Шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия (27) – Руъяти Худо (4)

Дидгоҳи саҳеҳ

Муҳимтарин далели исботкунандагони руъят ва ҳатто инкоркунандагони он, ояти 143 сураи Аъроф будааст, ки мефармояд:

وَلَمَّا جَاء مُوسَى لِمِيقَاتِنَا وَكَلَّمَهُ رَبُّهُ قَالَ رَبِّ أَرِنِي أَنظُرْ إِلَيْكَ قَالَ لَن تَرَانِي وَلَكِنِ انظُرْ إِلَى الْجَبَلِ فَإِنِ اسْتَقَرَّ مَكَانَهُ فَسَوْفَ تَرَانِي فَلَمَّا تَجَلَّى رَبُّهُ لِلْجَبَلِ جَعَلَهُ دَكًّا وَخَرَّ موسَى صَعِقًا فَلَمَّا أَفَاقَ قَالَ سُبْحَانَكَ تُبْتُ إِلَيْكَ وَأَنَاْ أَوَّلُ الْمُؤْمِنِينَ

Ва чун Мӯсо ба ваъдагоҳи мо омад ва парвардигораш бо ӯ сухан гуфт, (Мӯсо) арз кард: “Парвардигоро! Худро ба ман нишон бидеҳ, то ба ту нигоҳ кунам!” (Худо) фармуд: “Абадан маро нахоҳӣ дид. Вале ба ин кӯҳ нигоҳ андоз, агар битавонад дар ҷойи худ барқарор бимонад, ту низ маро хоҳӣ дид”. Пас он гоҳ ки парвардигораш бар он кӯҳ таҷаллӣ кард, (таҷаллии Худо бар он кӯҳ) онро пора-пора сохт ва Мӯсо беҳуш афтод. Сипас ки ба ҳуш омад, арз кард: “Худоё! Ту муназзаҳ ва покӣ! Ба даргоҳи ту тавба кардам ва ман аввалин касе ҳастам, ки ба ту имон дорам.”

Маънои ояти мазкур чунон ки аз зоҳири он бармеояд ин аст, ки вақте Мӯсо (Алайҳис салом) арз кард: Парвардигоро! Худатро бинамоён то нигоҳат кунам!… Худо фармуд: ту абадан маро нахоҳӣ дид… Ба ин кӯҳ нигоҳ андоз… Маълум мешавад онҷо кӯҳе буда ва Худои Таъоло ишора ба он фармуда: ба ин кӯҳ нигоҳ кун, ки ман инак худро барои он зоҳир месозам. Агар дидӣ, тоби дидори маро овард ва бар ҷойи худ устувор бимонд, бидон, ки ту ҳам тоби назар андохтан ба ман ва дидани маро дорӣ. Вақте Худованд таҷаллӣ кард ва барои кӯҳ зоҳир гардид, бо таҷаллии худ онро дарҳам кӯбид ва дар фазо партобаш кард. Мӯсо (Алайҳис салом) аз ҳайбати манзара афтод ва беҳуш шуд. Ва лекин вақте ба ҳуш омад, гуфт: муназзаҳ ҳастӣ ту! Ва ман дар бораи дархосте, ки кардам, ба пешгоҳат тавба мекунам ва аввалин касе ҳастам, ки дар бораи нодиданӣ будани ту имон овардаам.

Ин аст маъное, ки аз зоҳири лафзҳои ояти шарифа истифода мешавад.

Ҳол, шакке нест, ки агар масъалаи руъйат ва назар андохтанро арза ба фаҳми мардуми оддӣ бикунем, бедиранг онро ҳамл бар “руъйат ва назар андохтани ба чашм” мекунанд. Вале ин ҳамл саҳеҳ нест. Зеро руъйат ва дидани ба чашм яъне ин ки ҷиҳози биноӣ ба кор афтад ва аз ҷисми дидашаванда сурате бардорад ва дар зеҳни инсон тарсим бикунад. Ва ин дар ҳоле аст, ки аз назари Қуръони Карим, Худои Субҳон ҷисм ва ҷисмонӣ нест ва ҳеч макон, ҷиҳат ва замоне ӯро дар худ намегунҷонад, аз ин рӯ дидани ба чашм ба ин маъное, ки мо башар мефаҳмем, ба ӯ мутаъаллиқ намешавад ва ҳеч сурати зеҳние мунтабиқ бо ӯ намегардад.

Пас, ба таври мусаллам агар Мӯсо (Алайҳис салом) тақозои дидани Худоро карда, ғаразаш аз дидан, ғайр аз ин дидани ба чашм буда ва қаҳран ҷавобе ҳам, ки Худои Таъоло ба вай дода, нафйи диданест ғайр аз ин дидан (дидани ба чашм), чун ин наҳв дидан амре нест, ки суолу ҷавоббардор бошад, ки Мӯсо онро тақозо кунад ва Худованд дасти рад ба синааш бизанад.

Хоҳед гуфт: пас маънои руъйати Худо дар ояти мавриди баҳс ва ҳамчунин дар ояти:

وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ. إِلَى رَبِّهَا نَاظِرَةٌ

… ва ояти:

مَا كَذَبَ الْفُؤَادُ مَا رَأَى

Он чӣ қалб дид дурӯғ напиндошт.” (Сураи Наҷм, ояти 11) ва ояти:

مَن كَانَ يَرْجُو لِقَاء اللَّهِ فَإِنَّ أَجَلَ اللَّهِ لَآتٍ

Ҳар кас, ки ба лиқо ва дидори Худо умедвор ва муштоқ аст, бидонад, ки ҳангоми аҷал ва ваъдаи муайяни Худо албатта фаро расад.” (Сураи Анкабут, ояти 5) ва низ ояти:

أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ. أَلَا إِنَّهُمْ فِي مِرْيَةٍ مِّن لِّقَاء رَبِّهِمْ أَلَا إِنَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ مُّحِيطٌ

Эй Расул! Оё ҳамин ҳақиқат, ки Худо бар ҳамаи мавҷудоти олам пайдо ва гувоҳ аст, кифоят аз бурҳон намекунад? Бидонед, ки кофирон аз дидор ва лиқои Худои худ дар шакку инкоранд ва боз бидонед, ки Худоро бар ҳамаи мавҷудоти олам иҳотаи комил аст.” (Сураи Фуссилат, оятҳои 53 ва 54) ва низ ин ояти карима дар Қуръон, ки:

فَمَن كَانَ يَرْجُو لِقَاء رَبِّهِ فَلْيَعْمَلْ عَمَلًا صَالِحًا وَلَا يُشْرِكْ بِعِبَادَةِ رَبِّهِ أَحَدًا

Ва ҳар кас ба дидор ва лиқои парвардигораш умедвор аст, бояд некӯкор шавад ва ҳаргиз дар парастиши Худо аҳадеро бо Ӯ шарик нагардонад.” (Сураи Каҳф, ояти 110) ва низ оятҳои бисёри дигар, ки руъйати Худо ва дидор ва лиқои ӯро исбот мекунад, чист? Ва оё байни ин оятҳо ва оятҳое, ки сареҳан имкони руъйатро нафй мекунад, монанди ояти:

لا تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ

Чашмон Худоро дарк накунанд ва ҳол он ки ӯ чашмонро дарк кунад ва Ӯ латиф ва хабир аст.” метавон ҷамъ кард? Ва ба чӣ баёне метавон ин мунофотро, ки байни ин ду даста аз оятҳо ба чашм мехӯрад, бартараф сохт?

Ҷавоби ин суол: мурод аз руъйат дар ин оятҳо, қатъитарин ва равшантарин маротиби илм ва огоҳист (яъне илми зарурӣ), ва таъбири он ба руъйат, барои муболиға дар равшанӣ ва қатъияти он аст.

Ҳол, суол ин аст, ки ҳақиқати ин огоҳӣ, ки онро “илми зарурӣ” номидем чист? Илме, ки ба “руъят” таъбир шуда.

Аввалан, илми зарурӣ илмест, ки дар ҳусули он, ба ҳеч истидлол ва тафаккуре ниёз нест, балки худ ба худ ба маҳзи таваҷҷӯҳ ҳосил мешавад, мисли илм ба ин ки “маҳол аст, ки Аҳмад дар як вақт, ҳам дар мадраса бошад ва ҳам набошад”, ки дар истилоҳ, аз он ба “маҳол будани иҷтимои ду нақиз” таъбир мекунанд ва ё илм ба ин ки “ҳар падидае (маълуле) ниёз ба падидоваранда (иллат) дорад” ва ё илм ба ин ки “шаҳре ба номи Макка мавҷуд аст” ва ғайра…

Сониян, ҳар илми зарурие, ба руъйат таъбир намешавад. Масалан: мо ба илми зарурӣ медонем, ки шахсе ба номи Иброҳими Халил ва ё ба номи Искандар ва ё Кисро вуҷуд дошта, ва бо ин ки илми мо ба вуҷуди эшон зарурист, илми худро руъйат намехонем. Ва ҳамчунин, мо ба илми зарурӣ медонем, ки шаҳре ба номи Душанбе ва ё Маскав ва ё Порис вуҷуд дорад, аммо саҳеҳ нест ба сирфи доштани ин илм бигӯем: “Мо Маскавро дидаем”, ҳатто дар мақоми муболиға дар олим будани худ низ саҳеҳ нест чунин таъбире ба кор бибарем. Агар ҳам бихоҳем муболиға кунем, бояд бигӯем: “Вуҷуди Иброҳим, Искандар ва Кисро он қадр барои ман равшан аст ва яқини ман ба вуҷуди эшон он қадр зиёд аст, ки гӯё ман эшонро дида бошам”, на ин ки бигӯем: “Ман эшонро дидаам.”

Аз ин мисол равшантар, илми зарурӣ ба бадеҳиёти аввалия аст, (1) аз қабили “як нисфи адади дуст” ва ё “адади чаҳор ҷуфт аст.” Ва ин бадеҳиёт аз онҷо, ки маҳсус ва моддӣ нестанд (яъне чунин нест, ки масалан мо ҷуфт будани адади чаҳорро бо чашм бибинем ва ё бо гӯш бишнавем ва ё бо даст биламсем ва ғайра, балки бо ақли худ онро дарк мекунем), аз ин рӯ метавонем онҳоро илм (ва огоҳӣ) биномем, аммо саҳеҳ нест онҳоро руъйат биномем. Ва ҳамчунин, тамоми тасдиқоти ақлие, ки дар қувваи оқила анҷом мегирад, метавонем ба онҳо “илми ҳусулӣ” бигӯем, аммо онҳоро “руъйат” наменомем. Ва агар дар порае аз умури ақлӣ калимаи “руъйат”-ро ба кор мебарем, мақсудамон дидан ба чашм нест, балки мақсуд ҳукм кардан ва изҳори назар аст. (2)

Оре, дар миёни маълумоти мо маълумоте ҳаст, ки метавон ба онҳо “руъйат” гуфт ва он маълумот, ба илми ҳузурии мост. Масалан мегӯем: “Ман худро мебинам, ки ман манам”, “Мебинам, ки нисбат ба фалон кор ирода дорам ва нисбат ба он дигарӣ кароҳат дорам”, “Мебинам, ки фалон чизро дӯст ва фалон чизро душман медорам”, “Мебинам, ки нисбат ба фалон амр умедвор ва орзумандам” ва ғайра… Маънои ин диданҳо он аст, ки ман зоти худро чунин меёбам ва онро бидуни ин ки чизе байни ман ва вай монеъ шавад ёфтаам. Ва ман худи зотамро ёфтам, ки нисбат ба фалон кор ирода ва муҳаббат дорад, кароҳат дорад, умед ва орзу дорад ва ғайра… Ва ин умур на ба ҳоссаҳо маҳсусанд ва на ба фикр, балки дарки онҳо аз ин боб аст, ки барои зоти инсон ҳозиранд ва дарки онҳо эҳтиёҷе ба истеъмоли фикр ва ё ҳоссаҳо надорад.

Албатта иштибоҳ нашавад, ин таъбир ғайр аз таъбири “Туро мебинам, ки фалон чизро дӯст медорӣ ва фалон чизро душман медорӣ” аст, барои ин ки маънои ҷумлаи ахир ин аст, ки ман бо чашми худ туро дар ҳайъате мебинам, ки далолат дорад бар ин ки ту дар дил фалон чизро дӯст дорӣ. Ва ин ғайр аз он матлабе аст, ки мо хотирнишон сохта ва ба муҳаббат ва душманӣ ва ирода ва кароҳати нафс мисол овардем, чун дар он мисол, ки мегуфтем: “Ман мебинам, ки нисбат ба фалон амр ирода ва нисбат ба он дигарӣ кароҳат дорам”, мақсудамон ин аст, ки ман худи ирода ва кароҳат ва муҳаббат ва душманиро ва хулоса ҳақиқат ва воқеияти ин умурро дар нафси худ меёбам, на ин ки аз чизи дигаре пай ба вуҷуди онҳо бурда ва ба вуҷуди онҳо истидлол мекунам.

Ин маъно, ки маълум шуд, инак мегӯем:

Ҳарҷо ки Худои Таъоло гуфтугӯ аз руъят ва дида шуданаш карда, дар ҳамонҷо хусусиятҳоеро зикр карда, ки аз он хусусиятҳо мефаҳмем, ки манзур аз руъят ва дида шудани Худои Мутаъол, ҳамин қисм аз илм ва огоҳиест, ки худи мо ҳам онро “руъйат” ва “дидан” меномем.

Масалан, ояти каримаи:

أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ. أَلَا إِنَّهُمْ فِي مِرْيَةٍ مِّن لِّقَاء رَبِّهِمْ أَلَا إِنَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ مُّحِيطٌ

Эй Расул! Оё ҳамин ҳақиқат, ки Худо бар ҳамаи мавҷудоти олам пайдо ва гувоҳ аст, кифоят аз бурҳон намекунад? Бидонед, ки кофирон аз дидор ва лиқои Худои худ дар шакку инкоранд ва боз бидонед, ки Худоро бар ҳамаи мавҷудоти олам иҳотаи комил аст.” (Сураи Фуссилат, оятҳои 53 ва 54) — ки яке аз оятҳои исботкунандаи руъйат аст — қабл аз исботи руъйат нахуст исбот карда, ки Худо назди ҳар чизе ҳозир ва машҳуд (шуҳудшаванда) аст. Ва ҳузураш, ба чизе ва ё ба ҷиҳати муайяне ва ба макони махсусе ихтисос надошта, балки назди ҳар чизе шоҳид ва ҳозир ва бар ҳар чизе муҳит (иҳотакунанда) аст, ба тавре ки агар — ба фарзи маҳол — касе битавонад ӯро бибинад, метавонад ӯро дар виҷдони худаш ва дар нафси худ ва дар зоҳири ҳар чиз ва дар ботини он бибинад. Ин аст маънои дидани Худо ва лиқои ӯ, на дидан ба чашм ва мулоқот ба ҷисм, ки ҷуз бо рӯ ба рӯ шудани ҳиссӣ ва ҷисмонӣ ва мушаххас будани макон ва замони ду тараф сурат намегирад.

Ояти шарифаи:

مَا كَذَبَ الْفُؤَادُ مَا رَأَى

Он чӣ қалб дид дурӯғ напиндошт.” (Сураи Наҷм, ояти 11) низ ба ҳамин маъно ишора дорад. Чун нисбати руъйатро ба қалб медиҳад, ки бидуни тардид мурод аз он, нафси инсоният — он ҳақиқате, ки инсонро аз дигар ҳайвонот ҷудо месозад – аст, на қалби санавбаришакл, ки дар қисмати дарунии тарафи чапи сина қарор дорад.

Ва монанди ояти фавқ ин ояти шарифа, ки дар он Худо мефармояд:

كَلَّا بَلْ رَانَ عَلَى قُلُوبِهِم مَّا كَانُوا يَكْسِبُونَ. كَلَّا إِنَّهُمْ عَن رَّبِّهِمْ يَوْمَئِذٍ لَّمَحْجُوبُونَ

Чунин нест, балки зулмати зулм ва бадкориҳояшон бар дилҳои тираи онҳо ғалаба кардааст. Чунин нест, ки мепиндоранд, балки онҳо аз парвардигорашон дар зери парда қарор дода шудаанд).” (Сураи Мутаффифин, оятҳои 13 ва 14) аст, ки далолат дорад бар ин ки он чизе, ки миёни мардум ва Худо монеъ шуда, ҳамоно тирагии гуноҳонест, ки муртакиб шудаанд. Ва ин тирагиҳост, ки дидаи дилҳои эшонро пӯшонда ва намегузорад, ки ба мушоҳидаи парвардигори худ ташарруф ёбанд. Пас, маълум мешавад, ки агар гуноҳон набошад, ҷонҳо Худоро мебинанд, на чашмҳо.

Худои Таъоло дар каломи маҷиди худ як қисми дигар аз руъйатро ҳам исбот карда, ки дар он руъйат низ монанди руъйати мавриди баҳс ҳоҷате ба узви биноӣ нест. Ва он руъйатест, ки дар ин ояти каримаи Қуръон:

كَلَّا لَوْ تَعْلَمُونَ عِلْمَ الْيَقِينِ. لَتَرَوُنَّ الْجَحِيمَ. ثُمَّ لَتَرَوُنَّهَا عَيْنَ الْيَقِينِ

Ҳаққан агар ба таври яқин медонистед. Албатта (пас аз марг) дӯзахро мушоҳида хоҳед кард. Ва сипас ба чашми яқин мебинед.” (Сураи Такосур, оятҳои 5−7) ва низ дар ин ояти каримаи Қуръон:

وَكَذَلِكَ نُرِي إِبْرَاهِيمَ مَلَكُوتَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَلِيَكُونَ مِنَ الْمُوقِنِينَ

Ва ҳамчунин Мо ба Иброҳим малакут ва ботини осмонҳо ва заминро нишон додем, то ба мақоми аҳли яқин бирасад.” (Сураи Анъом, ояти 75) зикр шуда. Зеро мақсуд аз “малакут” дар ин оят, ботини чизҳост, на зоҳири маҳсуси онҳо.

Пас, бо таваҷҷӯҳ ба ин матлаб, ки зикр шуд, маълум гардид, Худои Таъоло дар каломи худ руъйатеро исбот карда, ки ғайр аз руъйати ба чашм аст, балки як навъ дарк ва шуъурест, ки бо он ҳақиқат ва зоти ҳар чизе дарк мешавад, бидуни ин ки чашм ва ё фикр дар он ба кор равад. Шуъуреро исбот карда, ки одамӣ бо он шуъур ба вуҷуди парвардигори худ пай мебарад ва мӯътақид мешавад ғайр аз он эътиқоде, ки аз роҳи фикр ва бо бакоргирии далел ба вуҷуди парвардигори худ пайдо мекунад, балки парвардигори худро ба виҷдон ва бидуни ҳеч пардае дарк мекунад. Ва агар дарк накунад, ба хотири ин аст, ки ба худ машғул шуда ва дастхуши гуноҳоне шуда, ки иртикоб намуда. Ва ин дарк накардан ҳам ғафлат аз як амри мавҷуд ва машҳуд аст, на ин ки илм ба куллӣ аз байн рафта бошад. Дар ҳеч ҷойе аз Қуръон ҳам ояте, ки бар заволи илм (ба Худо) далолат кунад, дида намешавад, балки ҳамаҷо аз ин ҷаҳл, ба ғафлат таъбир шуда, ки маънояш машғул шудан ба илми дигар ва дар натиҷа аз ёд бурдани ӯст, на ин ки илм ба вуҷуди ӯ ба куллӣ аз байн рафта бошад.

Ва ин он чизест, ки каломи Худои Субҳон онро баён намуда ва ақл ҳам бо бурҳонҳои равшани худ онро таъйид мекунад. Албатта, ба тавре ки аз каломи маҷиди Худои Таъоло истифода мешавад, ин илм, ки аз он ба руъйат ва лиқо таъбир шуда, танҳо барои солеҳон аз бандагонаш, он ҳам дар рӯзи қиёмат даст медиҳад, ҳамчунон ки фармуд:

وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ. إِلَى رَبِّهَا نَاظِرَةٌ

Оре, қиёмат зарф ва макони чунин ташарруфест, на дунё, ки одамӣ дар он машғул ва пойбанд ба парваронидани тани хеш ва яксара дар пайи таҳсили ҳоҷатҳои табиии хештан аст. Дунё маҳалли сулук ва паймудани роҳи лиқои Худо ва ба даст овардани илми зарурӣ ба оятҳои ӯст ва то ба олами дигар кӯч накунад, ба мулоқоти парвардигораш ноил намешавад, ҳамчунон ки фармуда:

يَا أَيُّهَا الْإِنسَانُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَى رَبِّكَ كَدْحًا فَمُلَاقِيهِ

Эй инсон! Албатта ту (бо ҳар ранҷ ва машаққат) кӯшанда ба сӯйи парвардигори хеш ҳастӣ ва саранҷом ба мулоқоти ӯ меравӣ.” (Сураи Иншиқоқ, ояти 6) Ва дар ин маъно оятҳои бисёри дигарест, ки далолат доранд бар ин ки бозгашт ва поёни ҳама ба сӯйи ӯст ва ҳама дар талоши расидан ба ӯянд.

Ин аст он илми зарурии махсусе, ки Худои Таъоло онро дар бораи худ исбот намуда ва аз он ба руъйат ва лиқо таъбир фармудааст. Ҳол, ин таъбир ба наҳви ҳақиқат аст ё маҷоз, баҳс аз он хеле дорои аҳаммият ва мавриди эҳтиёҷи мо нест. Ҳар чӣ ҳаст, бошад. Мо ин қадр медонем, ки ба шаҳодати қароине, ки зикр кардем, мақсуд аз руъйат, он илми зарурии махсус аст…

Нуктае, ки дар инҷо қобили таваҷҷӯҳ аст ин аст, ки Қуръони Карим аввалин китобест, ки аз рӯйи ин ҳақиқат парда бардошта ва ба бесобиқатарин баёне ин розро ошкор сохтааст. Чун дар китобҳои осмонии қабл аз Қуръон асаре аз ин роз дида намешавад ва аслан дар пайи исботи ин қисм илм ба Худо барнаёмадаанд. Китобҳои фалсафие ҳам, ки дар перомуни ин гуна масоил сӯҳбат мекунанд, аз ин нукта ва ин ҳақиқат холист, чаро ки дар назди файласуфон илми ҳузурӣ мунҳасир аст ба илми ҳар чизе ба худаш.

Дар тафсири Табарӣ аз Ибни Ҳамид ривоят шуда:

حدثنا ابن حُميد، قال: ثنا مهران، عن موسى بن عبيد الحميري، عن محمد بن كعب القرظي، عن بعض أصحاب النبيّ صلى الله عليه وسلم قال: قلنا يا نبيّ الله: هل رأيت ربك؟ قال: لَمْ أرَهُ بعَيْني، ورأيتُهُ بفُؤَادي مَرَّتَيْن، ثم تلا: ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّى

Меҳрон аз Мӯсо ибни Убайди Ҳимярӣ аз Муҳаммад ибни Каъби Қуразӣ аз баъзе асҳоби Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нақл карда, ки мегӯяд: ба ҳазраташ (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) арз кардам: “Эй Расули Худо! Оё парвардигоратро дидаӣ?” Фармуд: “Ман ӯро бо чашмам надидам, балки ду бор ӯро бо қалбам дидаам.” Сипас ояти “ثم دنا فتدلى”-ро тиловат фармуд. (Тафсири Табарӣ, ҷ.22, с. 577, Ашшомила)

Ин буд тамоми калом роҷеъ ба руъйати Худо аз дидгоҳи ақл, оятҳои қуръонӣ ва ривоятҳои исломӣ.

Дар қисмати баъдӣ, ба ташреҳи порае аз гуфтори Имом Таҳовӣ дар ин маҷол хоҳем пардохт.

Идома дорад

* * *

Поварақӣ:

(1) Тавзеҳ ин ки: дар илми мантиқ дар баҳси “маводди бурҳон” омада, ки яке аз маводди он, “бадеҳиёти аввалия” аст. Ва мурод аз “маводди бурҳон” муҳтавои муқаддимоти қиёс аст, на тариқаи чидани онҳо, ки ба он “сурати қиёс” мегӯянд. Ва аммо “бадеҳиёти аввалия” иборат аст аз масоиле, ки зотан мавриди тасдиқи ақл ҳастанд, яъне ақл бидуни ниёз ба як сабаби берун аз худи масъала онро мепазирад, мисли “як нисфи ду аст”, “ҳастӣ ҳаст”, “ҳар маълуле ниёз ба иллат дорад” ва ғайра.

(2) Ҳамон гуна ки дар оғози баҳс гузашт, ки тибқи он чи соҳиби “Тоҷул−арус” мегӯяд, яке аз маъноҳои “руъйат”, пиндор, хаёл ва изҳори назар аст.

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи мабсути Ақидаи Таҳовия



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: