Ахлоқи ҷинсӣ (6)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши 6

Ошуфтаги ғароиз ва майлҳо

Масоилро якҷониба дидан ва аз ҷавониби дигар ғафлат кардан, гоҳе зиёнҳои ҷуброннопазире ба дунболи худ меоварад. Ковишҳо ва кашфиёти равонӣ дар як қарни ахир собит кард, ки саркӯби ғароиз ва тамоюлот ва бахусус ғаризаи ҷинсӣ, мазаррот ва нороҳатиҳои фаровоне ба бор меоварад. Маълум шуд асле, ки мавриди қабули шояд аксарияти муфаккирони қадим буд (мабнӣ бар) ки ҳар андоза ғароиз ва тамоюлоти табиӣ заъифтар нигаҳ дошта шаванд, майдон барои ғароиз ва нерӯҳои олитар махсусан қувваи оқила бозтар ва бемонеътар мешавад, асосе надорад. Ғароизи саркӯбшуда ва ирзонашуда, пинҳон аз шуъури зоҳир, ҷараёнотеро тай мекунанд, ки чӣ аз назари фардӣ ва чӣ аз назари иҷтимоӣ фавқулъода барои башар гарон тамом мешавад. Ва барои ин ки тамоюлот ва ғароизи табиӣ беҳтар таҳти ҳукумати ақл воқеъ шаванд ва осори тахрибӣ ба бор наоваранд, бояд то ҳадди имкон аз саркӯб шудан ва захмхӯрдагӣ ва ирзо нашудани онҳо ҷилавгирӣ кард.

Равоншиносон решаи бисёре аз аворизи нороҳаткунандаи асабӣ ва бемориҳои равонӣ ва иҷтимоиро эҳсоси маҳрумият хусусан дар заминаи умури ҷинсӣ ташхис доданд. Собит карданд, ки маҳрумиятҳо мабдаи ташкили уқдаҳо, ва уқдаҳо аҳёнан ба сурати сифоти хатарнок монанди майл ба зулм ва ҷиноят, кибр, ҳасодат, инзиво ва гӯшагирӣ, бадбинӣ ва ғайра таҷаллӣ мекунад.

Асли боло дар мавзӯи зиёнҳои саркӯб кардани ғароиз, аз навъи кашфиёти фавқулъода боарзиши равонӣ аст ва дар радифи арзандатарин муваффақиятҳои башар аст.

Мардум ғолибан ба воситаи унс ба маҳсусот ва ошноии бештар бо онҳо, барои кашфиёте арзиши зиёд қоил мешаванд, ки дар заминаи умури фаннӣ ва санъатӣ ва истихдоми қувваҳои табиати беҷон сурат гирифта бошад, аммо кашфиёте, ки дар заминаи масоили равонӣ ва руҳӣ сурат мегирад, камтар мавриди таваҷҷӯҳи оммаи мардум метавонад қарор бигирад, вале аз назари мардуми донишманд ва огоҳ аҳаммияти матлаб маҳфуз аст.

Ҳарчанд каму беш дар ҳикматҳое, ки аз гузаштагон ба ёдгор монда ва бахусус дар осори исломӣ нишонаҳои зиёде аз таваҷҷӯҳ ба ин ҳақиқат дида мешавад ва амалан бисёре аз муаллимон ва мураббиёни ахлоқ аз он истифода мекардаанд, аммо ба таври мусаллам исботи илмии ин ҳақиқат ва кашфи қавонини марбут ба он, аз муваффақиятҳои илмии қарни ахир аст.

Акнун бибинем, ин асл чӣ гуна мавриди истифода қарор гирифт? Оё монанди кашфиёти пизишкӣ масалан пенсилин мавриди истифода қарор гирифт? Мутаассифона печидагӣ ва чандҷониба будани масоили равонӣ аз як тараф ва иртиботи мавзӯъ ва тамоюлоти башар — ки хоҳ нохоҳ дар кӯр кардани басират таъсир дорад — аз тарафи дигар, нагузошт он истифодае, ки бояд бишавад сурат гирад… Балки бар уқдаҳо ва тирагиҳои равонӣ афзуда гардид, омори бемориҳои равонӣ, ҷунунҳо, худкушиҳо, ҷиноятҳо, дилҳираҳо ва изтиробҳо, яъсҳо ва бадбиниҳо, ҳасодатҳо ва кинаҳо ба сурати ваҳшатноке боло рафт. Чаро? Барои ин ки саркӯб накардани ғароиз ба маънои озод гузоштани майлҳо, ва озод гузоштани майлҳо ба маънои рафъи тамоми қайдҳо ва ҳудуд ва муқаррарот тафсир шуд.

Пас аз он ки қарнҳо алайҳи шаҳватпарастӣ ба унвони амре мунофии ахлоқ ва омили барҳам задани оромиши руҳӣ ва мухил (халаловар) ба назми иҷтимоӣ ва ба унвони навъе инҳироф ва беморӣ тавсия ва таблиғ шуда буд, якбора варақ баргашт ва сафҳа иваз шуд. Ҷилавгирӣ аз шаҳавот ва пойбанд будан ба иффат ва тақво ва таҳаммули қайдҳо ва ҳудуди ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, омили барҳам задани оромиши руҳӣ ва мухил ба назми иҷтимоӣ, ва аз ҳама болотар, амре зиддиахлоқ ва таҳзиби нафс муаррифӣ шуд. Фарёдҳо баланд шуд: маҳдудиятҳоро бардоред, то решаи мардумозорӣ ва кинаҳо ва адоватҳо канда шавад! Иффатро аз миён бардоред, то дилҳо ором бигирад ва назми иҷтимоӣ барқарор гардад! Озодии мутлақ эълом кунед, то бемориҳои равонӣ рахт барбандад!

Бадеҳӣ аст инчунин фарзияи ба зоҳир ширин ва дилпазире ба унвони ислоҳи мафосиди ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, тарафдорони зиёде хусусан дар миёни ҷавонони муҷаррад пайдо мекунад.

Мо дар кишвари худамон мебинем чӣ касоне аз он тарафдорӣ мекунанд! Чӣ аз ин беҳтар, ки худро дар ихтиёри дил, ва дилро дар ихтиёри ҳавас қарор диҳем ва дар айни ҳол амали мо ахлоқӣ ва инсонӣ шумурда шавад ва номи мо дар листи муҳассилини ахлоқи иҷтимоӣ қарор гирад!.. Ҳам комҷӯӣ аст ва ҳам хидмат ба навъ, ҳам танпарварӣ аст ва ҳам ислоҳи нафс, ҳам шаҳват аст ва ҳам ахлоқ! Бе шабоҳат ба ишқи маҷозӣ, ки дар миёни бархе аз мутасаввифмаобони худамон маъмул буда нест! Чӣ аз ин беҳтар, ки одамӣ аз мусоҳибати шоҳиде зеборӯй баҳраманд гардад ва ин кори ӯ сулук иллаллоҳ шумурда шавад!

Натиҷа чӣ шуд? Аз аввал маълум буд. Оё бемориҳои равонӣ маъдум шуд? Оромиши руҳӣ ҷойи изтироб ва дилҳираро гирифт? Хайр! Мутаассифона натиҷаи маъкус бахшид. Бадбахтӣ бар бадбахтиҳои пешин афзуд, то он ҷо, ки баъзе аз пешқадамони озодии ҷинсӣ, ки тезҳуштар буданд, сухани худро ба сурати тафсир ва таъвил пасгирифтанд. Гуфтанд: аз ҳудуд (ва) муқаррароти иҷтимоӣ чорае нест! Ғаризаро аз таматтуъоти ҷинсӣ наметавон ба таври куллӣ ирзо ва ишбоъ кард, бояд зеҳнро мутаваҷҷеҳи масоили олии ҳунарӣ ва фикрӣ кард ва ғаризаро ба таври (ғайри) мустақим ба сӯйи ин умур ҳидоят намуд. Фрейд яке аз ин афрод аст.

Ахлоқе, ки амсоли Росел аз он таблиғ мекунанд ва номи онро “ахлоқи навин” гузоштаанд, ҳамон аст, ки самарааш ошуфтагии беш аз пеши ғароиз ва тамоюлот аст, ва бар хилофи муддаъои онҳо, ки ахлоқи куҳанро муттаҳам ба ошуфта сохтани руҳ мекунанд, системи ахлоқии худи онҳо сазовори ин иттиҳом аст.

Имрӯз падидаҳои иҷтимоии хоссе ва ба иборати дигар, мушкилоти иҷтимоии махсусе пайдо шуда, ки афкори уламои иҷтимоъро ба худ машғул доштааст.

Дар ҷомеаи имрӯз, ҷавонон ба таври маҳсусе аз издивоҷ шона холӣ мекунанд, ҳомилагӣ ва зоидан ва бачча бузург кардан ба сурати амри манфуре барои занон даромадааст, занон ба идораи амри хона камтар алоқа нишон медиҳанд, издивоҷҳое, ки намунаи ваҳдати руҳ аст, ҷуз дар миёни табақоте, ки ба муқаррароти ахлоқи куҳан пойбанданд камтар дида мешавад, ҷанги аъсоб беш аз пеш рӯ ба афзоиш аст ва билохира ошуфтагии руҳии аҷибе маҳсус ва машҳуд аст.

Гурӯҳе мехоҳанд ин аворизро лозимаи қаҳрии инқилоби санъатии ҷадид бидонанд ва роҳи баргаштро бад-ин васила бибанданд, дар сурате ки инҳо рабти зиёде ба зиндагии санъатӣ ва аз миён рафтани зиндагии кишоварзӣ надорад. Ин авориз ношӣ аз як навъ ба истилоҳ инқилоби фикрӣ аст ва афроди хоссе ҳастанд, ки масъулияти умдаи ин бадбахтии башариятро доранд.

Росел дар гуфтори худ дучори таноқузгӯиҳо мегардад; гоҳе сахт аз озодии ҷинсӣ ҳимоят мекунад (ки дар бахшҳои пеш бархе ибороти ӯро нақл кардем) ва гоҳе иҷборан лузуми як силсила ҳудуд ва қайдҳои иҷтимоиро дар ин замина мепазирад. Мо барои ин ки сухан тӯлонӣ нашавад, аз нақл ва интиқоди онҳо худдорӣ мекунем.

* * *

Ҳақиқат ин аст, ки ишбои ғариза ва саркӯб накардани он як матлаб аст, ва озодии ҷинсӣ ва рафъи муқаррарот ва мавозини ахлоқӣ матлаби дигар. Ишбои ғариза бо риояти асли иффат ва тақво мунофӣ нест, балки танҳо дар сояи иффат ва тақвост, ки метавон ғаризаро ба ҳадди кофӣ ишбоъ кард ва ҷилави ҳаяҷонҳои беҷо ва нороҳатиҳо ва эҳсоси маҳрумиятҳо ва саркӯб шуданҳои ношӣ аз он ҳаяҷонҳоро гирифт. Ба иборати дигар, парвариш додани истеъдодҳо ғайр аз пар додан ба ҳавасҳо ва орзуҳои поённопазир аст.

Яке аз мухтассот ва имтиёзоти инсон аз ҳайвонот ин аст, ки ду навъ майл ва таманно дар башар мумкин аст пайдо шавад: таманноҳои содиқ, таманноҳои козиб. Таманноҳои содиқ ҳамонҳост, ки муқтазои табиати аслӣ аст. Дар вуҷуди ҳар инсоне табиати майл ба сиёнати зот, ба қудрат ва тасаллут, ба умури ҷинсӣ, ба ғизо хӯрдан ва амсоли инҳо ҳаст.

Ҳар як аз ин майлҳо ҳадаф ва ҳикмате дорад. Ба илова, ҳамаи инҳо маҳдуданд, вале ҳамаи инҳо мумкин аст заминаи як таманнои козиб воқеъ шаванд. Иштиҳои козибе, ки афрод дар мавриди хӯрданиҳо пайдо мекунанд, машҳур ва маъруфи ҳама аст.

Дар баъзе аз майлҳо ва ғароиз (ки ғаризаи ҷинсӣ аз онҳост) ин таманно ғолибан ба сурати як аташи руҳӣ дармеояд, яъне қаноат ва поёнпазириро дар он роҳ нест.

Ғаризаи табииро метавон ишбоъ кард, аммо таманнои козиб хусусан агар шакли аташи руҳӣ ба худ бигирад, ишбоъпазир нест.

Иштибоҳи касоне, ки барои ҷилавгирӣ аз саркӯби ғароиз ва ба манзури рушди истеъдодҳо режими ахлоқи озодро ба истилоҳ пешниҳод карданд, ношӣ аз ин аст, ки ин тафовути шигарфи инсон ва ҳайвонро нодида гирифтанд ва ба ин ҷиҳат таваҷҷӯҳ накарданд, ки майл ба бениҳоят дар сиришти инсон нуҳуфтааст. Инсон чӣ дар заминаи пул ва иқтисодиёт, чӣ дар заминаи сиёсат ва ҳукумат ва тасаллут бар дигарон ва чӣ дар заминаи умури ҷинсӣ агар заминаи мусоиде барои пешравӣ бибинад, дар ҳеч ҳадде таваққуф намекунад. Хиёл карданд, ки ҳоҷати ҷинсӣ дар вуҷуди башар филмасал назири ҳоҷати табиии ҳар касе ба идрор ва холӣ кардани масона аст. Манъ ва ҳабси идрор аз назари пизишкӣ мазарроти фаровоне дорад, аммо холӣ кардани он ҳудуд ва шароите надорад. Агар фаразан касе қадам ба қадам дар кӯчаҳо ва хиёбонҳо маҳалли муносиб ва покиза ва маҷҷонӣ барои идрор биёбад, беш аз миқдори ҳоҷат ба онҳо таваҷҷӯҳе нахоҳад кард.

Ниҳояти ҷаҳолат аст, ки ғаризаи ҷинсӣ ё ғаризаи қудратталабӣ ё пулпарастии башарро аз ин қабил бидонем ва таваҷҷӯҳи худро танҳо ба ҷанбаҳои маҳрумият ва ишбоъ нашудани ғариза маътуф кунем ва аворизи ҳайратовар ва поённопазири ҷиҳати мухолифро нодида бигирем.

Агар инсон дар ин заминаҳо монанди ҳайвонот зарфияти маҳдуд ва поёнпазире медошт, эҳтиёҷе набуд на ба муқаррароти сиёсӣ ва на ба муқаррароти иқтисодӣ ва на ба муқаррароти ҷинсӣ. Аз назари ахлоқӣ низ на ниёзе ба ахлоқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд, на ба ахлоқи иқтисодӣ ва на ба ахлоқи ҷинсӣ. Ҳамон зарфияти маҳдуди табиӣ ҳамаи мушкилотро ҳал мекард. Аммо ҳамчунон ки аз муқаррарот ва ахлоқи маҳдудкунанда дар равобити иҷтимоӣ ва умури иқтисодӣ ва аз иффат ва тақвои сиёсӣ ва иҷтимоӣ гурезе нест, аз муқаррарот ва ахлоқи маҳдудкунандаи ҷинсӣ ва аз иффат ва тақвои ҷинсӣ низ гурезе намебошад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Ахлоқи ҷинсӣ”

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бонувон, Ислом

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: