Ахлоқи ҷинсӣ (5)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши 5

Арзёбии усули системи навини ҷинсӣ (2)

Асли “озодӣ”, ки пояи фалсафии ахлоқи ба истилоҳ навини ҷинсӣ аст, ба таври иҷмол дар сафаҳоти қабл мавриди баҳс қарор гирифт. Дар инҷо мехоҳем асли “лузуми парвариши истеъдодҳои табиии инсон”-ро, ки пояи тарбиятии ин системи ахлоқӣ аст, баррасӣ кунем.

Пас аз он албатта ба баррасии пояи равонии он хоҳем пардохт.

Ба истиноди асли “лузуми парвариши истеъдодҳо” гуфта мешавад, ки тарбияти саодатмандона барои фард ва муфид ба ҳоли иҷтимоъ он аст, ки сабаб гардад истеъдодҳои фитрӣ ва табиии башар бурузу зуҳур кунад ва шукуфон ва борвар гардад.

Шукуфон шудани истеъдодҳо илова бар ин ки мӯҷиби масаррати хотир ва нишоти комили фард мегардад, таъодули руҳии ӯро ҳифз мекунад ва ӯро ором нигаҳ медорад ва дар натиҷа иҷтимоъ низ аз ӯ осоиш мебинад, бар хилофи ҷилавгирӣ ва таҳти фишор қарор додани онҳо, ки мӯҷиби ҳазорон нороҳатӣ ва изтироб ва ҷиноят ва инҳироф мегардад.

Гуфта мешавад, ахлоқи ҷинсии куҳан ба далели ин ки монеи рушд ва шукуфон шудани як истеъдоди комили табиӣ ва фитрӣ — яъне ғаризаи ҷинсӣ ё ғаризаи ба истилоҳ “ишқ” аст ва ишқро хабис медонад — маҳкум аст. Ахлоқи нав ба далели он ки ишқро озод ва мӯҳтарам мешуморад ва бо мӯҷиботи рушд ва тақвияти он ба мубориза барнамехезад, мазият ва руҷҳон дорад.

Мо барои ин ки баррасии комил аз ин асл карда бошем, лозим аст матолиби зайлро расидагӣ кунем:

1. Оё ахлоқи исломӣ бо рушди табиии истеъдодҳо мубойин аст?

2. Куштани нафс яъне чӣ?

3. Ахлоқи навини ҷинсӣ бузургтарин омили ошуфтагии ғароиз ва монеи рушди табиии истеъдодҳост;

4. Демукросӣ дар ахлоқ;

5. Муқоисаи ахлоқии ҷинсӣ бо ахлоқи иқтисодӣ ва ахлоқи сиёсӣ;

6. Маҳҷурӣ ва муштоқӣ;

7. Рушди шахсият аз назари ғаризаи ишқ;

* * *

Оё ахлоқи исломӣ бо рушди табиии истеъдодҳо мубойин аст?

Инки мегӯянд, истеъдодҳои табииро бояд парваронд ва набояд аз он ҷилавгирӣ кард, мавриди қабули мост. Агар дигарон фақат аз роҳи осори неке, ки дар парвариши истеъдодҳо ва осори баде, ки дар манъ ва ҷилавгирӣ аз парвариши онҳо дидаанд ба лузуми ин кор тавсия мекунанд, мо илова бар ин роҳ, аз роҳи дигар — ки ба истилоҳ бурҳони “лиммӣ” аст — бар ин муддаъо истидлол мекунем.

Мо мегӯем, Худованд на узве аз аъзои ҷисмониро беҳуда офаридааст ва на истеъдоде аз истеъдодҳои руҳиро. Ва ҳамон тавре ки ҳамаи аъзои баданро бояд ҳифз кард ва ба онҳо ғизои лозим бояд расонд, истеъдодҳои руҳиро низ бояд забт кард ва ба онҳо ғизои кофӣ дод, то сабаби рушди онҳо шавад.

Мо фаразан аз роҳи осор ба лузуми парвариши истеъдодҳо ва адами ҷилавгирӣ аз онҳо пай набурда будем, Худошиносӣ моро ба ин асл ҳидоят мекард. Ҳамчунон ки мебинем, дар сад соли пеш, ки ҳанӯз дуруст ба осори неки парварондани истеъдодҳо ва осори бади тарки парвариши он пай набурда буданд, донишмандоне ба ҳамин далел ба ҳифзи аъзои бадан ва мӯҳмал нагузоштани қувваҳои нафсонӣ тавсия мекарданд.

Пас, дар асар (ва) лузуми парварондани истеъдодҳо ба таври куллӣ ҷойи тардид нест, балки мафҳуми луғати “тарбият”, ки аз қадим барои ин мақсуд интихоб шудааст, ҳамин маъниро мерасонад. Луғати “тарбият” мафҳуме ҷуз парварондан надорад. Бинобар ин, баҳс дар ин нест, ки оё бояд истеъдодҳоро парвариш дод ё на?

Баҳс дар ин аст, ки роҳи саҳеҳи парвариши табиии истеъдодҳои башар, ки ба ҳеч навъ ошуфтагӣ ва беназмӣ ва ихтилол мунҷар нашавад чист?

Мо собит мекунем, ки рушди табиии истеъдодҳо ва аз он ҷумла истеъдоди ҷинсӣ, танҳо бо риояти муқаррароти исломӣ муяссар аст ва инҳироф аз он, сабаби ошуфтагӣ ва беназмӣ ва ҳатто саркӯбӣ ва захмхӯрдагии ин истеъдод мегардад. Акнун лозим аст назаре ба мантиқи ислом дар заминаи ахлоқ ва тарбият ба таври куллӣ ва иҷмол биафканем.

Бархе кӯтаҳназарон мепиндоранд, ки ахлоқ ва тарбияти исломӣ бо рушди табиии истеъдодҳо мубойин аст ва бар асоси ҷилавгирӣ ва манъи онҳо бино шудааст. Инон таъбироти исломиро дар заминаи таҳзиб ва ислоҳи нафс баҳона ва мустамсак қарор додаанд. Дар Қуръони Карим пас аз чандин савганд, ба сурати муаккад мефармояд:

قَدْ أَفْلَحَ مَنْ زَكّاها

Яъне ба ҳақиқат растгор шуд он кас, ки нафси хешро покиза кард. (Сураи Шамс, ояти 9)

Аз ин ҷумла фаҳмида мешавад, ки аввалан Қуръони Карим олуда шудани замири инсонро мумкин мешуморад, ва сониян, покиза кардани замирро аз он олудагиҳо дар ихтиёри худи шахс медонад, ва солисан, онро лозим ва воҷиб мешуморад ва саодат ва растгориро дар гарави он медонад.

Ин се матлаб ҳеч кадом қобили инкор нест. Ҳеч мактаб ва равише нест, ки навъе олудагиро дар равон ва замири инсон мумкин нашуморад ва ба покиза кардани равон аз он олудагӣ тавсия накунад. Замири инсон монанди таркиботи бадании ӯ ихтилолпазир аст. Инсон он андоза, ки аз ноҳияи шахси худ дар асари олудагиҳо ва ихтилолоти руҳӣ озор мебинад, аз ноҳияи табиат ё инсонҳои дигар озор намебинад. Аз ин рӯ, растгории инсон бидуни покӣ ва таъодули равонӣ муяссар нест. Дар он чӣ марбут ба ин таъбири қуръонӣ аст ҷойи шубҳа намебошад.

Дар Қуръони Карим таъбири дигаре ҳаст, ки нафси инсонро бо сифати “амморатун биссуъ” (фармондиҳанда ба шарр) тавсиф мекунад. Ин таъбир ин пурсишро пеш меоварад, ки оё аз назари Қуръони Карим табиати нафсонии инсон ширрир аст? (Агар Қуръон аз ҷанбаи фалсафаи назарӣ, табиати нафсонии инсонро зотан ширрир медонад, ночор дар фалсафаи амалӣ роҳе, ки интихоб мекунад ин аст, ки парварондан ва рушд додани ин мавҷуди ширрири биззот хатост; бояд онро ҳамвора заъиф ва нотавон ва таҳти фишор ва заҷр қарор дод ва монеи зуҳуру буруз ва фаъолияти вай шуд ва аҳёнан онро бояд аз миён бурд), ё аз назари Қуръони Карим табиати нафсонӣ ширрири биззот нест, балки дар ҳолоти хоссе ва ба сабаби аворизе, сар ба туғён ва шарорат бармедорад? Яъне Қуръон аз ҷанбаи фалсафаи назарӣ, ба табиати нафсонӣ бадбин нест ва онро маншаи шурур намедонад ва қаҳран дар фалсафаи амалӣ роҳе, ки интихоб мекунад, нобуд кардан ё заъиф нигаҳ доштан ва мӯҷиботи туғён фароҳам кардан нест.

Дар ин сурат, пурсиши дуввум пеш меояд. Ва он ин ки: чӣ чизҳое сабаби туғён ва изтироб ва саркашии қувваҳои нафсонӣ мегардад ва аз чӣ роҳе метавон онро ором кард ва ба эътидол баргардонд?

Мо ба ҳар ду пурсиш посух медиҳем.

Кӯтаҳназарон ҳамин қадр, ки дидаанд ислом нафсро ба унвони “фармондеҳи шарорат” ёд кардааст, кофӣ донистаанд, ки ахлоқ ва тарбияти исломиро муттаҳам кунанд ба ин ки ба чашми бадбинӣ ба истеъдодҳои фитрӣ ва манобеи табиии вуҷуди одамӣ менигарад ва табиати нафсониро ширрири биззот ва парварондани онро хато мешуморад.

Вале ин тасаввур хатост. Ислом агар дар якҷо нафсро бо сифати “амморатун биссуъ” ёд кардааст, дар ҷойи дигар бо сифати “аннафсул-лаввома” яъне маломаткунандаи худ нисбат ба иртикоби шарорат, ва дар ҷойи дигар бо сифати “аннафсул-мутмаинна” яъне оромгиранда ва ба ҳадди камолрасида ёд мекунад.

Аз маҷмӯи инҳо фаҳмида мешавад, ки аз назари Қуръони Карим табиати нафсонии инсон мароҳили мухталифе метавонад дошта бошад. Дар як марҳила ба шарорат фармон медиҳад, дар марҳилаи дигар аз шарре, ки муртакиб шудааст нороҳат мешавад ва худро маломат мекунад, дар мақом ва марҳилаи дигар ором мегирад ва гирди шарру бадӣ намегардад.

Пас, ислом дар фалсафаи назарии худ табиати нафсонии инсонро ширрири биззот намедонад ва қаҳран дар фалсафаи амалии худ низ монанди системҳои фалсафӣ ва тарбиятии ҳиндӣ ё калбӣ ё монавӣ ё масеҳӣ, аз равиши нобуд кардани қувваҳои нафсонӣ ва ё лоақал ҳабс бо аъмоли шоққаи онҳо пайравӣ намекунад, ҳамчунон ки дастурҳои амалии ислом низ шоҳиди ин муддаъост.

Ин матлаб, ки нафси инсон дар мақомот ва мароҳил ва шароити хоссе башарро воқеан ба шарорат фармон медиҳад ва ҳолати хатарноке пайдо мекунад, матлабе аст, ки агар дар қадим андаке ибҳом дошт, имрӯз дар асари пешрафтҳои илмӣ дар заминаи равонӣ комилан мусаллам шудааст. Аз ҳама шигифттар ин аст, ки Қуръони Карим дар тавсифи нафс намегӯяд: “доъиятун биссуъ” (даъваткунанда ба сӯйи бадӣ ва шарр, балки) мегӯяд: “амморатун биссуъ” (фармондиҳанда ба бадӣ ва шарр). Қуръони Карим дар ин таъбири худ ин матлабро мехоҳад бифаҳмонад, ки эҳсосоти нафсонии башар он гоҳ, ки сар ба туғён бармеоварад, башарро танҳо ба сӯйи ҷиноят ва аъмоли инҳирофӣ даъват намекунад, балки монанди як қудрати ҷобири мусаллати диктотур фармон медиҳад. Қуръон бо ин таъбир, тасаллут ва истилои ҷобиронаи қувваҳои нафсониро дар ҳоли туғён бар ҳамаи истеъдодҳои олии инсонӣ мефаҳмонад, ва ин розе аст, ки (то) давронҳои ахири равоншиносӣ кашф нашуда буд.

Имрӯз собит шуда, ки эҳсосоти мунҳариф аҳёнан ба тарзи мармузе бар дастгоҳи идроки башар фармон меронад ва мустабиддона ҳукумат мекунад ва дастгоҳи идрокӣ ноогоҳона фармонҳои онро иҷро мекунад.

Аммо посухи пурсиши дуввум, ки чӣ чизҳое мӯҷиби туғён ва ошуфтагӣ ва чӣ чизе сабаби оромиш ва таъодули руҳи мегардад?, мо посухи ин пурсишро он гоҳ, ки дар атрофи пояи севвуми ахлоқи навини ҷинсӣ — ки пояи равонӣ аст — баҳс мекунем зикр хоҳем кард.

Куштани нафс яъне чӣ?

Як пурсиши дигар боқӣ аст ва он ин ки: агар аз назари ахлоқи исломӣ истеъдодҳои табиӣ набояд нобуд шавад, пас таъбир ба “нафс куштан” ё “мирондани нафс”, ки аҳёнан дар таъбироти динӣ ва бештар дар таъбироти муаллимони ахлоқи исломӣ ва бахусус дар таъбироти орифмашрабони исломӣ омадааст, чӣ маънӣ ва чӣ мафҳуме дорад?

Посухи ин пурсиш аз он чӣ қаблан гуфтем равшан шуд. Ислом намегӯяд, табиати нафсонӣ ва истеъдодҳои фитрии табииро бояд нобуд сохт, ислом мегӯяд, “нафси аммора”-ро бояд нобуд кард. Ҳамчунон ки гуфтем, нафси аммора намояндаи ихтилол ва баҳамхӯрдагӣ ва навъе туғён ва саркашӣ аст, ки дар замири инсон ба иллатҳои хоссе рух медиҳад. Куштани нафси аммора маънои хомӯш кардан ва фурӯ нишондани фитна ва туғёнро дар заминаи қувваҳо ва истеъдодҳои нафсонӣ медиҳад. Фарқ аст миёни хомӯш кардани фитна ва нобуд кардани қувваҳое, ки сабаби фитна мегарданд. Хомӯш кардани фитна, чӣ дар фитнаҳои иҷтимоӣ ва чӣ дар фитнаҳои равонӣ, мусталзими нобуд кардани афрод ва қувваҳое, ки сабаби ошӯб ва фитна шудаанд нест, балки мусталзими ин аст, ки авомиле, ки он афрод ва қувваҳоро водор ба фитна кардааст, аз байн бурда шавад. Баъдан хоҳем гуфт, ки ин навъ мирондан гоҳе ба ишбоъ ва ирзои нафс ҳосил мешавад ва гоҳе ба мухолифат бо он.

Ин нукта бояд изофа шавад, ки дар таъбироти динӣ, мо ҳаргиз калимае, ки ба маънои “нафс куштан” бошад пайдо намекунем. Таъбироте, ки ҳаст — ки албатта аз ду се маврид таҷовуз намекунад — ба сурати “мирондани нафс” аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Ахлоқи ҷинсӣ”

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бонувон, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: