур аз он шохаҳои кучак ва ҷавонаҳое аст, ки барои аввалин бор аз замин ё аз шоха мерӯянд. (Қомуси Қуръон, ҷ.4, с.31) Зулато: соҳиби бахшиш, киноя аз Худованди бахшанда. Истағлаза: устувор шуд. Иставо: рост истод.

Нукта: Ин байт ишорат аст ба қисмате аз ояти 29 сураи Фатҳ:

كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ

Ҳамчун донае аст, ки чун нахуст сар аз хок барорад, шохае нозук бошад. Пас аз он, қувват гирад, то он ки нерӯманд гардад ва бар соқи худ рост истад, ки деҳқононро аз наззораи он ба таҳсину ҳайрат орад…

Ин ояти шарифа ишорат дорад ба наҳзати ҳазрати Муҳаммад (с) ва аҳволи ёрони он ҷаноб, ки дар оғози даврони беъсат нотавон ва зарбапазир буданд, вале рафта-рафта устувор ва нерӯманд шуданд.

Мавлоно аз ин ояти шарифа ва рухдоди торихӣ натиҷа мегирад, ки ҳар кас руҳу равонаш аз қафаси тан ва зиндони ҷисм бираҳад, ба камол расад. Абёти ахир тамҳиде буд бар баёни машрӯияти рақси сӯфиён, ки дар абёти баъдӣ хоҳад омад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.436-437)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: