Ахлоқи ҷинсӣ (7)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши 7

Демукросӣ дар ахлоқ

Дар ахлоқ низ монанди сиёсат бояд усули озодӣ ва демукросӣ ҳукмфармо бошад, (ин матлаб) матлаби саҳеҳ ва дурусте аст. Яъне инсон бояд бо ғароиз ва тамоюлоти худ монанди як ҳукумати одил ва демукрот бо тӯдаи мардум рафтор кунад.

Вале иддае онҷо, ки пойи масоили ахлоқӣ дар миён меояд ё онҷо, ки инсон дар муқобили худаш қарор гирифта ва бояд дар бораи рафтори худаш бо худаш қазоват кунад, амдан ё саҳван демукросиро бо худсарӣ ва ҳарҷу марҷ ва бебандуборӣ иштибоҳ мекунанд. Ислом дар бораи ахлоқи ҷинсӣ ҳамонро мегӯяд, ки ҷаҳони имрӯз дар бораи ахлоқи сиёсӣ ва ахлоқи иқтисодӣ пазируфтааст.

Ахлоқи сиёсӣ ба ғаризаи қудрат ва бартариталабӣ марбут аст ва ахлоқи иқтисодӣ ба ҳисси афзунталабӣ, ҳамчунон ки ахлоқи ҷинсӣ марбут аст ба ғаризаи ҷинсӣ. Аз назари лузуми озодӣ аз як тараф ва лузуми инзиботи шадид аз тарафи дигар, ҳеч тафовуте миёни ин се бахши ахлоқ нест. Маълум нест чаро тарафдорони ахлоқи навини ҷинсӣ ин гушодадастиҳоро танҳо дар бораи ахлоқи ҷинсӣ ҷоиз мешуморанд?!

Ишқ ва ғаризаи ҷинсӣ

Яке аз масоили муҳимми ахлоқи ҷинсӣ масъалаи ишқ аст. Чунон ки медонем, фалосифа аз қадимулайём барои ишқ фасли махсусе боз карда ва ба баррасии моҳияти он пардохтаанд.

Ибни Сино рисолаи махсусе дар ишқ фароҳам овардааст. Урафо ишқро дар ҳамаи ашё сорӣ ва ишқи инсон ба инсонро мазҳари он ҳақиқати куллӣ донистаанд.

Шуарои аҳли адаб бо он ки шаҳватро амре ҳайвонӣ ва паст шумурдаанд, ишқро ситоиш карда ва ба он ифтихор кардаанд, то онҷо, ки муқоисаи ақл ва ишқ ва тарҷеҳи ишқ бар ақл бахше аз адабиёти моро ташкил медиҳад.

Ишқе, ки мавриди ситоиш воқеъ шуда ва аз ғайри мақулаи шаҳват дониста шудааст, танҳо ишқи илоҳӣ нест, (балки) ҳатто ишқи инсон ба инсон низ дар баъзе аз ақсомаш амре шариф ва хориҷ аз мақулаи шаҳват муаррифӣ шудааст.

Нуқтаи муқобили ин идда, афроде буда ва ҳастанд, ки ишқро чӣ аз лиҳози мабдаъ ва чӣ аз лиҳози кайфият ва чӣ аз лиҳози ҳадаф ҷуз ҳиддату шиддати ғаризаи ҷинсӣ намедонанд ва ба ишқи муқаддас имон ва эътироф надоранд. Аз назари ин идда, истеъмоли ишқ дар мавриди Худованд низ хориҷ аз назокат ва адаб ва убудият аст.

Аз назари дастаи аввал, ишқ тақсимоте дорад: яке аз ақсоми он, ишқи инсон ба инсон аст. Ин ишқ низ ба навбаи худ бар ду қисм аст: ҷисмонӣ ва нафсонӣ (ва ба таъбири дигар: ҳайвонӣ ва инсонӣ). Вале аз назари дастаи дуввум, ишқ тақсимот ва ақсоме надорад, ҳар чӣ ҳаст ҳамон шаҳват асту бас.

Имрӯз дар миёни баъзе аз фалосифаи ҷадид ақидаи севвуме пайдо шудааст. Аз назари ин идда, решаи ҳамаи ишқҳо амри ҷинсӣ аст, вале ҳамин амри ҷинсӣ дар шароити хоссе тадриҷан тағйири шакл медиҳад ва хоссияти ҷинсӣ ва шаҳавонии худро аз даст медиҳад ва ҷанбаи руҳӣ ва маънавӣ ба худ мегирад.

Ин идда ба дугунагии ишқ қоил ҳастанд, аммо ба маънои дугунагӣ аз лиҳози ҳолат ва кайфият ва ҳадаф ва осор, на дугунагӣ аз лиҳози реша ва мабдаъ. Аз назари ин идда, ҷойи таъаҷҷуб нест, ки як амри моддӣ шакли маънавӣ ба худ бигирад, зеро миёни моддиёт ва маънавиёт он чунон девори ғайри қобили убуре вуҷуд надорад ва ба қавли яке аз аҳли назар: “Ҳар амри маънавӣ асл ва пояи моддӣ ва табиӣ дорад ва ҳар амри моддӣ як густариш ва басти маънавӣ.” (Лаззоти фалсафа, с.135)

Мо феълан намехоҳем вориди ин баҳси амиқи равонӣ ва фалсафӣ бишавем ва ба нақлу нақди ақоид ва орои зиёде, ки дар ин бора — қадиман ва ҷадидан — гуфта шуда бипардозем. Дар инҷо ҳамин қадр мегӯем, хоҳ ишқ решаи ғайри ҷинсӣ дошта бошад ва хоҳ надошта бошад, ва ба фарзи аввал хоҳ битавонад тағйири шакл ва моҳият бидиҳад ва ҷанбаи маънавӣ ва руҳонӣ пайдо кунад, хоҳ накунад, (аммо) дар ин ҷиҳат наметавонем тардид дошта бошем, ки ишқ аз лиҳози осори равонӣ ва иҷтимоӣ, яъне аз лиҳози таҳаввулоте, ки дар руҳи фард эҷод мекунад ва аз лиҳози таъсироте, ки дар халқи осори ҳунарӣ ва завқӣ ва иҷтимоӣ дорад, бо як шаҳвати соддаи ҳайвонӣ, ки ҳадафаш сирфан ирзо ва ишбоъ аст, тафовути бисёр дорад.

Ҳолати хосси шаҳавонӣ то вақте ки сурати шаҳавонӣ дорад, мақрун ба худхоҳӣ аст ва дар ин ҳолат инсон ба мавзӯи шаҳват ба чашми як абзор ва васила нигоҳ мекунад, аммо ҳамин ки шакли ишқ ба худ гирифт, мавзӯи дилхоҳ он чунон асолат пайдо мекунад, ки ҳатто аз ҷони хостор азизтар ва гаронбаҳотар мегардад ва хостор фидои мавзӯи дилхоҳи худ мешавад. Яъне шахси хостор аз “худӣ” берун меравад ва лоақал худии ӯ худии тарафро низ дабар мегирад. Аз ин рӯст, ки ишқ ба унвони мураббӣ, кимиё, муаллим ва илҳомбахш хонда шудааст.

Саъдӣ мегӯяд:

Ҳар ки ишқ андар ӯ каманд андохт,

Ба муроди ваяш бибояд сохт.

Ҳар ки ошиқ нагашт мард нашуд,

Нуқра фоиқ нагашт то нагудохт.

Ё масалан Ҳофиз мегӯяд:

Булбул аз файзи гул омӯхт сухан, варна набуд

Ин ҳама қавлу ғазал таъбия дар минқораш.

Адабиёти ҷаҳон пур аст аз ин таъбирот.

Ишқро, ҳам ғарбӣ ситоиш карда, ҳам шарқӣ, аммо бо ин тафовут, ки ситоиши ғарбӣ аз он назар аст, ки висоли ширин дарбар дорад, ва ҳаддиаксар аз он назар, ки ба аз миён рафтани худии фардӣ — ки ҳамвора зиндагиро мукаддар мекунад — ва ба ягонагӣ дар руҳ мунҷар мешавад ва ду шахсият баст ёфта ва яке шуда, тавъам бо якдигар зист мекунанд ва аз ҳаддиаксари лутфи зиндагӣ баҳраманд мегарданд. Аммо ситоиши шарқӣ аз ин назар аст, ки ишқ дар ҳадди зоти худ матлуб ва муқаддас аст; ба руҳ шахсият ва шукӯҳ медиҳад, илҳомбахш аст, кимиёасар аст, мукаммил аст, тасфиякунанда аст, на бад-он ҷиҳат, ки висоли ширин дар пай дорад ва ё муқаддимаи ҳамзистии пур аз лутфи ду руҳи инсонӣ аст. Аз назари шарқӣ, агар ишқи инсон ба инсон муқаддима аст, муқаддимаи маъшуқе олитар аз инсон аст, ва агар муқаддимаи ягонагӣ ва иттиҳод аст, муқаддимаи ягонагӣ ва вусул ба ҳақиқати олитар аз уфуқи инсонӣ аст.

Хулоса ин ки дар масъалаи ишқ низ монанди бисёре аз масоили дигар, тарзи тафаккури шарқӣ ва ғарбӣ мутафовит аст. Ғарбӣ дар айни ин ки дар охирин марҳила ишқро аз як шаҳвати содда ҷудо медонад ва ба он сафо ва риққате руҳонӣ медиҳад, онро аз чаҳорчӯби масоили зиндагӣ хориҷ намесозад ва ба чашми яке аз мавоҳиби зиндагии иҷтимоӣ ба он менигарад, аммо шарқӣ ишқро дар мофавқи масоили оддии зиндагӣ ҷустуҷӯ мекунад.

Агар он фарзияро бипазирем, ки мегӯяд, ишқ аз лиҳози реша ва ҳам аз лиҳози кайфият, ҳадаф ва осор ҷуз ғаризаи ҷинсӣ нест, ишқ дар ахлоқи ҷинсӣ фасли ҷудогонае нахоҳад дошт. Он чӣ дар бораи лузум ва адами лузуми парвариши ғаризаи ҷинсӣ гуфта шуд, дар ин бора кофӣ аст. Ва аммо агар ишқро аз лиҳози реша ва лоақал аз лиҳози кайфият ва осори равонии иҷтимоӣ бо ғаризаи ҷинсӣ муғойир донистем, ночорем фасли ҷудогонае барои лузум ва адами лузуми парвариши ин истеъдод боз кунем. Лузуми ишбоъи ғаризаи ҷинсӣ кофӣ нест, ки ишқро муҷоз бишуморем, ҳамчунон ки ишбоъи ғаризаи ҷинсӣ барои парвариши ин ҳолати нимамаънавӣ кофӣ нест ва маҳрумият аз ин мавҳибат мумкин аст аворизе дошта бошад, ки бо ишбоъи ҳайвонии ғаризаи ҷинсӣ чорапазир нест.

Росел дар “Заношӯӣ ва ахлоқ” мегӯяд:

Касоне, ки ҳаргиз аз ваҳдати самимона ва амиқи рафоқати пуршӯри як ишқи тарафайнӣ бӯе набурдаанд, дар ҳақиқат ширинии ҷанбаҳои зиндагиро начашидаанд ва бе он ки худ бидонанд, маҳрумият аз он авотиф ононро ба сӯйи қасоват, ҳасодат ва зӯргӯӣ савқ медиҳад.”

Маъмулан гуфта мешавад, ки дин душмани ишқ аст. Боз тибқи маъмул, ин душман ин тавр тафсир мешавад, ки чун дин ишқро бо шаҳвати ҷинсӣ яке медонад ва шаҳватро зотан палид мешуморад, ишқро низ хабис мешуморад.

Вале чунон ки медонем, ин иттиҳом дар бораи ислом содиқ нест, дар бораи масеҳият содиқ аст. Ислом шаҳвати ҷинсиро палид ва хабис намешуморад, то чӣ расад ба ишқ, ки ягонагӣ ва дугонагии он бо шаҳвати ҷинсӣ мавриди баҳсу гуфтугӯст.

Ислом муҳаббати амиқ ва самимии завҷайнро ба якдигар мӯҳтарам шумурда ва ба он тавсия кардааст ва тадобире ба кор бурда, ки ин ягонагӣ ва ваҳдат ҳар чӣ бештар ва муҳкамтар бошад.

Нуктае, ки дар инҷо ҳаст ва аз он ғафлат шуда ин аст: иллати ин ки гурӯҳе аз муаллимони ахлоқ бо ишқ аз назари ахлоқӣ ба мухолифат бархостаанд ва лоақал онро ахлоқӣ нашумурдаанд, зиддияти ақлу ишқ аст. Ишқ он чунон саркаш ва нерӯманд аст, ки ҳарҷо роҳ пайдо мекунад, ба ҳукумат ва султаи ақл хотима медиҳад. Ақл нерӯе аст, ки ба қонун фармон медиҳад ва ишқ ба истилоҳ тамоюл ба оноршӣ дорад ва пойбанди ҳеч расму қонуне нест. Ишқ як нерӯи инқилобии инзиботнопазири озодиталабӣ аст. Бинобар ин, системҳое, ки асоси худро бар пояи ақл гузоштаанд, наметавонанд ишқро таҷвиз кунанд. Ишқ аз ҷумла умуре аст, ки қобили тавсия ва таҷвиз нест. Он чӣ дар мавриди ишқ қобили тавсия аст ин аст, ки агар ба ҳасби тасодуф ва ба иллатҳои ғайри ихтиёрӣ пеш ояд, шахс бояд чӣ гуна амал кунад, то ҳаддиаксари истифодаро бибарад ва аз осори мухарриби он масун бимонад.

Матлаби умдае, ки дар инҷо ҳаст, робитаи ишқ ва иффат аст. Оё ишқ ба мафҳуми олӣ ва муфиди худ, дар муҳитҳои ба истилоҳ озод беҳтар рушд меёбад ва ё ишқи олӣ тавъам бо иффати иҷтимоӣ аст; муҳитҳое, ки дар онҷо зан ба ҳоли ибтизол даромадааст, кушандаи ишқи олӣ аст? Ин, матлабе аст, ки дар қисмати оянда, ки охирин қисмати ин баҳс аст матраҳ хоҳад шуд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари “Ахлоқи ҷинсӣ”

Реклама


Рубрики:Барномаи зиндагӣ, Бонувон, Ислом

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: